Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд

«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд

6-05-2024, 15:45
Хабарро хонданд: 198 нафар
Назарҳо: 0
«Амонатбонк» меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намудКорхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» шуруъ аз моҳи майи имсол меъёри фоизи қарзҳоро аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк».

Ин тадбир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишоварзони мамлакат, рушди соҳаҳои саноат, сохтмон, тиҷорат ва хизматрасонӣ андешида шудааст. Қарз ба соҳаи кишоварзӣ аз 19 то 21 фоизи солона ба муҳлати то 5 сол, ба соҳаи саноат 18 фоизи солона ба муҳлати 5 сол, ба соҳаи сохтмон 20 фоизи солона ба муҳлати 4 сол, ба соҳаи тиҷорат ва хизматрасонӣ бо 22 фоизи солона пешниҳод мегардад. Инчунин меъёри фоизи қарзҳои ипотекӣ низ паст карда шуда, барои харид ва сохтмони манзил 18 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Бояд гуфт, ки «Амонатбонк» соли 2023 аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 53 ҳазор муштарӣ 1 миллиарду 836,2 миллион сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст. Ҳаҷми қарзҳои пешниҳоднамудаи «Амонатбонк» нисбат ба соли 2022 354 миллион ва ё 24 фоиз афзудааст.

Қарзҳои додаи бонк ба соҳаҳои саноат 20,9 фоиз, кишоварзӣ 19,2 фоиз, истеъмолӣ 30,3 фоиз, сохтмон 12,2 фоиз, тиҷорат 12,5 фоиз, нақлиёт 0,3 фоиз ва хизматрасонӣ 4,6 фоизро ташкил медиҳад.

Сандуқи қарзии «Амонатбонк» 2,2 миллиард сомонӣ ва қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 62 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба соли 2022 ҳаҷми сандуқи қарзӣ 31 фоиз афзудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: