Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВАҚТИ МУҲОҶИРАТ

РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВАҚТИ МУҲОҶИРАТ

25-09-2023, 10:30
Хабарро хонданд: 187 нафар
Назарҳо: 0
       РИСОЛАТИ ШАҲРВАНДОН ДАР ВАҚТИ МУҲОҶИРАТ
Муҳоҷирати меҳнатӣ яке аз ҷараёнҳои зарурии ҷомеаи имрӯза буда, барои беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагӣ равона мегардад ва хусусияти ҷаҳонӣ дорад. Кадом омилҳое мавҷуданд, ки барои муҳоҷирони меҳнатӣ заруранд? Пеш аз ҳама, донистани забон ва урфу одати мардумони он давлате, ки ба он кишвар нақшаи рафтан доред. Донистани забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳо айни муддаост. Ҳалли ин масъала асосан вазифаи омӯзгорони фанҳои номбурда аст.
Ташкили маҳфилҳои гуногун аз ин фанҳо, чорабиниҳои тарбиявӣ ба монанди ҳафтаҳои фаннӣ, конфронсҳо, шабҳои саволу ҷавоб аз манфиат холӣ нест. Лекин, қабл аз ҳама, дарк намудани худи шахс, ки донистани забонҳо заруртарин омил аст, асоси пешравиҳо дар ин самт ба ҳисоб меравад. Падару модарон ҳам дар ҳалли ин масъала бояд бетараф набошанд. Алоқаи бевосита бо мактаб, инчунин омӯзгорони фанҳои мазкур, таъмини иштироки фарзанди хеш дар маҳфилҳои ин фанҳо, ҳамзамон, вобаста намудани фарзанд ба омӯзгорони махсус, ки аз уҳдаи ёд додани забонҳо ба фарзандон ба хубӣ мебароянд, дар ҳақиқат масъулияти аввалиндараҷа барои падару модарон ва шахсҳои онҳоро ивазкунанда мебошад. Дар ин самт бояд зикр намоям, тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, аксарияти шогирдон бо роҳи худомӯзӣ мехоҳанд масъулияти мазкурро ҳал намоянд. Асосан онҳо ба азёд намудани мавзуъҳои гуногун аз рӯйи китоби "Русско-таджикский разговорник" ё дигар манбаъҳо машғул мешаванд, ба ҳисоб намегиранд, ки бе иштироки омӯзгорон онҳо нозукиҳои талаффузи ин ё калимаро ёд намегиранд, яъне, бе донистани қисми забоншиносӣ - фонетика ин масъала ҳалли худро намеёбад ва иштироки омӯзгор дар ин самт зарур аст. Бояд ба ҳисоб гирем, ки аксарияти муҳоҷирони меҳнатӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва дар он ҷо робита бо соҳибони забонҳои мазкур мавҷуд нест. Донистани грамматикаи забон маънои донистани забонро надорад. Афсӯс мехӯрам, ки аксарияти омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ҷойи истиқомати хешро тарк намуданд. Дар мактабҳои таҳсилоташон бо забони русии мавҷуда, аксарияти омӯзгорон донандаи хуби забон нестанд. Ман фикр мекунам, ки ҳатто директори муассисаҳои мазкур бояд ихтисосманди забони русӣ бошанд. Тамоми чорабиниҳое, ки дар мактаб мегузаранд, ҳатман бояд бо забони русӣ гузаранд, афсӯс ки шуъбаҳо ё бахшҳои маориф ба ин масъала диққат намедиҳанд. Бархе аз директорон ҳисобот медиҳанд, ки дар назди мактаб бо забони русӣ, онҳо синфҳоро бо забони давлатӣ кушодаанд, ки ин боиси тааҷҷуб аст. Дарсҳои забони русӣ дар баъзе аз мактабҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби омӯзгорони ғайриихтисос гузаронида мешаванд, ки боиси таассуф аст. Бовар кунед, ки дар айни замон фаъолияти омӯзгор, бинобар сабаби истифодаи технологияи навин, хеле осон гардидааст. Агар омӯзгор дар ҳақиқат ҳам, хоҳиши ба шогирдон додани донишро дошта бошад, маводҳо дар шабакаҳои интернетӣ ба дараҷае зиёданд, ки.... Инсон бояд ҳамон вақт худро донандаи ин ё он забон ҳисоб кунад, ки агар бо забони мазкур фикр карда тавонад. Хондани китобҳои бадеӣ, тамошои барномаҳои телевизионӣ, махсусан филмҳо бо забонҳои хориҷӣ аз манфиат холӣ нест. Бояд қайд намоям-китобҳое, ки аз ҷониби муаллифон барои хонандагони мактабҳои таҳсилашон бо забони тоҷикӣ аз фанни забони русӣ рӯйи нашр омадаанд, душворфаҳм буда, ба талаботи имрӯза ҷавоб дода наметавонанд. Муаллифони китоб ба ҳисоб нагирифтаанд, ки дар деҳоти кишвар русзабонон умуман боқӣ намондаанд. Бо назардошти он, ки аҳолии асосии дорои қувваи кории давлати мо имрӯз дар Россия фаъолият мебарад, соатҳои фанҳои мазкурро зиёд намуда, адабиёти рус бояд ҳатман омӯхта шавад. Бо ин роҳ мо сокинони кишварро бо урфу одати мардуми рус шинос менамоем. Эроди дигар он аст, ки бо иқдоми кадом олими нуктасанҷе дар барномаҳои соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ фанни “Таърихи Россия” мавҷуд буд, ки имрӯз бо сабабҳои гуногун онро бардоштаанд.
Донистани таърих ва урфу одати давлате, ки ба он кишвар нақшаи рафтан доред, омили дигари зарурӣ мебошад. Барои муҳоҷирон, ки ба Федератсияи Россия мераванд, аз ҷониби ман китобе бо номи "Справочник по истории России. От Рюрика до Путина" навишта шудааст, ки хеле зарур аст. Таърихи давлате, ки ба он ҷо меравед, бо забони давлатии ҳамон давлат хонед, беҳтар аст. Чуноне ки ҳамагон хабар доранд, дар Россия муҳоҷирон аз фанҳои забони русӣ ва таърихи Россия ҳатман имтиҳон месупоранд. Омили дигари зарурӣ донистани қоидаҳои будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ, ки аз тарафи идораҳои дахлдори он давлат сохта шудаанд, махсусан ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Надонистани ин се омил боиси сарф кардани маблағи зиёд ва берун шудани муҳоҷир аз хоки он давлат мегардад, ки ба буҷети оила зараровар аст. Агар ду миллион тоҷикистоние, ки дар Федератсияи Россия кору зиндагӣ мекунанд, танҳо бо сабаби надонистани забони русӣ ва вайрон кардани қоидаҳои будубош моҳе ба ҳисоби миёна ҳазор рублро аз даст диҳад, ки нишондиҳандаи минималӣ аст, ин дар умум ду миллион рублро дар як моҳ ташкил мекунад ва дар як сол ба 24 миллион рубл мерасад, ки ҳам ба буҷети оилавӣ, ҳам ҷумҳурӣ танҳо зарар аст. Ман фикр мекунам, ки дар саросари ҷумҳурӣ, ҳамзамон, омӯхтани фанни "Маданияти Россия"-ро роҳандозӣ кардан зарур аст. Ман борҳо шоҳиди он шудам, ки дар фурудгоҳи "Домодедово"-и шаҳри Москва, баробари фуруд омадани ҳавопаймо аз Тоҷикистон, аксарияти шаҳрвандон бо либосҳои гуногун, ки ба маданияти мардуми рус умуман наздик нест, вориди ин кишвар мегарданд ва аз ҷониби кормандони мақомоти дахлдори Россия мавриди кофтукоб ва муносибати дағалонаи онҳо мегарданд. Надонистани забони русӣ ба он оварда мурасонад, ки барои пур кардани варақаи муҳоҷират, ки аз суолҳои хеле одӣ иборат аст, шаҳрвандони мо ба кумаки дигарон муҳтоҷ мешаванд ва барои ин амал 200 рубл пардохт мекунанд, Ин аст ҳақиқати талх.
Омили асоситарин барои муҳоҷирон ин дуруст омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба монанди патент ва шартнома ба корхонае, ки дар он ҷой кор мекунанд, бақайдгирӣ мебошад, ки аксарият ба роҳҳои ғайриқонунӣ даст мезананд, ки тамоман нодуруст аст ва сабаби хориҷ шудан аз қаламрави Россия мегардад.
Ин масъала бояд ҳалли худро пайдо намояд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба муҳим будани масъалаи омӯхтани забонҳои хориҷӣ, бахусус русӣ ва англисӣ такрор ба такрор таъкид мекунанд.

Н.Ниёзов,
раиси Шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истиқлол
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: