Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд

28-08-2023, 11:03
Хабарро хонданд: 149 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар мамлакат ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ба амал меояд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3300 метр ба амал омадани борон ва барф), шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шимол бо суръати 7-12 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 18+20 дараҷа гарм, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 32+34 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1+6 дараҷа гарм то 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, шабона ва саҳаргоҳон дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат ва раъду барқ (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2500 метр борон ва барфи тар) ба амал омада, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шимол суръати 5-10 метр дар як сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ, шабона ва саҳаргоҳон бориши бошиддат ба амал меояд. Шамол аз самти шимол бо суръати 7-12 метр дар сония, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа гарм, рӯзона 27+32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 13+18 дараҷа гарм, рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат, шабона ва саҳаргоҳон дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат ва раъду барқ (шабона дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр борон ва барфи тар) ба амал омада, дар ағбаҳо тормеғ мефарояд. Шамол аз самти шимол бо суръати 5-10 метр дар сония мевазад, дар баъзе ноҳияҳо бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, дар ноҳияҳои алоҳида чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм, рӯзона 22+27 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15 дараҷа гарм, рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат, шабона дар баъзе ҳолатҳо бошиддат ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти шимол бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 16+18 дараҷа гарм, рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: