Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид

Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид

Вчера, 16:23
Хабарро хонданд: 34 нафар
Назарҳо: 0
Дар Душанбе афзалияти стратегии рушди шуғли пурмаҳсул баррасӣ гардид28 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили навбатии журналистикаи иқтисодии «Тавозун» дар мавзуи «Рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид, ки ҳадаф аз он баррасии ҷанбаҳои ин самт, афзалияти стратегӣ, инчунин мушкилот ва имконот мебошад. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Дар маҳфил таъкид шуд, ки шуғли пурмаҳсул масъалаҳои пайвасти суръати рушди иқтисодӣ, ҳифзи манфиат ва ҳуқуқҳои кормандон ва ҳамчунин омили муҳиму самаранокро дар роҳи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии мамлакат дар бар мегирад. Таъмини шуғли пурмаҳсул дар Тоҷикистон ба афзоиши пасандозҳо ва сармоягузориҳо бевосита мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат 28 майи соли 2022 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. «Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ, аз ҷумла васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имконияти шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ иборат аст.

«Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсули аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» бо мақсади мусоидат ба амалисозии муқаррароти «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки дар он сиёсат дар бораи васеъ гардондани шуғли пурмаҳсули аҳолӣ ҳамчун яке аз чор самти афзалиятноки асосии рушди мамлакат муқаррар шудааст, таҳия гардидааст.

«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дуюмин стратегияи дарозмуддати рушди мамлакат дар таърихи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар он ҳадаф ва афзалияти рушди дарозмуддат бо назардошти сабақҳои андӯхта, орзуву ниятҳои мардуми мамлакат, захираву имконияти мавҷуда, омилҳои беруниву дохилӣ ва пешбиниҳои раванди сиёсиву иқтисодии ҷаҳониву минтақавӣ муайян карда шудаанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: