Имрӯз ба таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Чаҳоряк аср муқаддам ҲХДТ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши бориз дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки онро бо истилоҳи дигар ба унвони ҲХДТ ном мебарем, бо ин ихтисор дар байни мардуми кишвар бештар маъруф аст. Вале ин ихтисор силсилаи ҳарфҳои холӣ набуда, дар муҳтавои он бозтоби арзишҳои як давраи таърихи миллат, идеология ва назару андешаи як қисмати бузурги ҷомеа маҳфуз аст. Имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст, ки теъдоде ҳизби моро ба унвони «ҳизби пешбарандаи ҷомеа», бахши дигаре «ҷизби аксарияти парлумонӣ» ва ҳатто баъзе «ҳизби ҳоким» меноманд.
Албатта, солҳои 90-уми асри гузашта, пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҳудуди 15 ҷумҳурии собиқ Иттиҳод давлатҳои соҳибистиқлоли алоҳида ба вуҷуд омаданд, ки дар қатори онҳо, моҳи сентябри соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ соҳибистиқлолии хешро эълон намуд. Дар марҳилаи аввали соҳибистиқлолиаш, кишвари мо ба вазъияти хеле мудҳиши сиёсию иқтисодӣ дучор гардид, ки дар натиҷаи мухолифатҳои маҳалгароёнаи дохилию дахолатҳои беруна, моҳи майи соли 1992 дар қисми ҷануби Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандӣ барангехта шуд.
Таърих гувоҳ аст, ки миллати куҳанбунёди тоҷик ҳеҷ гоҳ ҷангҷӯ набуд, вале ихтилофҳои зери ниқоби ошкорбаёнию демократияи дар он солҳо ҷомеаи моро фарогирифта, нокифоягии таҷрибаи давлатдории мустақилонаи сиёсатмадорони вақт, мавҷудияти як қатор муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ниҳоят боло гирифтани ҳисси мансабталошию маҳалгароии гуруҳи сиёсатмадорон ва фирефтаи дасисабозиҳои аҷнабиён гардидани аксари мардуми ноогоҳ боиси он шуд, ки ба майдонҳои «Шаҳидон»-у «Озодӣ» анбуҳи зиёди мардум кашида шуда, нооромиҳою қонуншиканиҳо дар саросари кишвар, алалхусус дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе ва дигар манотиқи ҷануби ҷумҳурии мо боиси фалаҷшавии ҳокимияти идоракунии марказӣ ва тарҳрезии нақшаҳои ғаразноки ашхоси зиёди марказгурез гардид. Чунин вазъият ба он оварда расонд, ки санаи 5-уми майи соли 1992 аввалин хуни ноҳақ рехта шуд.
Ин ҳодисаҳои даҳшатборе, ки пас аз он дар минтақаҳои собиқ вилоятҳои Кӯлобу Қӯрғонтеппа, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба амал омаданд, вазъи сиёсию иљтимоии кишвари моро хеле мураккаб гардонида, ҳатто хатари аз байн бурдани давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷиконро ба миён оварда буд. Хушбахтона, ақли солим ва хиради азалии фарзандони бонангу номуси миллати тоҷик ғалаба карда, моҳи ноябри соли 1992 Иҷлосияи таърихию наҷотбахши XVl-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри «Арбоб»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) баргузор гардида, қарорҳои вакилони ҳамонвақтаи Шўрои Олӣ баҳри аз вартаи нобудшавӣ раҳоӣ додани кишвар ва ба арсаи сиёсати калон ворид намудани як шахсияти ҷонфидою нодир, инсони хирадпешаю сулҳовар, Президенти кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нақши хеле муҳим бозидааст. Дар иҷлосияи мазкур аз суханҳои аввалини Сарвари тозаинтихоби Шўрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дарк мегамуди, ки Яздони пок баҳри мардуми тоҷик наҷотбахшеро фиристодааст, зеро дар чеҳраи ў нури мардумсолорию ҷасоратнокӣ ва дар вуҷудаш нексириштию вафодорӣ ба қавли додашуда ҳис карда мешуд.
Хизмати бузурги вакилони Иҷлосияи таърихии XVl-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бобати хостагирии номзади арзанда ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ тамоми дастовардҳое, ки дар тӯли солҳои Истиқлолият таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба амал омадаанд, бори дигар тасдиқ менамоянд.
Ҷои зикр аст, ки аз оғози фаъолияти хеш, Сарвари кишвари мо Эмомалӣ Раҳмон бобати ба талаботҳои демократия ҷавобгӯ гардонидани низоми давлатдорӣ ва баланд бардоштани маќоми ҷомеаи шаҳрвандӣ дар идоракунии мамлакат эътибори махсус дода меоянд. Баъди таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи сиёсии кишвар ва бо назардошти назару андешаҳои табақаҳои мухталифи љомеа ба хулосае омаданд, ки тарҳи ҳизби нави сиёсиеро омода намоем, ки тавонад ҳизби ормонњои мардумӣ бошад, дар меҳвари идеяи созандаи худ қишрҳои гуногуни ҷомеа – зиёиёну олимон, ҳунармандон, коргарону кишоварзон ва ҳатто рӯҳониёнро муттаҳид созад.
Пешвои миллат ин заруратро сари вақт эҳсос намуданд ва барои бунёди як неруи тозаи сиёсии идеологӣ — Ҳизби Халқии Тоҷикистон (ҳоло ҲХДТ) замина гузоштанд. Ин ҳизб, ки воқеан ҳам ифодагари ормонҳои мардумӣ ва арзишҳои миллӣ буд, тавонист зина ба зина сомони сиёсатро ба даст бигирад, таҳти роҳбарии асосгузори худ, Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшад, муҳоҷирони иҷборӣ ва гурезагони сиёсиро ба Ватан баргардонад. Ҳаминхел низ шуд тамоми орзую ормони Раиси муаззами ЊХДТ амалї гашт халќи тољик соњиби Ватан, обру эътибор гардиданд, ки ин зањматњоро набояд нодида гирифт.
Таърихи гузашта шоњиди он аст, ки чи рўзори мушкилро мо паси сар кардем. Ба бонувон имкон даст намедод, то тањсил карда дар маќоми рошбарикунанда фаъолият намоянд. Таљрибаи рўзгор собит сохт, ки бо шарофати ба арсаи сиёсат омадани Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таоми манотиқи кишвар муассисаӣои таълимиии замонавти ва ба шуғл фаро гирифтани занон ба амал омад. Имрўз ҳамчун аъзои фаъоли ин ҳизби созандаю бунёдкори ҷомеа шукргузор аз онам, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кору фаъолият намуда барои бозҳам пешрафтатар шудану шинохта гардидани ҲХДТ дар тамоми қишрҳои ҷомеа кӯшиш ба харҷ медиҳам.
Албатта, тасмимњои Роҳбар ва роҳнамои давлати тоҷикон низ ибтидо аз таъсиси Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон як пайки тозае дар сиёсати кишвар буд. Таҷлили 1100-умин солгарди давлатдории Сомониён, Соли тамаддуни Ориёӣ соли бузургдошти Имоми Аъзам, ба тасвиб расонидани Қонуни Ҷумњурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бунёди роҳҳо, нақбҳо ва иншоотҳои бузурги аср, мисли НБО «Роғун» ва амсоли ин аз иқдомоти қобили тањсине буданд, ки танњо шахсияти бузурге мисли Пешвои миллат, Президенти маҳбуби мо Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода метавонист.
Ба ҳамагон аён аст, ки ҳамеша дар давраҳои интихобот рақибони сиёсӣ ва ҳатто баъзан ҳамсафони мо муваффаќияту пирўзињои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба обрӯву нуфузи Раиси он, Эмомалӣ Раҳмон алоқаманд медонистанд. Сари ин баҳс мо бояд талош ҳам накунем. Чунки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи тафаккури Роҳбари он аст, ки ҷавҳараш аз арзишҳои таърихӣ, миллӣ, фарҳангӣ ва орзую ормонҳои ҳазорсолаи халқи тоҷик сиришта шудааст. Фаъолияти ҳизб бо сиёсати хирадмандонаи асосгузори он сахт алоқаманд аст, аз ин лиҳоз маҳбубияти он бо истеъдоди фитрии сарвараш иртиботи ногусастанӣ дорад.
Нозукбибии ТЕМУР,
“Мароми пойтахт”