Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТИРГОН – ҶАШНИ КИШОВАРЗОН

ТИРГОН – ҶАШНИ КИШОВАРЗОН

30-07-2024, 11:31
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
ТИРГОН – ҶАШНИ КИШОВАРЗОНИмрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» аз рафти баргузории ин чорабинӣ.

Дар даромадгоҳи «Боғи Ирам» намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» ташкил гардид, ки дар он даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди мева бо сифати баланд дар борҷомаҳо бандубастшуда пешниҳоди иштирокдорон гардид. Инчунин навъҳои гуногуни меваи зардолу, маҳсулоти аз он омодашуда- афшура, шарбат, хушкардашуда ва обмеваи он пешниҳоди сокинону меҳмонони пойтахт гардонида шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз кишовразони мамлакат меваи тару тоза ва хушкашудаи олу, гелос, шафтолу, себ ва навъҳои ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбузаро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намуданд.

Бояд гуфт, ки ин ҷашнро, иди кишоварзон низ меноманд. Олимони соҳаи кишоваразӣ дар инҷо дастовардҳои илмиашонро ба намоиш гузоштаанд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода иброз намуд, ки эҳёи ҷашни Тиргон, ки ба об, ҳамчунин ба омодагии деҳқонон ба дарави ҳосили гандум иртибот дорад, ниҳоят муҳим буда, баҳри равнақ ёфтани соҳа мусоидат менамояд. Дар баробари гиромидошти ҷашнҳои Наврӯз, Сада ва Меҳргон эҳёи ҷашни Тиргон низ ба манфиати миллат мебошад.

«Тавре Пешвои миллат дар ин маврид таъкид намуданд: «Маросиму суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд. Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо, ниёишу ривоятҳо ва мусиқиву сурудҳое эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд»,- афзуд номбурда.

Дар чорабинӣ гуфта шуд, ки ҷашни Тиргон дар радифи ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, дар фасли тобистон, айёми расиши гандум ва ҷамъоварии он баргузор мегардид. Оид ба пайдоиш ва моҳияти ҷашни Тиргон дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ ривоятҳои мухталиф оварда шудаанд. Дар аксари онҳо омадааст, ки ин ҷашн дар рӯзи сенздаҳуми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мегашт. Барои расиши гандум ва гузаронидани кишти ангории (такрории) зироат ба кишоварзон ҳатман об лозим буд. Аз ин лиҳоз, мардум бо шодию нишот ҷашни Тиргонро баргузор намуда, хоҳишманд буданд, ки борон бошад ва аз хушксолӣ нишоне набошад. Бинобар ин, парастиши об дар байни мардуми тоҷик решаи ниҳоят қадим дорад.

Таъкид шуд, ки агар ҷашни Сада ба оташ, Наврӯз ба замин, Меҳргон ба рӯшноию ҳаво, ҳосили зироат вобаста бошад, ҷашни Тиргон бевосита ба об иртибот дошта, онро ҷашни расиши гандум ва ҷашни об гуфтан мумкин аст. Яъне ҷашнҳои мавсимии кишоварзони тоҷик ба чор унсури ҳаётовар – об, ҳаво, хок ва оташ бевосита иртибот дошта, асоси табиӣ доранд.

Иброз шуд, ки дар байни мардуми минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва маҳалҳои тоҷикнишини ҷумҳуриҳои ҳамсоя то солҳои наздик маросимҳои даъвати борон ба монанди: ашаглон, сусхотун, чиллахотун ва ғайра гузаронида мешуданд. Ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик обро чун неъмати муқаддас ва сарвати бебаҳо дониста, омили асосии ҳаёт мешуморид. Бинобар ин, дар байни халқ то ҳол ақидаи «Обу ҳаёт» мавҷуд аст.

Хотирнишон гардид, ки пешниҳодҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини аҳолии дунё бо об, самаранок ва оқилона истифодабарии он, қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» ба расму оинҳои ҷашни қадимаи миллии мо — Тиргон иртибот доранд.

Бояд гуфт, ки мақсади баргузории ҷашнҳои мазкур инкишоф додани соҳаи кишоварзӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ ва содироти он ба хориҷи мамлакат мебошад.

Тавре дар Вазорати кишоварзии мамлакат иттилоъ доданд, то 1 июни соли равон дар ҷумҳурӣ 206 000 гектар боғу токзорҳо бунёд гардидааст. Дар Тоҷикистон истеҳсоли меваҳои тару тоза то аввали моҳи июн 28,4 ҳазор тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,6 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ҷумла истеҳсоли зардолу 16 ҳазор тонна буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 тонна зиёд мебошад.

Дар охир иштирокдорони фаъол бо Дипломи дараҷаи 1, 2 ва 3, инчунин вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бо «Сипоснома»-и Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: