Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Дар ноҳияи Рӯшон ошхонаи «Тезтайёр» ба истифода дода шуд

Дар ноҳияи Рӯшон ошхонаи «Тезтайёр» ба истифода дода шуд

20-11-2023, 11:52
Хабарро хонданд: 576 нафар
Назарҳо: 0
Дар деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон ошхонаи «Тезтайёр» мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшон хабар медиҳад.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Рамеш Худоиев бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид.

Зимни боздид аз ин ошхона раиси вилоят ба шароит ва хизматрасонии сатҳи баланд дар он баҳои баланд дод.

Гуфта шуд, ки бунёди чунин ошхонаҳои замонавӣ на танҳо барои сокинону меҳмонони вилоят шароити хуб фароҳам меоварад, балки барои рушди сайёҳӣ низ мусоидат менамояд.

Таъкид гардид, ки дар марҳилаи рушди вилоят соҳибкорони ватандӯст таҳти сиёсати бунёдкорони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои созандагӣ машғул шуда, дар ободонии диёр ҳисса мегузоранд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: