Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПАЁМ - ДАСТУРИ РОҲНАМО

ПАЁМ - ДАСТУРИ РОҲНАМО

8-01-2024, 14:27
Хабарро хонданд: 544 нафар
Назарҳо: 0
ПАЁМ - ДАСТУРИ РОҲНАМОЯке аз муҳимтарин ҳуҷҷатҳои барномавӣ, ки аз санаи 27-уми апрели соли 2000 дастовардҳои миллиро дар бахшҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, сиёсат, илму маориф, фарҳанг, таъмини амнияти кишвар ва дигар масъалаҳои муҳими дохилию хориҷиро вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир таҳлил ва баррасӣ, нақшаҳои наздиктарин ва рушди босамари давлатдориро муайяну мушаххас мекунад, ин Паёмҳои ҳарсолаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
28- уми декабри соли 2023 зиёда аз 16 ҳазор нафар ҳизбиёни шаҳри Исфара дар 211 ташкилоти ибтидоӣ дастаҷамъона ироаи Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ тавассути телевизион тамошо карда, таассуроти нек бардоштанд.
Чунонки Пешвои миллат дар Паёми солонаашон таъкид карданд, новобаста аз душвориҳо бо шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар соли 2023 соли бобарор гардид:
“Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд”.
Бояд зикр намуд, ки суръати афзоиши ин нишондоди калидӣ нисбат ба вазъи иқтисодии баъзе давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баланд аст.
Дар сатҳи 102,5 фоиз таъмин намудани қисми даромади буҷети давлатӣ имконият дод, ки Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намояд. Ин нукта боиси ифтихори мо, ҳизбиён низ мебошад, зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Сарвари давлат дар тамоми дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир ва мондагор дорад.
Дар Паём омадааст: “Дар ҳафт соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҳсулотҳои дохилӣ 1,5 фоиз баробар зиёд гардид”.
Дар ин давра музди миёнаи меҳнат ду баробар ва андозаи ниҳоии нафақа 1,9 баробар афзудааст.
Дар меҳвари Паёми солонаи Роҳбари давлат масъалаҳои иқтисодӣ қарор доштанд. Зеро иқтисод асоси равнақи ҷомеа аст. Маҳз тавассути рушди иқтисоди кишвар мо сатҳу сифати зиндагии мардуми худро тибқи барномаҳои пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон беҳтар карда метавонем.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём рафти амалисозии ҳадафи чоруми стратегии мамлакат - саноатикунонии босуръатро ҳамаҷониба таҳлил карда, вазифаҳои аввалиндараҷаро дар ин самти муҳим муайян намуданд.
Таъкид карда шуд, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст.
Дар Паём рушди соҳаи энергетика, мушкилот, масъалаҳои ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо аз ҷониби Президенти мамлакат ҳаматарафа таҳлил ва муайян карда шуданд.
Мақсад гузошта шуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсафи ҷаҳон дар самти инкишофи “иқтисоди сабз” соли 2037 ба “кишвари сабз” табдил дода шавад.
Роҳбари давлат зикр намуданд, ки бунёди роҳҳои муосир дар ояндаи наздик ба мо имконият медиҳанд, ки ба ҳадафи стратегии худ, яъне, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ноил шавем.
Бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии кишвар ба Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои марбута супориш дода шуд, ки Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.
Дар Паём ба беҳсозии ҳолати соҳаи кишоварзӣ, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти он, рушди маҷмааи агросаноатӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст.
Рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро Президенти мамлакат зарур шуморида, бо мақсади самаранок ба роҳ мондани корҳо дар ин ҷода дастур доданд, ки гурӯҳҳои кории салоҳиятдори доимӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ таъсис дода шавад.
Дар Паёми солона ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва барқарорсозии онҳо хеле муҳим арзёбӣ гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки “Рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Президенти кишвар дар шароити имрӯза омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табииро муҳим ҳисобиданд.
Дар ин робита, дар назди вазорату идораҳои дахлдор вобаста ба масъулият ва ваколатҳояшон вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Бо назардошти он, ки дар ҷумҳурӣ суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши қувваи корӣ 2,5 баробар зиёд мебошад, Сарвари давлат супориш доданд, ки дар соҳаҳои иқтисодии кишвар ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шавад.
Президенти мамлакат ҳамеша таъкид менамоянд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ тамоми чораҳои зарурӣ амали шуда истодаанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат 2 баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли 2023 расид. Дар ин давра дарозумрии аҳолӣ аз 70 сол ба 76,3 сол расидааст.
Нишондиҳандаҳои мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.
Дар Паём нақшаҳо ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ мушаххас инъикос гардиданд.
Ҷиҳати идома додани ғамхории Ҳукумати мамлакат, боз ҳам баланд бардоштании сатҳи некуаҳволии сокинон ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Сарвари давлат барои баланд бардоштани ҳаҷми нафақаҳо, маошҳои вазифавии кормандони муассисаҳои буҷавӣ, музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш доданд.
Роҳбари давлат дар Паёми солонаашон бори дигар баланд бардоштани мақоми занону ҷавонон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳоро қайд намуданд ва таъкид карданд, ки нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва инсондӯстиву масъулиятшиносӣ муассир аст.
Пешвои миллат зарур шумориданд, ки ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати тарбияи наврасону ҷавонон бояд ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва инсонпарварии онҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шавад.
Дар Паём рушди соҳаи варзиш яке аз самтҳои афзалиятнокии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Тоҷикистон маънидод гардид.
Таъкид шуд, ки вазъи мураккабу ташвишовари ҷаҳон водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Дар Паём дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар доираи таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллат ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишварро фароҳам овардааст ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини давлати мо мебошад, Президенти мамлакат пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад.
Оид ба сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари давлат сухан ронда, қайд намуданд, ки бо мақсади таъмин намудани ҳадафҳои рушди устувор кишвари мо ҳамкориро бо ҳамаи давлатҳои хориҷӣ, ташкилоту созмонҳои байналмиллалӣ боз ҳам густариш медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши соҳибкорону шахсони эҳсонкорро дар корҳои бунёдкориву созандагӣ ва дастгирии қишрҳои ниёзманди ҷомеа дар алоҳидагӣ қайд карданд.
Самтҳои асосие, ки дар Паёми Президенти мамлакат иброз гардиданд, бевосита ба барномаҳои пешазинтихобии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон алоқаманд буда, пурра ба нақшаҳои Барномавӣ мувофиқат мекунанд ва бахшҳои беҳбуд бахшидани ҳаёти сокинони мамлакатро баррасӣ менамоянд.
Иҷрои ҳар як нишондоди дар Паём зикрёфта вазифаи ҳар як аъзо ва ҷонибдорони ҳизби мо ба шумор меравад.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як дастури роҳнамоест, ки ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар меҳвари он қарор дошта, барои таъмини рушди устувори кишвар ва таҳкими давлатдории миллӣ равона гардидаанд.
Амалисозии нуктаҳои он дар шароити ниҳоят ҳассоси ҷаҳони имрӯза ва афзоиши хатару таҳдидҳои муосир ба сулҳу озодӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ тақозо менамояд, ки мо муттаҳиду сарҷамъ бошем, ба хотири ҳимояи арзишҳои миллат, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат ва ободии ватанамон равона созем.
Якҷо бо кору фаъолиятҳои аҳлона тибқи ҳидоятҳои Сарвари давлат Тоҷикистони азизамонро то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ободу зебо, пешрафта гардонида обрӯю эътибори онро дар ҷаҳон боз ҳам боло бардорем.
Ҳар яки моро зарур аст, ки минбаъд низ мафҳумҳои “ватандӯстӣ ва рушд”- ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Ин ва дигар ҳадафҳои Паёми навбатӣ бояд барои мо, ҳизбиён дастури роҳнамо бошад ва тақозо менамояд, ки тарзу услуби корбариамонро мувофиқи он ба роҳ монем.
Кӯшиш намоем, ки ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии кишвар аз ҳамаи воситаю имкониятҳо самаранок истифода барем.
Дар шаҳри Исфара ҳар як чорумин корманди соҳаҳои саноату кишоварзӣ, 87 фоизи омӯзгорон, 65 фоизи табибону ҳамшираҳои шафқат ва 68 фоизи аҳли фарҳанг аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, нақши онҳо дар пешбурди иқтисодиёту иҷтимоиёт назаррас аст .
Дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара баҳри тарғибу ташвиқи нуктаҳои асосии Паёми Президенти кишвар машварати корӣ бо иштироки роҳбарони ҳамаи 46 гурӯҳҳои тарғиботӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, гурӯҳи калони ташкилотҳои ибтидоӣ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баргузор гардид.
Бо мақсади ҳарчӣ бештар фаро гирифтани мардум ба корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҳисоби фаъолон, собиқадорони ҳизб, шахсони барӯманд, олимони Филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ва дигар табақаҳои зиёиён ташкили боз 12 гурӯҳи иловагии тарғиботӣ дар назар аст. Баргузории маҷлисҳои ҳизбӣ оид ба муайян намудани вазифаҳои ташкилотҳои ибтидоӣ дар партави Паём дар ҳамаи 211 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва маҷлиси фаъолони ҳизби шаҳр дар нимаи аввали моҳи январ, мулоқоту вохӯриҳо дар ҳамаи ҷомеаҳои меҳнатӣ ва 135 маҳаллаҳои шаҳру деҳот, ташкили гардиши “хона ба хона” ба нақша гирифта шудааст.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба кор дар байни занони хонашин, шаҳрвандони бекор ва нафақахӯрон дода мешавад.
Мисли солҳои қаблӣ доир намудани силсилаи конфронсҳо, мизҳои мудаввар, аксияҳо, озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Паём -роҳнамои мост” дар байни хонандагони синфҳои болоӣ ва донишҷӯён, ташкили суҳбатҳо тавассути радио ва телевизиони маҳаллӣ аз манфиат холӣ нест.
Ҳамаи 7 нафар вакилони Маҷлиси вилоятӣ, 40 нафар вакилони Маҷлиси шаҳрӣ ва 176 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар вохӯриҳои навбатиашон бо интихобкунандагон ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат аҳамияти хоса медиҳанд.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара вазифаи асосии худро дар ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар амалисозии ҳадафҳои Паёми Сарвари давлат ва дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тақвияти корҳои ҳизбӣ дар ҳамаи самтҳо ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа меҳисобад.
Гулафзо Ҷӯраева
раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар шаҳри Исфара
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: