Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?

29-01-2024, 10:21
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
Ҳавои моҳи феврали соли 2024 ба ҳавои моҳи феврали соли 2023 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар водиҳо аз меъёри иқлимӣ 1-4 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 3-5 дараҷа сардӣ дар назар аст. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад.

Дар ин давра дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-4 дараҷа хунук пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ 1+3 дараҷаро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона аз 3+8 то 8+13 дараҷа гарм, рӯзона аз 9+14 то 19+24 дараҷа гармӣ дар назар аст. Дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона аз 4+9 то 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии кӯтоҳмуддати ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона то 2+7 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона то 4-9 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук 3 дараҷа гарм мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд пешгӯӣ мешавад. Давоми моҳ рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Дар вилояти Суғд ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-3 дараҷа хунук пешгӯӣ шуда, дар водиҳо 3+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 1-3 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад. Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 2+7 рӯзона аз 6+11 то 13+18 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 1-6 то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии кӯтоҳмуддати ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 2-7 дараҷа хунук, рӯзона то -2+3, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16 ва рӯзона 2-7 дараҷа хунук мешавад. Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёр зиёд пешгӯӣ мешавад.

Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ 1-3 дараҷа хунук пешгӯӣ шуда, аз 4 дараҷа хунук то 3 дараҷа гармиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз -2+3 то 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2+7 то 7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар рӯзҳои алоҳида пастшавии кӯтоҳмуддати ҳарорати ҳаво дар назар буда, шабона 10-15 ва рӯзона то 0-5 дараҷа хунук мешавад.

Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ дар ҳудуди меъёри иқлимӣ, дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ зиёд дар назар дошта шудааст. Давоми моҳ рӯзҳои алоҳида дар баъзе ноҳияҳо шиддатёбии вазиши шамол аз самти ғарб бо суръати то 17-22 метр дар як сония пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво аз меъёри иқлимӣ то 1-3 дараҷа баланд пешгӯӣ шуда, 10-11 дараҷа хунукиро ташкил медиҳад.

Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, шабона аз 9-14 то 15-20 дараҷа хунук, рӯзона аз 2-7 то 7-12 дараҷа хунукӣ ва рӯзҳои алоҳида ҳарорати ҳаво паст шуда, шабона то 25-30 ва рӯзона то 11-16 дараҷа хунук мешавад.

Миқдори моҳонаи бориши атмосферӣ аз меъёри иқлимӣ кам пешгӯӣ мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: