Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲО

КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲО

3-11-2023, 15:21
Хабарро хонданд: 241 нафар
Назарҳо: 0
КОНСТИТУТСИЯ - РОҲНАМО ВА КАФИЛИ ҲУҚУҚУ ОЗОДИҲО Конститутсия қонуни асосии давлат буда, сохти давлат ва рушди ҷомеаро муайян ва танзим менамояд. Конститутсияро мардум бо ифтихору эътимод “Бахтнома” ва ё “Маромномаи миллат”, “Роҳнамои давлат”, “Эътимодномаи ҳуқуқу озодӣ ва баробарҳуқуқии халқ”, “Шоҳномаи тоҷу тахт”, “Шиносномаи давлат”-у “Бахтномаи миллат” низ ном мебаранд. Конститутсия озодию соҳибистиқлолӣ, баробарию комилҳуқуқӣ, соҳибихтиёриву соҳибдавлатӣ, дӯстию тавоноӣ, эътиқоду эътимод, бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва мушкилкушои ҳар фарди ҷомеа аст.
Сайри таърихии Конститутсия ҷолиби диққат аст. Тавре аз таърих огаҳӣ дорем, нахустин Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар, яъне Эъломияи ҳуқуқи башар аз ҷониби шоҳ Куруши Кабир - асосгузори давлати Ҳахоманишиён дар соли 538 пеш аз мелод эълом шудааст. Он дар таърих бо номи “Силиндри Куруш” низ машҳур буда, ба забони аккадӣ таълиф гардидааст. Бинобар сабаби дар шакли гилнавишти силиндрмонанд мураттаб гардидани Эъломияи мазкур, он бо номи “Силиндр (катиба)-и Куруш” низ ёдовар мешавад, ки чанде пеш намуди рамзии он дар Боғи фарҳангию фароғатии Куруши Кабири шаҳри Душанбе гузошта шуд.
Эъломияи Куруши Кабир на ин ки яке аз манбаъҳои муқаддаси давлати Ҳахоманишиён, балки муҳимтарин сарчашмаи таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон дар масъалаҳои озодии эътиқод, зисту зиндагонӣ, меҳнату фаъолият, интихоби манзилу моликият ва амсоли инҳо мебошад, ки то имрӯз миёни ҷомеа меъёрҳои худро гум накардааст.
Соли 1969-и мелодӣ, яъне пас аз 2507 сол аз эъломи Эъломияи ҳуқуқи башар намояндагони кишварҳои гуногун ҳангоми зиёрати оромгоҳи Куруш аз ӯ ба унвони нахустин поягузори ҳуқуқи башар ва озодии инсон ёд карданд, чунки Куруши Кабир дар ҳамон давраҳои аввали инкишофи тамаддуни башарӣ риояи ҳуқуқи инсон ва адолату инсофро асоси давлатдорӣ меҳисобид. Аз таърих маълум аст, ки барои сарнагун кардани зулму истисмори шоҳи Бобул мардум Курушро даъват мекунанд. Пас аз зулми шоҳи Бобул озод намудани мардум Куруш Маншур ва ё ба истилоҳи имрӯза - Эъломия интишор мекунад. Дар Эъломия, пеш аз ҳама, ба масъалаи озодӣ ва унсурҳои он, аз қабили озодии виҷдон, ки нахустзаминаи давлати демократӣ маҳсуб меёбад, таваҷҷуҳ менамояд ва таъкид мекунад: “Артиши бузурги ман ба оромӣ вориди Бобул шуд. Нагзоштам ранҷу озоре ба мардуми ин шаҳр ва ин сарзамин ворид ояд… ба тирабахтии онҳо поён бахшидам. Ман бардадориро (ғуломдориро) барандохтам. Фармон додам ҳамаи мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва ононро наёзоранд”.
Ин шуҷоату родмардӣ ва саховату мардонагии ӯро ба инобат гирифта, мардуми Бобул ба ӯ унвони “Шоҳи Бобул”, “Шоҳи сарзаминҳо”-ро медиҳад. Аз ин ба баъд Маншури ҷаҳонии ҳуқуқи башар ҳамчун Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърих сабти ҷовидонӣ ёфт ва бешубҳа, дар замони муосир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва заминаи пайдоиши конститутсияҳо маҳсуб меёбад.
Дар давоми зиёда аз дуюмин ҳазорсола меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир моҳияти худро гум накарда, муҳимтарин нишондодҳои он дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар Эъломияи ҳуқуқи башар, ки 10-уми декабри соли 1948 қабул гардидааст, истифода шудаанд.
Дар садсолаи охир зуҳури Конститутсияи нахустини рӯйи оламро ба кишвари Амрико нисбат медиҳанд. Бори аввал соли 1778 дар Амрико нахустин Конститутсия таҳия гардид, ки ба таври расмӣ он аз соли 1791 мавриди амал қарор дода шуд. Баъдтар дар Фаронса, Австрия, Венгрия, Олмон ва дигар кишварҳои Аврупо конститутсияҳо қабул карда шуданд. Дар собиқ Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ бори авввал дар соли 1918 ва баъдан дар соли 1924 Конститутсия қабул гардид.
Дар даврони Тоҷикистони Шуравии то соҳибистиқлолӣ солҳои 1929, 1931, 1937 ва соли 1978 конститутсияҳо қабул шуда буданд, ки вобаста ба замон муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро танзим менамуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз то ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ кӯшиши ҷавобгӯи талаботи замон таҳия шудани Конститутсияи нав ба миён омада буд. Соли 1990 дар давраи авҷи насими демократия ҳаракати истиқлолхоҳӣ дар собиқ давлатҳои Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ зиёд шуд ва ин раванд тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро тезонид. Ҳанӯз дар соли 1989 аз ҷониби ҳизби ягонаи ҳукмрони коммунистӣ, ки роҳбарии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар шакли Комитети Марказии Партияи Коммунистии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба зимма дошт, ҷиҳати таҳияи лоиҳаи Конститутсияи нав гурӯҳи корӣ таъсис шуда буд.
23-юми августи соли 1990 бо қарори Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон комиссияи конститутсионӣ доир ба тайёр кардани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, вале нофаҳмиву кашмакашиҳо ва ҷанги шаҳрвандӣ имкон надод, ки Конститутсияи нав қабул гардад. Риоя нагардидани меъёрҳои ҳуқуқӣ, махсусан меъёрҳои конститутсионӣ боиси мухолифатҳои мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ шуда, оқибатҳои даҳшатноку фоҷеабореро ба бор овард.
Дар масъалаи ба ҳам омадан ва ба сари қудрат овардани давлати конститутсионӣ саҳми Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби Хуҷанд баргузор гардид, бояд махсус зикр кард. Иҷлосия ҳокимияти конститутсиониро таъсис дод ва заминаҳои воқеӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нав ба миён омад. 23-юми июни соли 1993 комиссияи нави корӣ бо мақсади қабули Конститутсияи нав таъсис дода шуд, ки раисии онро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дошт.
Рӯзҳои 21-22-юми апрели соли 1994 лоиҳаи нави Конститутсия дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо чоп гардид. Лоиҳаи мазкур пас аз 6 моҳи дар муҳокимаи умумихалқӣ қарор доштан ва пас аз такмилу ворид намудани тағйиру иловаҳо 6-уми ноябри соли 1994 ба таври Раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва хулосаи андешаи тамаддунофар, асолату ҳувияти миллӣ, ҷасорату таҳаммулгароӣ, матонати сиёсиву маърифати фарҳангӣ ва маҳсули арзишҳои бунёдию умумибашарии ҳуқуқӣ қадами устуворона ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд ниҳод. Он ҳамчун ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, таърихӣ ва ҳуқуқии кишвар ифодагари иродаи халқ ва таҷассумгари роҳи нави таърихӣ - бунёди ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Ҳамасола 6-уми ноябрро ҳамчун санаи таърихиву фаромӯшнашаванда ва пурнишот - Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн мегирем. Ин рӯз дар таърихи соҳибистиқлолии миллии кишварамон сафҳаи тозаеро дар рушду ташаккули давлати тозаистиқлол ва ҳуқуқбунёд кушод. Яке аз бузургтарин дастоварди соҳибистиқлолии миллии кишвар ин қабули Конститутсияи ба таври раъйпурсии умумихалқӣ интихобнамудаи халқ мебошад, ки истиқлолияти миллии кишварро ба расмият дароварда, роҳи минбаъдаи рушду инкишофи ҷомеаи навини Тоҷикистонро муайян намуд.
Ҳадафи ниҳоии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона буда, ҳамчунин дахлнопазирии ҳуқуқу озодиҳо, ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон кафолат дода мешаванд. Ҳадафи ниҳоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шакли давлатдории эътирофшуда ва мутамаддини ҷаҳонӣ низ ҳамин аст.
Конститутсия низоми ташаккули давлатро муайян кард. Идораи президентии муайяннамудаи Конститутсия ҳамчун низоми ягона ва сохтори муайяни ҳокимияти иҷроия дар раванди сулҳу субот, ваҳдату оромӣ, қонунияту волоияти қонун ҳисса гузошта, Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ муаррифӣ намуд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардидааст, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Конститутсия ҳамчун қонуни асосӣ муносибатҳои муҳимтарини ҷомеаро танзим карда, риоя ва татбиқи он вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрвандон маҳсуб меёбад.
Ҳамчун шаҳрвандони комилҳуқуқи ин марзу бум ифтихор аз он дорем, ки аз 100 моддаи он 34 модда ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсону шаҳрванд бахшида шудааст. Яъне, аз 3 зиёдтар аз 1 ҳиссаи он ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он бахшида шудааст.
Конститутсия кафолат медиҳад, ки шаҳрванд дар баробари зисту зиндагонӣ аз ҳуқуқу озодиҳои худ бархӯрдор бошад, шаҳрвандии худро танҳо дар доираи талаботи Конститутсия ба роҳ монад, баробарии худро дар назди қонун ва суд новобаста аз миллату нажод, ҷинсу забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулк эҳсос кунад. Ҳуқуқ ба ҳаёт, манзили истиқоматӣ, мукотибот, мусофирату интихоби маҳалли зист, муносибат ба дин, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ, дар маҷлису роҳпаймоиҳои осоишта, истифодаи воситаҳои ахбор, моликияту мерос, ташкили оила, тарбияи фарзандон, интихоби касбу кор, ҳуқуқ ба манзилу истироҳат, ҳифзи саломатӣ, таъминоти иҷтимоӣ, таҳсил, иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, ҳимояи манфиати давлат, ҳифзи табиат, таъмини Истиқлоли давлатӣ, амнияти шаҳрвандон ва эҳтиром ба муқаддасоту арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ унсурҳое мебошанд, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба шаҳрвандон кафолат додааст.
Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони варзидаи байналхалқӣ ва созмонҳои бонуфузи сиёсии ҷаҳон яке аз конститутсияҳои беҳтарин ва демократитарин эътироф шудааст. Конститутсия роҳи рушди ояндаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян намуда, заминаҳои асосии давлатӣ ва низоми сиёсиро фароҳам овардааст.
Таҳкими давлатдории навини тоҷикон боиси рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ва устуворгардии сохтори сиёсиву вазъи ороми ҷомеа зарурати ба Конститутсия ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат ворид намудани тағйиру иловаҳоро овард. 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 тариқи Раъйпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, манфиатҳои шаҳрванд ва миллату давлат ва эътибори олии ҳуқуқии он мукаммал гардонида шуд.
Воқеан ҳам, дар тӯли 29 соли мавҷудияти Конститутсия арзишҳои он ба куллӣ собит гаштанд. Конститутсияи даврони истиқлол дарвоқеъ, ифодагари манфиатҳои волои миллату Ватан, муайянкунандаи низоми устувори давлатдорӣ ва сохтори идораи ҷомеа, кафолатбахши ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъминкунандаи истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ ва амсоли инҳо эътироф гардидааст.
Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки дар заминаи талаботи модда ва бандҳои алоҳидаи Конститутсия қабул шудаанд, дар давоми 29 сол бо дарназардошти талаботи замони муосир борҳо мавриди таҷдиди назар қарор гирифта, мукаммал гардонида шудаанд. Аз ҷумла, борҳо мавриди таҷдиди назар қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва ба он ворид шудани тағйиру иловаҳо, эътирофи ҳуқуқу озодиҳо ва мақому манзалати шаҳрвандон ва субъектҳои раванди таълиму тарбия мебошад.
Қонун «Дар бораи маориф» ифодагари моддаи 41-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи шаҳрвандонро дар худ ва дигар санадҳои ҳуқуқии зерқонунӣ таҷассум намудааст. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» 27-уми декабри соли 1993 қабул гардида, солҳои 1997, 2004 ва 2013 дар такмилу таҳрири нав қабул карда шуд. Дар ин муддат бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонун «Дар бораи маориф» дар маҷмуъ, зиёда аз 24 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, дар заминаи моддаҳои дахлдори он санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунӣ ба тасвиб расонида шуданд.
Бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуданд.
Бо мақсади таҳкими раванди таълиму тарбия, ташаккули қобилият, рушди зеҳнӣ, огаҳӣ ва дастрасӣ ба технологияҳои муосири инноватсионӣ, дарку эҳсоси масъулияти базиммадошта, такя ба адабиёти муосири таълимию илмӣ, рӯ овардан ба навҷӯиву навоварӣ ва кашфиёту ихтироот, дар зинаҳои баъдидипломӣ давом додани таҳсил ва қонеъ намудани талаботи бозори меҳнат бо мутахассисони босалоҳият дар доираи низоми миллии тахассусҳо мутаносибан қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат», ҳамчунин чандин санадҳои зерқонунии дигари дар шакли низомномаву стратегия ва барномаву консепсияҳо қабул гардида, раванди таълиму тарбияро дар тамоми зинаҳои таълимӣ ба танзим дароварда, ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба таҳсил таъмин менамоянд.
Таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи он ки «Ин санади муқаддас, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият дароварда, орзую ормони мардуми барӯманди моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланду созандаи моро ба сӯйи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад», бояд махсус зикр кард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз менамояд. Барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ҳар як шаҳрванд ва муассисаву ташкилотҳои давлативу ғайридавлатӣ бо мақсади пешрафти иқтисодиёти кишвар, таҳкими сулҳу субот, пойдории ваҳдати миллӣ, оромии сиёсӣ ва ободиву шукуфоӣ заминаҳои мусоиди меъёрӣ-ҳуқуқиро фароҳам меорад.
Дар чаҳорчӯбаи муқаррароти Конститутсия ва риояи бечунучарои тартибот ва муқаррароти ҳуқуқӣ зиндагонию таҳсил ва фаъолият кардан, баҳри амалишавии иқдомҳои стратегии давлат ва таъмини суботу фазои конститутсионӣ кӯшиш ба харҷ додан, кӯдакону наврасон - махсусан ҷавононро дар руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳифзу гиромидошти Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, эҳтиром ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ ва волоияти қонун тарбия ва ҳидоят намудан масъулият ва вазифаи ҳар фарди кишвари соҳибтамаддун ва комилҳуқуқ дар доираи муқаррароти Конститутсия аст.

Раҷабалӣ САНГОВ,
узви фаъоли ҲХДТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: