МЕҲИСТОН: ТАЪСИСЁБӢ, ФАЪОЛИЯТ ВА ВАКОЛАТҲОИ ОН11-01-2024, 10:47
Хабарро хонданд: 365 нафар
Назарҳо: 0
Шоҳаншоҳии Ашкониёнро қабилаҳои ориёии парниҳо таъсис доданд, ки ба ҷомеаи онҳо таъсири ҷиддии ниҳодҳои сиёсии бегона нарасида буд. Барои ҳамин, ҳокимият ва тарзи идоракунии онҳо аз анъаноти аҷдодӣ сарчашма гирифта, он ҳатто бо баъзе ҷузъиёт аз шакли идоракунии сулолаҳои эроние, ки бо халқҳои Осиёи Наздик ҳамсарҳад шудаанд, фарқ мекард. Гарчанде ки Шоҳаншоҳ ҳокими олӣ ба ҳисоб мерафт, аммо ҳокимияти ӯ қисман маҳдуд буда, аз ҳамин ҷиҳат шакли идоракунии давлатии Ашкониён аз дигар давлатҳои эронинажодон фарқ мекард. Масалан, Шурои муғон назди дарбори шоҳигарии Мод ва Шурои машваратӣ дар дарбори шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо низ амал мекарданд, ки дар онҳо масъалаҳои муҳими давлатӣ ҳаллу фасл мешуданд, аммо идоракунии Модҳо, Ҳахоманишиҳо ва Сосониён ниҳоят мутамарказ буд. Бархе аз муаллифон хусусиятҳои навбатии фарқкунандаи давлатдории Ашкониёнро муайян кардаанд: ашрофсолорӣ, федерализм, парламентаризм (фаъолият кардани Меҳистон); идоракунии десентрализатсионӣ (ғайримарказӣ - раванди азнавтақсимкунӣ, кам кардани функсия, қувва, ҳокимият аз марказ ё мақомоти идоракунандаи марказӣ, супурда шудани баъзе вазифаҳои ҳукумати марказӣ ба мақомоти маҳаллӣ). Аршакиён Эронзаминро на танҳо аз шамшери Искандар, балки аз сайфи Арасту низ наҷот дода, озодии сиёсӣ, зеҳнию маънавӣ ва ҷаҳонбинии эронинажодонро аз нав таъмин карданд. Қудрат ва обрӯи ашрофи портӣ аз дигар раъият болотар меистод. Ашрофони портӣ нисбат ба табақаи болоии замони Ҳахоманишиҳо тавонотару мустақилтар буданд. Онҳо, дарвоқеъ, ҳокимияти подшоҳро назорат мекарданд ва дар масъалаҳои вобаста ба тақдири империя ҳуқуқи овоз доштанд. Меҳистон макону минбаре шуд, ки он ҷо бузургони империя, хусусан сарварони қавму музофотҳо ҷамъ меомаданд ва он оғози давраи парламентаризм дар таърихи давлат ва ҳуқуқи Эронзамин дониста шудааст. Тафовут дар фаъолияти муассисаҳо ва шакли идоракунии Ашкониён аз дигар давлатҳои эронинажодон низ аз ҳамин гуфтаҳои боло маншаъ мегирад. Меҳистон аз ниҳодҳои асосии давлати Ашкониён буд, ки салоҳият ва масъулияти баррасии баъзе аз масъалаҳои кишвардорӣ ва лашкариро ба уҳда доштааст. Аз номи ин анҷуман бармеояд, ки дар он бузургони ҷомеа, ки дорои таҷриба ва шоистагии дарбори кишвар будаанд, ҳузур доштаанд. Оғози фаъолияти Меҳистонро бисёре аз муаррихон ба давраи Меҳрдоди Аввал нисбат медиҳанд. Меҳрдод империяи Ашкониёнро бунёд гузошта, қавонини мамлакатро таҷдиди назар кард. Бархе аз муаррихон қайд мекунанд, ки вай ба мисоли Шурои Ҳахоманишиҳо Меҳистонро таъсис додааст, аммо фаъолияти Анҷумани Бузургони Ашкониён аз Шурои форсҳо фарқият дорад. Фарқияти якум дар он буд, ки Шурои Ҳахоманишиҳо (дар бархе ҳолатҳои зарурӣ дар кори он сатрапҳоро низ даъват мекарданд) доираи маҳдуди ашрофро дарбар гирифта буд. Ба маҷлиси доноён ва муғони Меҳистон бошад, намояндагони ашрофон аз музофотҳо ҳам узвият дошта, он аз ду палата иборат ва дорои ваколатҳои васеътар низ будааст. Оид ба ин маъхазҳои атиқа хабар медиҳанд. Дар миёни муаллифони атиқа аввалин шуда, оид ба ин анҷуман Посидоний (с. 135 - 50 п. м.) хабар медиҳад, аммо асари ӯ то ба замони мо нарасид. Страбон маҳз такя ба ахбори ӯ намуда, менависад, ки Шурои олии портҳо аз ду қисм иборат мебошад, ки ба қисми якум хешовандони шоҳ дохил мешаванд ва ба қисми дуюм доноёну коҳинон. Шоҳонро ҳар ду қисм интихоб менамоянд. Яъне, нахустин шуда, Посидоний хабар мерасонад, ки Порт давлати аристократӣ (ашрофсолорӣ) будааст. Помпей Трог хеле мухтасар аз ин Шуро зикр кардааст. Масалан, мувофиқи ахбори кутоҳи ӯ, Шуро ҳатто ҳуқуқ доштааст шоҳро аз вазифа ҳам барканор намояд. Дар осори Публий Корнелий Татсит ҳам оид ба он ахбор оварда шудааст. Ӯ оид ба ҳайати анҷумани Ашкониён дар яке аз пойтахтҳояшон - Селевкия маълумот додааст, ки ба аъзогии он 300 нафар сарватмандон ё шаҳрвандони доноро интихоб мекарданд, ки “сенат”-ро ташкил мекунанд. Дар таърихнигории ватанӣ оид ба Шурои шоҳаншоҳии Ашкониён дар асарҳои академик Бобоҷон Ғафуров ва Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот оварда шудааст. Академик Бобоҷон Ғафуров қайд мекунад, ки аз ҷиҳати шакли идоракунӣ Порт давлати аристократӣ (ашрофсолорӣ) буда, ҳокимияти подшоҳро ду Шуро - Шурои ашроф ва Шурои коҳинон ба андозае маҳдуд мекарданд. Ба Шурои ашроф, ғайр аз намояндагони сулолаи ашконӣ, намояндагони боз шаш хонаводаи ашроф дохил мешуданд. Шоҳро аз байни хонадони ҳукмрони ҳамин ду Шуро интихоб карда, васияти подшоҳи марҳумро ҳам ба эътибор мегирифтанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менависанд, ки ҳокимияти шоҳии Ашкониён мутлақ, ҳукмаш тағйирнопазир ва раво буд. Аммо, шоҳ амалан ба танҳоӣ давлатро идора намекард. Дар назди ӯ ду Шурои машваратӣ: авлодӣ ва мубадон фаъолият мекарданд. Шурои авлодӣ ба анъанаҳои қабилаҳои парнӣ такя мекард ва ба он хешовандони наздики шоҳ дохил мешуданд ва дар он масъалаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла интихоби вориси тахт, тақсимоти мансабҳо ҳаллу фасл мегардиданд. Мартабаи Шурои мубадон нисбат ба Шурои авлодӣ пасттар буд. Муҳаққиқони хориҷӣ низ оид ба фаъолияти анҷумани Ашкониён фикрҳои худро баён доштаанд, ки бо бархе ҷузъиёт аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, Ҷорҷ Роулинсон бар ин назар аст, ки мумкин муассисаҳои давлатии Ашкониён дар замони Аршаки I ё Тиридот ташаккул ёфтаанд. Аммо, бо эҳтимоли зиёд созмондиҳии муассисаҳои давлатии Порт ба Меҳрдоди I тааллуқ дорад. Зеро дар замони ӯ давлати Порт ба марҳалаи нави рушди худ ворид гардид ва он аз як шоҳигарии одӣ ба империя табдил ёфт ва шаҳриёр наметавонист, ки ниҳодҳои давлатии худро таҷдиди назар накунад. Меҳрдоди I ба мартабае расид, ки ба ӯ ҳуқуқ ва имконият дод Конститутсияи Ашкониёнро ба тавре тартиб диҳад, ки зарурияти онро худаш мехост. Барои ҳамин, созмондиҳандаи ниҳодҳои давлатии портҳо дар давраи империя Меҳрдоди I мебошад. Тибқи назари ӯ, ба мисли бисёре аз соҳибихтиёрҳо, ки дар натиҷаи иттиҳоди доҳиён ба хотири мақсади ҳарбӣ зери як сарвар муттаҳид шудаанд, ҳокимияти шоҳи Ашконӣ низ қисман маҳдуд буд. Ба шоҳ доимо ду Шуро маслиҳат медоданд, ки аъзои онҳо аз шахсиятҳое таркиб ёфта буданд, ки аз ҷониби худи ӯ интихоб намегардиданд. Ин ҳуқуқро онҳо аз лаҳзаи таваллуд ё ишғоли мансаб ба даст меоварданд. Яке аз ин Шуроҳо маҷлиси хонаводагӣ ё маҷлиси мардони синну соли калони хонаводаи подшоҳ буд. Маҷлиси дуюм аз худ Сенатро намояндагӣ карда, ҳайати он аз руҳониён ва доҳиёни дунявию доноён иборат буд. Ҳар ду маҷлис дар якҷоягӣ Меҳистон (Анҷумани наҷибзодагон ё бузургон)-ро ташкил медоданд, ки то аҳде ҳокимияти шоҳаншоҳро маҳдуд мекарданд. Шоҳаншоҳии Ашкониён монархияи интихобӣ буда, танҳо аз хонадони Аршак шоҳ интихоб мегардид ва овоздиҳии ҳамзамони ҳар ду Шуро барои таъини шоҳи нав ҳатмӣ буд. Дар амалия бошад, қонуни одатӣ оид ба мерос риоя мешуд. Яъне, вориси якум писари калонӣ ҳисоб мешуд, агар шоҳ писар надошт ё синну солаш барои идоракунии шоҳаншоҳӣ нарасида бошад, дар ин вазъият Меҳистон метавонист бародари шоҳи марҳум, агар бародар ҳам набошад, пас амакашро таъин кунад, агар шохаи калонии Ашконӣ аз ҷинси мардина қатъ шавад, метавонистанд аз шохаи хурди ин хонадон низ шоҳ интихоб кунанд. Агар шоҳаншоҳ аз ҷониби аъзои ҳар ду Шуро дар Меҳистон интихоб карда мешуд, пас аз интихобот ҳуқуқи ба сари ӯ гузоштани тоҷ ба намояндаи хонадони Сурен, сарфармондеҳи артиш тааллуқ дошт. Меҳистон ҳуқуқ дошт, ки шоҳаншоҳро аз тахт барканор намояд. Муаррихи машҳури олмонӣ Т.Моммзен менависад, ки шоҳ фақат аз авлоди Аршак таъин мегардид, аммо зарур буд, ки ӯ аз ҷониби Шуро интихоб карда шавад. Яъне, шоҳи нав, то ки ба идоракунӣ оғоз намояд, дар Меҳистон интихоб карда мешуд. Дар ҳайати Меҳистон ҳафт авлоди бонуфузи портӣ нақши калон иҷро карда, онҳо ҳуқуқи озодона ба назди шоҳаншоҳ даромаданро низ доштанд. Ҳамчунин, ҳафт авлоди ашрофи бонуфуз ҳуқуқи меросии ишғол намудани мансабҳоро дар дарбор доштаанд. Ӯ ба хулосае меояд, ки ҳокимияти шоҳаншоҳро қисман ашрофони бонуфуз маҳдуд мекарданд. Шарқшиноси англис П.М.Сайкс қайд кардааст, ки дар шоҳаншоҳии Ашкониён ҳамзамон ду Шурои меросӣ амал мекарданд: якум, маҷлиси аъзои хонадони шоҳӣ, ки ба синни балоғат расидаанд; дуюм, Сенат буд, ки аз руҳониён ва доноёни дунявӣ таркиб ёфта, ба монанди палатаи лордҳои Англия фаъолият мекард. Мақоми ҳафт авлод эҳтиром гузошта шуда, мансаби монарх (шоҳ) интихобӣ буд, аммо танҳо аз хонадони Аршак интихоб карда мешуд. Натиҷаи интихоботро бояд ҳар ду Ассамблея ба тавсиб мерасонд, ки дар якҷоягӣ Меҳистонро ташкил медоданд. Вақте ки шоҳро интихоб мекарданд, баъд аз он тибқи одат тоҷро ба сари ӯ намояндаи хонадони Сурен (Сурена) мемондааст. Роҷеъ ба Меҳистон сиёсатмадор, ходими давлатӣ ва муаррихи машҳури эронӣ Паҳлавӣ Ҳасан Пирниё ҳам баъзе фикрҳои ҷолибро овардааст. Ӯ менависад, ки ҳукумати шоҳи Ашконӣ маҳдуд буд. Шоҳ дар умур ҳамеша бо ду маҷлис машварат мекард ва интихоби аъзои маҷлисин бо вай набуд, балки онҳо бар ҳисоби насаб ва мақом узвияти ду маҷлиси мазбурро меёфтанд. Меҳистон аз ду маҷлис таркиб меёфт, аз аъзои хонаводаи салтанатӣ, ки ба ҳадди рушд расида буданд ва дигаре, иборат аз маҷлиси солхӯрдагон, ки аъзои он сарони руҳонӣ ва ғайрируҳонии миллат буданд. Муаррихони атиқа ин маҷлисро Сенат номидаанд. Ҳар ду маҷлис, вақте ки ба ҳам мепайваст, ба Меҳистон мавсум мегашт. Дар он аъзои руҳонӣ ва ғайрируҳонӣ узвият доштанд ва аъзои ғайрируҳониаш бештар буда, шоҳро аз хонадони Ашкониён ҳар ду маҷлис интихоб мекарданд ва ин интихоб дар сурате лозим меомад, ки ҷонишине аз авлоди худ надошт, то давлатро идора кунад ё дошта, вале аз ҷиҳате лоиқи салтанат набуд, вале баъд аз падар писар ба тахт менишаст. Ҳамин тариқ, ӯ фарқиятро миёни салтанати Мод, Ҳахоманишиҳо ва Ашкониён дар он донистааст, ки дар ду давлати аввал ҳокимияти шоҳ мутлақ буда, дар охирӣ бошад, он маҳдуд будааст. Ба ақидаи ӯ, баъзе аз муаррихон Меҳистонро “Муғистон” ба қалам додаанд, ки он дуруст нест, зеро он аз вожаи меҳ омада, ки мабнии бузург аст, пас Муғистон мабнии маҷлиси муғҳо нест, чуноне ки баъзе тасвир кардаанд, балки ба маънии маҷлиси бузургон аст. Беҳтарин далели ин маънӣ он ки ин маҷлис фақат аз муғҳо ташкил намеёфт, аъзои ғайрируҳонии маҷлис аз руҳониён бештар буд. Бо ҳамин, дар асоси таҳлили маъхазҳо ва таҳқиқоти илмии муҳаққиқон метавон ба хулоса омад, ки Меҳистон сарчашмаи худро аз одатҳои замони ориёиҳои бостон мегирад, ки онҳо Шурои бузургон дошта, он ҳокимияти сарваронро маҳдуд ва назорат мекард. Оид ба масъалаи мазкур академик Бобоҷон Ғафуров чунин менависад, ки дар Авесто қабилаҳо “ҳанҷамана” - “шуро” доштанд, ки имрӯз дар забони форсии тоҷикӣ дар шакли “анҷуман” зинда аст ва барои ифодаи маънии иттиҳодияи ноҳияҳо истилоҳи “даҳйусасти” - ҳокимият бар ноҳияҳо мавҷуд аст. Сардори чунин иттиҳодияҳо “даҳйупатии тамоми ноҳияҳо” - “ҳокими тамоми ноҳияҳо” буд; вай ҳуқуқи яккаҳокимиятӣ надошт, чунки ба ғайр аз ӯ “даҳйунам фратэмадато” - “Шурои бузургон”-и иттиҳодияи ноҳияҳо низ фаъолият мекард. Зоҳиран, ҳокимияти “даҳйупати”-ҳо ва ҳатто “ҳокими тамоми ноҳияҳо” маҳдуд буд ва Шуро бар ҳокимияти онҳо назорат мекард. Барои муқоиса ҳиндуориёиҳо низ панҷаяти интихобшуда - Шурои куҳансолон доштанд, гарчанде раҷа дар давлат шахсияти асосӣ ба ҳисоб мерафт, аммо ҳуқуқ надошт, ки ҳар коре хоҳад, амал намояд. Ҳоким баъзе вақтҳо интихоб мешуд, дар бархе маврид вазифаро меросӣ мегирифт. Раҷа худ тобеи қонунҳо ва одати ориёиҳо буд ва мумкин буд ӯ аз ҷониби халқ аз мансаб барканор ё ҷазо дода шавад. Тартиботе ба монанди “давлат - ин манам” вуҷуд надоштааст. Яъне, як шакли хоси низоми мардумсолорӣ ҷорӣ буда, халқ метавонист дар асоси меъёри муайяншуда фаъолияти ҳокими худро назорат намояд. Ҳамин тариқ, дар назди дарбори Ашкониён ду Шуро: шоҳзодагон ва бузургон амал мекардаанд, ки муштаракан Меҳистонро ташкил медоданд. Меҳистон - Анҷумани бузургони Ашкониён мебошад, ки иддае аз муаррихон таъсисёбии онро ба замони Ашки Аввал ва Ашки Дуюм марбут медонанд, бархе менависанд, ки он нахустин нишасти худро дар замони шоҳаншоҳ Меҳрдоди I баргузор кардааст. Яъне, нишасти муштараки ду Шурои назди дарборро Меҳистон мегуфтанд. Ҳамин тавр, Меҳистон ба фаҳмиши имрӯза ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон будааст. Меҳистон аз ду палата иборат буда, бештар хусусияти маҷлиси машваратӣ дошт. Ҳамин тариқ, хусусияти хоси парлумони Ашкониён аз он иборат буд, ки он аз ду анҷуман: бузургон, ки ба он хонадони шоҳ ва ҳафт авлод шомил буданд, дигари он маҷлиси доноёну муғон, ки намояндагони музофотҳо ҳам дар он узвият доштанд, таркиб меёфт. Дар ҳайати маҷлиси дуюм доноён нисбат ба муғон аксариятро ташкил дода, ин анҷуманро дар адабиёти ғарбӣ аксар маврид Сенат низ ёд кардаанд. Баъд аз он ки шоҳаншоҳ дар Меҳистон интихоб мегардид, акнун ӯ бо рамзу нишони худ тамоми мардуми империяро намояндагӣ мекард. Шоҳаншоҳ наметавонист ҳайати Меҳистонро таъсис ё таъин намояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳокимияти ӯ маҳдуд будааст. Меҳистон дар ҳолати ҷангӣ дар интихоби сарлашкарон ҳам нақш дошт. Баъзе муҳаққиқон оид ба салоҳиятҳои Меҳистон ба чунин нуқтаи назар мерасанд, ки аз миёни шоҳзодагон интихоб намудани валиаҳд; аз тахт фаровардани шоҳ дар сурати ноқисулақлу девона шудан, бемории тӯлонӣ, роҳ додан ба иштибоҳ (ҳатто бидуни нияти бад); эълони ҷанг ва пешниҳоди сулҳ; сафарбаркунии лашкар; таъини сарфармондеҳи сипоҳ дар як давраи муайян ё давраи ҷангӣ; тағйири ҷадвали молиёт (андоз) - ҳо ва судури дастури зарби сикка бо тасвири тоза; таъини шоҳони Арманистон; тасдиқи ташрифоти шоҳони баъзе минтақаҳо аз ҷумлаи ваколатҳои Меҳистон будаанд. Дар бисёр ҳолатҳо Меҳистон худи шоҳро фармондеҳи кулли лашкар, ҷабҳа ва масъули лашкаркашӣ таъин мекард. Аммо зарур мешуморем гуфт, ки новобаста аз ин, дар шоҳаншоҳии Ашкониён низ мақоми шоҳ баланд буд ва ӯ валиаҳди худро пешниҳод мекард. Бисёре аз ваколатҳое, ки дар боло номбар шуданд, дар баррасӣ ва ҳалли онҳо ба шоҳ фақат машварат зарур буда, онҳо дар нишасти Меҳистон баррасӣ мегардиданд. Шоҳаншоҳие, ки Аршак офарид, меросӣ буд. Шоҳаншоҳ ягона шахсе буд, ки ҳокимияти шоҳиро ҳифз намуда, онро аз рӯйи ирода ва тасмими хеш ба вориси интихобшудааш медод. Фармонҳои ӯ аз лаҳзаи судур ба тасдиқи ягон мақом ниёз надоштанд. Т.Моммзен менависад, ки агар аз ҷониби касе, тасодуфан ҳам бошад, ҳатто қатраи хуни яке аз аъзои хонадони Ашкониён рехта мешуд, ин баробари таҳқир кардани муқаддасот дониста мешуд. Аммо, дар таърихи давлатдории Ашкониён ҳолатҳое низ сабт шудаанд, ки Меҳистон шоҳро аз тахт барканор кардааст ё дар вазъияти ҷанги шаҳрвандӣ ба ду кас аз хонадони Ашконӣ ҳуқуқ додааст, ҳамзамон, давлатро идора кунанд. Ин далели ҷой доштани парламентаризм дар шакли идоракунии Ашкониён мебошад. Зикр шудан аз фаъолият ва салоҳиятҳои Меҳистон дар маъхазҳо имконият медиҳад ин падида эътироф гардад. Назари бархе аз муаррихон оид ба он ки Меҳистони Ашкониён дар пайравӣ ба Сенати Рим таъсис ёфтааст, боиси қабул нест. Зеро Меҳистон аз таҷрибаи давлатдории гузаштагони паҳлавиён маншаъ гирифтааст. Далел барои исбот инҳо мебошанд: якум, вуҷуд доштани анҷуман ё Шуро дар ҷомеаи ориёиҳоро маъхазҳои қадим, аз ҷумла Авесто тасдиқ менамоянд; дуюм, пеш аз Ашкониён шоҳигарии Мод ва шоҳаншоҳии Ҳахоманишиҳо дар назди дарбори худ Шуро доштанд; сеюм, замоне, ки шоҳаншоҳии Ашкониён таъсис ва ниҳодҳои он рушд ёфтаанд, ҳокимияти Рим дар Осиё паҳн нагардида буд, портҳо ва римиён бо ҳамдигар муносибот надоштанд. Хулоса, Меҳистон сарчашмаи худро аз анъаноти ориёиҳо мегирад, ки дар ҷомеаи онҳо Шурои бузургон амал карда, ҳокимияти доҳиёнро назорат ва маҳдуд мекард. Оид ба замони таъсиси Шурои Ашкониён ду ақида мавҷуд аст: якум, он аз замони Ашки Аввал ва Ашки Дуюм фаъолият дорад, тибқи назари дигар, ин ниҳодро Меҳроди Аввал таъсис додааст. Зарур аст баён намуд, ки ниҳодҳои сиёсии паҳлавиён то Меҳрдод ҳам дар зинаи соддатар фаъолият доштанд, аммо Ашки Шашум империяро таъсис дода, онҳоро таҷдиди назар карда, ба сатҳу мутобиқи замон азнавсозӣ кард, ки дар заминаи ду Шурои дарбор Меҳистон шакл гирифт. С.САЙНАКОВ,
мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.