Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ХУШ ОН КАС, КИ ФАРҲАНГ ФУЗУНӢ БАРАШ

ХУШ ОН КАС, КИ ФАРҲАНГ ФУЗУНӢ БАРАШ

19-09-2023, 14:19
Хабарро хонданд: 586 нафар
Назарҳо: 0
ХУШ ОН КАС, КИ ФАРҲАНГ ФУЗУНӢ БАРАШ

Ҷаҳон бе тани шахси доно мабод
Абулқосими Фирдавсӣ


Зиёиён дар ҳама давру замон ҳомиёни Парчами миллат, ворисони таъриху фарҳанги аҷдодӣ, пешбарандагони маърифату худшиносӣ, пуштибонони нангу номус ва ҳувияти миллӣ, мунодиёни асили эҳсоси муқаддаси Ватану ватандорӣ, эҷодгарони воқеии шеъру каломи зебои тоҷикӣ ва офарандагони волотарин дастовардҳои маънавии халқи хеш буданд, ҳастанд ва хоҳанд буд.
Вақте ки сухан дар бораи чунин тоифа инсонҳои аз ҳама ҷониб баркамол, ба монанди омӯзгору рӯзноманигори варзида Расул Додхоҳи Раҳимиён меравад, шахсан ман ӯро, пеш аз ҳама, ҳамчун эҷодкору фарҳангсолори соҳибкалом ва инсони хоксору самимӣ пеши назар меорам.
Агар аз паҳлуҳои гуногуни ҳаёту фаъолияташ, ки дар ҳафтод дарсадаш ҳамчун шоҳид мо бо ҳам будему якҷо гузаронидаем, ба андозаи як китоб ибрози назар намоям, боз ҳам кам хоҳад буд. Расулҷонро ман аслан аз давраи мактабхонӣ, давраҳои наврасию ҷавонӣ инҷониб хуб мешиносам. Гарчанде ман аз ӯ се сол бузург бошам ҳам, мо якҷоя дар махфилҳои мактабӣ ва озмуну мусобиқаҳои варзишӣ иштироки фаъолона доштем.
Чун ӯ аз хурдсолиаш чусту чолок, кунҷкобу зирак ва хеле сухандон ҳам буд...
Давраи бачагии мо зуд гузашт. . .
Бо амри тақдир аз интиҳои давраи ҷавонӣ то ба ҳол мо ҳамчун омӯзгору ҳамкор якҷоя фаъолият менамоем. Ин лаҳза саманди хаёл маро ба дуриҳои дури охири солҳои 80-уми асри гузашта мебарад . . .
Ман пас аз хатми Омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Конибодом ва Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ) дар мактаби миёнаи деҳа ба ҳайси омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба фаъолият пардохтам, чун факултаи педагогикаро хатм карда будам.
Расулҷон бошад, пас аз адои хизмати ҳарбӣ он солҳо дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе дар факултаи филологияи тоҷик таҳсил менамуд.
Ҳар боре ки ӯ ба таътил меомад, бечунучаро маҳфилу ҳамоишҳои мо, дӯстони бедордил дар "Лаби дарё" аз савту наво ва шеърҳои ноб то бар фалак мепечид.
Давраи таътили тобистона дар деҳа мавсими ҷашнҳои арӯсӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ дар аксари ин маъракаҳои хурсандӣ ба ҳайси ровӣ ва ё худ садри базм иштироки фаъолона дошт.
Аз байтбараку шеърхониҳо ва тарзи ташкилу баргузории ин гуна базмҳо, ки ӯ ҳузур дошт, саҳна чаман-чаман мешукуфт.
Тарзи либоспӯшии ба ҳар як маърака мувофиқу замонавӣ ва дорои маданияти баланд ва ҳам одоби зебоипарастиаш таваҷҷуҳи бинандаро ба худ ҷалб мекард.
Дар ин нишастҳо ӯ бештар аз санъати волои Аҳмад Зоҳир, Гугуш, Муқаддас Набиева ва Маҳмудҷон Воҳидов бо ифтихори афзун ҳарф мезад.....
Ҳатман аз эҷодиёти Лоиқу Бозор ва Гулрухсор шеърҳо қироат намуда, аз ба майдони адабӣ ворид шудани шеърҳои ноби Абдусамеи Қудсиён ифтихормандонаву аз бармаҳал рафтани шоири ғурамарг, муаллифи "Садбарги ношукуфта" Некулзамон бо андуҳ ва афсуси гарон ибрози назар мекард ...
Ман ӯро, хоҳ дар Ворух бошад, хоҳ дар Душанбе ба ҳамаи маъракаҳоямон даъват мекардам. Хусусан дар базмҳои ақдиникоҳии додаронам дар паҳлӯи мо ва ҳамчун шодишарики мо саҳми намоён мегузошт.
Зиндагӣ аҷаб сарнавиштсоз аст. Ман бо амри тақдир хостам, ки маълумоти сеюмамро аз бахши забону адабиёти тоҷик ғоибона таҳсил карда, ба даст орам.
Бо ҳамин мақсад, тобистони соли 1988 озими шаҳри Душанбе шудам. Пас аз супоридани ҳуҷҷатҳоям, ки онҷо ду дипломи аъло доштам, маро бе дудилагӣ бо қарори Комиссияи имтиҳонӣ тариқи суҳбат ба курси сеюми факултаи филологияи тоҷик қабул карданд.
Баъд дарсҳо шуруъ шуданду бо дастури декани ҳамонвақта, устоди зиндаёд Саъдуллохон Наимбоев маро ба гурӯҳе номнавис карданд.
Хости тақдир будааст, ки пас аз оғози дарсҳо маълум шуд, ки дӯстам Расулҷон дар ҳамин ҷо буда, ҳамчун сардори гурӯҳ фаъолият мекардааст.
Аз ҳамин давра ҳам ниҳоят хотираҳои зиёд дар дафтарам бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. . .
Ниҳоят, ӯ пас аз хатми донишгоҳ фаъолияти омӯзгориро аз мактаби русии №52-и шаҳри Исфара оғоз намуда, пас аз панҷ соли андӯхтани малака ба мактаби №50- и деҳа ба назди мо омад.
Маълум гардид, ки Расулҷон пас аз се соли фаъолият дар мактаби русӣ, шояд аз сабаби донишманд ва чашми кордон буданаш, ба ҳайси роҳбари иттиҳодияи методии фанни забони давлатӣ дар мактаби русӣ адои вазифа намуд.
Дар мактаби деҳа низ бо дастгирии устоди ин соҳа Ғоиббой Мадалиев ба зудӣ кору нақшаҳои маҳфилҳои "Суханвар" ва "Адибони ҷавон"-ро ҷоннок намуд.
Чорабиниҳои фарҳангии мактабӣ, ҳунарнамоӣ ва иҷрои саҳначаҳо, ки ба ҳаёти мактаббачагон, эҳтироми калонсолон ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ бахшида мешуд, аз тарафи масъулин баҳои баланд мегирифтанд.
Шогирдонаш низ дар озмунҳои минтақавию шаҳрӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ҷойҳои намоёнро соҳиб мешуданд, ки он боиси ифтихори мактаб мегашт.
Пас аз ҳамагӣ панҷ соли корӣ аз вазифаи роҳбари иттиҳодияи методӣ оғоз карда, то дар мақоми муовини директор зиёда аз се даҳсола кор кардан, на ба ҳар як омӯзгор даст медиҳад.
Дар хусуси саҳми беандозааш дар корҳои ободонию азнавсозии мактаб бошад, танҳо овардани як далел кофист, ки дар ҳақиқат, марди саховатманд ҳам будааст.
Пас аз таназзулёбии иқтисодии ҷомеа мактаб низ ба кумаки саҳмгузорон ниёз пайдо намуд ва муаллим яке аз аввалинҳо буд, ки аз ҳисоби маоши худ ҳуҷраи методии забон ва адабиёти тоҷикро таъмир карда, бо аёниятҳои замонавӣ таҷҳизонид.
Барои беҳсозии шароити маишии омӯзгорон низ бо масъулин иқдоми шоёнро роҳандозӣ мекард.
Солҳое, ки ман ҳамчун муовини раиси Ҷамоати деҳа фаъолият намудам, Қасри фарҳанги деҳа ба ҳамин хел шахси сермаҳсули фарҳангӣ сахт эҳтиёҷ пайдо намуда буд, чунки аксари мутахассисони соҳа дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанд .
Бо пешниҳоди Қосимҷон Исматов, раиси ҳамонвақтаи Ҷамоати деҳоти Ворух Расул Додхоҳи Раҳимиёнро мудири бахши фарҳанги шаҳри Исфара Меҳроҷиддин Нарзиев, ки борҳо бо дастовардҳояш аз наздик шинос шуда буд, соли 2008 бо хушнудӣ сарвари Хонаи фарҳанги деҳоти Ворух таъин намуд.
Муддате нагузашта, кори Хонаи фарҳанг ранги дигар гирифт. Каме ҳам бошад таъмир шуд, маҳфилҳои гуногун ба маҷрои фаъолияти пешинаашон баргаштанду нақшаҳои нав ба нав рӯйи кор омадан гирифтанд.
Бемуҳобот, дар ин давра маҳфилҳои "Шоҳномахонӣ", "Лоиқхонӣ" чорабиниҳои наврӯзӣ ва шабҳои эҷодии аҳли адабу санъати Ворух дар миқёси ноҳия дар сатҳи баланд доир мешуданд.
Шурои бадеии Хонаи фарҳангро аз ҳисоби омӯзгорони эҷодкорони навовар, чун Бобоаҳмади Аҳмадзод, Абдувоҳид Шомирсаидов, Абдуваққос Юсуфӣ, Бобониёз Надиров, Абдуфайёз Олимӣ, Зайлобиддин Саидов, Заҳобҷон Искандаров, Шавкати Мавлон, Баҳодур Ғиёсов, Муродҷон Музаффаров, санъаткорони номдори деҳа Абдурашид Шомирсаидов, Илҳом Ҳасанов, Маҳмудҷон Ниёзов, Мусобой Каримов ва Шамсиддин Нуриддинов сарҷамъ карда, тавонист, ки дар як муддати кутоҳ муҳити созгори фарҳангиро фароҳаи орад.
Ба гуфтаи собиқ раиси Ҷамоат Икромиддин Шарифов, шукӯҳу шаҳомати маҳфилҳои “Ширу шакар”-и ин эҷодкорон бо роҳбарии нависандагони шинохта Додохони Эгамзод, Ҷамолиддин Шоҳасанов ва шоири соҳибистеъдод Нарзуллои Азизиён то ҳол идома ёфта, гаҳе аз саҳна ба соҳили дарё ва гоҳе дар Беди каҷу Чакак доир мегарданд, ки мухлису ҳаводорони зиёде доранд.
Шуҳрату маҳбубияти ӯ аз Воруху Исфара то ба шаҳрҳои Хуҷанду Душанбе ва Самарқанд расидааст, ки ташрифи Дилмуроди Самарқандӣ ва дидорбинии ӯ бо маҳфилиёни Ворух далели ин гуфтаҳост.
Хуб дар хотир дорам, ки худи муаллим нақши устод Абулқосим Лоҳутиро бахшида ба ҷашнҳои бузурги 20-солагии Истиқлол ва 120-солагии Ибни Ямин се маротиба ҳамроҳи ҳунарпешаҳои Театри халқии шаҳри Исфара моҳирона бозида буд. Нақши асосиро дар саҳна дар сатҳи баланди касбӣ иҷро намудан низ муваффақияти беназири эҷодист.
Дар мавриди фаъолияти эҷодиаш ҳамчун рӯзноманигори муваффақ ва публитсист гуфтаниҳо хеле зиёданд. Устодон Додохони Эгамзод, Субҳони Аъзамзод, Субҳон Ёдгорӣ, Сайфуллохон Қорихонов, Бобоҷон Наврӯз, Исматҷон Пӯлодов, Луқмониддин Камолиддинов, Судуриддин Маҳкамов, Бобоҷон Тӯйчизода, Боир Саидов ва Ҳусни Сабо дар ин маврид низ холисона изҳори назар намудаанд.
Танҳо ҳаминро иброз менамоям, ки аз аввали солҳои 80-уми асри гузашта то ба имрӯз лавҳа, тарона ва шеър ва дигар навиштаҳояшон зинатбахши саҳифаҳои гуногуни матбуоти даврӣ буда, писанди хонандагони рӯзномаи “Хазинаи Маърифат" мебошад.
Ҳамаи хизматҳои шоёнаш дар соҳаи маорифу фарҳанг бо арзандатарин ифтихорнома ва сипосномаҳои мақомоти шаҳрию вилоятӣ қадрдонӣ шуда, бо нишонҳои сарисинагии “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” шарафёб гардидааст.
Мавсуф аз соли 2011 инҷониб узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад. Бояд зикр намоям, ки муаллим чун шахсияти ба мо наздик тасмим гирифт, ки бахшида ба 75-солагии зодрӯзи қиблагоҳам китоберо таҳти унвони "Некусиришти хайрандеши Ворух" нависад, ки аз ҳаёту фаъолияти бенуқсон ва нимасраашон дар соҳаи савдои Шуравӣ нақл мекунад.
Ҳамчунин, бахшида ба ҷашни 60-солагии банда китоберо бо номи "Муҳаббатосор" ҳамчун мураттиб ва муаллиф ба чоп омода намуд, ки аз ҳунари баланди нависандагиаш дарак медиҳад.
Ҳангоми китобро ба даст гирифтан, пайвандону наздиконам борҳо ба ман рӯ оварда чунин гуфтаанд: “Муаллими Расулҷон..., ако Расулҷон... ва ё амаки Додхоҳ аҷаб кори хайрро доир ба ҳаёти ибратбахши Шумо ва дигар одамони наҷиб рӯйи саҳфа оварда, бо услуби ба худ хос нигоштаанд ва дасташон илоҳо асло дардро набинад".
Чун ибтидо мехоҳам интиҳоро низ бо фармудаи пири хирад Абулқосим Фирдавсӣ хулоса намоям, ки дар робита ба ин навиштаҳо хеле барҷо фармудааст:

Зи доно бипурсид пас додгар,
Ки "фарҳанг беҳтар бувад ё гуҳар?"
Чунин дод посух бад ӯ раҳнамун,
Ки "фарҳанг бошад зи гавҳар фузун,
Ки фарҳанг ороиши ҷон бувад,
Зи гавҳар сухан гуфтан осон бувад".


Абдуҷаббор Ниёзматов,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: