Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ таҳти унвони "Забон рукни муҳими давлатдории миллӣ" баргузор гардид.
Дар ҳамоиши идона намояндагони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҳизбии пойтахт ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд.
Ҳамоиши ҷумҳуриявиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар моддаи 2 Конститутсияи ҷумҳурӣ муқаррар шудааст, ки «Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст». Аз ин рӯ, ин ҳолат аз он гувоҳӣ медиҳад, ки яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ ҳифзи забони он мебошад. Забони тоҷикӣ василаи маҳфуз доштани мероси гаронбаҳои маънавии беш аз чанд ҳазорсолаи халқи тоҷик буда, дар таърихи тӯлонӣ дар муборизаҳо ҳамеша муттаҳидгари халқи тоҷик маҳсуб меёфт. Истиқлоли давлатӣ дар посдории забони давлатӣ низ нақши бориз дорад. Зеро он забони модариро ба шоҳроҳи инкишоф бароварда, имконият фароҳам овард, ки ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ дода шавад.
Сипас, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода аҳли нишастро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфта, таъкид кард, ки дар шароити бархӯрди манофеи абарқудратҳо ва ҷаҳонишавии фарҳангу тамаддунҳо ҳифзу ҳимояти он бояд вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва соҳибони забон бошад.
Дар идомаи ҳамоиш ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарангис Шарифзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатшо Матробиён ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Сафаргул Ҳалимова дар мавзуъҳои "Забони тоҷикӣ баёнгари арзишҳои маънавии миллат", "Забон сармояи зеҳнӣ ва маънавии миллӣ", "Меъёрҳои забони давлатӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва “Забони модарӣ - сарчашма ва пойдевори худогоҳиву худшиносӣ” маърузаҳо карданд.
Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои бузурги давлатию таърихӣ мебошанд, ки дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёти ҷумҳурӣ дар рушди забон дар замони соҳибистиқлолӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Зеро забон ба унвони падидаи фарҳанги миллӣ аз замони пайдоиш барои нигоҳдории таърих, арзишҳои маънавии миллат, анъана ва суннатҳои мардумӣ хизмат карда, ҳамчун муҳимтарин унсури бақои миллат худро муаррифӣ намудааст. Тавассути забон дар ҳофизаи хаттии миллатҳо маҷмуи тафаккур ва андешаи мардум ҳамчун мероси маънавӣ аз наслҳои гузашта то имрӯз нигоҳдорӣ гардидааст, ки барои таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ мусоидат мекунад. Таъкид гардид, ки дар замони Истиқлоли давлатӣ бо кушиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ ба куллӣ дигар шуд. Бо дарки муҳимтарин ва умдатарин масъала, яъне хусусияти муттаҳидгардонӣ ва ваҳдатофарини забон Роҳбари давлатро ҳамчун рукни устувору побарҷойи давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки аз азамату ҷалол ва иқтидору нерую тавоноии забони тоҷикӣ сарчашма мегирад.
Дар фарҷом як қатор фаъолони ҳизб барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ ва саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ бо сипосномаҳои ҳизбӣ сарфароз гардонида шуданд.
ПЕШВОИ МИЛЛАТ- ҲОМИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Ҷашни забони давлатӣ парвардаи замони Истиқлол ва замони эҳёи давлатдории миллии тоҷикон аст. Бузургдошти забони модарӣ, сарнавишти таърихӣ ва мақоми он дар пойдории давлатдории миллӣ ва арзишҳои ҳувиятсози миллӣ дар назариёти сиёсӣ ва сабки давлатдории Пешвои миллат аз аҳаммияти бағоят муҳим бархӯрдор аст.
Вобаста ба ин, аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Пешвои миллат - ҳомии забони тоҷикӣ” баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе як қатор олимону донишмандони соҳа, ҷавонони фаъол, аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва намояндагони васоити ахбори омма ҳузур доштанд. Ҳамоишро намояндаи Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Насим Ҳомидзода ифтитоҳ бахшида, зикр намуд, ки 14 сол муқаддам, яъне санаи 5-уми октябри соли 2009 бо назардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатӣ” қабул гардид. Забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарват, ифтихор ва рӯйи сурху сари баланди мо - тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад. Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, таҷлил мешавад.
Гуфта шуд, ки ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибони забон мебошад. Барҳақ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид мекунанд, ки забони миллӣ барои дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кардани миллат нақши калидӣ дорад.
Маърузачиён таъкид карданд, ки бузургони миллати тоҷик дар тӯли таърих бо ин забони ҷаззоб осори арзишманди адабӣ, бадеӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба мерос гузоштаанд. Мо ифтихор мекунем, ки Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Мавлонои Балхиву Бедил ва ҳазорон нафари дигар қалби ҷаҳониёнро бо ин забони ноб, яъне забони модариву давлатии мову шумо тасхир кардаанд.
Дар хотимаи ҳамоиш як гурӯҳ иштирокчиён бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.
ТАРАННУМИ ВАҲДАТ ДАР БОМИ ҶАҲОН
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дастур ва роҳнамоиҳои Раиси маҳбуби хеш, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили дастгириву боло бурдани мақоми зан ва тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа ҳамеша афзалият медиҳад. Ин тадбир дар барномаҳои ҳизб мақоми махсусро ишғол менамояд.
Бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маркази маъмурии вилоят - шаҳри Хоруғ ҳамоиши бонувони вилоят таҳти унвони “Тараннуми Ваҳдат дар Боми ҷаҳон” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, занону бонувони касбу кори гуногун, собиқадорони меҳнат, ходимони ҷамъиятию сиёсӣ, шахсони рӯзгордида, аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷоизадорони озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва мусобиқаҳои минтақавию байналмилалӣ, роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҳизбӣ иштирок карданд.
Ҳамоиш аз тамошои намоишгоҳи асарҳои таълифнамудаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои олимону адибон ва донишмандони вилоят, дастовардҳои бонувону занони Бадахшон дар замони соҳибистиқлолӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби занон оғоз гардид.
Қабл аз оғози ҳамоиш раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ҳозиринро хайрамақдам намуда, аҳли толорро бо Рӯзи забони давлатӣ шодбош гуфт.
Ҳамоиши мазкур бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ ифтитоҳ ёфта, мавсуф оид ба баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа бо ибтикори Пешвои миллат сухан карда, аз ҷумла афзуд, ки имрӯз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан сиёсатмадори шинохта, донишманди асил, соҳибкори саховатпеша, табиби ҳозиқ, олим, омӯзгор ва модари мушфиқу меҳрубонро мебинад ва ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Ҳукумати мамлакат барои занон тамоми шароитҳоро муҳайё намудааст, то рӯзгори худро пеш бурда тавонанд. Хайриниссо Юсуфӣ инчунин доир ба муваффақиятҳои занон дар соҳаҳои гуногун маълумот дода, саҳми Пешвои миллатро дар ин самт, ки пайваста бонувонро дастгирӣ мекунанд, арзишманд маънидод карданд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, узви Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Солеҳа Холмаҳмадзода оид ба баланд бардоштани мақоми зан ва саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он дар тӯли 32 соли соҳибистиқлолӣ ва нақши зан дар ҷомеа, сардори филиали “Амонатбонк” дар ноҳияи Рӯшон, Роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Амонат” Зайнаб Мамадназарзода дар мавзуи “Занҳои муваффақ ва бонк дар даврони Истиқлол”, муовини сардухтури Беморхонаи марказӣ дар ноҳияи Ванҷ Шафоат Шарифова дар мавзуи “Саҳми табибон дар саломатии омма”, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики Муассисаи таҳсилоти миёнаи умии №12-и ноҳияи Мурғоб Памира Ақризобекова дар мавзуи “Нақши бонувон дар соҳаи маорифи ноҳияи Мурғоб”, соҳибкори инфиродӣ аз деҳаи Даршайи Ҷамоати Вахони ноҳияи Ишкошим Меҳринисо Муборакқадамова дар мавзуи “Рушди ҳунар наҷоти оила” суханронӣ карданд.
Сипас, маросими супоридани сипосномаҳо ба фаъолони ҳизбӣ доир гардида, ба кормандони касбу кори гуногун аз ҳисоби занону бонувон, ки мавқеи сиёсии худро муайян намудаанд, шаҳодатномаи ҳизбӣ ва нишонҳои сарисинагии ҳизб супурда шуданд.
Дар охири ҳамоиш бо иштироки ҳунармандони дастаҳои ҳунарии шуъбаи фарҳанги вилоят зери шиори “Занону бонувон - хушбахтии замон ва нурбахши ҷаҳон” барномаи идонаи консертӣ баргузор гардид.
САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН
Ҳамасола 1-уми октябр бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар саросари мамлакат даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ оғоз ва маъракаи гусели наваскарон баргузор мегардад.
Ин аст, ки сол аз сол сафи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ зиёд шуда, аксар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар рӯзи аввал аз иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ мужда расонданд. Имсол низ дар баробари шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чандин шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон низ дар рӯзи аввал нақшаи даъвати тирамоҳии наваскаронро иҷро карданд. Инчунин дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон аз шаҳри Душанбе 426 нафар ҷавонон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд.
Масъулини кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сафарбар намудани ҷавонони синни даъватӣ маъракаҳои таблиғотиву ташвиқотиро роҳандозӣ намуда, баҳри бедор кардани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ва дар руҳияи хештаншиносиву ходогоҳӣ тарбия намудани онҳо корҳои назаррасеро ба сомон мерасонанд.
Дар ҷараёни иҷрои корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонони синни даъватӣ оид ба сафарбаркунии ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак 4 нафар ҷавони боғайрату ҷасур барои сафарбар намудан ба сафи Артиши миллӣ ва адои хизмати ҳарбӣ ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак муроҷиат кард.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Шаҳло Ҳасанзода зимни суҳбат бо ин ҷавонони ҷасур ва волидайни онҳо иброз дошт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони банангу шуҷои Ватан мебошад.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони бедордилу ватандӯст бояд хизмати Ватан-Модарро бо сари баланд ва виҷдони пок адо намояд. Пас аз суҳбати самимӣ дар фазои идона ба даъватшавандагон шаҳодатномаҳои сарбози ихтиёрии ҲХДТ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Инчунин, бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 7 нафар ҷавонон ҳамчун сарбози ихтиёрии ҳизбӣ сафарбар гардид, ки ба ин ҷавонони далер дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбии "Сарбози ихтиёрӣ" тақдим карда шуданд.
ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ
Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва дархости шаҳрвандон ҷиҳати аъзо шудан ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва таъсиси ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар “Маркази тарбияи ҷисмонии тиббӣ дар минтақаи Кӯлоб” маҷлиси муассисон баргузор гардид.
Дар ибтидо раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода иштирокчиёни маҷлисро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, бо овоздиҳии иштирокдорон онро тасдиқ кард. Ҳамин тариқ, дар асоси моддаи 4.2-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аъзои нави ҳизб ба қайд гирифта шуда, дар муассисаи мазкур ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Гиёҳшиносӣ" таъсис дода шуд. Аз рӯйи ин масъала иштирокчиёни ҷаласа суханронӣ карда, иқдоми мазкурро дастгирӣ намуданд.
Ҳамзамон, бо ҷонибдории аъзои ҳизб Абдуғафор Қадамов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб гардид. Дар идома аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба нафарони нав ба сафи ҳизб шомилшуда супорида шуданд. Аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии навтаъсиси "Гиёҳшиносӣ" ваъда доданд, ки дар корҳои ҳизбӣ фаъолона иштирок карда, дар пешрафти фаъолияти ҳизбӣ саҳмгузорӣ мешаванд.
Ғайр аз ин, дар “Муассисаи нақлиёти тиббии №2-и минтақаи Кӯлоб” ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ бо номи "Тарбияи ҷисмонӣ" таъсис дода шуд, ки бо дастгирии аъзои ҳизб Абдуғаффор Қадамов раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур интихоб гардид.
АЁДАТИ РОДМАРДОНИ ШУҶОИ ВАТАН
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов барои аёдати сарбозони Баталиони 4-уми Бригадаи посбоникунандаи 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми ҳарбии 9829 Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ташриф оварда, кормандон ва сарбозонро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик карданд.
Ҳамоишро Бахтиёр Исматҷонов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони давлатӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аввалин қадаме, ки Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ гузошт, дар Конститутсияи кишвар ҷойгир намудани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд.
Миллат ва халқиятҳое, ки дар ҷумҳурӣ кору зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд аз забони модариашон озодона истифода намоянд.
Дар заминаи забони тоҷикӣ омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ дар асоси муқоисаи хусусият ва дастуриву луғавии забони тоҷикӣ сурат мегирад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ ба манфиати кор буда, шахсе, ки донандаи чанд забон мебошад, аз таъриху фарҳанги миллати дигар огоҳ аст ва таъриху фарҳанги миллиро низ ба ҷаҳониён метавонад муаррифӣ намод.
Сипас, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода зимни суханронӣ зикр намуд, ки воқеан ҳам, эҳёи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат дастоварде буд, ки ба музаффарияти давлат дар шароити эҳёи давлатдории миллӣ дастовардҳои сифатан нав зам намуд. Бузургтарини он пешгирӣ намудани хатари аз байн рафтани давлату миллат ва таҳкиму густариши мақсадҳои миллӣ дар масири минбаъдаи давлатдорӣ буд. Махсусан нақши барҷастаи онро дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти ҳарбию сиёсии мамлакат дар шароити пуртазоди низои таҳмилӣ метавон арзёбӣ намуд, ки ҳамчун рисолати таърихӣ шоистаи таҳсину офаринҳост.
Дар ҳамоиш аъзоёни фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” иштирок карда, бо шароити будубоши сарбозон шинос шуданд.
Ҳамзамон якчанд нафар сарбозони пешқадам бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Мақсад аз баргузории ин ҳамоиш ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва инчунин, ҷалби ҷавонон ба ободкориву созандагӣ ва меҳнатдӯстиву хештаншиносӣ мебошад.
Таҳияи Ибодулло ТОҲИРОВ