Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муҳаммад Саид Сарвар: «Низоми нави раводид ба манфиати кишварҳои мост»

Муҳаммад Саид Сарвар: «Низоми нави раводид ба манфиати кишварҳои мост»

30-08-2024, 14:56
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
Муҳаммад Саид Сарвар: «Низоми нави раводид ба манфиати кишварҳои мост»
Санаи 29 августи соли ҷорӣ дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо низоми нави раводиди Покистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва барои намояндагони васоити ахбори ватанӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.
Муҳаммад Саид Сарвар, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки моҳи апрели соли гузашта ба ин маснад таъйин шудааст, дар оғоз аз равобити ду кишвар муфассал иттилоъ дод. Мавсуф иброз дошт, ки Покистон аз шумори он кишварҳоест, ки истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро аз аввалинҳо эътироф кард. Муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ибтидои соли 1991 бо эътирофи расмии ҳарду давлат шуруъ шуда, муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар 6 июни соли 1992 барқарор гардида, сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе соли 1993 ва сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Исломобод соли 1994 дарҳои худро боз карданд.
Гуфта шуд, ки ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо бо кӯшишҳои тарафайн рушди бемайлон ёфта, заминаи муносиботро беш аз 20 санади ҳамкорӣ ташкил медиҳад. Раванди рушду тавсеаи бомароми муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи судманди ду кишвар бар пояи усулҳои ҳусни тафоҳум ва эҳтирому эътимод ба ҳамдигар ва муколамаи байнидавлатии ҷонибҳо қарор дорад.
Ҳамкориҳои бисёрҷониба байни Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории исломӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай сурат мегиранд. Дидгоҳ ва мавқеи кишварҳои мо дар бисёр масоили минтақавию байналмилалӣ тавъам аст.
-Аз оғози фаъолият ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ман меҳру муҳаббат ва самимият, меҳмоннавозии мардуми куҳанбунёди тоҷикро дар ҳар гӯшаи кишвар эҳсос кардам. Худро ин ҷо ҳамчун дар хонаи худ эҳсос мекунам ва аз муносибати бародарона, меҳру самимияти дӯстони тоҷикамон бархурдор ҳастам. Чунин қаробат бесабаб нест: мардумони моро пайвандҳои муштараки таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ба ҳам мепайванданд ва ағлаб урфу одат ва анъанаҳои мо ҳамшабеҳ ҳастанд.
Ин ҷо аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон барои нигоҳ доштани муносибатҳо ва ҳамкориҳо дар сатҳи баланд миёни давлатҳо ва мардумони мо изҳори миннатдории худро баён месозам. Ин ҷо нақши сарони давлатҳои мо бузург аст, ки сиёсати дурустро пеш гирифтаанд. Аз фурсат истифода бурда, ба мардуми тоҷик ҳаминро гуфтаниям, ки доштани чунин роҳбаре, ки дар ҷодаи давлатдорӣ аз абармардони сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, худ як шарафу толеи баланд аст. Дар зарфи як соли сафириам, ки муҳлати зиёд нест, ман шоҳиди дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоиву фарҳангӣ дар Тоҷикистон ҳастам, ин нишонаи мудирияти дуруст ва оқилонаи давлат буда, чунин рушди кишвари бародар ва дӯст барои мо боиси хурсандист,-чунин оғоз намуд ҳангоми пазороии меҳмонони сафорат Муҳаммад Саид Сарвар.
Ба гуфтаи сафир, ҳар ду кишвар дар самти муштаракоту ҳамкориҳо ба зинаҳои баланд расидаанд:
-Мо дар арсаи байналмилалӣ ва муносибатҳои дуҷониба дар ҳама самтҳои зарурӣ ҳамкории густурда дорем, ки боиси ифтихор ва қаноатмандии ҷонибҳост. Албатта, ин муносибот риштаҳойи амиқи таърихӣ доранд-ҳам аз лиҳози муштаракоти фарҳангӣ, ҳам динӣ ва ҳам ҷуғрофиву иқтисодӣ. Дар самти густариши ҳамкориҳо миёни ҷонибҳо саҳифаи нав боз шуд, ки пеш аз ҳама, аз иқдоми сарони кишварҳои мо маншаъ мегирад. Дар ин замина саҳми роҳбарияти Ҷумҳурии Исломии Покистонро низ қайд карданӣ ҳастам, ки авроқи тоза дар муносибатҳо миёни кишварҳои моро боз карданд. Чуноне шумо огоҳ ҳастед, дар таърихи 2 ва 3 июли соли 2024 сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт ва дар рафти ин сафар мо тавонистем ба муносибатҳои дуҷониба саҳифаи тоза зам намоем. Ташрифи Сарвазири мо ба Тоҷикистон, бешубҳа, хеле пурмаҳсул буд-дар рафти он созишнома оид ба ҳамкории стратегӣ миёни кишварҳо имзо гардид, ки боиси боз ҳам мустаҳкам гардидани муносибатҳо дар ҳама самтҳо хоҳад гардид. Амалӣ гардидани бандҳои санадҳои имзогардида шароити боз ҳам ривоҷу равнақ пайдо намудани тамоми риштаҳои муносиботу муштаракотро миёни Покистону Тоҷикистон фароҳам меорад, ки ба манфиати ҷонибҳо аст.
Ба гуфтаи сафир, зарурияти густариши ҳамкориҳоро ҷойгиршавии ҷуғрофии кишварҳои мо муайян мекунад ва ногузирии сатҳи стратегии ин ҳамкориҳоро ба миён мегузорад. Аз нуқтаи назари Покистон, Тоҷикистон дар минтақа мавқеи стратегӣ дорад ва Исломобод онро ба ҳайси «Дарвозаи Осиёи Марказӣ» эътироф ва қабул дорад. Чунин хусусияти ҷуғрофӣ барои рушди алалхусус ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидат мекунад ва мо бояд аз тамоми имконоти мавҷудбуда босамар истифода барем. Албатта, дар ин самт, пеш аз ҳама, лоиҳаҳои энергетикӣ аҳамияти хосро доро ҳастанд ва зикри чунин як лоиҳаи муҳим, чун CASA-1000 амри зарурист. Амалигардонии чунин лоиҳаҳои муштарак, пайванд сохтани иқтидорҳои иқтисодии Осиёи Ҷанубиву Марказӣ, ки кишварҳои мо дар ин манотиқ ҷойгир шудаанд, барои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ такони ҷиддӣ мебахшад. Чунин иқдомоти муштараки заруриро Покистон хеле баланд арзиш ва қадрдонӣ мекунад ва дар амал татбиқ намудани чунин лоиҳаҳои энергетикӣ боиси таваҷҷуҳи ҷонибҳо, бахусус Покистон аст:
-Мо умедвор ҳастем, ки корҳое, ки барои дар амал қарор гирифтани ин лоиҳа (CASA-1000) ба роҳ монда шудаанд, дар вақти муайянгардида ба анҷом хоҳанд расид. Дар ҳудуди Афғонистон қисмати асосии ин корҳо аллакай ба иҷро расидаанд, ки қадаме пеш барои пиёда сохтани нақшаву ниятҳои муштараки мо дар самти ҳамкориҳои энергетикӣ аст. Табодули захираҳои энергетикӣ ба рушди тамоми соҳаҳо, алалхусус иқтисодиёт, тиб, фановариҳои техникӣ ва илмӣ мусоидат хоҳад кард, ки ба манфиати кишварҳои минтақа аст,-гуфт сафир.
Қайд гардид, ки Покистон миннатдории худро оид ба дастгирии Тоҷикистон дар бисёр масоили минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла шомил гардидан ба Созмони ҳамкориҳои Шанхай баён ва аз чунин сатҳи ҳамкориҳо пазироӣ мекунад. Исломобод омода аст, ки 23 октябри соли равон Форуми сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхайро баргузор намояд. Иқдоми дигари муҳим-ташкил намудани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ миёни Покистону Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ аст, ки моҳҳои наздик ба нақша гирифта шудааст-он аз соли 2019 ниёз ба боз ҳам густариши сатҳи ҳамгироӣ ва беҳтар намудани кор дорад. Ҳамчунин, ташкил намудани Комиссияи муштарак оид ба соҳаи энергетика миёни кишварҳои мо аз корҳои муҳимму аввалиндараҷа маҳсуб мегардад, ки ҷониби покистонӣ ҳар чӣ зудтар хоҳишманди фаъолияти густурдаи он мебошад.
Ба гуфтаи сафир, иқдоми ҳукумати Покистон дар самти содагардонии гирифтани раводиди покистонӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон аз он дарак медиҳад, ки сатҳи муносиботи мо ба зинаи боз баландтар расида, акнун монеаҳои то ҳол мавҷудбуда бартараф гарданд ва дар ин самт таваҷҷуҳи ҷониби Покистон махсусан зиёд аст.
Содагардонии низоми раводид миёни кишварҳои мо барои рушди тамоми риштаҳойи иқтисодӣ, логистикӣ (нақлиётӣ, интиқоли молу мавод), тиҷоратӣ, фарҳангӣ, сайёҳӣ, рафтуомади мардумон мусоидат хоҳад кард. Аз ин ба баъд сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба мавзеъҳои таърихӣ ва табиии Покистон, ҳамчунин шаҳрвандони Покистон ба чунин мавзеъҳои Тоҷикистон осон хоҳад гардид, ки ба қавӣ гаштани муносиботи мардумони мо заминаи хуб хоҳад гузошт:
-Мақомоти Покистон аз 14 августи соли равон пардохти ҳақ ё боҷҳои раводидро барои шаҳрвандони 126 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон бекор кард. Дар асоси сиёсати нави раводид шаҳрвандони хориҷии кишварҳои муайян метавонанд дар тӯли 24 соат бидуни пардохти ҳаққи раводид иҷозаи вуруд ба Покистонро дастрас кунанд.
Дар системаи онлайнии раводиди Покистон як категорияи нав барои мақсадҳои тиҷоратӣ ва сайёҳӣ бо номи «Visa Prior to Approval (VPA) илова карда шудааст. Довталабон бояд тавассути вебсайти системаи раводиди онлайнии Покистон https//visa.nadra.gov.pk худро ба қайд гиранд ва тартиби одии пешниҳоди дархостро риоя кунандю
Яъне, акнун гирифтани раводиди покистонӣ барои шаҳрвандонӣ Тоҷикистон хеле сода ба роҳ монда шуд. Аз ин ба баъд танҳо шиноснома ва як акси шахси хоҳишманд зарур аст ва барои пур кардани анкета-суолнома дар сомона вақти кам лозим хоҳад шуд-ҳудуди 15-20 дақиқа ва ин ҳам ҳуҷҷатгузории маҳдудро талаб мекунад. Барои гирифтани раводид ду категорияи асосӣ аст-сайёҳӣ ва тиҷорат. Барои судури раводид дар сомона шахси хоҳишманд бояд суроғаи электронии худро дошта бошад ва ҳангоми ба анҷом расидани амалиёти зарурӣ (пур кардани суолнома) ба суроғаи электронӣ рақами мушаххас (код) равон карда мешавад ва тавассути ин барои пур кардани анкета имконияти идома додан фароҳам оварда мешавад. Пас аз он, ки шумо аккаунти худро омода кардед, барои идомаи пур кардани анкета (суолнома) иҷоза дода мешавад. Айни замон суолнома танҳо бо забони англисӣ аст, вале мо ба назар гирифтаем, ки он бо дигар забонҳо, аз ҷумла бо забони русӣ ба роҳ монда шавад.
Аз ҳама категорияҳое, ки хоҳишмандон бо интихоби онҳо метавонанд зудтар раводидро ба даст оваранд-сайёҳӣ ва тиҷоратӣ аст.
Умуман, ҳангоме шумо вориди веб-сайт мешавед, тамоми ҷузъиёти гирифтани раводид бо таври сода навиштор шудааст ва дар ин кор мушкилӣ нахоҳед дошт,-гуфт дар анҷом сафир.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: