
АКСИЯИ ҲИЗБӢ БАХШИДА БА
Санаи 12 декабри соли ҷорӣ бо ибтикори КИ ҲХДТ дар ВМКБ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Бо ту мефахрам аё, эй ҳизби ман» баргузор гардид. Барои баргузор намудани аксия КИ ҲХДТ дар ВМКБ солнома (тақвим) бо акси Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои соли нави мелодии 2024 таҳия намуда, нишонаи сарисинагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба аъзоён ва ҷонибдорони ин ҳизби созанда ва муттаҳидкунанда тақдим карда шуд.
КИ ҲХДТ дар ВМКБ бо мақомотҳои ваколатдори давлат, соҳаи илму маориф ва дигар соҳаҳои ҷамъиятӣ ҳамкории ҳамешагӣ дошта, баҳри амалӣ намудани барномаи ҳизбӣ бо тамоми нерӯ, бо ҳадафҳои хайромез ва сиёсати хирадмандонаи Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро пайравӣ намуда, дар амал татбиқ намудани сиёсати ин ҳизби халқ ҳамеша ҳиссагузор мебошад.
Мудири шуъбаи таблиғот
ва ташвиқоти КИ ҲХДТ дар ВМКБ
Р. Броимшоева