Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад

8-02-2024, 13:06
Хабарро хонданд: 245 нафар
Назарҳо: 0
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» тадбирҳои зарурӣ андешида мешавадДар доираи ислоҳоти милитсияи тоҷик Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо иҷрокунандаи вазифаи Сафири Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе Юкка Туононен вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.

Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода барои ҳамкории мутақобилан судманд ва расонидани ёрии амалӣ дар раванди ислоҳоти милитсия ба Юкка Туононен изҳори миннатдорӣ намуд.

Рамазон Раҳимзода иброз дошт, ки Вазорати корҳои дохилӣ ҷиҳати иҷрои талаботи «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025» якчанд тадбири зарурӣ ба нақша гирифта, онҳоро амалӣ менамояд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ дар доираи ислоҳоти милитсия аз ҷониби Дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 мошини тамғаи «Дамас» барои нуқтаҳои сайёри милитсия ҷиҳати қабули арзу шикояти шаҳрвандон дар минтақаҳои дурдасти мамлакат тақдим шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: