Муносибатҳои хориҷӣ ин худ идомаи сиёсати дохилии давлат буда, вазифаи он қонеъ намудани талаботи ҷомеа тавассути истифода аз муносибатҳои байналмилалист, ки онро ҷудо аз ташаккули равандҳои умумидавлатӣ баррасӣ кардан имкон надорад. Бино бар ин, баъзе андешаҳои муқаддимавии худро оид ба ташаккули сиёсати хориҷии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар доираи фаъолияти давлатдорӣ таҳти сарварии бевоситаи Ӯ устувории муносибатҳои хориҷии кишвар ба як низоми комил ва ҳадафнок табдил ёфтанд, иброз менамоям.
Қайд намудан зарӯр аст, ки воқеаҳои солҳои 1991-1992 марҳилаи ҳассоси давлатдорӣ ва рушди муносибатҳои устувори хориҷиро барҳам зада буданд. Ҳизбу гурӯҳҳое, ки дар ин марҳила рӯи саҳнаи муборизоти сиёсии Тоҷикистон қарор доштанд, аз дарки таҳаввулоти геополитикии замони пасошуравӣ ва пасомадҳои он берун монда, дар думболаи ҳадафҳои маҳдуди худ манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, оянда ва мақоми кишварро дар ҷаҳони муосири пур аз таҳдиду хатарҳои нав нодида гирифтанд. Дар баробари онҳо силсилаи сиёсатмадороне, ки дар ин давра зимоми ҳокимиятро дар даст доштанд, низ бар асари маҳдудияти иродаи сиёсӣ натавонистанд вазифаҳо ва мундариҷаи фаъолияти давлатро дар ин марҳилаи сарнавиштсоз дуруст муайян намуда, тавассути таъмини тавозуни манфиатҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, онро барои ба даст овардани ҳадафҳои созандаи умумимиллӣ сафарбар созанд.
Роҳандозии муносибатҳои сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ низ дар он шабу рӯз чун ҷузъи раванди умумии ҳаводиси кишварҳои пасошуравӣ сурат мегирифт. Вусъати муқовимати мусаллаҳонаи байни ҷонибҳои даргир ва фалаҷ гаштани ҳокимияти марказиву сохторҳои маҳаллии он дар маҷмуъ, тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери хатар гузоштанд. Дар чунин вазъият ҷомеаи кишвар ба роҳбаре ниёз дошт, ки аз санъати давлатдорӣ ва иродаи қавии сиёсӣ бархӯрдор буда, ба хотири ба даст овардани манфиатҳои миллӣ, ки бешубҳа афзалиятноктарини онҳо дар ин марҳила ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва барқарор намудани сулҳу субот дар кишвар буд, қудрати барқарор намудани ҳокимияти устувори давлатиро дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон аз овони ба вазифаи Раиси Шурои Олии Тоҷикистон интихоб шуданаш, дар саҳнаи сиёсии ҷумҳурӣ шахсияти тамоман нав буд. Вале фосилаи кӯтоҳи вақт собит сохт, ки ӯ дар ҳақиқат давлатмадори соҳибтадбир буда, илоҷи мушкилоти пешомадаро пайдо мекунад. Бо шарофати хиради стратегӣ, иродаи қавӣ ва беназири сиёсии худ, сарвари навинтихоби ҷумҳурӣ тавонист дар як муддати нисбатан кӯтоҳ асосҳои давлатдории миллиро эҳё намуда, шиддати ҷанги бародаркуши шаҳрвандиро дарҳам шиканад ва ба раванди барқарор намудани ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар кишвар оғоз бахшад.
Дар ин замина, Эмомалӣ Раҳмон истифодаи самараноки имкониятҳои байналмилалиро ҷиҳати фурӯ нишондани алангаи ҷанги шаҳрвандӣ ва таъмини сулҳу субот дар кишвар ба ҳайси вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати хориҷӣ қарор дод. Ба дунболи ин, дар як муддати кӯтоҳ силсилаи тадбирҳое роҳандозӣ шуданд, ки бар асари онҳо вазъият куллан тағйир пазируфт.
Бо дастгирии кишварҳои дӯст ва созмонҳои байналмилалӣ дар самти бозгардондани гурезаҳо ба ҷойҳои сукунати доимӣ ва барқарор кардани манзилҳо ва иншооти дар рафти ҷангҳо харобгардида корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Ҷиҳати сари мизи гуфтушунид нишондани ҷонибҳои даргир кӯшишҳо ба харҷ рафта, дар моҳи апрели соли1994 бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид ва иштироки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони Конфронси исломӣ, инчунин, давлатҳои нозир дар шаҳри Москва музокирот байни ҳайатҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик шуруъ гардиданд. Шоёни зикр аст, ки мулоқотҳо дар доираи раванди музокироти сулҳи тоҷикон дар кишварҳои ба мо дӯст – Россия, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон баргузор гардиданд ва роҳбарияти давлатҳои зикршуда барои самаранок сурат гирифтани гуфтушунидҳо тамоми имкониятҳои заруриро фароҳам оварданд.
Ин раванди мураккаб 27 июни соли 1997 бо имзо намудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон анҷом ёфта, ба муқовимати чандсола дар кишвар хотима бахшид.
Аз ҳамин давра сар карда, дар баробари ба роҳ мондани муносибатҳои афзалиятнок бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, хусусан Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, тавсеа ва тақвияти муносибатҳо бо дигар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои форсизабон, олами ислом ва билохира ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳайси меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дода шуданд. Дар ин росто, принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи стратегияи фарогири рушди кишвар пурра барои ҳалли масоили афзалиятноки он, аз ҷумла, таҳкими суботу ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ, тавсеаи рукнҳои демократии давлатдорӣ ва ташкили ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини пешрафти босуръати ҳамаҷониба ва ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ равона гардиданд.
Марҳилаи аввали татбиқи муваффақонаи ин стратегияи фарогир дар муносибатҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дурустии онро пурра собит сохт. Минбаъд он бемайлон такмил ёфта, дар маҷмӯъ асоси консепсияи «сиёсати дарҳои боз»-ро, ташкил дод. Дар асоси ин консепсия Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалии худ сиёсати хориҷии бисёрсамтаро бо кишварҳои гуногуни олам ба роҳ мондааст. Алҳол дар доираи ин сиёсат ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил, аз ҷумла Федератсияи Россия ва ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Иттиҳоди Аврупо, мамолики исломӣ ва дигар давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монда, онҳоро пеш аз ҳама бо назардошти манфиатҳои миллӣ муваффақона амалӣ сохта истодааст.
Вобаста ба ин, зарурати баланд бардоштани обрӯи байналмилалии ҷумҳурӣ ва пайдо намудани мавқеи арзандаи он дар арсаи ҷаҳонӣ дар фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз мавқеи марказиро ишғол менамояд. Ӯ дар нахустмуроҷиатномаи худ ба мардуми ҷумҳурӣ оид ба ҳадафи ниҳоии ҷомеаи кишвар сухан ронда, онро чунин арзёбӣ намуда буд: «Дар ниҳояти кор куҳандиёри мо, Тоҷикистони азиз, бояд дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷои худро ёбад». Аз ин нигоҳ, тасмимҳои ҷиддии Пешвои миллат ҷиҳати татбиқи бомуваффақияти ислоҳотҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи демократӣ дар маҷмуъ, ба сиёсати хориҷии кишвар тақвият бахшиданд. Ба шарофати чунин сиёсати воқеъбинона Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ тавонист худро дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба муаррифӣ намояд. Вақте сухан дар бораи ҷомеаи ҷаҳонӣ меравад, бояд пеш аз ҳама онро ба назар гирифт, ки тамоми ниҳодҳои иқтисодӣ-молиявӣ ва сиёсии ҷаҳони имрӯза ба ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд. Алҳол дар паҳнои сайёра кишвареро пайдо кардан душвар аст, ки сарбаста аз ҷаҳони беруна пешрафти чашмрас дошта бошад. Зеро ғояи пешбарандаи замон ва ҷаҳони имрӯза рушд дар заминаи ҳамкорӣ ва ҳамгироӣ мебошад. Таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки сарфи назар аз муноқишаҳои сершумори минтақавию этникӣ,
ҳисси табиӣ ҷомеаи ҷаҳониро доимо ба сулҳу субот, оромию ризоият ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд водор месозад.
Бика Ёғибекова, мудири китобхонаи Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон