ЗАМИН АЗ НОСИПОСИИ ЗАМОНСӮЗОН БА ТАНГ ОМАД20-06-2024, 09:33
Хабарро хонданд: 328 нафар
Назарҳо: 1
Имрӯз доираи бадхоҳоне гӯшаҳои ҷаҳонро ба нооромӣ мекашанд ва ин раванди номатлуб аксаран тавассути шабакаҳои бедарвозаи интернетӣпадид меояд. Аз ҷумла иғвою дасисаи навбатии ба ном Мавлавӣ Абдуқодир ва ҳангомаҳои ин дасисаҷӯйи номурод аз доираи ақли солим берун буда, дар асл барои ба миён гузоштани баҳси тамоман бемантиқи сатруҳиҷоб ва либоси бегонаи занон дар шароити кунунии кишвари мо бедалелу тамоман бепоябуда,ғайр аз нифоқангезию ҳангомаҷӯйӣчизи дигаре буда наметавонад. Бояд таъкид кард, ки аслан ин муллотарош, ҳарчанд аз доираи маърифати қуръонию исломӣҳарф зада, дини мубини исломро ба худ ниқоб созад ҳам, худ динситезаву инсонбадбине беш нест. Зеро дини мубини Ислом берун аз ҳар гуна ҷаҳолату ситезу дасисаву ҷиҳодангезӣ буда, ба ҳеҷ ваҷҳ инсонбадбинӣ ва инсонситезиро намехоҳад ва ақидаҳои ин ҳангомаҷӯ тамоман муқобили таълимоти Мавлавия ва рафтору гуфтору кирдори мавлавиёни асил нигаронида шудааст. Аслан, ки боин турфа ҷоҳилони тундзабону дасисакоре чун Абдуқодирҳуқуқ додааст, ки берун аз марзи кишвари мо, аз номи мардуми Тоҷикистон баромад карда, ҳаммаслакони тундравашонро тавассути шабакаҳои бедарвозаи интернетӣ ба ҷиҳоди беақлонаю сияҳдилона даъват созад. Кулли мардуми шарафманди кишвари маҳбуби мо имрӯз шукргузоранд ва Тоҷикистони азизу мубораки мо давлати орому осудаест ва мардуми шарафмандимо бо доштани ин неъмати воло хушбахт ҳастандудавлати тинҷ, Ҳукумати ғамхор ва Роҳбари хирадпешае доранд. То кунун касе дар қаламрави Тоҷикистони рӯ ба пешрафтрукнҳои манфиатбори шариати исломро манъ накардааст ва ба мусулмонони ҷаҳон маълум аст, ки калонтарин масҷиди ҷомеи Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе қомат афрохтааст. Кулли намозгузорондар шароити орому осуда бо шукргузорӣ аз миллату давлати хеш озодона ибодат мекунанду рӯза мегиранд, ҳамчунин зиёрати Хонаи Худо мераванд.Валезумраи дасисахоҳу ҷоҳилсимову ҷаҳолатхислате аз қабили ҳамон Мавлавии дурӯғин бо ақидаҳои пуку бемағзашон мехоҳанд ба рӯзгори осудаву ободи мардум халал ворид созанд. Ба ин бадхоҳони баҳонаҷӯ таъкид медорем: Бидонеду огоҳ бошед: ҳаргиз ба ҳадафи палидатон намерасед! Халқи шарифи кишвари Тоҷикистонбо фарогирӣ аз хиради азалӣҳар кадоме дӯстдори марзу буми аҷдодии хешанд. Шумову ҳаммаслакони торикдили шумо аз маърифати исломӣ барои насли инсончӣхубие карда метавонед? Охир, ба ғайр аз иғвоангезӣ дигар коре аз дастатон меояд?! Мутаассифона, аз номи Исломи пок танҳо ва танҳо манфиатҳои пурғарази худу хоҷагонатонро гӯё “ҳимоя” мекунеду халос... Маҳз тавассути ақидаҳои сиёҳу нопоки шумову шумобаринҳо, дар ниқоби “Мавлавӣ” маърифати Ислом дар тамоми ҷаҳон рӯ ба инқироз дорад ва ҷаҳониён аз қабули он меҳаросанд! Охир, эй “Мавлавӣ”-ҳои бадтинат чаро ба нафси саркаши худ ҷиҳод эълон намекунед ва мутобиқи таълимотиқуръониву суннати Пайғамбари ислом амал намекунед. Ҷаҳониён муҳити зисту рӯзгори шумо, азоби алими занҳову бонувони кишваратон ва кулфати асириву беҳуқуқии духтарони ҳанӯз ноболиғи афғонро кайҳо воқифанд ва чаро шумо муллову мавлавиҳои ношуд дар ислоҳи вазъи худ бечораед. Охир, муҳити рӯзгору маънавии шумост ҷойи ҷиҳод! Аввал худу атрофиёнатонро ислоҳ кунеду баъд ба ислоҳу қазовати дигарон пардозед. Чаро арабҳо, ки аз насли Пайғамбаранд дар ҳоли рушд ҳастанду шумо ҷоҳилон ба қатлу куштори ҳамдигар машғул? Афсӯс, ки фақат мисли тутӣ вазъ мегӯеду аз асли Ислому Қуръону Худошиносӣ хеле дуред! Модару бонувоникишвари осудаи мо либоси миллии худро доранд, ки инро ҳеҷ кас манъ накардааст. Ҳамон руймолу либоси фарҳангии мо нишони иффату озодагии зани тоҷик асту абадан пойбарҷост!!! Дахолати кӯр-кӯронаатон ба зиндагии мардуми Тоҷикистон хандаовару ғаразноку ба мароми мардуми мо бегона аст ва он ҳиҷобу сатре, ки ҷоҳилонаи талқинкардаатон ба фарҳанги мо бегонаасту таблиғаш барои миллату фарҳанги мо бегонаву норавост! Розиқ НУРЗОД,
мудири бахши омор ва махзани ягонаиэлектронии аъзои ҳизбиДастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.