КОХИ БАЛАНДИ БЕГАЗАНД - ТУҲФАИ ПЕШВОИ АРҶМАНД27-05-2024, 12:11
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
Рӯзи 5-уми декабр зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ба хотири огоҳии бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгони хеш “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ борҳо таъкид карда буданд: “Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти “Шоҳнома” мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёнажод, суннат ва анъанаҳои мардум, тарзи зисту зиндагӣ, ойини мамлакатдорӣ, раъиятпарварӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлоли кишвар, озодию озодагӣ, мафҳуми ҷангу сулҳ, шинохти ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, масоили мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем...” Дар таърихи адаби форсии тоҷикӣ дар ситоиши номварномаи Ҳакими Тӯсӣ беш аз ҳар шоири дигаре сухан рафтааст ё ситоиши ӯ дар ҳар даврае аз даврони ин адабистон бозтобу бозгӯии фаровоне доштааст ва ашъораш мавриди истиқболу пайравӣ будааст, ки беҳтарин намунаҳои осори шеъри тоҷикӣ дар ҳамин қолаби маснавии баҳри мутақориб эҷод гардидаанд: Чӣ назм аст, к-он пурҳунар дошта, Чӣ кохи фасоҳат, ки афрошта. Надонам чӣ гӯям ман ин гуфтаро, Аз ин сон гуҳарҳои носуфтаро. Нахоҳам ба сеҳраш, ки ин ҳаст ҳалол, На муъҷиз, ки бошад ба шаръам вубол. Баёни ман аз васфи он қосир аст, Баён нест ҳоҷат, сухан зоҳир аст. “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз ҳар нигоҳ - хоҳ адабӣ, хоҳ ҳунарӣ, хоҳ воқеънигорӣ ва хоҳ баёни назокатҳои тахайюли инсонӣ асаре беназир ва беҳамто дар паҳнаи адаби ҷаҳон мебошад, ки бо забони нобу покизаи сокинони Хуросони замони шоир, ки мусодиф бо ҳукумати шоҳону шоҳзодагони сомонии тоҷикнасаб будааст, суруда шудааст, ки бо таълифи хеш шукӯҳу азамати гузаштаи пурифтихори миллии мардумони ин сарзаминро бедор ва дар он зулмоти бедодиву турктозии қавмҳои бегона ба ин хостгоҳи тамаддунҳои безаволи моддиву маънавӣ нидои додхоҳӣ дардодааст. Ҳамин руҳияи ватанхоҳии “Шоҳнома” дар густариши афкори меҳанпарастӣ дар адабиёти муосири тоҷик такони диданӣ ва чашмгире падид овард, ки шоирони зиёде бо илҳом аз ин шоҳи номаҳои адаби форсии тоҷикӣ ба сурудани ашъоре пардохтанд, ки вирди забони хосу ом гардид, таъсири сазоворе дар тарбияти ҳисси озодӣ ва ободии кишвари соҳибистиқлол гузошт: Кист аз он шоирони хушсухан, Кард девонро дари ҳифзи Ватан. Зулмате омад сиёсӣ дар давот, Додӣ бар лафзи дарӣ оби ҳаёт. Мисраҳояш ҷавшани Эрон шуданд, Ҳарфҳояш нохуни шерон шуданд. Дар сари ҳар нукта омад устувор, Бар замин афканд чандин шаҳриёр. Хуш қалам меронд бар ҳарфу рақам, То ҷаҳонгир омад аз теғи қалам. Нозукандоме нанолад то зи хор, Оҳанинаш кард чун Исфандиёр. Ҳар хаташ чун барқ омад пурғирев, Ҳамчу теғи Рустам андар ҳалқи дев. Маҳз ба хотири дар ҷомеаи имрӯзӣ ба вуҷуд овардани фазои мусоиди арҷгузорӣ ба чунин мероси оламшумул ва тақвияту суръат бахшидан ба нуфузи ҳамагонӣ ва эътибору азамати “Шоҳнома”, ки дар таърихи адабу фарҳанги миллати тоҷик аз ҷойгоҳи баланду шоиста бархӯрдор аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро роҳандозӣ намуданд, ки дар қатори дигар ташаббусҳои фарҳангпарварона ва адабдӯстонаи эшон қадами дигаре дар эҳёи руҳи тамаддунофари миллат ва таҳкими пояҳои худшиносӣ ва худогоҳии ин “қавми муаззам” мебошад. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба чопу тавзеҳ, тарғибу ташвиқи ҳамосаи миллии “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мутобиқан дар Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба иҷрои он дар 10 банд тартиб дода шуд ва гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисону олимони шоҳномапажуҳ таъсис гардид. Гурӯҳи корӣ пас аз баррасӣ ва муҳокимаи тӯлонӣ ба натиҷае расид, ки таҳияи матни “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ бар асоси чопи охирини он дар силсилаи “Ахтарони адаб” бо кӯшиши Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ (Душанбе: Адиб, 2008-2010) ва дар муқоиса бо чопҳои зери назари Е.Э.Бертелс (Маскав, 1960-1971), нусхаҳои бо кӯшиши Ҷалол Холиқии Мутлақ, Бойсунқурӣ, Жул Мул ва Фаридуни Ҷунайдӣ ба чоп расида анҷом дода шавад. Азбаски матн барои хониши омма пешниҳод мешавад, абёти машкук ва илҳоқӣ аз матни “Шоҳнома” ҳазф карда, дар охири китоб шарҳи луғат ва тавзеҳи вожаҳои номафҳум дода шавад. Гунаи дурусти байтҳо ва вожаҳо дар заминаи маънои мантиқӣ ва хулосаи мутахассисони гурӯҳ интихоб шавад. Матни “Шоҳнома” мувофиқи Қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ таҳия карда шавад. Дар мавриди ҷараёни иҷрои таҳияи матни “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки бо ҳидояти Пешвои миллат сурат мегирад, зимнан тазаккур бояд дод, ки кормандони Институт ба кори таҳияи матни ин шоҳасар хеле пеш, дар раванди кори Конфронси байналмилалии “Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ”, ки рӯзҳои 13-14-уми октябри 2023 бо ташаббуси Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷиистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ баргузор гардида буд, тарҳрезӣ ва оғоз шуда буд. Эъломи чопи ҳамагонии ин асар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кормандони Институт бо хушнудии беандоза истиқбол намуда, бо руҳия ва саъйи бештар даст ба кор шуданд ва аз пайи омӯзиши нашрҳои гуногуни “Шоҳнома” гардиданд, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ба миён омада буданд. Дар натиҷаи ин тафаҳҳусот ба натиҷае расиданд, ки беҳтарин ва мувофиқтарин матн барои чопи оммавии “Шоҳнома” нашри ин асар дар солҳои 2008-2010 дар силсилаи “Ахтарони адаб” мебошад, ки аз тариқи нашриёти “Адиб” дар даҳ ҷилд ба чоп расидааст. Пас аз иштирок дар ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода, ки 22-юми январи соли ҷорӣ доир гардид ва дар он дастуру супоришҳо ба гурӯҳи корӣ дода шуда буд, дар таърихи 23-юми январ ҷаласаи навбатии гурӯҳи кории таҳияи матни комили “Шоҳнома” баргузор ва дар он барои ташдиди раванди кори таҳриру тасҳеҳи матни ҷилдҳои даҳгонаи “Шоҳнома” ба аъзои гурӯҳи корӣ тавзеҳ гардид. Дар ҷаласа директори Институт Фарангис Шарифзода аз тақсими матни даҳ ҷилди “Шоҳнома” (чопи Душанбе: Адиб, 2008-2010) барои таҳия ва муқоиса бо чопҳои охири ин асар дар хориҷ аз кишвар сухан ронда, иттилоъ дод, ки бо мақсади зудтар анҷом додани кори таҳияи матн ҷилдҳои он ба мутахассисони бахши адабиёт ва матншиносии кишвар тавзеҳ гардид. Дар охири моҳи январ ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ баргузор гардид, ки дар он директори Институт Фарангис Шарифзода аз ҷараёни кори таҳия ва тасҳеҳи матн сухан ронда, иттилоъ дод, ки ҳамаи ҷилдҳое, ки барои таҳрир ба муҳаррирон фиристода будем, пас аз таҳрир ба Институт дастрас карда шуданд. Таҳиягарони матн дар ҷараёни омодасозии он бо дигаргуниҳои зиёде дар шакли вожаҳо, таркибҳо, лағзишҳои фаннӣ, истифодаи нобаҷойи аломатҳои китобат, номафҳумии матлаб ва байтҳои илҳоқии ба мазмуни ҳодиса ва воқеаҳои дар достонҳо омада, ночаспон ва ҳатто дасткориҳои мураттибону мусаҳҳеҳонро пай бурданд. Аз ин рӯ, ҳангоми таҳияи матни ниҳоӣ дар ибтидо бо такя бар чопҳои Маскав (солҳои 1960-1971), Жул Мул ва Ҷалол Холиқии Мутлақ намуданд. Вале баъд аз мутолиа ва муқоисаи ҷилди аввал ба натиҷае расиданд, ки чопи Жул Мул нисбат ба чопҳои Маскаву Холиқии Мутлақ комилтару саҳеҳтар ва байтҳое дорад, ки дар ду чопи аввал мавҷуд нест. Бо вуҷуди ин, ҳангоми зуҳури абёти машкук, ҳар гунаи беҳтаре дар чопҳои дигар ба назар омад, ба ҷойи нусхаи Жул Мул баргузида шуд. Дар умум, таҳияи матн бар мабнои нусхаи Жул Мул дар муқоиса бо чопҳои Маскаву Холиқии Мутлақ сурат гирифт. Дар ҳамон муҳлати пешниҳодшуда, ки то охири моҳи март буд, ҳайати гурӯҳи корӣ бо сарбаландӣ аз кори таҳия, таҳрир, муқоиса, муқобала, бозхонӣ ва тасҳеҳи матни мукаммали “Шоҳнома” ва таҳияву тавзеҳи луғату вожагони номафҳуми асар баромада, дар як ҷилди бузурги 1200 саҳифаӣ онро ба нашриёт супориданд. Аз он ки чопи ҳозир оммавӣ аст, фарқу бадали нусхаҳо, тавзеҳи поварақҳо, абёти илҳоқии ҳошияи китоб ҳазф карда шуданд. Ҳамчунин, абёти машкук ба матн дохил нашуданд. Шарҳи луғоту тавзеҳоти вожаҳои маҷҳулу матрук дар охири матни китоб ҷой дода шуданд. Гунаи дурусти байтҳо ва вожаҳо дар заминаи маънои мантиқӣ ва хулосаи мутахассисони гурӯҳ интихоб гардид. Матн мувофиқи имлои нави забони тоҷикӣ таҳия гардида, дар ҳолатҳои зарурӣ бино бар тақозои вазн ва шакли таърихии калимаҳо истисно сурат гирифт, ки ногузир будем. Мисли вожаи сӯй дар аввали мисраъҳои ба шакли суй оварда шуданд, ки тақозои вазн мебошад. Ҳамин гуна аст, кашидани баъзе ҳарфҳо дар байни мисраъҳо ба хотири вазнро пур кардан: Ҷаммшед, кажжӣ; барои равшан намудани маънӣ бо нимтире навиштани пасвандҳои таркибӣ: ба разм-андарун, ба рӯз-андарун, ба ғирбол-бар, бар ӯ-бар, бар нома-бар, ба ҳар шорсон-дар... Дар навиштани номҳои Худованд ҳар ҷо ном буд, бо ҳарфи калон дар мавриди сифатҳои Худо ҳарфи хурд истифода шудааст. Ҳамин гуна аст дар навиштани исмҳои хоси аҷроми самовӣ, ҳар ҷо манзури шоир сайёра буд, бо ҳарфи калон ва ҳар ҷо, ки номи сайёраҳо барои бадеият истифода шудаанд, бо ҳарфи хурд навишта шудаанд. Дар ҷаласаи баъдӣ масъалаи интихоби миниатюраҳо аз сюжетҳои “Шоҳнома” баррасӣ гардид, ки роҳбарияти Институт аввалан масъаларо омӯхта, бо мутахассисони ҳирфавии ин ришта дар иртибот шуда, иҷозати истифода аз беҳтарин ва муосиртарин миниатюраҳоро аз муаллифони онҳо ҳосил намуда, барои баррасӣ ба ҳайати коршиносон ва мутахассисони ин бахш гузошта шуд. Дар баррасӣ ва интихоби миниатюраҳо мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Наргис Ҳомидова, раиси Академияи мусаввирони Тоҷикистон Олим Рабизода, мудири кафедраи графика ва дизайни Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Фаррух Атоев, миниатюрист аз Донишкадаи мазкур Олим Камолзода, дизайнер ва масъулони чоп аз чопхонаи “Нашриёти муосир” Раҳматулло Зиёев, Фаррух Собиров ва директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода ва кормандони илмии Институт ва узви ҳайати кории таҳияи матни “Шоҳнома” - Ш.Муҳаммадиев, Аскар Ҳаким, Умриддин Юсуфов, Беҳрӯзи Забеҳулло, А.Набавӣ, М.Акбарзод, С.Латифов, З.Исматова, Г.Усмонова, Б.Навбаҳорова, Х.Давлатова иштирок намуданд. Бо ширкати ҳайати мазкур бори дигар дар таърихи 3-юми апрели соли ҷорӣ ҷаласа доир гардид, ки дар он дар мавриди интихоб ва ҷойгузории миниатюраҳо тасмим гирифта шуд. Ҳамаи пешниҳодҳо хулоса ва натиҷагирӣ бар он шуд, ки миниатюраҳо барои матни “Шоҳнома” ҳам аз миниатюрнигорони давраи классикӣ, ҳам аз миниатюрнигори муосири тоҷик Олим Камолзода ва ҳам аз Фаршчиён интихоб карда шаванд. Барои китоби “Шоҳнома” 12 адад миниатюра аз асарҳои наққоши тоҷик Олим Камолзода, наққош Маҳмуди Фаршчиён 20 адад аз Амрико, расми Фирдавсӣ ва тарроҳии китоб аз меъмор ва хаттоти тоҷиктабори Олмон - Саид Умар Маъсум осори минатюрнигори (дар маҷмуъ 32 адад) баргузида шуд. Ҳамчунин, ба ҳамин муносибат ду китоби дигар аз ҷониби кормандони илмии Институт барои чоп омода гардид, ки барои дарки матни “Шоҳнома” зарурат доранд. Ходимони илмии Институт “Фарҳанги Шоҳнома”-ро дар асоси нусхаҳои гуногуни он ва бо муқоисаву муқобала бо луғатномаҳои пешини “Шоҳнома” - “Фарҳанги мухтасари “Шоҳнома” (Душанбе,1992-492 саҳ.)”, “Луғати “Шоҳнома”-и Абдулқодир Бағдодӣ (Теҳрон,1382-6663 саҳ.), “Фарҳанги “Шоҳнома”-и Муҳаммад Занҷонӣ (Теҳрон,1390-1095саҳ.), “Фарҳанги “Шоҳнома”-и Ҳусайн Шаҳидии Мозандаронӣ” (Теҳрон,1377-816 саҳ.), "Вожаномаи “Шоҳнома”-и Парвизи Атобакӣ (Теҳрон, 1379- ), “Фарҳанги “Шоҳнома”-и Ризозода Шафақ (Теҳрон, 1350 -234 саҳ.) дар ҳаҷми 600 саҳифа мураттаб намуданд, ки ин кори заҳматталаб бо кӯшишу эҳтимом ва сарпарастии доктори илми филология, директори Институт Фарангис Шарифзода анҷом ёфтааст. Китоби дигар “Ном ва номгузорӣ дар “Шоҳнома” унвон дошта, ба қалами доктори илми филология Умриддин Юсуфӣ тааллуқ дорад. Дар ин китоб номҳои ориёии “Шоҳнома” ба ин хотир мураттаб гардидааст, ки мардуми тоҷик номи фарзандони худро аз рӯйи қаҳрамонони асари безаволи Фирдавсӣ гузоранд ва суннатҳои пойдори номгузории таърихии гузаштагони худро идомат бахшанд, зеро номи шиносномаи фарҳангии миллат ва номгузорӣ як рукни усулии худшиносии миллӣ ба шумор рафта, мардумони халқу миллатҳоро, пеш аз ҳама, аз рӯйи номашон мешиносанду нажодашонро муайян мекунанд. Зикри ин нукта муҳим аст, ки ҳамаи абёти “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ аз рӯйи таҳия ва тасҳеҳи наве, ки аз ҷониби мутахассисони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ анҷом пазируфта, оварда шудааст. Дар ҳолати зарурат ба нусхаҳои дигари “Шоҳнома” низ муроҷиат шудааст. Зарурати таълифи чунин китоб, пеш аз ҳама, дар он аст, ки асолати номҳо ва сохтори онҳо дар “Шоҳнома” аз ҳар маъхази дигар бештар ва беҳтар нигоҳ дошта шудааст, ки барои ҳар фарди ҷомеаи соҳибистиқлол дастурномаи хубе барои дурусту рост ва бехато навитани номҳои асили миллӣ ба шумор меравад. Ҳамчунин, муаллифи китоб дар шарҳу тавзеҳи номҳо ҳам талош варзида, дар равшанӣ андохтан дар шиносоии забонӣ ва такрории номҳо, мисли Ардашер, ки дар ин асар 11 шахсият бо ин ном омадаанд. Бино бар таҳқиқи муаллифи рисола, дар “Шоҳнома” ҳудуди ду ҳазор ном истифода шудааст, ки машҳуру маъруфи онҳо Рустами Дастон мебошад. Номвожаҳои “Шоҳнома” тибқи алифбои тоҷикӣ мураттаб гардида, ҳамзамон, пас аз овардани ном, гунаи форсӣ ва тарзи навишти он дар овонигорӣ ба лотинӣ (транскрипсияи номҳо) зикр шудааст, ки талаффузи дурусти номҳоро осон менамояд. Тамоми роҳбарӣ, мудирият ва тартибу низоми гурӯҳи корӣ таҳти сарпарастии умумии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илми филология Фарангис Шарифзода бо камоли меҳандӯстӣ ва тахассусмандӣ ҳусни анҷом ёфтааст. Дар охир ҳаминро афзуданием, ки ташаббускори ин иқдоми наҷиб ва вориси воқеии Фирдавсии покзод, Сарвари давлати соҳибистиқлоли мо дуруст хитоб ба насли ҷавони кишвар фармудаанд: “Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем” ва барои расидан ба ин ҳадафи нек моро зарур аст, “Шоҳнома” машъалафрӯзи ҳар як хонадони тоҷик бошад ва анъанаи неки шоҳномасароӣ барқарор шавад. Умед аст, ин иқдоми сутудании Роҳбари давлат ва азму иродаи миллати тоҷик дар роҳи пос доштани арзишҳои фарҳангиву миллиамон амалӣ хоҳад шуд. Шамсиддин МУҲАММАДИЕВ,
номзади илми филология, муовини директори Институти забон ва адабиёти ба ном Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.