ҒАВВОСИ БАҲРИ МАЪНӢ26-09-2024, 14:58
Хабарро хонданд: 237 нафар
Назарҳо: 0
Нуқтаи назар Чу алмос бояд сухан безиён, Сабуксанҷ, лекин баҳояш гарон. Абушакури Балхӣ Адабиёти муосири тоҷик шабеҳи як гулистони руҳпарвару хотирафрӯз аст. Дар ин гулкада садҳо навъ гулбуни маънӣ сабз гаштааст. Парчамбардорони ин адабиёт, устодони сухан Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ дар заминаи адабиёти оламшумули тоҷикии форсӣ як дунёи нави каломи мавзунро асос гузоштанд. Як дунёи сухане, ки ҳам назму ҳам насраш мубаллиғи ишқи созанда, иттиҳоду дӯстӣ, одамияту ҷавонмардӣ, меҳандӯстиву намакшиносӣ ва билохира, фарҳангпарварист. Моҳият ва арзиши ин адабиётро устод Муъмин Қаноат дар достони “Сурӯши Сталинград” бо сабки хосса, аҷаб дилнишин тасвир кардааст: Суханро вазну тамкини замин бояд, Суханро қудрати ҷонофарин бояд. Дили сарбозу мисли ту камин бояд, Замини ман, ки дастони туро хонад. Ҷойи шодмонӣ ва ифтихору шукр аст, ки кори оғозкардаи устодон Айнӣ ва Лоҳутиро адибону шоирони баъдӣ ҳунармандона ва огоҳона идома дода истодаанд. Албатта, он чӣ ки ҳамчун осори адабӣ дар давоми сад соли гузашта офарида шудааст, дар як поя ва паймона нестанд. Дар қатори асарҳои олимазмуни миллӣ, явмияҳои камарзиш ҳам зиёданд. Вале пасовандони дилогоҳ ва қаламкашони соҳибдард саъй кардаанд, ки сухан аз дили мардум гӯянд, зиндагии талху ширинро бозгӯ намоянд ва бад-ин васила иртиботи маънавӣ ва руҳонии наслҳоро мустаҳкамтар созанд. Бешак, яке аз чунин сухангустарони хушбин, хушрақам ва дардогоҳ Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод аст, ки на камтар аз чил сол барои ташаккули адабиёти миллӣ талош варзида, заҳмати беандоза ба харҷ додааст. Муҳаққиқони адабиёт доир ба нигоштаҳои ин адиби мушоҳидакор ва дақиқназар ва пурмаҳсул изҳори ақида кардаанд ва ҳама бо як овоз дастовардҳои эҷодии Сипеҳрро гӯшзад мекунанд. Ҳанӯз ҳабдаҳ сол пеш, 23-юми майи соли 2007 академик Хуршеда Отахонова ва номзади илмҳои филологӣ Музаффар Муҳаммадӣ дар мақолаи “Ҳикмати офтоб”, ки дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” чоп шуда буд, ин зайл таъкид намуда буданд: “... қиссаву ҳикояҳои Сипеҳр аз лиҳози забону сабки нигориш ва масъалагузорӣ ҷолиб аст. Нигоҳи ӯ ба зиндагӣ ва тасвири бадеии он наву тоза ба назар мерасад. Забони қиссаву ҳикояҳои нависанда пур аз таъбиру ибораҳои нобу хушобуранги мардумист. Тасвири руҷӯъҳои лирикии ӯ, ки гоҳо ба саҷъ мегараванд, хеле дилчасп афтодааст.” Чунин баҳоро мо дар тақризҳои адабиётшиносон, докторони илмҳои филологӣ Аламхон Кӯчарзода “Мубаллиғи давлати поянда”, А.Кӯчарзода ва М.Солеҳов “Офтоб ба ғуруб намеравад”, У.Сафар “Дуоҳои хуршедӣ”, С.Қаландар “Сояи худ ё тулуе дар ғуруб”, Н. Салимӣ ва З.Улмасова “Китоби шоиставу сазовор” ва адиби пухтакор А. Муродӣ “Раҳнаварди ҷодаи сабз” ҳам дида метавонем. Аз ҷумла, Н. Салимӣ ва З. Улмасова дар мақолаи “Китоби шоиставу сазовор” навиштаанд: “Дар давраи Истиқлол дар баробари як идда шоирони тавоно ва соҳибистеъдод, ки бори адабиёти муосирро бар дӯш доранд, чанд нафар нависандагоне ҳам ба майдон омаданд, ки бо офаридаҳои гуогунжанру гуногуннавъи худ дар рушди насри муосири тоҷик саҳми хешро гузоштаанду мегузоранд. Сипеҳр Ҳасанзод аз зумраи ҳамин гурӯҳи нависандагон аст, ки аз оғози солҳои навадуми асри рафта ба таври ҷиддӣ ва пайгирона машғули пешаи рӯзноманигорӣ ва нависандагӣ шуд.” Хонандагони азиз, он чӣ ки мо ҳамчун далел иқтибос овардем, ҳамагӣ ду хӯшаи пурдон аз як хирмани бузурги андешаҳои муҳаққиқон аст. Чунин мақолаҳо ва тақризҳо доир ба китобҳои Сипеҳр Ҳасанзод бисёр навишта шудааст. Ин адиби ҳақиқатнигор ва фарохназар дарсҳои аввалини нависандагиро аз муҳити хонадон ва табиати зодгоҳаш гирифтааст. Аз ҳамин сабаб навиштаҳояш зиндагонии мардуми тоҷик, дороиҳои кӯҳистон ва ганҷинаи таърихро оинасон инъикос кардааст. Дӯстдорони адабиёти бадеӣ китобҳои “Чакомаи Шоҳи ирфон”, “Офтобо, ба ғуруб марав...”, “Ҳадиси ватандорӣ”, “Парастуҳои саҳна” , “Гулхани сабз”, “Турнаҳои мусофир”, “Бозгашти аспи даҳмарда”, “Кӯдак ва парвона” (маҷмуа барои наврасон) ва “Чароғи ҳидоят”-и мавсуфро ҳамчун дилнома ва меҳрномаи адиб пазируфтанд. Ҳикмат ва ирфон на танҳо дар ҷавҳари нигоштаҳои ӯ ҷой дорад, балки дар як вақт номи асарҳояш ҳам андешабарангез, таҳрикдиҳанда ва ҷаззобу шоиронаанд. Забони он нигоштаҳо ҳам содаву самимӣ ва хушоҳанганд. Сипеҳр Ҳасанзод дар изҳори матлаб такаллуф намекунад, ҳарфи дилашро одиву сода, вале бо шеваи хоси худ баён мекунад. Ана ҳамин сифат ӯро аз дигар адибон тарҷеҳ медиҳад. Фаъолияти эҷодии Сипеҳр Ҳасанзод доманадор аст. Ӯ дар баробари асарҳои бадеӣ мақолаҳои публитсистии зиёде навиштааст. Масарратбахш аст, ки дар офаридани филмҳои мустанад ҳам дасти тамом дорад. Дӯстдорони филмҳои ҳуҷҷатӣ “Ғаввоси уқёнуси илм”, “Гиряҳои хуршедӣ”, “Ҳикмати гӯё”, “Саричашма”, “Писарак”, “Падар”, “Мӯйсафед ва хирс”-ро бағоят хуш қабул кардаанд. Ба ин маънӣ, шоири шаҳир Бозор Собир ҳамчун як фарзанди хушхаёл, намакшинос ва бедордили кӯҳистони тоҷик ҷаҳони ботинии кӯҳзодагон ва урфу расми онҳоро хеле ҷаззоб тасвир кардааст. Шеъри ӯ ҳавои мушкбези деҳаро дорост. Чунончӣ: Ҳавои деҳа бӯи деҳа дорад, Ба пиндори мани фарзанди деҳқон. Чу ёди кишту саҳро мекунам ман, Хаёлам мешавад абри баҳорон. Давоми шир-шири барги алафҳост, Ҳиҷою ҳарфи ман дар шеъри озод. Ғазалҳои маро дар шабдаравҳо, Ману шаббодаҳо кардем эҷод. Қиссаи “Офтобо, ба ғуруб марав...”-и Сипеҳр Ҳасанзодро ҳам метавон ойинаи тафаккур ва нусхае аз рӯзгори кӯҳистониён ҳадс зад. Хонандаи дилогоҳ аз шеваи баён ва тасвири рӯйдодҳо дармеёбад, ки бо як адиби мушоҳидакор, ҳақиқатписанд, хайрхоҳу дилсӯз ва дар айни замон собитқадаму якрӯ рӯбарӯст. Ҳодисаҳои дар қисса ҷойдошта бофтаву хаёлӣ нестанд, ҷумлагӣ дар муҳити зодгоҳи адиб, пеши назари ӯ гузаштаанд. Нафрат ба сифлагону меҳр ба озодагон аз хурдӣ дар дили адиб ҷой гирифтааст. Азбаски беҳтарин мактаби худшиносӣ ва одамшиносӣ худи зиндагӣ маҳсуб меёбад, нигоранда аз каму беш, гарму сард, меҳру кин ва лутфу унфи насибгашта бархӯрдор гаштааст. Асари “Офтобо, ба ғуруб марав...” фалсафаи баланди иҷтимоӣ касб намуда, ба дарки он расидан бисёр гиреҳҳои андешаи хоми инсонҳоро мекушояд ва хонандаи соҳибназар аз худ мепурсад: чаро бо вуҷуди дар як муҳит, дар як деҳа зистан инсонҳо табиати гуногун, хислат ва рафтори ҳархела доранд? Чаро на ҳама поси нону намакро медонад? Ва оё илоҷи дигар кардани ботини бадсиголону шайтонсиратон ҳаст? Ва дар муҳити сифлагону худбохтагон чӣ гуна бояд зист ва шарри ононро бо кадом роҳ аз худ дур кард? Адиб бо рамзу киноя ва таъкидҳои нозук ишора мекунад, ки барои дар чунин муҳит зиста, худро набохтан ҳақиқати зиндагиро эътироф кардан мебояд, ки Хоҷа Ҳофиз дар як байт ифода кардааст: Гила аз зоҳиди бадхӯ накунам, расм ин аст, Ки чу субҳе бидамад, дар паяш афтад шоме. Ва ё, ба таъбири Сайидо: Чӣ тавон кард, ки дар доираи чархи фалак, Ганҷу мору гулу хору ғаму шодӣ баҳаманд, Дигар нуктаи муҳим дар қиссаи “Офтобо, ба ғуруб марав...” аз дабистони инсонсози модарон огоҳона сабақ омӯхта, худро сохтан аст. Аммо на ҳар зан-модар фариштахисол аст. Адиб перомуни мавзуъ бағоят боэҳтиёт ва пардапӯшона ботини онҳоро нишон додааст. Яъне, на ҳар зан, зан бувад ва на ҳар модар модар шуда метавонад. Модари мушфиқ, саховатпеша ва ғамгусори адиб чун олиҳаи покӣ бо сифатҳои барҷастааш хоси модарони мубориз ва ватансози кӯҳистонӣ аст, ки бори дигаронро мекашад, шамъи шаби тори мустамандон мешавад. Модарест офтобсиришт, офтобандеша ва офтобталъат. Ва бадеҳист, ки кори офтоб равшанибахшиву ҷонафзоист. Ба ин пора таваҷҷуҳ фармоед: “Мувоҷеҳ мегардам ба алвонҷхӯрии докаи сари модарам. Дар нигоҳам товусхиром меомад. Рӯзе, ки рӯймоли сафед мебаст, чеҳрааш дилкаштар менамуд. Ҳолиё табақ тори сар ҳамроҳи хоҳарам бошитоб меоянд. Нигоҳи тези падарам болои пули наҳр мекӯчад. Барраи миёнаи пода нолишомез садо мебарорад. Аспи зери тут заминро пой мекӯфту шиҳа мекашид.” Нависанда бо тасвири як лаҳзаи хонадони кӯҳистониёни сарафроз, ки дар он муҳит ҳама чиз ибратбахшу хушоянд аст, моро ба қадршиносӣ, зебоипарастӣ ва эҳтиром кардани анъанаҳои неки миллӣ даъват мекунад. Аспи дар шохи тут басташуда, барраи дар байни пода мондаву дар гирдоби изтироб афтода, аз шамол алвонҷ хӯрдани сарандози сафеди модар ҳолатҳое ҳастанд, ки ба ёд овардани онҳо хумори даврони кӯдакии моро тоза мекунанд. Ин ҳолатҳо ба даврони наврасии мо, кӯҳзодагон, сахт гиреҳ хӯрдаанд, ки аз ойинаи ёд зудуданашон имкон надорад. Баръакс, гузашти вақт он ҳолатро бароямон азизтар, гаронбаҳотар ва хотирафрӯзтар мекунад. “Ман”-и мо кӯҳзодагонро модаронамон Мо кардаанд, ки аз эшон барои ин растагорӣ сипосгузорем. Дар ин боб Лоиқи зиндаёд мефармояд. Бо ду чашми хирабин нури кӯҳистон модарам, Оташе аз оташи оташпарастон модарам. Мавҷи мӯҳои сафедат аз сафедии дил аст, Бо ҳама пажмурдагӣ сомони бӯстон модарам. Фарзандони содиқ, намакшинос ва баномус дур аз модарон ҳам бо онҳоянд. Қаҳрамони “Офтобо, ба ғуруб марав...” аз зумраи чунин соҳибназарон аст. Намуна: “Мурғфарёд аз садои гӯшнавозаш бедор мешавам. Хаёле хешро хобида меангорам, ки садои ошно такрор ёбад. Аз ҷон зиёда дӯст медорам овояшро, нидояшро, симояшро. Ин овоз худ зангӯлаи ҳаёти ман аст. Дар хонаву раҳу рӯ пайваста ово мекунадам, ба каломи носеҳонааш бештар дил мебандам.” Соҳибони табъи баланд медонанд, ки яке аз рисолатҳои адиб равшангароист ва нависанда афкори хеш, дилу нияташро василаи осораш ба мардум мерасонад. Он чи ки Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод дар ситоиши деҳкадаву мавқеи модари бузургвораш гуфтааст, нақдинаи дирӯз аст. Адиб рисолати маънавиашро дар назди оммаи васеи хонандагони ҳушманд ба ҷой овардааст. Имрӯз вақти он аст, ки ҳар кадом аз худ суол бикунем: оё мо ворисони ҳақиқии бибиёну модарони худро ба камол расонидаем? Оё шуълаи он шамъи шабафрӯзе, ки модаронамон фурӯзон карда буданд, дурахшон мондааст ё на? Оё кӯҳистониёни дастархондору соҳиби ирода ва шуҷоъ тунукмеҳру камҳасала нашудаанд? Аз ин ҷиҳат, ба хотири бақои миллат ва рӯзгори ободи фардо мо боистӣ ҳар лаҳза аз дирӯз ёд оварем, аз бешу камаш сабақ бигирем. Агар дар ҷойе лағжидаем, ояндагонро ҳушдор бидиҳем, ки иштибоҳи моро такрор накунанд ва обрӯву шарафи падару модар, бародару хоҳар ва ҳамватанони худро ҳифз кунанд, онҳоро ғанимат донанд. Нависанда тадриҷӣ моро ба дунёи рангину ҳикматомези модар жарфтар мебарад. Самимияти ӯ аз баёни мондагору тасвири ҷаззобаш ҳувайдо мегардад. Муҳаббати модару ҷигарбанд пеши назар содаву табиӣ менамояд. Афкори поён чӣ лаҳзаи муассир ва андешабарангезе дорад: “Рӯ ба рӯйи модар менишинам. Дар паси тиреза майдаборон оҳанг менавозад. Рӯзи боронӣ дарду ғам тоза мешавад. Менолад аз хориши шукуфаи дасташ. Аз ҷузвдонам як қуттича марҳам бароварда медиҳам. Дуо мегирам. Пиччаҳои сафеди ӯ зебо метобад. Кош, модарам асло пир нагардад. Парвардигоро, аз умри мо кам кун ва дар умри вай зам намо,ки дар таҳи гардуни гардон диламон аз бемодарӣ метаркад.” Нигоранда бо тасвири ин манзара таъкид менамояд, ки фарзандони вафодор ва хештаншиносу ватандор чунинанд. Дар ҳамин сатҳи тафаккур қарор доштани саодати дуҷониба хушбахтии модарону дилбандонро таъмин мекунад. Ба қавли Абдураҳмони Ҷомӣ: Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф, Гарде аз роҳи модарон бошад. Алғараз, он чӣ ки то имрӯз аз хомаи нависандаи тозанигоҳ Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод таровидааст, ҳадяи арзишманди як эҷодкор мансуби миллат ва Меҳанаш маънидод мегардад. Дар як мақола наметавонем тамоми паҳлуҳои эҷодиёти нигорандаро фаро бигирем. Ин амал аз адабиётшиносону мунаққидон пажуҳиши алоҳидаро тақозо дорад. Осори ин эҷодгари рангинхаёл ба хонандагони бурунмарзӣ низ ошност. Сипеҳр дар суханрониҳояш бо муҳассилини макотиби донишгоҳҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат аз пешрафту шукуфоӣ, меҳнати ҳалол ба нафъи халқу Меҳан, дастгирии сиёсати омӯзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таълифи асарҳои мондагор дилсӯзона ва босадоқат мегӯяд. Гулчини қиссаву ҳикоёт ва публитсистикаи нависанда ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, форсӣ, беларусӣ, фаронсавӣ, арабӣ, марӣ ва узбекӣ ба табъ расидаанд. Хизматҳои пурсамар ва бенуқсони адиби ҷӯянда ва заҳматкаш аз ҷониби давлату Ҳукумат ва дигар ниҳодҳои ҷумҳурӣ қадрмандӣ шудаанд. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои меҳнати бисёрсола ва ибратомӯзаш дар соҳаи матбуоти тоҷик бо медали “Хизмати шоиста” шарафёб гардидааст. Ҳамзамон, аз мақомоти соҳа бо нишонҳои “100-солагии матбуоти тоҷик”, “20-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳо сазовор дониста шуда, инчунин, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, барандаи Ҷоизаи журналистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Аълочии матбуот ва фарҳанги ҷумҳурӣ, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Матлаби зер ҳам бо як руҳияи шодмониву нишот рӯйи саҳфа омадааст, ки дар арафаи таҷлили 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нависандаи баркамол ва нуктасанҷ Сипеҳр Абуабдуллоҳи Ҳасанзод бо мукофоти олии давлатӣ - унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон” сарфароз гардид. Мо, ҳампешагон, адиби маҳбуби худро ба ин муносибат шодбош гуфта, барояшон тандурустӣ, саодатмандӣ ва ҳамаи хушиҳои зиндагиро таманно дошта, асарҳои тозаи ӯро интизорем. Убайдулло Хӯҷаёриён,
фарҳангшинос Убайдулло Акрамзода, фарҳангшинос |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.