(Тақриз ба китоби Акбар Турсун “Велик от земли до сатурна предел... ”)
Китоби академик Акбар Турсун яке аз монографияҳои муҳимест, ки ба таври куллӣдар мавзуъҳои азхудбегонагӣ, ҳасуду бадбиниҳои маҳаллӣ, иҷтимоӣ, қавмӣ ва тамаддунӣбахшида шуда ва дар ин матн воқеаву ҳодисаҳои таърихие, ки дар рӯзгори ду абармарди илми тоҷик - академик Бобоҷон Ғафуров ва академик Муҳаммад Осимӣ рух дода буданд, мавриди таҳқиқу пажӯҳиш қарор гирифтааст.
Ба назари академик Акбар Турсун, ин мавзуъҳое ҳастанд, ки омили зиддиятҳои иҷтимоӣ (дифференсиатсия) гашта, ба иттиҳоду ҳамгироии иҷтимоӣ натанҳо дар дохили миллатҳо ва кишварҳо таъсиррасонанд, балки сабаби бархӯрди тамаддунҳо ва фарҳангҳо шудаанд.
Азхудбегонагӣ ва ҳасодату бадбинии қувваҳои аҳриманииинсонҳамчун хусусияти эҳсосотии инсон зеҳниӯро дар ҳолиошуфта, афсурда, беназмутартибвабинишиякҷонибаихудшефтагӣнигоҳдошта, ҳаракати занҷиравиро дар ботини инсон ташкил медиҳанд, дар натиҷа инсонҳобатахрибкориютабоҳкорӣдастмезананд, киоқибатҳоиногуворвабунбастиробавуҷудмеоварад.
Ин ҳаракати занҷиравӣ, ки дар асоси ихтилофу низоъҳоииҷтимоӣшаклмегирад,дар таърихи инкишофи ҷомеа саҳм дошта, омили носуботию фурӯпошии низомҳоисиёсию иҷтимоӣ мегарданд.
Яъне, бештари чунин низомҳо на аз роҳи ихтиёрӣ ё “ҳамроҳшавӣ”, балки такя ба хушунату зӯроварии ҳарбию низомӣ ташаккул ёфтаанд ва аз роҳи зиддиятҳои дохилии низомҳои сиёсӣфурӯ пошидаанд.
Дар ин росто, муаллиф омилу сабабҳои аз ҳам пошхӯрии чунин империяҳоро пайгирӣ накарда, балки бештар таваҷҷуҳ ба раванди фаслгароӣ мекунад ва суол мегузоранд, ки чаро дар таърихи башарият бештар фаслгароӣ нисбат ба васлгароӣҷойгоҳи махсус дорад ва азхудбегонагӣ моҳияти фитрии одамиро ташкил медиҳад?
Суоли дигаре муҳаққиқ пеш меорад, ки чаро дар тӯли таърих дар натиҷаи меҳнати дастаҷамъона омилҳои азхудбегонагӣ муҳаррики тамоюлҳои руҳию маънавӣ шудаанд?
Дар посухи чунин масъалагузорӣакадемик Акбар Турсун зикр мекунад, ки ин ду вижагӣнишонаи пайвастаиҷудонашавандаи инсон буда,ҳамчун муҳаррики рушди фардию иҷтимоӣ дар тамоми таърих мебошад.
Тасодуфӣ нест, ки дар динҳои ҷаҳонӣ омили азхудбегонагӣ дар дохили як хонавода (куштори Қобилу Ҳобил) ба вуҷуд омада, махсусан дугоникҳое, ки аз як батни модар зода мешаванд, то ба куштори ҳамдигар ё бародаркушӣрасидаанд.
Агар ба замони устуравӣ ва таърихи ақлонии ташаккул ва рушди авлоди инсон назар кунем, ду раванди моҳиятан ягонаро мебинем, ки аз як тараф, фарқияти амиқи гурӯҳӣ ва аз тарафи дигар, ягонагии шаҷараи авлоди башарӣ- Homo sapiensмебошад.
Ҷиҳати фарқкунандаи авлоди инсонӣ ифодакунандаи зуҳуроти истеъдодҳо ва офаридаҳои инсонҳо мебошад, ки ташаккул ва таҳаввули худогоҳии инсонроба вуҷуд овардааст, худогоҳии фарҳангӣ, қавмию сиёсиро таъмин карда, омили дифференсиатсияи авлоди инсонӣ ба қабилаю қавму миллат, тамаддун ва ғайра мебошад.
Чунин фаслгароӣҳодисаҳои ваҳшатнокеро пеш меорад, ки омили кушторҳо ва хунрезиҳои шадид дар ояндаи наздик шуда метавонад, на сулҳу субот.Мисоли боризи ин ҳодисаҳо ҷангҳои таърихӣмиёни Эрон ва Юнон мебошад, ки дар таърихи фарҳанги мо фоҷеаи аввалини таърихи башарият маҳсуб мешавад. Ин ду қавм решаи ҳиндуаврупоӣ доранд, лекин барои манфиатҳои хеш гиребони ҳамдигарро гирифта буданд.
Ба гуфтаи Освалд Шпенглер,ҳар инсон худро дар муқоиса бо дигарон мешиносад, яъне худӣ ва бегона, ё дигар - дигаре ё дӯсту ғайридӯст ё дар ҳоли тағйири ҳолатҳои фарҳангӣ - маънавӣ (психокультура) ҳамчун душман, ки ин ҳолатҳои ҳаррӯзаи инсонҳо мебошад.
Дар асоси формулаи “мо” ва “онҳо” тамоми қишрҳои худшиносии иҷтимоӣ, мисли оила, қабила, қавм ва миллат худро дар муқоиса бо дигар оила, қабила, қавм ва миллати дигар мешиносанд.
Худмуайянкунии иҷтимоӣ ё ҷамъӣ, маъмулан аз ҳувияти “худию бегона” ё дар мафҳуми динию ахлоқӣ- некию бадӣ шуруъ мешавад (с. 7).
Ин нуқтаи бархӯрд аз назари равоншиносон ҳамчун осеб ё уқдае шинохта шудааст, ки дар қишри нохудогоҳи инсон, ба гуфтаи З.Фрейд ва шогирди ӯК.Г.Юнг, пинҳон аст ва зимни ҳамагуна фаъолиятҳои инсон ба тарзҳои гуногун зуҳур меёбад.
Ин дуализми ақидавӣ дар сатҳи миллат - давлат ба идеология табдил гардида, аз роҳи шиору рамзҳо муносибатҳои иҷтимоиро танзим менамояд.
Ба назари муаллиф, идеологияҳои ибтидоӣҳамчун раванди ташаккули маънавӣ марҳилаи барқароршавӣ ва рушди худшиносии инсонро чун субъекти тафаккури абстрактӣ (рамзӣ) ва фаъолияти иҷтимоӣ (муносибатҳои амалӣ - рафторӣ) иваз кардаанд.
Рефлексияи фарҳангӣ (худмушоҳидавӣ ва дар худандешидану фурӯрафтан дар фикру хаёлоти ботинӣ) нишон медиҳад, ки байни мафҳуми Шарқ ва Ғарб, бо иқтибоси муаллиф аз С.Ф.Олденбург, як нишонаи боризи фарқкунандае мавҷуд аст. Ин дуализми ақидавию ҷуғрофӣ, ки моҳиятан ягона ҳастанд, барқароршавӣ ва рушди тамаддуни маҳаллиро ҳамчун падидаи умумиинсонӣ ифода мекунанд.
Ин дуализм дар ҳар тамаддун бо тарзҳои гуногун, мисли соҳибтамаддун ва “барбарӣ” (дар Юнони бостон), дар динҳо “кофиру муслим”, қавми “интихобшуда” ва қавми “хидматгор”, худию бегона, Аҷаму Араб ва ғайра ифода меёбад.
Мафҳуми Шарқу Ғарб, ба гуфтаи муаллиф,махсусан аз тарафи шарқшиносони ғарбӣзамоне дониста шуд, ки туркҳою арабҳо барои забт ва истисмор ба самти Ғарб рафтанд, ки дар матни “кофиру мусулмон” моҳияти худию бегона ё азхудбегонашавии инсонро таҷассум мекарданд.
Баъдтар, дар давраи империяи туркҳоиУсмонӣҳамкориҳои Шарқу Ғарб ҷанбаи идеологӣ гирифт, ки то ба бархӯрдҳои сиёсию ҳарбӣ анҷом ёфт. Аммо,ин раванд, шуруъ аз охирҳои асри XVIII то асри XXбаръакс гардида, раванди мустамликадорӣ ва истисмори заминҳои Шарқ аз тарафи ғарбиёндар шакли нав сурат гирифт. Ин бинишҳои дугонаи бартариятхоҳии аврупоӣ назарияи бархӯрди тамаддунҳоро дар низоми пасошуравӣ ба миён овард.
Назарияи дигаре, ки ҷанбаи бартариятхоҳии идеологӣ дошт, ин назарияи инкишоф ва рушди“европосентризм” мебошад, яъне Аврупои пешрафта ва Шарқиақибмонда.
Чунин фаҳмиш миёни шарқшиносони классикӣ биниши яктарафаро ба вуҷуд овард ва дастовардҳои фарҳангии Шарқро ҳамчун “ирфонӣ”,“архаикӣ” ва “экзотикӣ”муаррифӣ карданд. Чунин фаҳмиши маҳдуд муносибатҳои Шарқу Ғарбро печидатар кард.
Дар ибтидои асри бист биниши яктарафаи шарқшиносон, ки дар асоси аврупомарказӣнисбат ба фаҳмиши Шарқбуд, тағйир хӯрд. Аввалин нафаре, ки барои шинохти шарқшиносии муосири тоҷик ибтикори тозае дар ин маврид нишон дод, ин академик Бобоҷон Ғафуров ва идомабахши ин ташаббуси наҷиб Институти шарқшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, махсусан роҳбари онвақтаи ин ниҳоди муътабар академик МуҳаммадОсимӣ буд.
Чунин вижагиҳои баланди инсонӣ ва ҳифзи суннатҳои илмию хирадмандиро устод МуҳаммадОсимӣниз воқеанҳам,идома дода, илми тоҷикро рушду тавсеа бахшид.
Ин ду абармарди илми тоҷик бо вуҷуди низоми тоталитарии вақт, ки тамоми ҳаёти ҷамъиятиро назорат мекард, аз як тараф,пайгирӣ карда,аз тарафи дигар бошад, бо ташаббуси инсонӣ ва миллии хеш манфиатҳои кишвару миллати хешро ҳамеша пуштибонӣмекарданд, то худогоҳии миллии моро оҳиста-оҳиста рушду нумуъбахшида, ҳамчунмиллатибумӣватамаддунофариОсиёиМарказӣдардохилваберунмуаррифӣнамоянд.
Инсон аз назари мактаби экзистенсионалӣ як мавҷуди бечора ва танҳо дар ин Замин аст, ки ягона такягоҳи ӯ озодиаш мебошад.
Ӯ ду ҳамсафари доимӣ дорад, ки яке тарс ва дигаре ноумедист. Ин ҳолати руҳию равонии баъдиҷангии солҳои 1941-1945 буд, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифта, ба нигилизм (ҳеҷангорӣ) расонида буд.
Дар фазои “хавфу риҷо” (тарсу умед)-и низоми тамомиятхоҳва фазои нигилизми маънавӣ ин ду абармарди тоҷик бо камтарин имконият манфиатҳои миллию давлатиро авлавият гузошта, аз зиндагии роҳатталабӣ (конформизм) даст кашиданд, то мардумро аз ҳолатҳои афсурдагӣ ва ноумедӣ наҷот диҳанд ва кишварро аз вартаи нобудӣ ва гирдоби ҳодисаҳои геосиёсӣ берун оваранд. Воқеан ҳам, онҳо бо кору пайкори хеш миллати тоҷикро аз ноумедию дармондагӣ ва бечорагии баъдиҷангӣ дар Тоҷикистони навсохти асри имрӯз аз нав эҳёкарданд.
Дар бахши чоруми ин китоб дар бораи таърихи илми шарқшиносӣ дар Иттиҳоди Шуравӣбаҳсҳо матраҳ шудааст.
Ба гуфтаи академик Акбар Турсун, илми шарқшиносӣ дар ибтидои барқароршавии Иттиҳоди Шуравӣ начандон муҳим ва назаррас мебошад. Зеро, назарҳои классикони шарқшиносӣ, аз ҷумла академик В.В.Бартолд ва дигарон дар тақсимоти Осиёи Марказӣ аз тарафи болшевикон сарфи назар шуда, қариб, ки ҳеҷ эътиборе надоштанд.
Қайд бояд кард, ки шарқшиносон барои бедории миллии кишварҳои мустаъмирашуда саҳми зиёд доштанд, гарчанде ин мероси муаррифишуда омехта ба сиёсат ваидеологияи замон буд.
Дар бахши панҷуми рисола фаъолиятҳои ҷоннисоронаи академик Бобоҷон Ғафуров оид ба пуштибонии миллат ва фарзандони ӯҷой дода шудааст, ки бо ҷурми сиёсӣ бадном шуда буданд.
Аллома Бобоҷон Ғафуров,то ҳадде, ки имкон дошт, чунин дигарандешон ва бечорагони саркӯбшудаи низоми тамомиятхоҳи замонроҳимоят кардаанд. Инчунин,устод БобоҷонҒафуров натанҳо ба миллати хеш, балки аз намояндагонидигар миллатҳои Иттиҳод низ аз ин вабои сиёсӣ - “репрессия” (бадарға) мисли Мухтор Авезов, ки миллаташ қазоқ буд,пуштибонӣкардааст.
Бахши дигари ин китоб доир ба фаъолияти ташкилотчигӣ ё мудирияти Институти шарқшиносии Иттиҳоди Шуравӣ аз тарафи академик Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Зимни ташкили чунин як институт академик Бобоҷон Ғафуров тавонист ихтисосҳои гуногунро дар як ниҳод ба ҳам оварда, таҳқиқотҳои байнисоҳавиро дар илми шарқшиносии замони хеш ба роҳ монад. Ҳамзамон, мутахассисони маҳаллиро пуштибонӣ кард,то барои омӯзиши таърихи кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳқиқотҳои пурарзише анҷом диҳанд.
Бо ташкили семинару конференсияҳои дохилию байналмилалӣакадемик Бобоҷон Ғафуров эҳёи арзишҳои суннатҳои миллию минтақавиро ба роҳ монда, ҷойгоҳи онро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣнамуд, махсусан,дар ин росто аввалин ташаббускори лоиҳаи таҳқиқотӣ барои омӯзиши таърихи фарҳангу тамаддуни Осиёи Марказӣ аз тарафи ЮНЕСКО буд.
Академик Бобоҷон Ғафуров ташаббускори бекор кардани маҳдудиятҳои сунъии замони рукудва дар гузориши масъалаҳои илмӣ дақиқназар ва дурандеш буд.
Дар таҳқиқот муносибати БобоҷонҒафуров дар навишти китоби “Тоҷикон” ё “Таърихи халқи тоҷик” ва мунаққидони ғаразноку нописанд, мисли академик И.М.Дьяконов, Борис Литвинский ва дигарон доир ба ин шоҳасари миллати тоҷик мавриди нақдубаррасӣқароргирифта, ҷавоби муносиб барои чунин намакношиносон дода шудааст.
Бахши дигари ин китоб дар бораи идомадиҳандаи мактаби илмии Бобоҷон Ғафуров - академик Муҳаммад Осимӣ мебошад, ки дар ин марҳала китоби “Таърихи тамаддуни Осиёи Марказӣ”-ро бо дастгирии ЮНЕСКО навишта буд ва аввалин шуда, таърихи муштараки миллатҳоиминтақаробатавриилмӣтаҳия кардааст.
Дар ниҳояти ин рисолаакадемик Акбар Турсун фаъолиятҳои илмию ташкилочигии ду офтоби тобони илми тоҷикро, ки дарэҳёи дубораи илми шарқшиносӣ дар омӯзиши минтақа ва раванди таҳаввули илми шарқшиносии академикӣхидмат намудаанд ва то ҳол ин суннату анъанаҳои илмӣ арзиши худро гум накардаанд, ба таври арзишманд таҳлилубаррасӣкардааст.
Ин суннату анъанаҳои илмӣ зарурати пайгирӣва омӯзиши мудом аз тарафи ҳаммиллатон ва дигар кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, ҳамчун машъали дурахшон метавонад рӯшангари имрӯзу фардои миллатбошад.
ЁрмуҳаммадНИЁЗӢ,
доктори илмҳоифалсафа,
сарходими илмии Институти омӯзиши
масъалаҳоиОсиёваАврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон