Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ЗАБОН - САРМОЯИ ЗЕҲНӢ ВА МАЪНАВИИ МИЛЛӢ

ЗАБОН - САРМОЯИ ЗЕҲНӢ ВА МАЪНАВИИ МИЛЛӢ

6-10-2023, 09:25
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
  ЗАБОН - САРМОЯИ ЗЕҲНӢ ВА МАЪНАВИИ МИЛЛӢ
Забон сармояи зеҳнӣ, маънавӣ ва фарҳангии қавму миллат аст. Ин сармояи бебаҳоро вай дар тӯли ҳазорсолаҳо барои нигоҳ доштани ҳувият, захираҳои маънавию фарҳангӣ ва таҷрибаи зеҳнӣ андӯхта, нигоҳ дошта, дар эҷоди фикрию ҳунариаш афзуда, то ба ин рӯз овардааст.
Забони куҳанбунёди мо собиқаи таърихии беш аз 2500 сола дорад ва дар тӯли таърих ҷабру фишори зиёде кашидааст: охирин даврони форсии бостон ба давраи шоҳони Ҳахоманишӣ ба миёнаҳои қарни чаҳоруми пеш аз мелод рост меояд ва то аввалин намунаи осори форсии миёнаи нимаи дуввуми асри I пеш аз мелод аз ин сохтори қадима чизе боқӣ намондааст. Давраи тасаллути юнониён бар Эрон ва дар тӯли ҳукумати Сулукиён то замони рӯйи кор омадани Ашкониён, забони форсии тоҷикӣ чӣ дигаргунӣ ва таҳаввулотеро аз сар гузаронид, ба гӯшаи норӯшани таърих мондааст. Аз ин рӯ, дигаргунӣ ва таҳаввули забон дар ин марҳала қариб дар ду асри фосилаи замонӣ дар гӯшаи торикӣ мондааст ва ин ду асрро муҳаққиқон «ҳалқаи гумшуда» ва «даврони торик номидаанд». Давраи дуввум - форсии миёна пас аз фурӯпошии шоҳаншоҳии Ҳахоманишӣ шуруъ шуда, бо марҳилаи куҳантарин шавоҳиди форсии нав анҷом меёбад.
Давраи сеюм - забони форсии нав пас аз футуҳоти мусулмонон ва сарнагун шудани хонадони Сосониён рӯй дод. Муҳимтарин чизе, ки бар асари ин рӯйдод зоҳир гардид, ғайбати муваққатии забони порсӣ дар асрҳои 7-9 аз доираи илму адаб ва сиёсат буд ва ин ғайбатро муҳаққиқон “ду қарни сукут” номидаанд. Ғайбати муваққатии забони форсӣ гарчи аз саҳнаи илм ва адаб ин забонро аз сайри такомули худ боздошт, вале ин амр ҳаргиз боиси ғайбати ин забон аз саҳнаи бузургтар ва нерумандтар, яъне аз саҳнаи зиндагии мардуми Хуросону Мовароуннаҳр дур нагардид.
Асрҳои IХ-Х замони ташаккулёбии забони порсии дарӣ ба ҳайси забони адабии кишвари паҳновари Эронзамин буд. Донишманди маъруф Хонларӣ ривоҷу густариши забони порсии дариро дар марҳилаҳои аввали инкишоф чунин менигорад: “Наҳзате, ки дар замони фармонравоии шоҳони Сомонӣ барои тарвиҷ ва ба кор бурдани забони форсӣ ба ҷойи тозӣ оғоз шуд, бо суръати тамом вусъат ёфт, то он ҷо ки андаке баъд, дар рӯзгори Ғазнавиён, форсии дарӣ забони адабии кишвар шуд”.
Ин забони куҳанбунёд замоне дар Ғарб то кишварҳои Балкан, дар Шарқ - аз Хуросону Мовароуннаҳр то Ҳинду навоҳии Тсин-зияни Чину Туркияи Усмонӣ интишор ва нуфуз дошта, ба расмият шинохта шуда буд. Дар замони Темуриён сарзамини бузурги Ҳинд ба маркази фарҳангӣ ва рушди нави забони форсӣ табдил ёфт ва қариб 300 сол форсӣ забони расмиву давлатдорӣ дар ин кишвар буд. Маҳз дар Ҳиндустон бештар аз ду ҳазор луғату фарҳангномаҳои форсӣ таълиф шуданд, ки бо интишори “Фарҳанги Низом” дар соли 1921 ин анъана дар Ҳиндустон аз байн рафт. Ҳайҳот, ки пас аз омадани англисҳо забони форсӣ дар як минтақаи бузург аз истифода бозмонд. Вазъи фоҷеабори фарҳангӣ ин аст, ки ганҷинаи азими илмию фарҳангӣ ва адабии андӯхта дар ин сарзаминҳо бесоҳиб монд.
Дар охири асри ХIХ забони форсии тоҷикӣ дар аморати Бухоро забони расмии давлатӣ, дар хонигарии Қӯқанд тақрибан баробар тоҷикию узбекӣ ва дар Хоразм аз ҳаштод фисад боло забони туркӣ буд. Аз ин ҷо маълум аст, ки дар тӯли дуввуним ҳазор сол забон ҳамчун мавҷуди зиндаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вобаста ба ҷунбишҳои иҷтимоӣ, миллӣ ва қавмӣ, ки натиҷаи ҳаводиси бузурги сиёсӣ мебошанд, сайри ба худ хоссе доштааст.
Алҳол ҳаминро бигӯем, ки дар сад соли охир дар баъзе кишварҳо бо амри сиёсӣ ва ба тариқи қонунӣ забони форсӣ аз мақоми расмию давлатии истифода ба пойин фуроварда шуд. Ин ҷараёни танг кардан ва маҳдуд гардонидани забони форсӣ акнун бо иловаи тоҷикӣ дар кишварҳои маскуни соҳибони ин забон бошиддат идома дорад. Дур нест, ки агар ганҷинаи адабӣ дар ин кишварҳо аз Рӯдакӣ ва баъд бавуҷудомадаро соҳибону созандагонашон пушти сар намоянд ва тақдири он чӣ дар Ҳинд бо илму фарҳанг ба забони форсӣ рӯй дод, ба сари инҳо ҳам биёяд.
Дар саросари Осиёи Миёна ва Афғонистон дар асри ХӀХ ҳар касе забони форсиро забони модарии худ медонист, худро тоҷик мешинохт. Ба ин маънӣ забон як навъ шиносномаи қавмию нажодии тоҷикон буду ҳаст. Дар он ҷойе, ки бо гузашти замон ва ҳаводиси ногувор, инчунин тағйири таносуби нажодию қавмӣ ба суқути забони форсӣ ва лаҳҷаҳои маҳаллии он оварда расонд, нишонаи тоҷикӣ ва мавҷудияти тоҷик боқӣ намонд. Дар даврони нав дар бисёр мавзеъҳои Осиёи Миёна иҷборан ё бо зарурати сиёсию иҷтимоӣ шинохти тоҷиконро на аз рӯйи авсофи этникию забонӣ, балки тибқи мавқеи сиёсӣ ва фузунию бартарии дигар қавмҳо ба миён оварданд. Дар натиҷа забон аз мавқеи фарҳангӣ ва худшиносии миллӣ барканор монд ва соҳибони он ба макони сукути таърихӣ афтоданд. Чунин вазъи фоҷеаборро дар кишвари ҳамсоя дар он сӯйи руди Ому, ки қариб нисфи ҷамъияти онро мардуми тоҷиктабор ташкил медиҳад, мушоҳида мекунем, яъне вазъияти забони онҳо рӯ ба харобӣ оварда ва касе ҷуръату ёрои садо баланд кардан ҳам надорад.
Забони тоҷикии имрӯза минбари забони тоҷикони саросари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Вай намуна аз гӯйиши тоҷикии тоҷикони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва махсусан Узбекистон аст. Ин забон забонҳои суғдӣ (имрӯза яғнобӣ) ва соири забонҳои помириро ҳамроҳ ва дар паҳлу дорад. Дар таҳқиқи рушди имрӯзаи забони тоҷикӣ намояндагони ҳамаи тоҷикони кишварҳои мазкур дирӯзу имрӯз ширкат доштанд ва доранд. Забони китобии имрӯзаи тоҷикиро Садриддин Айнӣ, Деҳотию Зеҳнию Раҳим Ҳошим ва даҳҳо намоянда аз Самарқанду Бухоро, Улуғзода аз Намангон ва ҳатто Лоҳутию Ализода ва Баҳром Сирус барин касон ва дигарон бунёд гузоштаанд.
Ҳамзамон, бо касби истиқлоли кишвар мавқеи забони тоҷикӣ ба зинаи бартар расида, мақоми давлатиро соҳиб шуд. Истиқлоли давлатӣ, яъне истиқлоли сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангию забонӣ аст. Истиқлоли давлатӣ боис шуд, ки дар кишвари мо Рӯзи забон ва Қонун “Дар бораи забон” бо қарори Ҳукумат ва қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва таъин шудаанд. Мавқеи забони миллӣ дар даврони истиқлол устувор ва аз банди фишору маҳдудияту таъзиқ раҳо шуд ва тибқи банди 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, забони давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангӣ”-и кишвар истифода мешавад.
Забони тоҷикӣ аз рӯйи дараҷаи истеъмол аз поёнтарин зинаи замони Шуравӣ - аз забони хонагию маҳаллӣ раҳо гардида, дар зинаи забони давлатӣ қарор гирифт. Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чунин омадааст:
• 1. “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст. 2. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад” (Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон). Бо қудуми мубораки истиқлол забони тоҷикӣ ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил шуд.
• Дар замони Истиқлол таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат бештар шуда, қонунҳои дахлдор дар бораи рушду устуворӣ ва дар амал татбиқ кардани забони давлатӣ қабул шудаанд, аз ҷумла: Қонун “Дар бораи забон” (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, №1004), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (аз 5 октябри соли 2009, №553), Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 ноябри соли 2020, №647);
• Дар замони Истиқлол забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот - дар муассисаҳои миёнаи таҳсилоти умумӣ аз синфи дуюм то синфи 11 дар гурӯҳҳои таълимашон бо забонҳои ғайритоҷикӣ дар ҳаҷми 102 соат ва дар мактабҳои олӣ дар ҳаҷми 48 соат тадрис мешавад.
• Бо мақсади ба дараҷаи забони илм расонидани забони тоҷикӣ ва баҳри дурусту дақиқ баён кардани матлаби илмӣ теъдоди зиёди луғатномаҳои тафсирӣ ва соҳавӣ дар 32 соли Истиқлол интишор ёфтанд.
• Бори аввал Пайкараи миллии забони тоҷикӣ (2019-2021) аз ҷониби мутахассисони варзида бо фарогирии 31 миллион вожа таҳия шуд.
• Комиссияи олии аттестатсионӣ ва шуроҳои дифои тоҷикӣ таъсис ёфта, аксари рисолаҳои илмӣ ба забони тоҷикӣ навишта ва дифоъ мешаванд.
Хушбахтона, имрӯз забони тоҷикӣ мавқеи забони давлатӣ ва расмию дафтардориро дорад, аммо забони расмии адабии тоҷикӣ ба кадом гӯйиш ё гӯйишҳо такя дорад, посухи дақиқ гуфтан душвор аст. Падидаҳои умумигуфторӣ, махсусан дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе мушоҳида мешавад. Лекин умумияти гуфторӣ то ба ҷойе инкишоф наёфтааст, ки онро лаҳҷаи ягона ва марказии забони гуфторӣ гуфта тавонем. Ин ҳолат махсусан аз он ҷо сар задааст, ки дар аҳди Шуравӣ забони расмию коргузорӣ бештар забони русӣ буд. Бо ин сабаб гӯйиши мардуми шаҳришудаи Душанбе таҳти таъсири забони русӣ қарор ёфта, гӯйиши онҳо, агар чунин таъбир ҷоиз бошад, сахт русизада буд ва ин таъсир то имрӯз асароти худро нигоҳ медорад ва барои ташаккули забони “софи” тоҷикӣ мушкилӣ пеш меорад.
27-уми сентябри соли гузашта Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо донишҷӯён ва омӯзгорони Донишгоҳи давлатии байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода вобаста ба заминаҳои рушди забони давлатӣ ва риояи покизагии забон баён намуданд: “Зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем”.
Аз сӯйи дигар, дар ҳоли ташаккул наёфтани гӯйиши ягонаи наздик ба забони адабӣ (забони меъёр) тамоюли такя кардан ва рӯй овардан ба гӯйиши маҳаллӣ ва ҳатто дар пайи баъзе равияҳои гуфтории ҳамзабонони Эрону Афғонистон рафтан вусъат меёбад. Чунин ҳолати забон дар гуфтору навишт баъзе ноҳинҷориҳоро ба вуҷуд меорад.
Ёдовар мешавем, ки забони ҳазорсолаи мо забони илм ва фарҳанг аст ва забони гуфтору навиштори имрӯза бояд бо фарогирии ҳамон қабатҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ ғановат ёфта, ҳусну зебоӣ ва умқи маънӣ бигирад. Содагии омиёнаи забон ишора ба гусастагӣ аз суннатҳои илмӣ ва фарҳангии забонӣ медиҳад ва барои гӯшу ҳуш гуворо нест. Барои такомули забони адабӣ мутобиқи сатҳи имрӯзаи инкишофи ҷомеа истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳои муомилоти иҷтимоӣ, сиёсӣ, маъмурию хоҷагӣ, ҳарбӣ, илмию фарҳангӣ ва дар гӯйиши ом аз боло ба поён ва дар ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ лозим аст.
Дар раванди рушди илму технологияи навин сели луғоту истилоҳоти бегона ба забони мо ворид мешавад ва сади роҳи он шудан басо мушкил аст. Моро зарур аст, ки тамоми ин луғотро дар якҷоягӣ бо тамоми ниҳодҳои дахлдор ба танзим дарорем, зеро ноҳамгуниҳо дар истилоҳот ҷой доранд. Сарвари давлат дуруст қайд карданд, ки “Вақти он расидааст, ки таҳияи фарҳангу луғатҳои соҳавӣ вусъат дода шуда, милликунонии забони технологияҳои навин ва умуман, тамоми соҳаҳо таъмин ва иқтидори забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм тақвият бахшида шавад”.
Мутаассифона, имрӯз як ҷараёни нороҳаткунанда ва нигаронкунанда ба назар мерасад, ки бархе аз афроди ҷомеаи мо фарҳанги миллию суннатиро мояи намуна ва ифтихор намедонанд ва бо назари беэътиноӣ ба забони давлатӣ менигаранд. Ҷиҳати аламовару ҳузновари ин қазия дар он аст, ки пастии маданияти фикрию фарҳангии забон доман паҳн кардааст. Вақте ки аз ҷониби афроде забони тоҷикӣ аз назари маънавият, истифодаи аркони суннатӣ, муносибат ба мероси гузашта беарзиш гардонида шуд, пас чӣ гуна метавон аз ин гуна афрод шахсияти комили ҳувияти миллидошта ва меҳандӯсту фарҳангпарварро интизор буд.
Забон муҳимтарин унсури фарҳангии миллат буда, монанди дигар аносири фарҳангӣ, дар навбати аввал, такмилу тақвият ва ба ҳимояти соҳибони худ ниёз дорад.
Умед аст, ки ҷомеаи Тоҷикистон ин асоси ҳувияти миллии хешро дар мақоми шоиста нигоҳ хоҳад дошт.
Фарангис ШАРИФЗОДА,
директори Институти забон ва
адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академими миллии илмҳои Тоҷикистон

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: