Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Синтзяни Чин сардиҳои рекордӣ сабт шудаанд

Дар Синтзяни Чин сардиҳои рекордӣ сабт шудаанд

21-02-2024, 09:29
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
Дар Синтзяни Чин сардиҳои рекордӣ сабт шудаандДар уезди Фуюни Ноҳияи мухтори Синтзян-Уйғур (НМСУ) — и Ҷумҳурии Мардумии Чин сутунҳои термометрҳо то — 52,3°C паст шуда, аз рекорди истгоҳи обуҳавошиносии маҳаллӣ (-51,5°C), ки соли 1960 сабт шуда буд, гузаштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Kazinform хабар медиҳад.

Маркази миллии обуҳавошиносии Чин рӯзи душанбе ҳушдори сатҳи максималии «норанҷӣ» — ро дар робита ба хунукӣ дар аксари минтақаҳои Чин нав намуд.

Тибқи пешгӯии Маркази обуҳашиносии Чин, аз рӯзи душанбе то панҷшанбе ҳарорати ҳаво дар аксари минтақаҳои Чин 8 — 12 дараҷа паст шуда, дар баъзе минтақаҳои кишвар метавонад аз 20 дараҷа низ пасттар шавад.

Дар Чин системаи сесатҳаи огоҳӣ дар бораи хунукшавӣ қабул шудааст, ки дар он сатҳи баландтарини хатар бо ранги норанҷӣ муайян шуда, пас аз он зард ва кабуд нишон дода мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: