Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Манфиати миллӣ аз ҳама болотар аст

Манфиати миллӣ аз ҳама болотар аст

14-09-2023, 10:33
Хабарро хонданд: 231 нафар
Назарҳо: 0
          Манфиати миллӣ аз ҳама болотар аст
Асри ХХI асри пешравиҳои бемислу монанди андешаи ақлонии инсоният ҳаст. Ин назария ҳанӯз аз асри гузашта дар давраи пешравиҳо ва кашфиётҳо дар тамоми соҳаҳои илму техника маълум буд. Мушаххас гашта буд, ки асри оянда замоне мешавад, ки бо нанотехнология ва инкишофи босуръати дараҷаи кайҳонии худ дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ва ҳаёти инсоният дар кураи Замин нақши мондагореро хоҳад гузошт. Инак, 23 сол аз ин аср мегузарад ва кашфиётҳои босуръати илму техника ва дигар соҳаҳои ҳаёти инсонӣ ин назарияро ба хубӣ собит мекунанд.
Дар қатори инкишофи босуръати соҳаҳои электроника, физика, химия, биология, саноати мошинсозӣ, омӯзиши кайҳон ва табиатшиносӣ соҳаи муҳимтарин ва барои инсонҳо хеле дастрас алоқаи кайҳонӣ, инкишофи алоқаи матбуоти электронӣ (интернетӣ), пайдоиши маҳвораҳои кайҳонӣ ва пахши ҳазорон шабакаҳои радио ва телевизион, пайдо гаштани ҳазорон сомонаҳои интернетӣ бо забонҳои гуногуни олам ва тарҷумаи босуръати маводи иттилоотӣ ва дигар хабарҳо бо забонҳои гуногун, пайдо гаштани алоқаҳои мобилии телефонӣ бо таҷҳизоти фавқулсадо ва ахборотӣ, бешубҳа, кори инсонро хеле сабук намуда, барҳақ, дастоварди нодири ақлонии инсоният дар замонӣ ҳозира ба ҳисоб мераванд.
Дар ин асос инкишофи ин алоқаҳои муфиди замонавӣ боиси ҷаҳонишавии тамаддунҳо, торафт ба рақобати пуршиддат баромадани фарҳангҳои гуногуни аҳли башар, рақобатҳои динӣ, мазҳабӣ ва забонӣ мегардад.
Ҷаҳонишавӣ ва иттилооти кайҳонӣ бо ҳама тарафҳои мусбати худ, мутаассифона, тарафҳои манфӣ низ дорад. Охири асри 20 ва алалхусус, оғози асри 21 давраи набарди иттилоотии кишварҳои гуногун арзёбӣ мегардад ва ба ибораи дигар, дар чунин мубориза ва рақобатҳо дар ин давраи тараққиёти босуръати илму техникаи иттилоотӣ он кишвар ва миллате зафар ёфта ва лоақал фарҳангу забону миллияти худро нигоҳ дошта метавонад, ки рақобатпазир бошад. Дар ин асос, пеши роҳи иттилооти дар бисёр ҳолатҳо ақлдузд, нораво, ғайримиллӣ ва ҳуҷуми равонӣ-мафкуравиро гирифта тавонад. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала пайваста ва огоҳона диққат медиҳанд ва аз пайомадҳои тарафҳои манфии ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ ва пешгирии фарҳангҳои бегона дар паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат моро ҳушдор медиҳанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар роҳи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҳувияти миллии худ гомҳои устувор ниҳанд, то фирефтаи фарҳангу сиёсатҳои ифлоси бегонагон нагарданд.
Дар мақолаҳои худ оид ба вабои ибтидои асри 21, яке аз фоҷеаҳо ва мушкилоти имрӯзаи ҷомеаи башарӣ - терроризм ва ифротгароӣ бо номҳои «Мулло ва худшиносии миллӣ», «Худшиносии миллӣ ва таассубгароӣ», «Андешаҳо аз ёддоштҳои Айнӣ вобаста ба «Фоҷеаи аробакаши бухорӣ», «Тоҷик ва худшиносии миллӣ», «Ном ва худшиносии миллӣ» ва ғайра, ки дар нашрияҳои «Минбари халқ», «Минбари ҳуқуқшинос», «Инсон ва қонун» ва дигар нашрияҳо чоп шуда буданд, ман фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои зикршуда, пешгирии идеологияи бегона ва пешгирии мағзшӯйии ҷавонони тоҷик гуфта ва пешниҳодҳое низ сари ин масъалаҳо ба миён гузошта будам.
Дар ин давра чопи мақолаи калони илмӣ - таҳлилии Саидмуъмин Ятимов «Илм ва амният», мақолаи таҳлилии Э.Тислова «В оценке терроризма не может быть двойных стандартов», ҳамчунин муаллифони дигар сари масъалаи ҳаракатҳо ва ҳизбҳои динӣ боварии маро бори дигар ба масъалаи муҳимият доштани номуси ватандорӣ ва ифтихори миллӣ бурда, дурустии андешаамро оид ба нолозим будани ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии ҷанбаи динидошта дар кишварамон тақвият мебахшад.
Оре, таърихи пур аз шебу фарози миллати тоҷик ва хиёнаткориҳои қишри руҳониёни Мовароуннаҳр ва Хуросон сар карда, аз моҳи октябри соли 999 аз фатвои шайхулисломи Бухоро дар мавриди ба набард барнахестани мардуми тоҷики Бухоро баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлати миллии Сомониён дар муқобили артиши роҳзани Насри Қарахонӣ бар асари ҳамдину ҳаммазҳаб будани ин қабилаҳои кӯчӣ ва рақси қишри дигари руҳониён дар он сӯйи дарёи Ому дар назди ғуломи дирӯзаи давлатмардони тоҷик бо номи Маҳмуди Сабуктегин, моро боз ба асрҳои баъдӣ ва хиёнаткориҳои садрҳои Бухоро (як қишри пурқуввати руҳониён), шайхҳои ҷӯйбории Самарқанд (як қишри пурқуввати руҳониёни Самарқанд, ки метавонистанд зимоми давлатдориро ба Мавлонзодаи тоҷик ва сарбадорон диҳанд, на ба Темурланги дузд ва роҳзан) мебарад. Ана ҳамин мардум асрҳои аср бо идеологияи фанатизми динӣ хонаи мардуми тоҷикро бо истилоҳе месӯхтанд, ё ба ибораи маъмулӣ «обро лой намуда, аз дарё моҳӣ медоштанд».
Худ асрҳо сарвати ҳангуфте ҷамъ оварда, миллати моро зери султаи бегонагон нигоҳ дошта, миллатро ба манқуртӣ ва азхуд бегонашавӣ оварда расониданд. Азхуд бегонашавии миллати мо лоақал таърихи на камтар аз 300 сола дошта, аз надоштани давлати миллӣ пас аз пошхӯрии давлати Сомониён шуруъ ёфта, дар замони Аштархониён ва бахусус, Манғитиён ба авҷи аълояш расид ва чун тоҷик шамшер надошт, пас сиёсат низ надошт ва дар чунин ҳолатҳо ӯ мазлуме беш набуд. Натиҷаи ин аъмол ба он оварда расонид, ки миллати мо бо фарҳанги ғанӣ ва расму русуми бой ва хеле қадимаи худ аз ҳамон давраҳои охири салтанати Аштархониён аввал оҳиста-оҳиста дузабона гашта, забони содаи амирону хонҳои бегонаи даврро омӯхта, оҳиста-оҳиста майл ба миллати бегона ва бегонашавиро думболи кори хеш мекард ва ниҳоятан, пораи азими ин миллат ба нуфузи дигар миллату халқиятҳо даромад ва ин ҷо метавон мисолҳои зиёди таърихиро овард, лекин аз худдорӣ хоҳем кард.
Ҳамаи ин натиҷаи ҳамон идеологияи роҳбарони барои мо бегонаи кӯчманчӣ буд, ки як фатвои ноҷо ва аблаҳонаи шайхулисломи Бухоро моҳи октябри соли 999 мардуми тоҷики Бухороро аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлати миллии Сомониён дар муқобили қӯшунҳои роҳзани Насри Қарахонӣ боздошт ва барои садсолаҳо аз давлати миллӣ маҳрум кард.
Дар яке аз мақолаҳоям нигошта будам:
«Умуман, таърихи ҳаракати исломии Осиёи Миёна дар 1000 соли охир нишон медиҳад, ки ҳаракатҳои исломӣ ва пеш аз ҳама, исломи сиёсии ин минтақа, бештар аз ҳама ҷанбаи туркӣ дошта, ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон ба манфиати миллати мо нест. Дар ин асос ба болои ҷамъияти тоҷик ташкил кардану интиқол додани ҳизбу ҳар гуна ҳаракатҳои исломӣ ба манфиати миллату давлати мо ҳеҷ гоҳ нахоҳад буд. Аз ин рӯ, роҳ надодан ба фаъолияти ҳизбҳои сиёсии ҷанбаи динидошта дар кишвар ба манфиати миллат хоҳад буд. Баъдан, маҳз чунин ҳаракату наҳзатҳои динӣ аз замони сарнагуншавии Оли Сомон (соли 999) то замони соли табартақсими 1924 он гуна хиёнатеро ба миллат раво дидаанд, ки касе ҳуқуқи маънавии ташкили чунин ҳизбу гурӯҳҳоро дигар билкул надорад».
Ман доимо дар он фикру андешаам, ки чӣ гуна, солҳои 1990 ва ё 1991 буд, ки дар Астрахан намояндагони Тоҷикистон дар як конгресси ташкилии (Анҷумани аввалини Ҳизби исломии Иттиҳоди Шуравӣ) фаъолона ширкат варзида, боз яке аз онҳо муовини ин ҳизби ҳамон давра ба Ҳукумати Шуравӣ тамоман нодаркор мешудааст.
Ана ҳамин мардум баъдан замони ба истиқлолрасии Тоҷикистон, ки миллат ба бедории миллӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дошт, Ҳизби наҳзати исломии барои Тоҷикистон тамоман нолозимро ташкил ва бадбахтона, онро боз қонунӣ карданд. Он замон касе бо ибораи маъмули «нархи сабзию пиёзро напурсид». Яъне, саҳифаҳои пурхуни таърихи миллати моро варақгардон накард (ба ибораи таърихие, «Сафаҳоти таърих аз хуни тоҷикон лолагун буд») ва фатво пеш наовард, ки “бародарон, он қадар ин миллатро ба шарофати фатвои шайхулисломи Бухоро аз моҳи октябри соли 999, муддати 1000 соли охир саркӯб намудаанд, ки мо ҳуқуқи ташкили чунин ҳизби диниро дигар надорем. Аз ташкили ҳизби ҷанбаи динидошта шарм бояд дошт. Биёед, наҳзат ё худ ҳаракати ягонаи ваҳдати миллӣ ва худшиносии миллиро ташкил кунем. Ин ҳаракат айни ҳол замони хеле ҳассоси ба даст овардани истиқлолият, баъд аз 1000 соли бедавлатӣ барои кишварамон заруртар аст”. Мутаассифона, он вақт касе ба ин андешаҳо намерафт (зеро на диндор, на олиму на сиёсатмадоре, ки чор қадам аз худ пештарро бинад, билкул надоштем). Як гурӯҳ бо падид омадани замони ба ном “ошкорбаёнӣ” дар сар ҳавои динпарастиро доштанду гурӯҳи дигар дар ғами нигоҳ доштани мансабу ғами шиками худ буданд!
Бо сухани устод Садриддин Айнӣ, ки нисбат ба давраи тангу тори Бухорои амирӣ гуфта буд: «Он вақт гӯши шунавое набуд».
Даҳшатовараш он буд, ки мафкураи ин қишри навпайдои ҷомеа он вақт бисёр танг буд ва аз долонҳои манзилашон пештарро намедиданд, чӣ расад ба даҳ қадам дуртар. Ҳоло он ки сиёсатмадор ва зиёӣ лоақал бояд муҳити гирду пеши худро хуб мефаҳмид ва сад қадам аз худ дуртарро медид. Мутаассифона, он давра ибораи «аз мост, ки бар мост» ба ин қишри ҷомеа рост меомад. Хадамоти ҷосусии кишварҳои беруна аз ташкили чунин ҳизбҳои динии навпайдо, ки шояд ҳоло чизеро намедонистанд, ба ғайр аз шӯру мағалу доду фарёд (мисли муллоёни дар ҳикояи устод Айнӣ оид ба аробакаши фақири бухорӣ тасвиргашта доду мағал бардошта) истифода бурда, кишвари моро бо душманони дохилӣ ва берунӣ ба хоку хун кашиданд. Бубинед, оқибати динро ба сиёсат кашидан дар Осиёи Миёна ба тоҷик чиро медиҳад.
Он давр чашми ҳамабин кӯр шуда буд ва зери демократияи набуда, ҳамагӣ нақора мезаданд. Ҳоло он ки ба гуфти Сисерони бузург: «Демократия ин эҳтироми қонун, ғуломи қонун будан аст».
Маҳз ҳамон давра буд, ки ҳамин гурӯҳҳо ба шоири ба истилоҳ «коммунист» бузургтарин машъалбардори мардуми тоҷику кишвари Тоҷикистон дар асри 20, устоди бузург Мирзо Турсунзода санг мезаданд ва ашъори ӯро ашъори “замони Шуравии нодаркор” меномиданд.
Ин ашхос андешаеро надоштанд, ки дар олами Шарқи исломӣ ин шоири бузурги миллати тоҷик дар қатори аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва устод Абулқосим Лоҳутӣ дар роҳи озодии сиёсӣ ва истиқлолиятхоҳии кишварҳои исломӣ ва хосатан, мусулмонҳои нимҷазираи Ҳиндустон (мусулмонони имрӯзаи Ҳиндустон, Покистон ва Бангладеш), ки айни замон ҷамъан на камтар аз 450 миллион нафарро ташкил медиҳанд, хеле машҳур аст ва ашъори ин шоири тоҷик ливои озодихоҳии ин мардуми мусулмони қариб 250 сол зери юғи сиёсати мустамликадории аввалан Португалия ва баъдан Британияи насронӣ қарордошта маҳсуб меёбад.
Бузургии устод Мирзо Турсунзода дар ёддоштҳои дӯсташ, собиқ котиби аввали Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шуравӣ, шоири тавонои рус ва дӯсти тоҷикон Николай Тихонов хуб ишора ёфтааст, ки чун ба Ҳиндустону Покистон мераванд ва замони убури марзи Ҳиндустон ба самти Покистон афсари сарҳадбони покистонӣ ба шиносномаи устод Турсунзода дида дӯхта, ӯро шинохта, моту мабҳут мемонад ва аз ҳуҷҷатсанҷии ҳайати сафарии Иттиҳоди Шуравӣ даст кашида, ба онҳо дар хатти сарҳад зиёфат меорояд, хуб маълум аст. Фикр мекунам, ки ин гурӯҳакҳои исломро ба сиёсат кашанда аз ин маълумот бар асари бесаводӣ ва ифтихори миллӣ надоштан намедонистанд ва агар заррае ифтихори миллӣ медоштанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин гуфтаҳо даст намезаданд. Чунин амалҳои номатлуб он замон нисбат ба навиштаҳои бузургтарин шоири достонсарои мардуми форсизабон дар асри 20 устод Мӯъмин Қаноат вобаста ба достонҳои хеле машҳури ӯ «Сурӯши Сталинград» , «Мавҷҳои Днепр», «Китобҳои захмин», «Ситораи Исмат» ва дигар осораш ҷой дошта, табли шодӣ мезаданд, ки Шуравӣ аз байн рафт, ин мавзуъҳо нодаркор шуданд! (ҷоҳилӣ, ифротгароӣ ва нодониро бинед, ки андешае ба сарашон намеомад, ки чӣ гуна мардуми собиқ Шуравӣ ва халқи олам 70 миллион шаҳиди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонро ба фаромӯшӣ месупорад?) Бо гузашти солҳо асарҳои устод Мӯъмин Қаноат дар замони имрӯзаи пур аз тазодҳо, терроризму ифротгароӣ дар бисёре аз кишварҳои пасошуравӣ ба барномаҳои мактаб дохилу аз онҳо дарси хештаншиносӣ ва дӯстдории Ватан омӯхта мешавад.
Дар Россия бошад, намоиш ва оҳанги бастакори итолиявӣ оид ба достони «Суруши Сталинград» дар калисоҳои русиягӣ бо мақсади баланд бардоштани руҳияи ватанпарастии мардуми рус намоиш дода шуда, баланд садо медиҳад ва мардум дарси хештаншиносӣ меомӯзад!
Барои ман аъмоли чунин мардуми бегонапарвар тамоман номафҳум аст….Ман бар он ақидаам, ки инсони хокӣ, хоҳ дар тиҷорат аст ва ё хоҳ дар сиёсат, барои манофеи миллату давлати худ аввалан кӯшиш бикунад ва дигар манфиатҳоро, хосатан, манфиатҳои диниро дар чунин ҳолат бояд як тараф гузорад.
Ҳеҷ аз хотирам намеравад, чанд сол муқаддам замони таҷлили 60- солагии қабули Эъломияи ҳуқуқи башар, ки аз тарафи Дафтари Созмони ҳамкории Аврупо дар вилояти Хатлон, воқеъ дар шаҳри Бохтар доир гашт, ман ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ба қароргоҳи онҳо даъватӣ будем ва ин санади барҳақ муҳим ҷашн гирифта мешуд. Камина онҷо бо забони русӣ (чун аврупоиҳо ва русзабонҳо онҷо зиёд буданд) баромад намудам ва аз ҷадди гузаштаамон Куруши Кабир ва нахусткитоби миллат - «Авасто» бо некӣ ёд кардам, чун ба ҳамагон маълум аст, ки сарчашмаи Эъломияи ҳуқуқи башарро маншури Куруши Кабир ташкил медиҳад. Нутқ писанди ҳамагон гардид ва баъдан, дар танаффуси ҷаласа баҳси ман бо намояндагони руҳониёни сиёсӣ хеле боло гирифт. Онҳоро шояд номи Куруш ва ё «Авесто» мақбул наафтод , ки аз «шоҳи бузург Темурланг» ва «шоҳи тоҷикон Абдуллохони Шайбонӣ» бо ифтихор ёд мекарданд!
Ба ин мардум бонг задам, ки эй фурмоягон! Онҳо чеҳраҳои манҳуси таъриханд! Темурланг миллионҳо нафар мусулмонон, аз ҷумла мардуми зиёди тоҷикро аз дами теғ гузаронидааст, Абдуллохони Шайбонӣ бошад, ҳеҷ гоҳ тоҷик набуда, дар сарчашмаҳои таърихӣ омадааст, ки ин хони ҷаллод қасам ёд карда буд, ки то зонуи аспаш хуни тоҷикро мерезонад ва онгоҳ хеле тоҷиккушӣ кард, ки ҳатто руҳониёни муттаасиб ба тарс омаданд ва бо маслиҳату «фатво»-и ин қишри ҷомеа барои нашикастани «қасами ин дарранда» биноеро руҳониён пур аз хуни тоҷик намуданд ва ӯ бо аспаш дохили ин бино гашта «қасамаш»-ро нашикаст! Шумо фикр кунед, ки мафкураи ин тӯда чӣ гуна ҳаст ва онҳо чӣ андешаи ғайритоҷикии арабӣ-туркиро дар дил мепарвариданд!
Бинобар ин, муҳимтарин вазифаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ дар ин давраи таърихӣ ва сарнавиштсоз баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносии миллӣ ва ҳувияти тоҷикӣ аст.
Фаромӯш набояд кард, ки ватандӯстӣ як гӯшаи имон аст ва онро бо донишу биниш, ақли расо, мафкураи хеле васеъ, ки дар фард дар натиҷаи ташаккули худшиносӣ ва масъулият ба вуҷуд меояд, метавон ба даст овард. Ҳамчунин, аз ёд бояд набаровард, ки манфиатҳои миллӣ аз ҳама дину манфиатҳои шахсӣ болотару волотар меистанд ва инро таърихи фоҷеабори миллати мо ба пуррагӣ исбот намудааст!
Барои ба даст овардани ин омилҳо бояд дониши худро баланд бардорем ва зиёдтар бо адабиёту таъриху ҷуғрофиё, фанҳои дақиқ ва фарҳанги миллати хеш ва баъдан, миллатҳои ҷаҳон шинос шавем ва назари ақлонии худро тарбия диҳем.
Дар чунин ҳолат дониши гирифтаи мо мафкураи моро васеъ намуда, ба иборае “чашмамон кушода мегардад” ва метавонем чун миллати соҳибтамаддун дар ин асри таҳаввулотҳои азими илмӣ ва техникӣ истодагарӣ ва пешрафт намоем. Вагарна роҳу мактаби интихобкардаи бархе аз гурӯҳҳои ҷомеа, ки манфиатҳои диниро болотар аз манфиатҳои миллӣ медонанд, билкул роҳи хатост ва миллатро ба вартаи нобудӣ тела хоҳад дод. Ин роҳи озмудашудаи сулолаҳои аҷнабист, ки аз он истифода бурдаву миллати тоҷикро, ки тахминан 60-70 фоизи аҳолии Осиёи Миёнаро то авохири асри Х1Х ташкил медод, зери сиёсати динӣ тобеи худ кардаву ҷисман ӯро ба як инсони беруҳу нотавоне, ки намедонист, ки миллати ӯ тоҷик аст, бурда расонида буданд!
Ба ибораи Саъдии Шерозӣ ин роҳу мактаби интихобкардаи онҳо «роҳ ба сӯйи Туркистон» хоҳад буд!

Наво аз синаи мурғи чаман бурд,
Зи хуни лола он сӯзи куҳан бурд.
Ба ин мактаб, ба ин дониш чӣ нозӣ?
Ки нон дар каф надоду ҷон зи тан бурд!




Варқаи Зайниддин,
Ёрдамчии калони прокурори
вилояти Хатлон,
мушовири адлияи дараҷаи 1:


















Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: