Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ФАРҲАНГИ БЕГОНА АЗ КУҶО САРЧАШМА МЕГИРАД?

ФАРҲАНГИ БЕГОНА АЗ КУҶО САРЧАШМА МЕГИРАД?

30-05-2024, 09:21
Хабарро хонданд: 1743 нафар
Назарҳо: 0
ФАРҲАНГИ БЕГОНА АЗ КУҶО САРЧАШМА МЕГИРАД?
Таъсири фарҳанги бегона ва зери фишори он мондани мафкураи мо ва махсусан кӯдакон аз тамошои филмҳои тасвирӣ сарчашма гирифта, то ба мӯд шудани ришу сатру ҳиҷоб рафта мерасад, зеро бештари аҳолии кишвар, хосатан занҳодар хонадон пайваста ба тамошои силсилафилмҳои истеҳсоли кишварҳои хориҷӣ вақту нақд масраф менамоянд.
Омили дигари он овезаву навиштаҷотест, ки дар ин самт нигаронида шудааст. Ошхонаву тарабхонаҳое, ки фарҳанги таомҳои миллии дигар халқу миллатҳоро тарғиб менамоянд,қадам ба қадам таъсири худро гузошта, латма дар замири фарҳанги ҳазорсолаи мо мезанад. Аз инҷо тақлид дар гуфтору кирдор ва сару либоси бегона оғоз меёбад. Ҳазор сол муқаддам Фирдавсии бузург гуфта буд:
Ҷаҳон сар ба сар ибрату ҳикмат аст,
Чаро баҳраи мо ҳама ғафлат аст?
Боиси таассуф аст, ки то ҳол бархе аз ҳамватанони мо побанди ҷаҳолату ғафлатанд. Дар ҷомеаи мутамаддин, кӣ бештар ба фарҳанги бегона пайравӣ менамояд, пеш аз ҳама, ашхоси бесавод ва онҳое, ки зери таъсири хурофоту бегонапарастӣ мондаву нодонҳастанд, мавҷуданд.
Вовенарг- файласуфи фаронсавӣ дар бораи инсонҳои доно чунин нигоштаи хубе дорад: “Духтараке хизматгори хонаи ман буд. Боре дар сафар ҳамроҳи як шиносам хӯроки шом хӯрдем. Хизматгор ба ман арз кард, ки шиносам инсони доно аст. Ман бо ҳайрат пурсидам, ки аз рӯйи кадом нишонаҳо ӯ ба чунин хулоса омад?-Инсони доно ҳамеша ҳақиқатро мегӯяд. -Яъне касеро фиреб намедиҳад?
-Не,ҷаноб. Ӯ пеш аз ҳама худро фиреб намедиҳад. Беихтиёр ба чунин хулоса омадам, ки ба ҳамин суол ягон хирадманд ҷавоби беҳтаре намедиҳад”. Пас мо, ворисони як миллати тамаддунофар, ки соҳиби фарҳанги беназирем, дар доми нодониву гумроҳӣ худро фиреб медиҳем.
Овардани ин далел шояд ба назари бархе аз хонандагони ҳафтанома сода ва аз мавзуъ дур намояд, аммо агар жарфтар андеша намоем, аксарияти мо оё мисли ин духтараки хизматгор бо мушоҳида аз неку бади гуфтору кирдори атрофиён хулосаҳои судманд бардошта метавонем?
Нодонӣҷаҳолат аст ва ҷаҳолат дар саргаҳи ҳамагуна бадбахтиҳо қарор дорад. Сарчашмаи тақлиду пайравӣ ба фарҳанги бегона дар оила тамошои филмҳои хориҷиест, ки хусусияти манфӣдоранд. Аксарияти тамошобини имрӯза аз тамошои филмҳои хориҷӣ ба нафъи хеш бардошти судманду саҳеҳро қодир нест. Хусусан, фарзандони хурдсоламон, ки алҳол қобилияти ҷудо намудани фарқи некро аз бад надоранд ва ҳоло мафкураашон ба таври зарурӣ инкишоф наёфтааст, зуд зери таъсири қаҳрамонҳои филм монда, кӯшиши тақлиду пайравӣба қаҳрамонҳои онменамоянд.
Волидон дар навбати худ намеандешанд, ки тамошои филмҳои хориҷии ба синну соли кӯдак номувофиқ пайомадҳои дуҷониба дорад. Замоне ҳамагон зери таъсири филмҳои ҳиндӣ монда будем, минбаъд силсилафилмҳои бразилӣ, мексикоӣ, амрикоӣ, алҳол силсилафилмҳои туркӣ сахт таъсиргузор гаштаанд.
Ҳадафи асосии филмофарон, пеш аз ҳама, муаррифии фарҳанги худ ва тарғиби арзишҳои миллии хеш аст. Коршиносон онро як навъи таблиғуташвиқниз арзёбӣкарда, имрӯзҳо дар фазои иттилоотии мамлакат воридоти филмҳову сериалҳои хориҷӣ беҳисоб асту онро ҳамчун воситаи асосии тарғибу ташвиқи фарҳангу ойин роҳандозӣ менамоянд. Филмҳои бегона набояд солимии ахлоқу фарҳанги моро зери суол баранд. Агар дар ҷомеа сатҳи ҷаҳонбинии мардум боло равад, дар ин давра тамошобин якум аз тамошои ҳаргуна силсилафилмҳои беохиру номуносиб худдорӣ менамояд, дуввум, танҳо қисматҳои даркориву судмандро, ки барои нафъи ин миллату меҳан қабул мекунад.
Мо бояд биандешем, ки тамошои филмҳои бегона минбаъд чиро ба ҷойи арзишҳои миллӣ ва рафтору кирдорҳои иҷтимоӣ ба бор хоҳад овард?Ҳарчанд фикру ақидаҳо гуногунанд, лекин манфиати миллӣ бояд дар мадди аввал қароргирад.
Роҳбаридавлат муҳтарамЭмомалӣРаҳмондар як суханрониашон бамаврид таъкид намуда буданд: “Душманони миллати тоҷик ҳамин хел кор мекунанд. Аввал расму ойинатро мегиранд, баъд забону фарҳангатро мегиранд, баъд давлат ва ҳамин тариқ, миллат аз байн меравад, фаромӯш накунед, мардум!”
Ҳарчанд дар ҷаҳони муосир либоси миллӣ яке аз қисматҳои меҳварии фарҳанг ба шумор меравад, дар ин самт нигоҳҳо мухталифанд. Чаро? Надонистани таърих ва фарҳанги миллӣ боиси таассуб аст, яъне, он равандуҷонибдории кӯр-кӯронаро касб намудааст.
Ҷаҳонишавии босуръат дар саросари олам раҳкушоиҳо ба сӯйи коинот аст. Мутаассифона, бархе аз сокинони кишвари мо тақлид ба ҳаёти одамони асримиёнагиро доранд. Ба қавли Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ: “Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад”.
Мо кай аз рӯйи ин фармуда амал мекарда бошем? Бархе дар ин ақидаанд, ки масъулин чаро “юбка”-ву шимҳои дарозу кӯтоҳро фарҳанги бегона намеҳисобанд?Ҳар замон талаботи худро дорад. Дар замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ ба қафо кардан камоли беақлист. Ин суол боз моро водор менамояд, ки сари тамаддуни ҷаҳонӣ андешаронӣ намоем, яъне, чаро мо боре фикр намекунем, ки дар қарни чандум умр ба сар мебарем? Ё ба амсоли он ки дар замоне воситаи асосии ҳамлу нақди ҳамагон хару уштур буд. Чаро ҳамагон, чӣАрабу чӣАҷам, рӯ ба муосиртарин навъи технология ё нақлиёту сабукрав овардаем? Ё чаро дигар хонаҳои хасиву гилин намесозем? Ҳамқадами замон бояд буд. Тамаддунҳо ҳам наву куҳна мешаванд. Либосҳои миллӣҳар вақту замон дигар мешаванд, масалан, дар замони Шуравӣ таъсири унсурҳои русӣ ба назар мерасид. Пас, таъсири либоси аврупоӣ дар таркиби либоси тоҷикӣ роҳ ёфт, вале он бо талаботи замон рушд кардавуқадам мезанад. Аммо, рӯ овардан ба сатру ҳиҷоб ва тақлиди кӯр-кӯрона аз паст будани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии мо дарак медиҳад.
Дар олами турку араб, вобаста ба иқлим, зеҳният (менталитет)ва такябофарҳанги худ зиндагӣ доранд. Бархе бо анҷоми як сафари кӯтоҳ ба ин кишварҳо аз сустии ирода ва паст будани сатҳи дониш, аз сатру ҳиҷоб то ришу роҳгардии хешро дигар мекунанд ва чунин мепиндоранд, ки соҳиб шудан ба савоб маҳз дарҳамин васила аст.
Аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардидани шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров“Тоҷикон” ба ҳар хонадони кишвар бесабаб нест.
Мардуми мо бояд аз таъриху фарҳанги миллати хеш огоҳ бошад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо, новобаста тазодҳои нангини аҷнабиён, миллати сарбаланди тоҷик, ба қавле “ҳар чӣӯ аз моли дунё дошт, дод”. Вале забон, фарҳанг ва дар ин радиф, либоси миллии хешро бо намудҳои зебову шукӯҳи тоза ба тоза ҳифз кард. Имрӯзҳо либоси миллии тоҷикӣ дар қатори дигар муқаддасот сартосари ҷаҳон миллатро муаррифӣ менамояд, хосатан,атласу чакан, ки таърихи қадима доранд ва баъд аз талошҳои панҷсола соли 2018 пас аз “Оши палов” ва “Наврӯз” ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият аз ҷониби ЮНЕСКО- Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид шомил гардиданд.
Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият соли 2008 таъсис ёфта, мақсади асосии он ҳифзи суннатҳо ва арзишҳои халқҳои гуногуни ҷаҳон мебошад.Мутаассифона, бархе аз занону бонувони мо тайи чанд соли охир ба ҷойи либосҳои зебову шинами хоси миллӣ бо тарҳҳои нав рӯ овардаанд-ба сатру ҳиҷоб ва либосҳои сиёҳ, ки аслан аз қадим мардуми мо,хосатан занон аз пӯшидани либосҳои сиёҳу кабуд худдорӣ менамуданд ва танҳо ингуна либосҳоро дар рӯзҳои мотам ва дар маросими азодорӣ ба бар менамуданд.
Алҳол ба бар намудани чунин либосҳоро бархе аз бесаводон бо даъвои “иҷрои як рукни ислом” рабт медиҳанд. Акнун тамоюли бегонапарастӣ, сатру ҳиҷоб ва ришмонии ба мазҳаби ҳанафӣ бегона ва бетартиб дар кишвар ба як раварди сартосарӣ ва ташвишовар табдил ёфтааст. Зимни суханронии хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баён доштанд: “Дар ҳоле, ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаандухалос. Воқеият баёнгари он аст, ки ҳар миллатбинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддиву маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшиаш шинохта мешавад”.
Мусаллам аст, ки хушбахтона,ҳар минтақаи Тоҷикистон либосҳои зебову хоси худро дорад. Атласу адраси суғдӣ, чакани хатлонӣ, алочаи бадахшонӣ бо шукӯҳу шаҳомат худ муаррифгари миллат ҳастанд, пас мо зарурати ба бар намудани либосҳои бегонаро надорем.
Хушбахтона, имрӯзҳо дар тамоми қаламрави кишвар мушоҳида намудан мумкин аст, ки ҳам аз атласу адрас, ҳам чакану алоча ва дигар намуди либосҳои тоҷикӣба таври васеъ истифода менамоянд. Масъалаи дигар ин аст, ки ба бар намудани либосҳои миллӣ бояд ҷову макони худро дошта бошад. Масалан саҳнаҳо, рӯзҳои иду айём, ҷашнвораҳо, рӯзҳои тӯй, дар рӯзҳои муқаррарӣбошад,ба бар намудани либосҳои одӣ ва мувофиқ кофист.
Чунончӣ, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мефармоянд: “Талаботи замони нав дигар аст. Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат кашем, то зиндагии имрӯзаамон нисбат ба дирӯз ва фардоямон нисбат ба имрӯз беҳтар гардад”.
Вазъ то ҳадде шакл гирифт, ки зарурат пеш омад то аз ҷониби парлумони кишвар лоиҳаи қонуни нав таҳия ва пешниҳод гардад. Тарҳро вакилони парлумон санаи 8-уми май қабул карданд. Минбаъд аз 8 ҳазор то 65 ҳазор сомонӣҷарима барои “овардан, фурӯш, тарғиб ва пӯшидани либоси ба фарҳанги миллӣ бегона дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” муқаррар кардааст. Инро моддаи 18-и тарҳи нави Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон“Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”пешбинӣ мекунад.
Ҳарчанд сараввал тарҳи нави тағйиру иловаҳо баъд аз баррасии Маҷлиси миллӣ ва имзои он аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад, ҳамагон муваззаф ҳастем, ки ба хотири ҳифзи арзишҳои ноби фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба расму ойин ва суннатҳои мардумӣ баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва сатҳи иҷтимоиёту иқтисодии ҳамватанонамон бетараф набошем.

Акмал АКРАМОВ,
хабарнигори “Минбари халқ”
акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: