Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

30-08-2024, 15:22
Хабарро хонданд: 290 нафар
Назарҳо: 0
       ИЛМИ БЕ АМАЛ АРЗИШЕ НАДОРАД

Дидгоҳи шаҳрвандӣ дар атрофи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи кишвар


Аз назари мо, аз миёни тамоми чорабиниҳои муҳимми то ба ҳол дар кишвари мо рухдода, дутояш, яке мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) ва дигаре мулоқоти Президенти кишвар бо аҳли илм (30-юми майи соли 2024), ки ҳар дуи он ба ҳамдигар робитаи мантиқӣ дошта, ба тарзе идомаи якдигар низ мебошанд, арзиши фавқулода доранд.
Ба ибораи дигар, дар мулоқоти аввал Пешвои миллат ташхиси мушкилот ё дарди ҷомеаро ироа карда, дар мулоқоти дуввум бошад, роҳи ҳал ва ё давои онро дар миён гузоштанд. Вале мушоҳидаи мо нишон медиҳад, ки на ҳама ба дарки амиқи моҳияти ин ду мулоқоти муҳим пай бурдаанд. Дар ҳоле, ки дар асл ин ду чорабинии муҳим танҳо маъракаи навбатии сиёсӣ-давлатӣ набуда, яке аз таҳлилҳои муваффақонаи Пешвои миллат дар мавриди вазъи воқеии ҷаҳонбиниҳои дар ҷомеа роиҷ мебошанд.
Пешвои миллат бо хираду огоҳӣ, таҷрибаи ғанӣ дар эҳё, бунёд ва роҳбарии мамлакат ва ояндабинии хоси шахсиятӣ, ду тарзи ҷаҳонбинӣ (илмӣ ва ғайриилмӣ)-ро ҳамчун ҳалқаҳои асосии занҷираи ҳамаи масъалаҳои ояндаи наздик, ҳамчун ду рӯйи як сикка, бо дарки муҳиммияти хоси ҳар дуи он барои марҳалаи навбатии пешрафти кишвар ва ояндаи он, бо баёни сода, ошкоро, вале хеле дилсӯзона бо мардуми кишвар дар миён гузоштанд. Аз ин хотир ҳам, дорои арзиши баланди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ-маърифатии хос мебошанд.
Мо дар мақолаи мазкур назди худ вазифаи шаҳрвандӣ гузоштем, то андешаҳоро дар ин маврид, танҳо аз дидгоҳи маданӣ (гражданӣ), беғаразона, вале интиқодӣ, ба ҷустуҷӯву канду кови иллатҳои монеа эҷодкунанда дар миён гузоштанием. Ҳамчунон бо мисли иддае, сирф аз “тасдиқ”- у ҳамовозии куллигӯёна худдорӣ мекунем, зеро ҳар дуи ин таҳлилҳо дар олитарин сатҳи илмӣ, мантиқӣ, ояндабинона ва бо дастурҳои мушаххас аз ҷониби Пешвои миллат анҷом шудаанд.
Танҳо чизе, ки аз аъзои ҷомеа, бахусус, аҳли илму маориф ва зиёиён талаб карда мешавад, ин бо фаъолиятҳои амалӣ дар татбиқи ин дастуроту роҳнамоиҳои Пешвои миллат саҳмгузорӣ кардан аст.
Ба яке аз хулосаҳои Президенти мамлакат бори дигар таваҷҷуҳ шавад: “...бояд гуфт, ки бо вуҷуди дастгириву таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат натиҷаи кори олимон ва сохторҳои соҳаи илм посухгӯи талаботи замон нест ва ё;
“...Имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман, қонеъкунанда нест”.
Аммо чаро чунин аст, саволе, ки ҳар кас (олиму мансабдор фарди одӣ ва ғайра) ба он аз назари худ посух дорад. Вале, дар умум чунин ба назар мерасад, ки масъала сари амал, амал аст, ки мо мисли самтҳои дигари ҳаёти ҷомеа низ ба он, ба сатҳи зарурӣ таваҷҷуҳ намекунем. Бахусус, амал дар соҳаи илм, ки яке аз мушкилоти асосии зеҳнияти ҷомеаҳои зиёди шарқӣ, аз ҷумла то ҳадде ҷомеаи мо ҳам мебошад. Дар ҳоле, ки ирфон ҳам амалро муқаддимаи илм медонист.
Тайи солиёни зиёди фаъолияту мушоҳидаҳо ба назар расид, ки муносибати манфиатхоҳона ба фаъолиятҳои илмӣ, яъне “илм барои илм ва ба хотири илм” ва барои гирифтани унвон, мансаб, бештар дар замони пас аз истиқлолият хеле афзудааст, ки ба эътибори илм асари хеле манфӣ ҳам расондааст.
Ба илм шахсони туфайлӣ (ба туфайли ин ё он хешу пайванд) ва тасодуфӣ хеле зиёд роҳ дода мешаванд, ки аслан омодагии ба дӯш гирифтани бори гарони илмро надоранд. Одамони тасодуфӣ ва ашхосе, ки моил ба тафаккур кардан намебошанд, набояд дар фазои илмӣ ҷоеро банд кунанд, зеро ҳам худ ва ҳам илм танҳо зарар мебинанд. Масалан, мо ба он иддае, ки бо таҳсилоти номутобиқ ба тадқиқоти илмӣ ва бахусус, ғоибона, ки дараҷаи он дар замони мо ниҳоят шубҳаовар ҳам мебошад, ба кори илмӣ машғул мешаванд, сахт шубҳа дорем.
Аз ин рӯ, ҷорӣ кардани низоми аттестатсияи солонаи кормандони илмӣ, ба хотири мушаххас кардани салоҳияти корӣ, мавқеи шаҳрвандии онҳо дар ҳаёти ҷомеа, барои эътибору мақом ва самараи воқеии илм дар ҳаёти кишвар хеле ҳатмӣ мебошад.
Шояд иддае андешаҳои моро дар мавриди ин масъалаи бунёдӣ, яъне, ҷаҳонбинии илмӣ, ки пояи тамоми рушду пешрафти имрӯзу фардои давлатдории худӣ ҳам мебошад, як назари ғайриолимона, ё “дур аз илм” ҳам арзёбӣ кунанд, ки довариро ба худашон мегузорем. Албатта, қазоват аз канор ҳамеша содатар аст ва мо низ нияти қадрношиносӣ ба саҳми калони илми ватанӣ надорем, зеро ҳар дастовард бе он ҳам моли мо аст. Вале кӯшиши мо дар ин сатрҳо фақат аз мавқеи мунсифона, ба воқеият ва монеаҳои фазои илмии кишвар, решаҳои мушкилот нигаристан ва онҳоро бо дигарон дар миён гузоштан аст.
Дар умум, аз дидгоҳи мо, натиҷаи ноқаноатмандӣ аз илм дар ҷомеаи тоҷикистонӣ сабабҳои ҷиддитар ва амиқтар дорад, яъне, он дар ҷаҳонбиниҳои дар ҷомеа бештар тасаллут дошта, реша дорад.
Дар замони ба истилоҳ гузариш, ки тавозуни ду ҷанбаи асосии ҳаёт- моддиёт ва маънавиётро ҷиддан барҳам задааст, ҷаҳонбиниҳои илмӣ ва фалсафӣ ва ғайра зери фишори рӯзгор то ҳадде поин рафта, ҷаҳонбини моҳвароӣ, динӣ, дар шаклҳои ғайрианъанавӣ, ки сахт бо сиёсат омехта шудаанд, баръакс, баландтар шудааст, ки дар натиҷа бисёре аз монеаҳои нав дар роҳи илм падид омадаанд.
Барои шарҳи ин далел, таҳлилҳои дар мулоқот ироашударо ба хотир меорем, ки Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин анҷом доданд.
Дар раванди ин мулоқот, ба масъалаҳои калидии тафаккури ҷомеа таъкидҳои хос ҳам шуда, возеҳ нишон дод, ки шиорҳои “эҳёи маънавиёт”, “озодии беҳудуди дин”, дар ниҳоят, боиси ба “беҳудудии бе ҳаду мантиқ” расидани таассубу хурофот анҷом ёфт. Аз сӯйе чунин вазъ аз бисёр ҷиҳатҳо баёнгари камтаъсиртар будани сатҳу сифати илм, фазои илмиро дар ҷомеаи кишвар ошкор кард. Бахусус, дар замони ба ном гузариш, ки Тоҷикистони ҷавон ҳанӯз он марҳиларо тай мекунад ва аз бисёр ҷанбаҳо, аз ҷумла натиҷаҳои амалии илм ҳанӯз ҳам осебпазир боқӣ мондааст.
Ба ҳушдори дақиқи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавваҷҷуҳ шавад: ”...фаромӯш набояд кард, ки яке аз сабабҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта маҳз ҳамин гуна бетарафию хусумат, бепарвоӣ ва ҳатто дастгирии қувваҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби баъзе олимону донишмандон ва зиёиёни асолатбохта буд”. Албатта, чунин тарзи “анҷоми рисолати иддае аз зиёиён ва олимон” ва мавқеъгирии “ақибгароёна”-и онҳо яке аз сабабҳои коста шудани мақоми илм дар ҷомеа гардид.
Дар солҳои ба ном “эҳёи маънавиёти миллӣ”, ки аслан “эҳёи ҷаҳонбинии ғайрианъанавии исломӣ буд”, ниҳодҳои илми тоҷик, бахусус, ниҳодҳои академии бахши гуманитарии он ба ҳамлаҳои бештару шадидтари ин ҷаҳонбинӣ рӯ ба рӯ шуданд.
Бинобар вазъи он замони кишвар, ҷаҳонбиниҳои дигари ғайридинӣ дар майдони муборизаҳои идеологӣ фазои холишударо пур карда натавонистанд ва ба ҳадди максималӣ мавқеъро аз даст доданд.
Новобаста аз он, давлатдории мустақили худӣ таҳти раҳнамоии Пешвои миллат дар дохил ва сатҳи ҷаҳон дар лаҳзаи кӯтоҳи таърихӣ ба мақоми хос расид, ба садои ҳарфи он гӯш дода мешавад, ки қобили таҳсин, ифтихор ва умеди ҳар фарди он аст.
Ҳарчанд Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил танҳо таърихи 33 соли давлатддории худӣ дорад, ки аз он барои эҳёи давлатдорӣ, кишварсозӣ ва рушд танҳо 24 сол дар ихтиёр доштааст, ки аз нигоҳи илмӣ фурсати хеле ночиз ҳам мебошад.
Аз ин рӯ, ба бовари мо, масъалаи тарзи дурусти тафаккурсозӣ ва ҷаҳонбинии ҷомеа имрӯзу фардо ҳам яке аз масъалаҳои аввалиндараҷаи давлатӣ боқӣ мемонад. Ба таври дигар, тафаккурсозӣ ва ё тағйири тафаккур дар мутобиқат бо фазои воқеии ҷаҳони муосир вазифаи муҳимтарин боқӣ мемонад, ки бояд тамоми неруҳои ҷомеа ва давлат, аз ҷумла илм бояд ба он равона ва ҷиддитар саҳм гиранд, то ҳалли тамоми масъалаҳои дигар, аз ҷумла пешрафти кишвар дар рӯ ба рӯи монеаҳои ҷиддӣ қарор нагирад.
Алҳол фазои маънавиёти динӣ, ҷаҳонбинии динӣ дар умум, дар низоми ҷаҳонбинии ҷомеаи ҷавони тоҷикистонӣ, ки аз назари мо, воқеан ҳам, нигароникунанда ва як намуди дарди ҷомеа мебошад, ба таваҷҷуҳи хос ниёз дорад ва муҳимтар аз он, ба хотири дарёфти роҳҳои беҳтари таъсиргузории ҷаҳонбинии воқеӣ ва илмӣ, зарурати ба таври ҷамъӣ ташаккул додани "ҳамлаҳои мағзӣ, фикрӣ"-и умумӣ, ба қавли нобиғаи сатҳи ҷаҳонӣ Ҷалолуддини Балхӣ - Румӣ “Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад”, тавассути механизмҳои мушаххас андешида шавад.
Тавре мо дарк кардем, Пешвои миллат ду моҳ пас ташхиси ин “бемории ҷомеа” давои онро нишон доданд, ки номи кӯтоҳаш илм аст. Яъне, танҳо аз тариқи рушди соҳаи илм ва пояи асосии он - маориф ҷаҳонбиниҳои дигар, аз ҷумла илмӣ, фалсафӣ, дунявӣ ва ҳатто ҷаҳонбинии диниро аз нигоҳи илм ба сатҳи баланд расондан имконпазир ва ҳатмӣ аст.
Воқеияти ҳаёт нишон медиҳад, ки илму маориф ба иллатҳои гуногун ҳанӯз ҳам дар муқобили раванди ҷаҳонбинии динии омехта бо таассубу хурофот, сиёсат ва ниҳоят мафкураҳои ифротии аз хориҷ воридшаванда, дар ҷомеаи тоҷикистонӣ мақоми калидӣ ба даст нагирифтаанд.
Шояд иллат дар он бошад, ки аксари олимони соҳаи гуманитарӣ, ки рисолати бевоситаи ташаккули ҷаҳонбинии солим ва илмиро низ ба уҳда доранд, баръакс, бо баҳонаи эҳёи фарҳангу тамаддуни миллӣ, ё таъсир ва ё тарси идеологияи исломи сиёсӣ бошад, ва ё раванди ҳамон замони норавшани “гузариш бошад, ки ”тадқиқотеро анҷом додаанд, ки бештар ба ҷаҳонбиниҳои фалсафӣ, моҳвароӣ ва динӣ мусоидат мекунанд.
Дар робита бо мафҳумҳои “мудерн” ва “воқеӣ”, ба амсоли гуногунандешӣ ва умуман, ҷаҳонбиниҳои дигар, аз ҷумла фалсафаи дунявии шарқиву ғарбӣ, ки рукнҳои появии ҷомеаҳои мадании муосир мебошанд, тадқиқоти илмӣ хеле камтар ба назар мерасанд.
Дар ин маврид саволе дар миён аст, ки чаро олимони соҳаҳои гуногун, ниҳодҳои илмӣ, маориф, ниҳодҳои давлатӣ ва тамоми зиёиён, ки бештар аз 300 ҳазор нафарро ҳам ташкил медиҳанд ва ҷомеа аз онҳо интизориҳои бештар ҳам дорад, ба ин масъалаҳои зикршуда, аз ҷумла, мавзуъҳои доғи ҷомеа, аз қабили густариши ҷаҳонбинии ғайри илмӣ (динии (ислом)-и сиёсӣ, “хушкандешӣ" ё “тангандешӣ” (шиордоданҳои бидуни истидлол), тақдиргароӣ, тааассубу хурофоти ҳамагир бо ҷиддият иқдом намекунанд? Ба чолишҳои ҷомеа, ки натиҷаи ривоҷ додани ҷаҳонбиниҳои устуравӣ ва ривоятӣ мебошанд, бо таҳлилу тадқиқотҳои воқеии илмӣ равшании бештар намеандозанд, ба баҳсҳои илмӣ, гуфтумони байни ҷаҳонбиниҳо хеле кам ворид мешаванд.
Барои андеша, ба мисоли зерин таваҷҷуҳ шавад. Тибқи гузориши расмии Созмони Милали Муттаҳид, дар Тоҷикистон мизони бештари “кӯдакҳамсарӣ” (издивоҷи духтарон дар синни поин) дар тамоми Осиёи Марказӣ аст. Дар он изҳори нигаронӣ шудааст, ки издивоҷи ноболиғон аксаран ҳамчун як маросими динӣ сурат мегирад. Аммо насли оянда, ки аз ин “модарони хурдсоли 15-16-солаи чизеро надидаву нашунида” ба дунё меояд, чӣ сатҳи огоҳӣ хоҳад дошт, масъалаест, ки боиси ташвиши ҷиддӣ монда, ба суханони илм ниёз дорад.
Бояд гуфта шавад, ки Тоҷикистон заминаи хуби илми академикӣ дорад, ки яке аз мероси боарзиш ва ғайри қобили инкории замони Шуравӣ мебошад. Яке аз масъалаҳои асосии илми муосири ватанӣ ин ба таври назаррас дида нашудани натиҷаи он, ба истилоҳ, “дар истеҳсолот” (калкаи русии начандон муваффақ, Ҳ.И), ки дурусти он, яъне дар рӯзгори ҳаррӯзаи аҳли ҷомеа аст, ки нигаронии Пешвои миллат низ дар ин маврид қобили зикри хос аст.
Бахусус, таъкиди хоси Сарвари давлат дар ин замина хеле бамаврид аст, ки “дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ 1,8 баробар, аз ҷумла докторҳои илм қариб чор баробар ва номзадҳои илм 1,6 баробар зиёд гардидааст”.
Яъне, дар замони кӯтоҳи давлатдории миллӣ, натиҷаи 4 баробар афзудани докторони илм, дастовардҳои илмӣ дар амал камтар дида мешаванд, бахусус, дар замони душвор ва пешгӯинашаванда ва пуррақобати муосир. Яъне, имрӯз фишору ҳамлаҳои зиёди идеологӣ, сиёсӣ, ақидавӣ, ки дар ташкили он ба дасти боқимондаҳои мухолифи давлати расмӣ, кишварҳову манфиатҳои зиёди хориҷӣ ҳавасманд мебошанд, ба кишвари ҷавону ҳанӯз осебпазири мо бештар шуда, то ҳадди эълони ҷиҳод ба давлати соҳибихтиёр расонда шуданд. Аммо дар фазои илмӣ ба он муқовимати сазовор ва илман асоснок камтар дида мешавад, илмҳое ба монанди иҷтимоъшиносӣ (сотсиология), сиёсатшиносӣ, мардумшиносӣ (антропология), равоншиносӣ (психология), диншиносӣ (теология) ва ғайра, ки бо “ҷомеаи зинда”, равандҳои он сару кор доранд, барои аҳли ҷомеа огоҳиҳо ва пешгӯиҳоро ба сатҳи зарурӣ намерасонанд.
Дар марҳилаи навбатии рушди кишвар, ки дар ҷаҳони беш аз ҳар вақт ғайри қобили пешгӯӣ мебошад, фазои илмӣ ҳамчун зарурати воқеӣ ҳанӯз дар сафи аввалу неруи пешбар мавқеъ нагирифтааст.
Бинобар ин, воқеият ва шароити ҷаҳони кунунӣ, мушаххас кардани афзалиятҳо дар илми тоҷик ва баланд кардани сифату амали он, вазифаи дараҷаи аввал боқӣ мемонад. Дар шароити гузариши кишвари ҷавони мо, дар ҷаҳони пурталотуми имрӯза, ки он бо стандартҳои мухталиф ва манфиатҳо ва чандстандартӣ печида аст, афзалиятҳои мамлакати кӯҳсору кӯчаки мо аз низоми иҷтимоии замонҳои дигар ба куллӣ фарқ мекунанд.
Аз ин рӯ, тафаккури илмии ҷомеа ҳам бояд ба самти дигар, яъне, ба самти воқеиятҳои ҷомеаи тоҷикистонии имрӯза раҳнамоӣ шаванд, ки дар илми амалии ватанӣ он ҳанӯз ба таври талаби замон ба роҳ монда нашудааст. Таври мисол 93 % кишвари мо кӯҳсор ва ба қавле “дорои тамоми элементҳои ҷадвали Менделеев аст”, вале мо дар сохтори марказӣ танҳо сохторе бо номи Саридораи геология дорем (ҳатто на Кумитаи давлатӣ ва на Агентӣ), ки чунин сохтор қодир нахоҳад буд, ки дар ин соҳа пояи устувори илмӣ дошта бошад.
Алҳол ба назар мерасад, ки фазои илмии кишвари мо дар банди як муаммои доирашакл, давраӣ қарор дорад, ки аз он бояд тариқи анҷоми як таҳлили амиқи илмӣ воқеӣ берун ояд. Аз тарафе дар ҷомеа нақдҳое шунида мешаванд, ки гӯё олимон “аксаран беҳуда маош мегиранд ва барои давлату ҷомеа манфиате намеоранд” (на ихтироъ мекунанд, на шогирдони беҳтар аз сатҳи худ омода мекунанд, на мавқеи мушаххаси шаҳрвандӣ ва давлатмеҳварӣ нишон медиҳанд ва ғайра) ва бадтараш, дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, фалсафӣ дар ҷомеа фаъолияти назаррас надоранд ва ё иддае мавқеи барои олим носазовор (“иғвогар”) ҳам ишғол мекунанд.
Бояд эътироф шавад, ки монанди чунин иддаоҳои ифротӣ дар мавридҳое ҷой дошта, Пешвои миллат низ дар ин замина нигаронии худро ошкоро иброз доштанд: “ Бахусус, мавқеи шаҳрвандии баъзе олимону донишмандони мо бисёр нигаронкунанда мебошад”. Ва ё: “Бетарафӣ, гоҳо танқиди беасос, норозигии доимӣ, эҷоди иғво дар ҷомеа ва монанди инҳо ба одати баъзеҳо табдил ёфтааст”.
Оё ин гуна қазоват нишонаи реша гирифтани формализм ва фасод дар соҳаи илм нест, ки илму маорифро дар навбати аввал ва пас ҷаҳони маънавии ҷомеа ва ниҳоят худи он ба хатарҳои ҷиддитарин рӯ ба рӯ мекунад?
Аз тарафи дигар, ҷойгоҳи илм аз лиҳози моддӣ ва маънавӣ ҳанӯз ҳам ба таҷдиди назар ва беҳбудӣ эҳтиёҷ дорад.
Хушбахтона, афзоиши маоши кормандони соҳа имсол ба 40% як иқдоми мушаххаси Ҳукумати мамлакат аст, ки илми кишвар ҳам бояд ҷавобан ислоҳоти соҳаро аз дохил зери даст гирад, лоақал барои имсол, ба ҳамон андоза (яъне, 40%) боздеҳии илмиро баланд бардорад.
Чанд мисоли дигар аз воқеияти ҳаёт, ки ба мавзуи баҳси мо робита доранд, барои андешаронӣ ва табодули назар оварданием.
Дар кишвар алҳол шумораи докторони илми иқтисод ба садҳо нафар мерасад, вале суоле пайдо мешавад, ки чаро ин рисолаҳо ва тавсияҳои илмӣ дар ҳаёти воқеӣ “ба назар“ гирифта намешаванд? Аз нигоҳи мо, агар ин тадқиқот сад дар сад илмӣ, асоснок, собитшаванда, таҷрибапазир ва ба воқеият ва мушаххасоти кишвари мо, ҳатто рӯзгори мардум робитаи бевосита медоштанд, ҳатман ба назар гирифта мешаванд. Аммо, мутаассифона, аксаран идеяҳо ва “бозёфтҳои такрорӣ ва аз кишварҳои дигар” ба тоҷикӣ баргардонида шуда мебошанд, ки натиҷааашон бо мафҳумҳои “унвон” ва ё “нашри китоб” хатм мешаваду халос.
Биноан, дар мавриди ин ё он масъалаи иқтисодӣ, ниҳодҳои иҷроиявӣ (яъне, як маъмури одӣ ба ҷойи докторонии илм тасмим мегирад) тавсияҳои илмӣ аксаран назарияе мебошанд, ки ба таҷрибаи воқеӣ созгории ночиз дорад.
Дар соҳаи илмҳои биологӣ ҳам докторону академикҳои камтар надорем, вале саҳми онҳо, пеш аз ҳама, дар ҳифзи муҳити нозук ва экосистемаи осебпазири кӯҳистон ё истифодаи оқилона ва максималии захираи маҳдуди замину об, захираҳои табиӣ ва ғайра, масъалаҳои ба ин ё он муҳити ҷуғрофӣ хос (растанипарварӣ, боғдорӣ, гиёҳҳои шифобахшу ғайра), воқеӣ ва барои давлат муҳим дар сатҳи амалӣ ва қаноаткунанда ба мушоҳида намерасад, дар ҳоле, ки рисолаҳояшон, баръакс, дар асоси тавсия ва таҷрибаҳои деҳқонони одӣ таҳия мешаванд. Таври мисол, яке аз самтҳои аз бисёр ҷиҳат ояндадори соҳаи домдорӣ (мушоҳида дар мисоли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон) қутоспарварӣ аст, ки дар муддати 10-15 соли охир як сар ҳам на кам шудаасту на зиёд, дар ҳоле, ки чанд сол пеш Барномаи давлатии рушди ин соҳа дар асоси тадқиқоти илмӣ ва дар сатҳи кишвар қабул шуда буд.
Дар илмҳои гуманитарӣ, таври намуна, таърих, олимон ба он ҷузъиёт, ривоятҳое мепардозанд, ки барои насли кунунӣ арзиши амалии камтар дошта, ва ё дар ҳар замон ин ё он идеологияро ситоиш мекунанд.
Дар ин сурат рисолати аслии худи таърих, ки аслан иборат аз далел, ривоят, ҳунари баён ва ба хотири омӯхтани дарсҳои таърих аст, сирфан ифтихори холӣ анҷомношуда боқӣ мемонад. Агар ҳамаи ин осори таърихӣ, фарҳангӣ барои ғурури миллӣ ва ифтихор бошад, ба назар мерасад, ки ҳаҷми аллакай анҷомшудаи он кофӣ мебошад.
Дар адабиёту фалсафа аксаран мавзуъҳои дуюму сеюмдараҷа зиёдтар вомехӯранд, ки асосан ба манфиати ҷаҳонбиниҳои ғайриилмӣ (устуравӣ-мифологӣ, динӣ буда, ба ҷаҳонбиниҳои дигар (илмӣ, фалсафӣ, дунявӣ ва ғайра) камтар саҳм мегузорад. Аз тарафи дигар, дар аксари мавридҳо тадқиқоти вобаста ба ин ё он шахсиятҳои адабӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ дар ифтихорот зиёдаравии ба сатҳи ифротият расида ҳам анҷом дода мешаванд, ки дар замони мо “худро аз дигарон боло гирифтан” маъно мешавад, ки ба манфиати наслҳои миллат мусоидат намекунад.
Замони пас аз инқилоби бузурги башарият ба номи илм, ки ба қарнҳои 17-18 дар Аврупо рост меояд, дунёи аз он баъд ба илми амалӣ ва ақлонӣ бунёд ёфта ва бо он суръат пешраванда, бо танҳо ифтихороту ғурури беҷо дар ҷаҳон мавқеъ ёфтан мушкил аст ва ҳатто баръакс, миллат метавонад зарари ҷиддитар бинад, зеро ангезае барои “тафаккури замонавӣ” кардан ва пешрафт дар, маҷмуъ, боқӣ намемонад.
Муҳаққиқоне, ки бузургони маърифати сатҳи ҷаҳонӣ, аҷдоди бевоситаи ин миллат, ба монанди Румиву Ҳофизу Бедилу Саъдӣ, олимоне мисли Закариёи Розӣ, Берунӣ, Хайёму Сино ва садҳои дигарро ба ҷомеа ва берун аз он сазовор муаррифӣ карда тавонанд, шумораашон ночиз аст. Беҳтарин асарҳои илмӣ дар мавриди ин бузургони мероси ғанӣ, аз ҷониби олимони ғарбӣ анҷом шудаанд, ки баёнгари дар сатҳи ҷиддӣ ва фарқкунанда қарор доштани фазои илмиашон мебошад.
Дар фалсафа бештари тадқиқоти анҷомшуда дар мавриди ҷаҳонбинӣ аз манзари тасаввуф, маърифати илоҳиётӣ ва ё ривоятҳои мураккабфаҳм мебошанд, ки низ ба ҷаҳонбинии илмии ҷомеаи кунунии камтар меафзоянд. Аз ин рӯ, амалан дар тафаккури наслҳо ва маънавиёти онҳо тағйиротҳои мусбат хеле кам сурат мегиранд.
Тадқиқоти зиёди соҳаи адабиёт аслан дар доираи меросе, ки аз панду насиҳат, андарзу ҳикмати фаровон иборат аст, сурат мегирад, ки бинобар аз ҳади мантиқӣ, зарурӣ бештар буданаш, дар зиндагии воқеӣ камасартар шуда меравад, дар тафаккурсозиии “замонавӣ”, аз ҷумла, илмӣ-фалсафӣ нисбат ба динӣ заифтар боқӣ мондааст, ки тааҷҷубовар ҳам мебошад. Аз назари мо, сабаби камтаъсирӣ ба тафаккури ҷомеа, аввалан ба сатҳи (дараҷаи илмият)-и кори анҷомдодашуда вобаста буда, дуввум, аз ҳад зиёд будани осори панду насиҳатии омехта бо таълимоти динӣ мебошад, ки такрор ба такрор таҳқиқ ва нашр ҳам мешавад ва таваҷҷуҳи наслҳоро ба ин мерос коста кардааст. Албатта, ин ба маънои инкори ин гуна осори гаронбаҳо нест, балки аз андоза зиёд будан ва хеле фосила доштани он аз ҳаёту воқеияти моддии замони мо (капитализм) аст, ки мебоист дар ин маврид бозандешӣ сурат гирад.
Дар забоншиносӣ, аксари мавзуъҳои ба истилоҳ “пеши по уфтода” ва рисолаҳои аз андозаи зарурат бештар таълиф мешавад, ки арзиши илмиву амали аксари онҳо зери сули ҷиддӣ қарор мегирад, зеро ҳатто ба забондонии мардум, худи шогирдону сокинон ва ҳатто унвонҷӯёну дифоъкардагон, ки натиҷаи асоситарин мебошад, чизеро намеафзоянд. Ҳатто мутахассиони соҳа бо забони модарӣ (ба муқоисаи дигар миллатҳо) озодона, мантиқӣ фикр баён карда наметавонад, ё бо забони “хушк”, истифодаи фақат вожаҳои “забонзад шуда” ва “ноширин” суҳбат мекунанд, ки зарурати чунин асарҳои илмиро, умуман, зери суол мебаранд.
Оё нависанда аз рӯйи талаботи грамматика асар меофарад, ё аз рӯйи тафаккуру тахайюл ва осори гаронқиммати адабӣ? Аммо, бо вуҷуди он забондонӣ, ки сарчашмаи асоси он осори адабӣ ва мантиқ аст, аксаран дар канор мемонад. Забони ба ном “адабии” ҳозираи тоҷик дар қолаби грамматика маҳдуд шуда, забони зиндаро “трафаретӣ ё шаблонӣ” кардааст. Дар ҳоле ки мавзуъҳо ва мазмунҳои зиёде дар ин соҳа вуҷуд доранд, аз қабили мавзуъҳои вобаста ба назарияи забоншиносӣ, забони мантиқ, мантиқи забон, услубшиносӣ, шевашиносӣ, забонҳои бостонии гурӯҳи шарқии эронӣ ва ғайра, ки беҳтарини онҳо метавонад таҳқиқ ва дар ғанитар кардани забони миллӣ амалан истифода шаванд.
Аммо, дар акси он, ин ҳолатҳо касро ба фикри танҳо “илм барои илм” мебарад. Олимони зиёде ин воқеиятро дидан намехоҳанд, ё наметавонад ва ҳатто аз чунин масъалагузориҳо, ки мураккабтар ҳам мебошанд, меранҷанд ва мавзуъҳои сода ва пеши по уфтодаро идома медиҳанд, ки барои ҷомеа манфиати камтар доранд ва ба эътибори илм ҳам чизеро намеафзоянд.
Як мисоли воқеӣ, ки 43 сол қабл дар Донишгоҳи Кобул ва мактаби таҳсилоти умумии он ҷо мушоҳида кардем. Ба забондониву нутқи равону дурусти бародарони афғонистонӣ хеле таваҷҷуҳ кардам ва дарёфтам, ки муваффақияти онҳо ба омӯхтани мантиқ ва матнҳои беҳтарин дар мактабҳои ибтидоӣ оғоз мешудаст. Инро дар низоми таълимотии динӣ ҳам дидам, ки тамоми дарсҳои мадрасаву макотиби динӣ аз дарси суханварӣ ва мантиқ оғоз мешаванд ва танҳо пас аз ду сол ба илоҳиёт мепардозанд. Барои ҳамин сухани равон, бурро ва мантиқӣ доранд, ки бо он тарзи гуфтору баён одамонро мафтуни ривоёту устураҳо ва қиссаҳо мекунанд ва сипас, ба содагӣ барои ҳадафҳояшон истифода мебаранд.
Дар илмҳои дигар, аз қабили тиб, дорусозӣ, равоншиносӣ ва иҷтимоъшиносӣ (сотсиология), ки зарурати нақши хоси онҳоро дар замони феълӣ худи Пешвои миллат махсус таъкид карданд, ҳанӯз дастовардҳо ночизанд (ё шояд ҷойе бошанду мо огоҳ нестем). Масалан, рушди илмҳои сиёсатшиносӣ ва бахусус, сотсиология барои анҷоми тадқиқот дар соҳаи иҷтимоъшиносӣ, дар шароити ҷаҳони мудерн аҳаммияти фавқулода доранд. Зеро ҷомеа, ба истилоҳ, организми зинда аст ва сотсиология ба маънои содатаринаш омӯзиши муносибати байни одамон, гурӯҳҳо ва ҷамъиятҳо аст. Аз ин хотир, таъсиси марказҳои омузиши афкори омма дар кишвар барои сиёсати давлат, ҳамчун “ғизои фикрӣ” (“food for thought”), барои созгор кардани он бо воқеият хеле муҳим аст.
Дар ин ҷо набояд он нуктае сарфи назар шавад, ки аҳли ҷомеа, дар умум, аз илм натиҷаҳои амалии бештар интизоранд, ки дуруст ҳам мебошад ва на китобҳои камарзише, ки ҳатто андешаи касро такон намедиҳад ва солиён дар кунҷе хобидаанд.
Ҳар яки мо аз рушди босуръати технология огоҳем, ки ҳар рӯз бо ихтироооти навин рифоҳи ҳаётро болотар мебарад. Илми ватании мо барои аксари сокинони кишвар, ки дар муҳити баландкӯҳӣ, миёнакуҳӣ қарор дошта, беш аз 70-75%-он деҳотнишин мебошанд, ҳанӯз ягон ихтироот, абзори корӣ ва ё василаи содатарин, ки заҳмати дастиашонро саҳлтар карда тавонад, насохтааст, чӣ расад ба ихтирооти мураккабтар.
Ҳамин тариқ, инсони муосир барои дарёфти посухҳои илмӣ ба чолишҳои замони худ, яъне, имрӯз зарурат дорад ва замони мудерн бо ҳама неку бади фаровонаш тақозо дорад, ки ҷомеа бояд аз ифтихор ба ибтикор, яъне ба самти амал қадамҳои ҷиддитар бардорад.
Дар чунин шароит аз дидгоҳи мо зарурате ба миён омадааст, ки илмҳо бояд бинобар афзалиятҳо, мавқеъ ва арзиши амалӣ дар ҳаёти воқеии ҷомеа як навъ раддабандӣ, ё рутбабандӣ, яъне “авлавиятбандӣ” шаванд. Ба ибораи дигар, барои илмҳои гуманитирӣ (бахусус, барои мазмунҳои мисли забону адабиёт, таърих дар муассисаҳои илмӣ маҳдудиятҳое муқаррар шавад, яъне, теъдоди унвонҷӯён ва кормандони илмӣ дар доира ва теъдоди муайян мушаххас нигоҳ дошта шаванд. Баръакс, дар соҳаҳои барои хоҷагии халқи кишвар, дар марҳилаи навбатии рушди он зарур, аз ҷумла илмҳои дақиқу риёзӣ, техникӣ, мантиқ, равоншиносӣ, (психология), кайҳоншиносӣ (астрономия ва космология), мантиқи забон ва забони мантиқ, ҷомеашиносӣ, (аз ҷумла низоми омӯзиш ва таҳлили мунтаззами афкори омма) ҳар гуна монеаҳо бардошта шаванд ва барои ҷалби тадқиқгарон ба онҳо мусоидату ҳавасмандӣ бештар шаванд.
Пешвои миллат хеле бамаврид зикр мекунанд, ки барои ободии кишвари мо пойдории он дар оянда ва мавқеи хоси он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ “...рушди маърифатнокии аҳолӣ, тавсеаи тафаккур ва ҷаҳонбинии илмӣ ва ҷалби бештари ҷомеа, алалхусус, наврасону ҷавонон ба илмомӯзӣ, ки бунёди онро илмҳои табиӣ ва риёзӣ ташкил медиҳанд, василаи асосии пешгирӣ кардани хурофот, ифротишавӣ, зоҳирпарастии динӣ ва гароидан ба ғояҳои иртиҷоӣ мебошад”, фавқуллода муҳим аст.
Нуктаи дигари муҳим, назар ё афкори маъмули ҷомеаи мо, аз ҷумла сохтору ниҳодҳои давлатӣ дар мавриди худи илм мебошад. Замони фаъолият дар сохторҳои гуногуни давлатӣ дар мавриди муносибати ҷомеа ба нақшу зарурати илм дар ҷомеа як дидгоҳи стандартӣ мушоҳида гардид, ки хулосааш чунин аст: “Барои олим, агар фикр дошта бошад (ба таъбири худашон калла дошта бошад), ба ғайр аз як мизу курсӣ чизи дигар лозим нест”.
Дар назари сатҳӣ ин қазоват шояд то ҳадде мантиқӣ ва аз як нигоҳ, қобили фаҳм ҳам бошад. Яъне, одаме, ки “калла надорад”, бахусус, завқу майли илм надошта бошад, фикр карданро написандад, набояд вориди майдони илм шавад. Аммо, аз як тарафи дигар, тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, сатҳи маърифат, яъне, дониши наслҳо нисбат ба солҳои оғози истиқлолияти кишвар (бинобар сабабҳои зикршуда) то дараҷае поин омадааст.
Аз ин рӯ, ниҳодҳои масъулу дахлдор бояд ба ҳар кори содатарини таҳлилӣ - илмӣ дар ҳар сатҳ, дар ҳар мавзуъ хушбин бошанд. Ҳеҷ набошад, ба ҷодаи илм қадам мондан ва бахусус, “фикр карданро ёд гирифтан”-и ҳар чӣ бештар ҷавонон афзалтар аст. Зеро аҳли илм дар миқёси аҳолии кишвар алҳол ҳам камтар аз 0.0005% ро ташкил медиҳаду халос.
Ба қавли файласуфи машҳури англис, поягузори мафҳуми “ҳаққи табиӣ” Ҷон Локк: “дуруст фикр кардан аз донистани бисёр арзишмандтар аст” (Thinking correctly is more valuable than knowing a lot). Вале нуктаи муҳим ҳамоно он аст, ки илм дар ҳар кишвар бояд сатҳе дошта бошад, ки ҳам аз нигоҳи моддӣ, ҳам маънавӣ, эътибору мақом барои ҷавонон ва умуман, аҳли ҷомеа ҷаззоб бошаду ҳавасманд карда тавонад, то мақому эътибори шоистаи ин соҳа дар ҷомеа барқарор шавад.
Бахусус, барои марҳилаи кунунии кишвар афзалияти соҳаҳо, муайян намудани самтҳои авлавиятдошта, мубрамияти ин ё он мавзуъҳои тадқиқотӣ муҳиммияти бештар дорад, чуноне ки дар суханронии Пешвои миллат ҳам ба он таъкиди хеле бамаврид шудааст.
Дар замони муосир вобаста ба тағйирёбии иқлим, таъмини амнияти ғизоӣ, ҷанги фарҳангҳо, бахусус, афзоиши тундгароӣ, терроризму ифрот дар дину мазҳабҳо, тасаллути нигароникунандаи ҳуши маснуӣ дар шуури башар ва ғайра таҳдидҳое мебошанд, ки барои паст кардани шиддати он дар ҷомеаҳо бояд дар ҳавзаи тадқиқотҳои илмӣ фаро гирифта шаванд.
Илмҳои марбут ба фанҳои дақиқ, ҳамчун заминшиносӣ, иҷтимоъшиносӣ (сотсиология), сиёсатшиносӣ, мардумшиносӣ, ҳифзу тақвияти ваҳдати миллӣ ва бо кишварҳои мухталифи ҳавза барқарор кардани робитаҳои гуногунсоҳа ва барои тарафҳо манфиатбор, ба назари мо, дар қатори авлавиятҳои илмии ҷомеаи тоҷикистонӣ ҷо дода шаванд, то ки арзиши бештари амалӣ ба бор оварда тавонанд.
Роҳбари давлат самти илми ватаниро барои ояндаи наздик хеле дақиқ арзёбӣ намуда, чунин мегӯянд; “Масъалаи дигаре, ки мехоҳам махсус хотирнишон созам, мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ, риояи принсипҳои дунявият, асосҳои сохти конститутсионӣ, таҳкими минбаъдаи сулҳу ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ анҷом додани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таълифи асарҳои илмӣ мебошад”.
Вобаста ба чунин ниёзманди воқеии ҷомеаи тоҷикистонӣ, робитаи доимии роҳбарияти сиёсӣ, тарроҳони сиёсӣ, сохтору ниҳодҳое, ки дар соҳаи идора ва мудирияти давлат ва ҷомеа фаъолият дошта, дар ин ё он масъала тасмимгиранда ҳам мебошанд, бо аҳли илм хеле муҳим аст, то роҳи рушди босуръаттари ҷомеа, дар пояи илм ҳамвортар шавад.
Дар тӯли таърих донишмандон дар мавриди илм ва сарват андешарониҳои фаровон доранд, ки танҳо чанде аз онҳоро пешкаши ҷавонон гардонданием: илм инсон, вале сарватро, худи инсонро муҳофизат мекунад: аз илм хазина андӯхта кунед, ки фақат зиёд мешаваду на кам, аммо сарват дар ҳар ҳолат камшаванда аст ва пойдор нест: илм ба инсон тавозуъ, таҳаммул меорад, сарват фақат такаббур ва ниҳоят: олим дӯстону ҳамақидаҳои бештар дорад ва сарват фақат дӯстони нони ё манфиатхоҳ.
Барои ин ҳам гузаштагони маърифати мо илмро дар мақоли пурмуҳтаво тафсир карданд, ки “қуфлкушои ҳама дарҳост илм”. Аз ин ба баъд қазоват ва тасмим ба дасти худи шумост.
Яке аз талаботҳои мантиқӣ, ба истилоҳ, тақозои “кӯтоҳбаёнӣ” аз илм аст, ки дар нигоҳи сатҳӣ хеле дуруст ҳам менамояд, аммо дар ҷомеаи мо ва воқеиятҳои он масъалаи баҳсбарангез ба назар мерасад.
Дар асл дар ин ҷо масъалаи асосӣ механизми расондани “илм ба мардум” аст. Яъне, агар дар тадқиқот такрори андеша набошад, дар чавкоти танҳо “кӯтоҳбаёнӣ” маҳдуд карданаш дуруст нест. Мисол, ҷомеаи суннатии мо, бо таассуф ва сабабҳои зиёди субъективию объективӣ (бахусус халалдор шудани тавозуни мантиқии байни моддигароӣ ва маънавӣ), алҳол сатҳи нисбатан пасттари ҷаҳонбинии илмӣ ва фалсафӣ дорад, ки инро бояд бидуни ранҷише пазируфт.
Бинобар ин, воқеият зарур аст, ки барои чунин ҷомеа бояд матлаб, мавзуъ ба тафсилтар расонда шавад, зеро агар аз зинаи боло ё мобайни масъала гуфта шавад, ба даркаш намерасад ва агар батадриҷ аз поён ба боло шарҳ дода шавад, аксаран вақту тоқати шунидани матлабро надорад. Аз ин рӯ, суханони умумӣ ва бидуни таҳлил, бахусус, шарҳу тафсил, муколамаву мубоҳиса, зуд фаромӯш мешаванд ва бенатиҷа мемонанд. Ба ибораи дигар, тамоми маълумоти шубҳаноку ташвиқотиро аз Фейсбуку дигар сомонаҳо мегирем, ки заҳмату андешиданро ҳам талаб намекунад. Дар натиҷаи аксари маълумоти ҷаълӣ (фейкӣ) қудрати қазовати мантиқиро аз даст медиҳем ва ба содагӣ ба ҳар маводи ҳангомаҷӯёна (сенсатсионӣ) мафтун мешавем.
Бинобар ин, масъалаҳои илмӣ-тадқиқотӣ мисли як дарахти кулл ҳастанд, ки иборат аз реша, тана, баргу шох ва мева мебошанд ва барои он ки дар бораи дарахт маълумот дода шавад, бояд аз реша то баргу шохи он ташреҳ шавад, дар акси ҳол маълумоти илмии мо дар бораи худи дарахт ва дарки он аз тарафи ҷомеа нокомил мемонад.
Бо як бардошти дигар, ки чаро дар ҷомеаи мо тафаккури техникӣ ва кӯшиш барои омӯзишу тадқиқи фанҳои дақиқу риёзӣ ба сатҳи лозимӣ рушд накардаст, табодули назар карданием. Аввалан, бояд эътироф кард, ки аксари аҳли ҷомеа ҳанӯз ҳам бештар тақдиргароянд.
Тақдиргароӣ дар навбати худ аз таълимоти суннатии исломӣ сарчашма мегирад, ки аслан ба тақдири илоҳӣ тобеъ буда, ақлгароӣ ва хирадгароиро дар ин маврид намеписандад. Дар ҳамбастагӣ ба тақдиргароӣ, бо заҳмати андаку сатҳӣ ба натиҷаи баланд умедворӣ доранд, ба мудирияти мафҳуми кор ва вақт, сахткӯшӣ аҳаммият қоил нест ва ба ҷойи амали мушаххас бештар ба тасаввуру хаёли холӣ умри худро сарф мекунем.
Ҷаҳонбинии динии мо аслан бар таассубу хурофот ва догмаҳои қадима бунёд дошта, ки дар ин замони муосир барои рушд монеаи асосӣ ҳам мебошанд. Имкониятҳои давлати ҷавони мо ҳанӯз ҳам барои рушди болотари пояи моддӣ ва маънавии илм маҳдудтаранд ва аз ин рӯ, дар муқоиса бо кишварҳои пешрафта мавқеи моддӣ ва маънавии илм, ки нақши калидӣ ҳам дорад, ба сатҳи зарурӣ қарор нагирифтааст ва бо ин сабаб таваҷҷуҳи ҷавонон ҳам ба илм камтар аст.
Дар ин робита, баланд бардоштани сатҳи эътибори маънавӣ ва моддии омӯзгор, маоши омӯзгор ва олим муҳим боқӣ мемонад, ба ибораи дигар, агар мо натиҷаҳои баландтарро интизор бошем, бояд муҳити кориро ҳам фароҳам созем ва дар ниҳоят (умедворем, ки дуруст дарк шавад), аксари кулли сокинони муҳити кӯҳсори кишвари мо деҳотӣ мебошанд, ки дар ин муҳити аз ҳар ҷиҳат маҳдуд, тафаккури илмии дақиқ ва техникӣ заифтару кундтар таҳрик мешавад.
Ҷаҳони муосир ва мудерн бар низоми ҳуқуқ, қонунҳо, ки ба асоси дониш, ақлоният ва илм поягузорӣ шудаанд, устувор аст. Либерализм бо тамоми норасоиҳояш идеологияи асосии замони муосир аст ва демократия ҳамчун мафҳум дар пояи ҳамин идеология барқарор аст, ки аз ҷониби тамоми кишварҳои дунё ба ҳар тарз пазируфта ва ба ҳар сатҳ, вобаста ба мушаххассоти ин ё он кишвар амалӣ ҳам мешавад. Зеро инсоният модели аз он бартару беҳтарро ҳанӯз кашф накардааст. Аммо бояд дар назар дошт, ки ягон кишвари дигари дунё бидуни манфиатҳои худ моро ба ин роҳ, яъне мафкураи либерализм ва демократияи “классикӣ “намебарад. Шояд баръакс, бештар кӯшиш хоҳанд кард, ки моро дар ҷаҳолату ақибмондагии бештар ва дур аз дастовардҳои муҳимми башарият нигаҳ доранд, то ки бештар дастнигар бошем, намунаи талхи ин воқеиятро дар Ховари Миёна, Афғонистони ҳамсоя ҳамарӯза мушоҳида мекунему мебинем, ки комилан бо стандартҳои мухталиф, вале ба номҳои гуногун татбиқ мешаванд.
Вале, бо вуҷуди ин, барои расидан ба ҳадафҳо ва ҳифзи ҳуқуқҳои худ ҳамчун миллат ва давлати мустақил, тақвияти дастовардҳои истиқлолияти худӣ дар фазои ҳуқуқу озодиҳои башарӣ, тақвияти ҷаҳонбиниҳои илмӣ-воқеӣ, аз қабили ҷаҳонбинии илмӣ, дунявӣ талош варзем, тавре Пешвои миллат такрор ба такрор ҳидоят мекунанд: “Мехоҳам бори дигар хотирнишон намоям, ки имрӯз вазъи соҳаи илми кишвар ислоҳоти ҷиддиро тақозо мекунад ва мо ба қудрати созандаи олимони мамлакат эътимоди комил дорем, ки онҳо камбудиҳои ҷойдоштаро ислоҳ намуда, пешрафти илмиву инноватсионии Ватани азизамонро таъмин месозанд”.

Ҳақназар ИМОМНАЗАР,
ходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: