ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ҶАВОНОН - ОМИЛИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ26-02-2024, 09:47
Хабарро хонданд: 1068 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ, ки 28-уми декабри соли 2023 ироа гардид, пешниҳод карданд, ки бахшида ба таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гардад. Ин ташаббусро тамоми сокинони мамлакат, хусусан донишмандону таҳлилгарон вакормандону мутахассисони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо хушнудӣ пазируфтанд. Дар ПаёмиПрезиденти ҷумҳурӣ,инчунин,бо дарназардошти вазъи мураккабу тағйирёбандаи ҷаҳон, даргириҳо дар гӯшаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани раванди тақсимкунии ҷаҳонва амиқшавии бӯҳрони молиявӣ андешидани тадбирҳоҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохториҚувваҳои Мусаллаҳи мамлакатдар рушди минбаъдаи иқтидори мудофиавии кишвар дастурҳои саривақтӣ доданд. Сарвари давлат дар суханронии худ нақши мардуми кишвар, бахусус неруи ҷавононро дар таъмини суботи сиёсии кишвар ва минтақа, мубориза бо падидаҳои номатлуби замони муосирба мисли ифротгароӣ ва терроризм, тақвияти ҳамкориҳои минбаъдаи амниятӣ, мустаҳкам нигоҳ доштани хати сарҳадӣ, робитаҳои дипломатӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва ҷаҳонро яке аз масъалаҳои муҳимми стратегӣ арзёбӣ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ пешниҳоди муҳимро вобаста ба тақвияти иқтидори мудофиавии кишварва дар ин замина фароҳам овардани шароити беҳтарииҷтимоиву хизмати шоистаи хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии афсарону сарбозон баён доштанд. Бояд ёдовар шуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат дар ин самт ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои низомӣ чораҳои заруриро меандешанд. Дар заминаи ҳамкории Ҳукумати ҷумҳурӣ ва парлумони касбӣ дар ин самт даҳҳо қонуну ҳуҷатҳои зарурии ҳуқуқӣ ва барномаҳои алоҳидаи танзимкунанда пешниҳод, таҳиява қабул гардиданд. Баҳри боз ҳам беҳтар кардани иқтидори мудофиавии мамлакат Президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмончунинтаъкид карданд: “Роҳбарони Қувваҳои Мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии ойинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъӣ диҳанд”. Амалӣкардани ин вазифагузориҳо роҳбарони тамоми вазорату кумита,сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва низомиро водор менамояд, ки бояд ҳамаи захираву имкониятҳоро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои зикршуда барои соли 2024, ки 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, сафарбар намоянд. Конститутсияи ҶумҳурииТоҷикистон яке аз санадҳои муҳимтарине ба шумор меравад, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, заминаи бунёди давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст. Бо мақсади арҷгузорӣ ба ин санади тақдирсозПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистонпешниҳод намуданд, ки соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад. Дар партави дастурҳои додашудабаҳри таъмини иҷрои онҳо ҳар як фарди баору номуси Ватанро водор месозад, ки бо дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ аҳамияти вазифаҳои гузошташударо сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, баҳри иҷрои иқдомҳои нек талош намоянд. Таҷрибаи зиндагӣ дар роҳи тайкарда аз раванди ҷаҳонишавии бошитоб, рақобати шадиди абарқудратҳо ватаҳдидҳои ғайриинтизор ҳар як фарди ҷомеаро водор менамояд, ки баҳри омодабошии ҳифзи давлати соҳибистиқлол саҳм гузошта,ватандӯстии худро ба Ватани хеш нишон диҳад. Масъалаҳои матраҳшуда ҳар як роҳбари вазорату кумита, сохторҳои низомию қудратӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрванди одии мамлакатро вазифадор менамояд, ки барои рушд ёфтани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҳамватанон дар дохил ва хориҷи кишвар саҳмгузор бошад. Дар даврони соҳибистиқлолӣПрезиденти мамлакат ба масоили рушди тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон, дурнамои зиндагии шоистаионҳо ва таъмини амнияту субот аҳамияти ҷиддӣ доданд. Дар ин замина Сарвари давлат таъкид намуданд: “Рӯй овардан ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, фаъолияти минбаъдаи ҷавонон дар дохилу хориҷӣ кишвар ин худ зарурати таърих дар раванди ҷаҳонишавӣ мебошад”. Бо дарназардошти амалӣ гардонидани чунин вазифагузориҳо Президентимамлакат таъкид менамоянд, ки дар заминаи Конститутсия бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин,заминаи бунёди давлати мустақили миллӣ ва дурнамо пешрафти тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми ҷумҳуриро фароҳам оварем. Иҷрои ҳадафҳои ин раванд бе саҳми неруи ҷавонон имконнопазир аст.Ин раванд аз ҳар як шаҳрванд, новобаста аз синну сол,масъулияти баланди ватандӯстӣ, фидокорӣ ва ҷасорату мардонагӣ доштанро дар рушди минбаъдаи кишвар тақозо менамояд. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаҳо боз талош мекунанд, ки волоияти қонун,самаранокии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, низоми демократӣ ва тарбияи ҳуқуқии ҷомеаро дар кишвар ба таври густурда таъмин намоянд.Зеро, дар марҳалаҳои гузариш мавҷуд будани омилҳои номатлуб дар байни мардум ва насли ҷавон, аз қабили шомил шудан ва даст доштан дар амалҳои террористӣ, ифротгароӣ, тақлид ба расму ойиниҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ вазъи умумии ҳаёти ҷамъиятиро хеле халалдор намуда, номи миллати номдори тоҷикро ба бадномӣ овардаанд. Дар робита ба ин,қабули қонуну барномаҳои мушаххас нисбат бататбиқи сиёсати давлатии шаҳрвандону ҷавонон яке аз заруратҳои саривақтӣ буданд, ки омилҳои номатлуби хатарзо безарар гардиданд.Инчунин,Роҳбари давлат бамаврид таъкид карданд, ки “вазъи имрӯзаи бозиҳои сиёсии мавҷудаморо водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем”. Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии миллати тоҷик, салоҳияти ҳуқуқии ҷавонони мамлакат ва фаъолияти минбаъдаи онҳоякчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул шудаанд. Аз ҷумла, баъд аз қабули Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», панҷ маротиба “Барномаи миллии ҷавонони Тоҷикистон”, се маротиба “Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон”, ду маротиба “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои солҳои 2013-2015ва барои солҳои 2016–2018”, Консепсияи миллии сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”қабул гардид, ки маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии шаҳрвандонро дар ҳалли вазифаҳои муҳимму мубрами рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар таъмин намуда, барои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ имкониятҳо фароҳам овардаистодаанд. Ҳамин тавр, давра ба давра ба имзо расидани қонунҳо, стратегияҳо ва барномаҳо дар самти тарбияи ватандӯстӣ ба тафаккуру ахлоқи шаҳрвандон таъсири танзимкунанда расонида, дар ташаккули насли наврас ва ҷавононзаминаҳои ҳуқуқиро фароҳам оварда истодааст. Қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҷалби неруи зеҳниву ақлонӣ ва ҷисмонии мардуми кишвар самараи дилхоҳ додаистодааст. Дар робита ба ин, эълон намудани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” низ идомаи ҳамин тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Дар Паёмомадааст, ки ҳоло дар кишвар барномаи сеюми таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ барои солҳои 2020-2030 амалӣ шуда истодааст. Тарбияи ҳуқуқӣ, фарҳанги адолат ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ҷавононро уҳдадор вав тарбия мекунад. Аз ин рӯ, бо дарки принсипҳои қонун ва адолат, шаҳрвандон ва бахусус қишри ҷавонон ҳисси масъулияту эҳтиромва уҳдадориҳои худро нисбат ба якдигар инкишоф дода, аҳамияти баробарӣ, ҳуқуқи инсон ва волоияти қонунро меомӯзанд. Дурнамои дарки ин фаҳмиш ҷавононро водор мекунад, ки адолатро риоя намуда, ба амалҳои ғайриқонунӣ ва дигар падидаҳои номатлуб бетарафӣ зоҳир накарда, ҷасорату муқовимати одилона нишон диҳанд. Афзоиш ёфтани теъдоди ҷавононе, ки баҳри хизмати Модар-Ватан ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҷузъу томҳои мамлакат равона мегарданду сарбаландона онро адо мекунанд, боиси таҳсину офаринҳомебошад. Мавзуи тарбияи ҳуқуқи маънавию ахлоқии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон дар ҷомеа ҳамеша аз мавзуъҳои муҳим нигаронкунандаба шумор меравад. Рушду пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва таъмини амнияти ҳар як давлату миллат аз он вобастагӣ дорад, ки насли оянда дар зиндагии худ кадом арзишҳои маънавию ахлоқӣ ва ҳуқуқиро ба эътибор хоҳад гирифт. Тарбияи ватандӯстӣ дар ниҳоди ҷавонон тариқи талқин кардани муҳаббату эҳтиром ва арҷгузорӣ нисбат ба забони давлатӣ, таърихи ниёгон, адабиёту фарҳанг, артиши миллӣ, табиати зебои диёр ва ғайра амалӣ мегардад. Масъалаи тарбияи ҷавонон дар руҳияи муҳаббат ва садоқат ба Ватан дар тамоми таърихи инсоният ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи донишмандону коршиносон ва сиёсатмадорон қарор дошт. Шахсиятҳои намоёни фарҳанги миллиамон амсоли Абулқосим Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ,Бобоҷон Ғафуров ва дигар чеҳраҳои мондагор ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда, дар эҷодиёташон ҷасорату мардонагӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳимояи марзу буми кишварро ҷовидона тасвир кардаанд. Тарбия дар назди инсон доираи васеи донишҳои гуногунро боз мекунад, ӯро бо низоми муайяни раванди ҳаёти атроф шинос менамояд ва тамоми фаъолияти равонии онро такмилу густариш мебахшад. Дар синну соли наврасӣ алоқамандӣ ба шахсияти худ ва якҷо бо он имконияти худтарбиякуниро ба вуҷуд меорад. Дар овони ҷавонии инсон ақидаҳои шахсӣ, шавқу рағбат, эҷодкорию навоварии босуръат рушду инкишоф ва ташаккул меёбанд ва онҳо рафтори ояндаи инсонро мукаммалу муайян месозанд. Яке аз вазифаҳо и муҳимми шакли тарбия ба наврасону ҷавононрасонидани кумак ҷиҳати муайян кардани ҳадаф дар зиндагӣ ва тақвияти меъёри муайяни ҳуқуқии рафтори онҳо мебошад. Мебояд, ки ҳар як ҷавони кишварватандӯсти воқеӣ будани худ ва оиларо дар ниҳоди худ бо хислати башардӯстона тарбиянамояд, яъне, ба дигар кишварҳо, ба дигар миллату халқиятҳо, ба дӯстони мо дар миқёси ҷаҳон эҳтироми амиқ гузошта, давлат ва миллаташро муаррифӣ ва ҷонибдорӣ карда тавонад. Эҳсоси муҳаббат ба наздикону пайвандон, дӯст доштани Ватан, арҷгузорӣ ба анъанаҳои миллӣ, фарҳанг ва табиати биҳиштосои он дар қалби шаҳрванд аз овони кӯдакӣ оғоз ёфта, дар раванди зиндагӣ мукаммал мегардад. Дар асоси пайдо кардани чунин эҳсоси умумӣ барои наврасону ҷавонон ҳисси баланди муҳаббат ба Ватани хеш ташаккул ва тақвият меёбад. Бинобар ин, дар тафаккури наврасону ҷавонон тақвият бахшидани муҳаббат нисбат ба наздикону пайвандон ва ба сарзамини хеш яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки тарбияи ватандӯстию ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Вазифаи дигари муҳимми тарбияи ҳуқуқӣ ҷалб намудани майлу рағбати шаҳрвандону ҷавонон нисбат ба гузаштаи таърихиниёгони худ мебошад. Бинобар ин, қаҳрамониҳо ва ҷоннисориҳои фарзандони миллат дар гузашта барои ҳаёти имрӯзаи ҷавонон эҳсоси неки ватандӯстиро ба вуҷуд оварда, онро тақвият мебахшад. Ташаккули дарку фаҳмиши аввалияи ҳар як фарди ҷомеа азоила ва мактабу донишгоҳсарчашма мегирад. Бинобар ин, дар раванди таълиму тарбия мукаммал намудани эҳсоси ватандӯстӣ ва донишҳои ҳуқуқӣ дар руҳияи ҷавонон аҳамияти маънавию ахлоқӣ дорад. Наврасону ҷавонон бояд осори гузашта ва имрӯзаи таърихи Ватани худро омӯхта, бо корномаи намояндагони беҳтарини илму фарҳанг, қаҳрамонони ҷанг ва собиқадорони меҳнатошно гарданд ва сабақи зиндагӣ омӯзанд. Пайдо кардани дониши мукаммал барои зуҳури эҳсоси ватандӯстӣ муҳимтарин замина ба ҳисоб меравад. Таълиму тарбияи дуруст аз оила ва аз боғча оғозгардида, то мактабу донишкада ва муҳити минбаъдаи ҷомеа аз сарчашмаҳои асосии дарёфти заминаи донишу маърифат ба ҳифзи Ватану фарҳанги миллати худ ба шумор меравад. Дар асоси гузоштани заминаи дониши мукаммал ба эҳсоси муҳаббати ҷавонон нисбат ба дарки ватандорӣ ва ҷасорату мардонагии ҳимояи марзу буми он рушд меёбад. Сатҳи тарбияи ватандӯстию ахлоқӣ аз мазмуни маводи дарсӣ, асбобҳои аёнӣ, ҷолибу шавқовар баргузор кардани чорабинии омодагии дифоӣ, аз мактабу донишкадаҳо дидан кардан ва ҳаёти афсарону сарбозони адои хизматдоштаманшаъ гирифта, дар ҳаёти минбаъдаи ҷавонон нақши асосӣ мебозад. Истифодаи асару корномаҳои таърихӣ, наворҳои ҷангӣ ва дигар воситаҳои аёнии техникии муосир яке аз воситаҳои мукаммал намудани манбаи донишҳо мебошад, ки аҳамият ва таъсири дарсҳои тарбияи ватандӯстиро тақвият мебахшад. Барои амалӣ намудани ҳадафу вазифагузориҳо ва татбиқи босамари самтҳои афзалиятнок зарураст, ки тадбирҳои зеринро амалӣ гардонем: 1.Сатҳи тарбияи ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ваватандӯстӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки шаҳрвандону ҷавонони мо бояд, пеш аз ҳама, шуҷоату қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ, таърихи давлатдории миллӣ - ҳисси дарки фарҳанги миллии ниёгон, садоқату вафодориро ҳамчун арзиши муқадас қарор дода, ба фаъолияти худ ворид намоянд. Ин омил ба ғанисозии мазмуни тарбияи ҳуқуқӣ ва васеъ гардонидани имкониятҳо дар ташаккули арзишҳои ватандӯстӣ мусоидат хоҳад кард. Бояд гуфт, ки танҳо бо такя ба тавонмандии азими маънавию ахлоқии халқи куҳанбунёд ва фарҳангпарвари тоҷик ва риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ метавон муҳимтарин вазифаҳоро дар соҳаҳои гуногуни пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кишвар ҳаллу фасл намуд; 2.Дарки мафҳуми муҳофизати Ватан, манфиати давлат ва ҷомеа танҳо дар асоси тарбияи дурусти ҳуқуқии шаҳрвандон имконпазир аст. Ҳодисаҳои давраи аввали соҳибистиқлолӣ, хосатан ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сабабгори талафоти зиёди ҷонию молӣ гардида, ҳамчун сабақи таърихӣнасиҳатномаи бузурге барои ҷавонони ояндаи кишвар боқӣ хоҳад монд. Сабақ аз таърихи гузашта нишон медиҳад, ки бори дигар тамоми аҳли ҷомеаро ба тарбияи ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқӣ,ватандӯстию ватанпарварии ҷавонон ва эҳсоси баланди инсондӯстию ваҳдатофарӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳимояи марзу буми кишвар даъват ва сафарбар намоем; 3.Мудофиаи Ватан, нигоҳдошти муқаддасоти миллӣ ва ҳимояи марзу буми он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Вобаста ба ин,Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид таъкид карданд: «Барои насли наврас яке аз муҳимтарин мактаби обутоби ҳаёт хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон дарси шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд». Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми тарбияи ҳуқуқӣ ватарбияи ватандӯстӣ дар бисёр мавридҳо ҳамчун тарбияи ҳарбиву ҷисмонӣ фаҳмида мешавад, аммо дар асл асоси мафҳуми тарбияи ватандӯстӣ, нозукӣ ва шаклҳои амиқии онро наметавон ба асоси омилҳои зоҳирӣ парвариш дод. Тарғиб ва ҷалб кардани неруи ҷавонон ва дигар қишри ҷомеа ба фарҳанги мардуми худ яке аз василаҳои ташаккули эҳсосоти ватандӯстӣ ва баланд бардоштани маънавиёт дар онҳо мебошад. Мафҳуми ватандӯстӣ нишондиҳандаи рушди маънавӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, эҳёи кишвар, тамомияти арзӣ ва таъмини амниятии ҳар як инсонро ифода менамояд; 4.Давлатҳои мутамаддин имрӯз талош доранд, ки дар руҳияи шаҳрвандонуҷавонон эҳсоси ватандӯстӣ, шаҳрвандӣ воқеӣ будан ва дарки масъулиятро парвариш намоянд. Тарбияи ҳуқуқию ахлоқӣ раванди хеле муҳимми тақдирсозе мебошад, ки ҷавононро ба арзишҳои ахлоқии инсонӣ пурра ошно сохта, натиҷаи тарбияи ахлоқӣ, ташаккул ва тақвияти сифатҳои ахлоқии муайяни ҳар як шахсро дар раванди тарбия ва донистани ҳуқуқи худ рушд медиҳад ва мукаммал мегардонад. Иқдоми аз ҳама неки арзишманд дар ин хусус омӯхтани асарҳои нодири адибони муосири тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуровва дигар чеҳраҳои мондагор мебошад, ки хусусияти таърихию тарбиявӣдошта, барои нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ дар ҷомеаи имрӯза хеле саривақтӣ ва манфиатовар мебошанд. Ҳифзи Ватан ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳудуди ҷуғрофӣ, сарватҳои табиӣ, пуштибонӣ аз маҳсули эҷодиву фарҳангии наслҳои гузашта, нигоҳдошти фарҳанги ниёгон ва мероси таърихиро дар назар дорад. Ҳифзи Ватан дар ҳолати ҳуҷуми мусаллаҳонаи ногаҳонӣ аз хориҷи кишвар ва эълони ҳолати ҷанг,нишон додани шуҷоату қаҳрамонӣ ваҷонфидоии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро талаб менамояд. Ҳимоя ва таҳкими Истиқлоли давлатӣбо кӯшишу талош, меҳнати садоқатмандона, таҳсили мунтазами касбомӯзӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш, маҳорати касбӣ, эҳсоси миллатдӯстӣ ва ватанпарастии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба хотири ободии имрӯзу ояндаи кишвар ва таъмини пешрафти он ба даст меояд. Аз ин хотир,таҳкими Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ва ҷавони баору номуси Тоҷикистон мебошад. Ҳифз ва таҳкими амнияти миллӣ ифодагари ҳифзи истиқлол, тамомияти арзӣ ва таъмини амният дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбию стратегӣ, илмию техникӣ, иттилоот ва муҳити зист мебошад. Вобаста ба мақсадҳои ишорагардида, амалӣ намудани чунин талаботу вазифагузорӣ ба он равона мегардад, ки дар руҳияи ҷавонон ва хизматчиёни ҳарбӣ ташаккул додани сифатҳои баланди ахлоқию руҳӣ ва омодагии ҷангӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ, муҳаббат ба Ватани худ, содиқ будан ба Савганди ҳарбӣ ва дарки уҳдадориҳои ҳарбии худ давом додани анъанаҳои таърихиву миллии Ватан, амиқ донистани сиёсати давлатӣ, риояи талаботи Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳои сафороӣ ва бечунучаро итоат намудан ба фармонҳои командирон ва сардорон мебошад. Хулоса, азмаҷмуи гуфтаҳобармеояд, ки барпо намудани давлати ҳуқуқбунёд танҳо дар сурати баланд бардоштани ҳисси масъулиятнокӣ маърифати баланди ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти роияи бечунучарои ҳамаи қонунгузории кишвар имконпазир аст. Пурзӯр намудани тарбияи ҳуқуқииҷавонон ҳамчун яке аз масъалаҳои таъсиррасони доимӣ ва мақсадноку ҳаматарафаи давлатӣбарои заминагузорӣдар шуури шаҳрвандон, савияи баланди донишударки фарҳанги ҳуқуқӣ, шуури мудофиавӣ, таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар коллективҳои ҳарбӣ, омӯзиши ҷавобгарии ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ баҳри иҷрои вазифаҳои хизматӣ, донистани қонунҳо ва оинномаҳои умумиҳарбӣ ва риояи қатъии онҳо равона гардидааст. Вазифаҳои асосӣ ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқӣ дар зеҳни ҷавонону хизматчиёни ҳарбӣ, ташаккул додани донишҳои ҳуқуқӣ, фаҳмондани меъёрҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ, давлатӣ ва байналмилалӣ, салоҳияти ҳуқуқии онҳо, пешгирӣ кардани муносибатҳои ғайриоинномавӣ ва қонунвайронкунӣ дар байни сарбозон ва амалӣ намудани талаботи дигар қонунҳои танзимкунандаро дарбар меги рад. Саидхоҷа АКБАРОВ, сармутахассиси Раёсати омӯзиши масъалаҳои амнияти минтақавии Марказитадқиқоти стратегии назди ПрезидентиҶумҳурииТоҷикистон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.