Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд

13-03-2024, 14:05
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонии бинои маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд13 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми иншоот маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, толори хурд бо 180 ҷой, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир хоҳад шуд.

Бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби ҳаёт” мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кушоду барҳавои корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо тамоми шароити замони муосир муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

Таҳхонаи бино барои таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва муассисаҳои нашриётии зертобеи вазорат пешбинӣ шудааст.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои хуштарҳу замонавӣ тамоми раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар муассисаҳои зертобеи вазорат дар як бинои маъмурӣ ҷойгир карда мешаванд.

Оғози сохтмони бинои зебову муҳташами Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон собитгари он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди бахши мазкур пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Вазорати фарҳанг барои истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ дар иншоот ва дар муҳлати 2 сол бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: