Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

ДУНЁИ МЕҲР

16-05-2024, 10:07
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
ДУНЁИ МЕҲР
Ҳарчанд аз рӯйи нишондоди тақвим 15-уми майро ҳамчун «Рӯзи байналмилалии оила» ҷашн мегирем, вале тамоми рӯзҳои сол дар фикри ободию пешрафти ин ячейкаи ибтидоии ҷомеа ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагии аъзои он ҳастем.
Мақсад аз гиромидошти ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи давлату ҷомеа ба мушкилоти оила ва масъалаҳои вобаста ба он аст.
Оила сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, ҳамдилӣ ва дилбастагист. Ченаки баҳогузории тараққиёт ва рушди кишварҳо некуаҳволии оила аст.
Рисолати асосии оила таваллуд ва тарбияи фарзандон буда, маҳз дар оила кудак асрори муносибатҳои байни инсонҳо, муҳаббат ва ғамхориро меомӯзад. Инсоне, ки дар оилаи хушбахт ба дунё омадаву ба воя расидааст, хушбахттарин одам аст.
Кохи оила агар бо хишти меҳр бунёд шавад, аз ҳеҷ офат осеб намебинад. Беҳуда нест, ки бузургон оиларо шоҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат ва танзимгари рушду нумуи миллат номидаанд.
Оила ҳамчун қадимтарин сохтори иҷтимоии таърихи инсоният дар ташаккули ҷомеаи инсонӣ нақш ва мақоми муҳим дорад.
Дар Эъломияи ҳуқуқи башар омадааст, ки оила рукни табиӣ ва асосии ҷамъият буда, ҳақ дорад аз пуштибонии ҷомеаву давлат бархӯрдор бошад.
Даврони соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мустаҳкам гардонидани оилаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста ҷиҳати беҳтар гардидани шароити зисти оилаҳо ва ҳифзи ҳуқуқи модару кӯдак ғамхорӣ менамоянд ва барои омода кардани ҷавонон ба оиладорӣ тадбирҳо меандешанд. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба ҷавонон имконият медиҳад, ки онҳо манфиати никоҳи қонуниро донанд.
Дар моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, ки давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият эътироф ва ҳимоя мекунад. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 1998 қабул шудааст, дар мамлакат яке аз санадҳои асосиест, ки масъалаҳои оиларо ба танзим медарорад ва тамоми паҳлуҳои ҳуқуқии оила дар ин санад таҷассум ёфтааст.
Мо шоҳиди таҳаввулоти ҷаҳони муосир ҳастем. Раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо дар назди мо на танҳо вазифаҳои нав, балки масъулияти баландро мегузорад. Пеш аз ҳама, мо бояд фарҳангу суннатҳои оиладории худро аз тӯфони ҳаводису хатарҳои нав ҳифз кунем. Зеро, дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст. Беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ, ҳамдигарфаҳмию сабру таҳаммул маҳз дар оила шакл мегиранд.
Замоне фаро расидааст, ки ба дунёи пурасрори рӯзгордорӣ бо тафаккури нав ворид шавем, аз техникаю технологияи пешрафтаи муосир самаранок истифода барем ва ба ҷаҳониён нишон диҳем, ки воқеан ҳам, ворисони Пешдодиёну Каёниён, Кушониёну Ашкониён, Сосониёну Сомониёни фаррухасл дар ҳифзи фарҳанги миллиашон устуворанд.
Таърихи педагогикаи оиладории тоҷик хеле қадима аст. Ниёгонамон баҳри мустаҳкамии оила ва дар роҳи тарбияи фарзанди солим пайваста эътибор дода, баҳри мустаҳкамии обрӯю ғурури оила доим саъю талош мекарданд. Дар китоби "Авесто" никоҳи хешовандони наздик манъ шудааст. Ҳадаф аз манъкунӣ - тоза нигоҳ доштани хун ва ҳифзи насли солим мебошад.
Аз ин мисолҳо чунин бармеояд, ки ҳанӯз ҳазорсолаҳо пеш аз мелод аҷдоди мо ба меъёрҳои одобу ахлоқ, аз қабили оила барпо намудани марду зани солим, роҳ надодан ба вайроншавии хун ва пешгирии никоҳи хешовандони наздик риоя мекарданд.
Оила дар ҳақиқат мактаби ҳаёт аст, ки дар он зану шавҳар бисёр масъалаҳои оиладориро омӯхта, дар оташи зиндагӣ обутоб меёбанд. Мақоми оила дар ҳар давру замон баҳри пешбурд ҷомеа, муайян намудани сатҳи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҳар халқу миллат аҳаммияти хос дорад.
Фаъолияти занон дар таҳкими давлатдорӣ, солимии ҷомеа ва пойдорию устувории оила муассир аст. Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар хусуси нақш ва ҷойгоҳи зан дар рушди ҷомеа хеле хуб ва бамаврид гуфтаанд:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Ҷойи дигар устод занро посбони оташ гуфтаанд. Дар ҳақиқат, ҳазорҳо сол пеш вақте ки оташ дар натиҷаи ба ҳам бархӯрдани сангҳо кашф шуд, он ба рӯзгори мардум роҳ ёфт.
Занону модарон барои сӯхта хокистар нашудани лахчаи оташ шабзиндадорӣ мекарданд. Чунки фардо боз барои пешбурди рӯзгор оташ зарур аст. Онҳо ба худ ор медонистанд, ки оташ дар хонаашон хомӯш гардад. Зане, ки оташро ҳифз карда натавонад, танбалу ноуҳдабарояш мегуфтанд. Яъне, зан рамзи оташ ҳам ҳаст, гармию рӯшноии хонадон аз ӯ сахт вобастагӣ дорад.
Фарзанди солимро модари солим ва фарзанди доною боақлро модари босавод тарбия мекунад. Бигзор занҳои тоҷик солиму босавод бошанд, то фарзандони солиму солеҳ, донишманд ва далеру нотарсро ба дунё оранд.
Фаромӯш набояд кард, ки ба шарофати оилаҳои хуб давлат қавӣ гаштаву тараққӣ мекунад ва некуаҳволии халқ беҳ мегардад.
Дар ҳама замонҳо пешрафти кишвар вобаста ба вазъи оила дар ҷомеа ва муносибат ба он баҳогузорӣ мешуд. Аз оила зиндагии инсон ибтидо гирифта, ташаккули ӯ ҳамчун шаҳрванд сомон меёбад.
Аз ин рӯ, ҳамеша рӯзгори обод, меҳру садоқат ва зиндагии босаодати ҳамватанонро мехоҳем. Бигзор, чароғи оилаҳо ҳамеша фурӯзону қалби аъзои онҳо гарму равшан бошад.
Алӣ ҶӮРА

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: