Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ба хоҷагиҳои тухмипарвари Тоҷикистон техникаҳои кишоварзӣ супорида шуданд

Ба хоҷагиҳои тухмипарвари Тоҷикистон техникаҳои кишоварзӣ супорида шуданд

11-10-2023, 17:31
Хабарро хонданд: 113 нафар
Назарҳо: 0
Ба хоҷагиҳои тухмипарвари Тоҷикистон техникаҳои кишоварзӣ супорида шуданд10 октябр ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ба хоҷагиҳои тухмипарвари ҷумҳурӣ дар доираи лоиҳаи «Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ» техникаҳои кишоварзӣ супорида шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзӣ хабар доданд.

Ба хоҷагиҳои тухмипарвари мамлакат техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла — 20 испор, 15 нармкунак, 13 тухмипошаки пахта, 13 тухмипошаки ғалладонагиҳо, 4 тухмитозакунак, 15 картошкаканак, 15 картошкашинонак, 2 заминҳамворкунак, 4 пахтатозакунак ва 4 тойбанди пахта супорида шуд.

Зимни супоридани техникаҳои кишоварзӣ таъкид гардид, ки дар марҳилаи оянда ба хоҷагиҳои мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани ваъзи моддиву техникияшон техникаҳои кишоварзӣ дастрас карда мешаванд.

Хоҷагидорон барои дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, гуфтанд, ки дар ҷавоби ин ғамхориҳои пайваста дар рушди соҳа ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм мегузоранд.

Маҳз дар доираи ин лоиҳа соли 2022 барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар мавсими соли 2023 ба миқдори 280 тонна тухмии гандум бо иловаи 3507,4 тонна нуриҳои минералӣ харида шуда, дар асоси шартномаи тарафайн ба хоҷагиҳои тухмипарвар барои такрористеҳсолкунӣ дастрас гардид. Дар натиҷа имсол ҳосили хуб ба даст оварда шуд.

Дар доираи лоиҳа барои кишти соли 2024 гандуми тухмии гурӯҳи элитаи навъҳои «Гром» 150 тонна, «Алексеич» 200 тонна, «Тимирязевка 150» 150 тонна бо иловаи 1250 тонна нурии минералӣ харидорӣ гардидааст, ки ба хоҷагиҳо дастрас мегардад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: