Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Дидгоҳи ашхоси баландпояи аҳзоби сиёсӣ ва ходимони давлатӣ ба Ҳизби Коммунистии Чин дар даврони муосир

Дидгоҳи ашхоси баландпояи аҳзоби сиёсӣ ва ходимони давлатӣ ба Ҳизби Коммунистии Чин дар даврони муосир

29-06-2023, 08:41
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
(Мусоҳибаи хабарнигори рузномаи «Женмин жибао» - нашрияи

расмии Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин

бо муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии

Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ)


Дидгоҳи ашхоси баландпояи аҳзоби сиёсӣ ва ходимони давлатӣ ба Ҳизби Коммунистии Чин дар даврони муосир
Хабарнигор: Котиби Генералии Ҳизби Коммунистии Чин (ҲКЧ) Си Ҷинпин, аз рўйи принсипи «манфиати мардумро аз ҳама авло бидонем», модели нави идоракунии ҳизб ва давлатро бунёд кард ва такя бар хиради чинӣ, дар масоили рушди ҷаҳон, ҳамкориҳои сулҳомез ва мутақобилан судманд бо кишварҳои хориҷиро ба роҳ монд. Охири соли гузашта Ҳизби Коммунистии Чин ҷаласаи шашуми Кумитаи Марказӣ, навбати 19-умро баргузор намуд ва қарор қабул кард, ки дар он қайд карда мешавад-консепсияи «ду изҳорот» барои рушди фаъолияти ҳизб ва мамлакат дар даврони нав ва пешбурди раванди таърихии эҳёи бузурги миллати Чин аҳамияти ҳалкунанда дорад. Назари Шумо оид ба ин масъала чӣ гуна аст, онро чи тавр баҳогузорӣ мекунед? Ғояи Си Ҷинпин оид ба сотсиализм бо хусусияти чинӣ дар даврони нав ва аҳамияти он барои ҷаҳонро чи гуна арзёбӣ мекунед? Шумо асари Си Ҷинпин «Оид ба идоракунии давлатӣ»-ро мутолиа кардаед? Кадом ҷиҳати фаъолияти идоракунии давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои Шумо ҷолиб аст? Ба гуфти Шумо, ў чи гуна сарвар аст? Шумо ба Котиби генералӣ Си Ҷинпин чӣ гуфтаниҳое доштед?

Абдуҷаббор Азизӣ: Равандҳое, ки дар мамлакати ба мо дўсту ҳамҷавор-Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҳизби бародарии Коммунистии Чин рўйи кор меоянд, барои мо ҷолибият доранд ва мавриди омўзиш ҳастанд. Бояд гуфт, ки ҲКЧ, самти пайвастаи худро баҳри боло бурдани некуаҳволии мардум ҳифз карда, дар ин ҷода таърихи худро меомўзад ва такя бар ин, дастовардҳои худ ва вазъи тағйирёбанда дар кишвар ва ҷаҳонро баҳогузорӣ карда, ба пеш ҳаракат мекунад.

Дар алоқа бар ин, консепсияи «ду изҳорот», ки дар ҷаласаи шашуми Кумитаи марказии ҲКЧ қабул гардид, барои рушди фаъолияти Ҳизби Коммунистии Чин ва кишвар дар даврони нав ва пешбурди раванди таърихии эҳёи бузурги миллати Чин нақши ҳалкунанда дорад.

Бесабаб нест, ки ҳизб нақши рафиқ Си Ҷинпинро ҳамчун роҳбари КМ ҲКЧ ва тамоми ҳизб муайян намуда, нақши роҳбарикунандаи ғояҳои ўро оид ба сотсиализм бо хусусияти чинӣ дар даврони навро тасдиқ намуд. Дастовардҳои ҳизбро дар сохтори сиёсӣ натиҷагирӣ намуда, ҷаласа «демократияи фарогири мардумӣ»-ро волотар аз ҳама донист. Ман дар Тоҷикистон аз аввалин касоне будам, ки бо асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» ошно гаштам. Маълум аст, ки ба дўши роҳбарон, сарварон ва ҳокимони давлатҳое, ки бо ҳукми тақдир ва райъи мардум интихоб шудаанд, вазифаи шарафманди ҳифзи сулҳу субот, некуаҳволии мардум ва рушди мамлакат вогузошта шудааст. Ҳамчунин, бешакку шубҳа, муваффақият ва комёбии иҷрои ин вазифаҳо аз бунёди баҳогузории таърихии шахсияти роҳбар реша мегирад-оё ў хирадманд, самимӣ, одил, дурандеш, зирак ва прагматик буд, ё бо дигар дигар сифатҳо фарқ мекард?

Имрўз диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Шарқ равона гардидааст, ба:

• қудратмандтарин кишвари саноатии ҷаҳонӣ аз лиҳози ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ;

• иқтисодиёти бузургтарини ҷаҳон;

• кишвари сераҳолитарини олам;

• кишваре, ки дар сатҳи олӣ Бозиҳои Олимпии соли 2022-ро гузаронидааст.

Чини намунаи соли 2022-ро субот, устуворӣ ва модел (шакл)-и худии рушд аз дигарон дар тафовут аст. Соли 2049 Чин тасмим гирифтааст азнавсозии сотсиалистиро амалӣ намуда, ба кишвари гулгуншукуфон, қудратманд, демократӣ, аз лиҳози фарҳангӣ рушдёфта ва мутаносиб табдил гардад.

Возеҳ аст, ки сабабгори аслии ин комёбиҳо, сарвари он, ки раҳбарияти хирадмандонааш ва самти пешгирифтаи бобарор барои якдилии ҳизб ва мардум имкониятҳои зиёд фароҳам овардаву иҷрои нақшаҳои пешгирифтаро воқеӣ гардонид, бешубҳа, Раиси муҳтарам Си Ҷинпин аст, ки назария, афкор ва дидгоҳи худро дар асари «Оид ба идоракунии давлатӣ» баён кардаанд.

Ин китоб фалсафаи сиёсӣ ва самти сиёсии Раиси муҳтарам Си Ҷинпин, мавқеи ўро оид ба сиёсати дохиливу хориҷӣ, ҷомеа ва фарҳанг, амнияти миллӣ ва мудофиа аз дидгоҳи ислоҳот ва рушд, арзишҳои миллӣ, некуаҳволии ҳар шаҳрванд ва умуман, сайёраро бозгў мекунад.

Дар замони муосир пешорўи роҳбарони ҷаҳон таҳдидҳои амнияти фаромиллӣ, масоили саноатикунонии навъи нав, иттилокунонӣ, урбанизатсия (афзоиши шаҳр ва аҳолии воҳаҳои шаҳрӣ, пурзўршавии мавқеи шаҳрҳо, васеъ паҳншавии тарзи ҳаёти шаҳрӣ-А.Д.) ва модернизатсия (раванди гузариш аз ҷомеаи анъанавию кишоварзӣ ба ҷомеаи саноатӣ, навсозӣ-А.Д.)-и соҳаи кишоварзӣ, ифлосшавии муҳити зист, идоракунии давлатӣ дар умум истодаанд.

Кишварҳои ҳамҷавор, ҳамсояҳои нек ва роҳбарони давлатҳо-Раиси муҳтарами Чин Си Ҷинпин ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрўз ба тамоми олам ошкоро дидгоҳи худ, модели беназири рушд ва барномаи фарогири рушди ҷаҳонро пешниҳод мекунанд. Барои роҳбарони мо хеле муҳим он аст, ки кишварҳои ҷаҳонӣ дар самти пешравии худ ба арзишҳои зеҳнӣ, фарҳангӣ ва гуманитарии миллат ва тамаддунҳои куҳан такя кунанд.

Ман итминони комил дорам, ки маҳз фаҳмиш ва қоидаҳои конфутсионизм ва тамаддуни ориёӣ, боварӣ ба он, ки ҳоким ва зимомдорони ў бояд мамлакатро аз рўйи принсипҳои адолат, виҷдон ва накухисолӣ идора кунанд, намунаи шахсӣ дар садоқат ба хидмати давлат, мавқеи ҳаётӣ, эътиқод ва ҷаҳонбинии роҳбарони мо ҳастанд.

Рушди бонизому боварибахши иҷтимоӣ-иқтисодии Ҷумҳурии Мардумии Чин, устувории пайвастаи давлатдорӣ ва нуфузи он дар саҳнаи байналмилалӣ бевосита ба шахсияти Котиби генералӣ Си Ҷинпин алоқамандӣ дорад. Аз самими қалб ба Раиси муҳтарам Си Ҷинпин таманно дорам, ки баҳри беҳбудии миллати бародари Чин ва ояндаи Ҷумҳурии Мардумии Чин-кишвари қудратманд, рушдёфта, мардумӣ ва демократӣ корҳои созандаашонро идима бидиҳанд.

Хабарнигор: Аз замони баргузории анҷумани 18-уми Ҳизби Коммунистии Чин таҳти роҳбарии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Чин ва Раиси муҳтарами ҳизб Си Ҷинпин кишвар дар самти мубориза бо коронавирус, камбизоатӣ, фасод, ҳамчунин, ҳифзи муҳити зист ва болоравии сатҳи некуаҳволии мардум ба дастовардҳои бузург ноил гардид. Шумо чандин маротиба дар Чин будед, кадом тағйирот, ки даҳсолаи охир дар кишвар рўйи кор омад, ба Шумо ҷолиб буд? Аз назари Шумо, сабабҳои асосии ин дастовардҳо аз куҷо маншаъ мегиранд?

Абдуҷаббор Азизӣ: Бояд гуфт, натанҳо мо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон рушди ҳайратовари Ҷумҳурии Мардумии Чинро назорат мекунанд. Аз ҳар як сафари мо ба кишвари дорои таърих ва фарҳанги куҳани шумо таассуроти мазбут оид ба рушди босуръати иқтисодии Чин боқӣ мемонад. Ҷумҳурии Мардумии Чин дорои омилҳои зиёди мусбат барои рушд аст. Тариқи мисол, метавон гуфт, мавқеи кишвар, захираҳои бузурги табиӣ ва мардуми меҳнатдўсти он, ки урфу одат ва анъанаҳои худро пос дошта, бо воқеияти ҷаҳони муосир тавъам мекунад, барои мо хеле ҷолиб аст.

Дар алоқа бо ин, бояд қайд кунам, ки омили асосии комёбии ҳар самтҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоби роҳи дуруст, раҳбарии хирадмандона ва амалигардонии қарору нақшаҳои Ҳизби Коммунистии Чин мебошад.

Хабарнигор: Котиби генералӣ Си Ҷинпин чунин консепсия (барнома)-ҳо, аз қабили Ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният, ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ», ташаббус дар самти рушди ҷаҳонӣ ва байналмилалӣ ва консепсияи арзишҳои умумиинсониро, ки саҳми муҳим баҳри рушди ҳамкориҳо ва сулҳ дар тамоми ҷаҳон доранд, пешниҳод карданд. Назари Шумо оид ба ин барномаҳо? Ба фикри Шумо, нақшаи чинӣ барои идораи глобалӣ (умумиҷаҳонӣ) чӣ маъно дорад? Ташаббусҳои Ҳизби Коммунистии Чин оид ба мусоидат ва сулҳ ва рушдро дар ҷаҳон шарҳ диҳед.

Абдуҷаббор Азизӣ:
Қабл аз ҳама, бояд қайд кард, ки ғояи Ҷомеаи тақдири ягонаи инсоният консепсияи муҳими амалигардонии рушди осоишта ва бунёди ҷаҳони мутавозин аст. Ин консепсия даст кашидан аз ҷанг ва сиёсати зўроварӣ, тафаккури ҷадидро дар самти амният, ки ба идоракунии ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, дар назар дорад. Ҳаводиси ахири ҷаҳонӣ зарурияти ин консепсия ва ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ»-ро қавӣ месозанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омодагии худро барои мутобиқшавии Стратегияи миллии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030 ба ташаббуси «Як камарбанд-як роҳ» ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегӣ баён мекунад.

Дар ҷодаи нави таърихӣ қарор дошта, мо дар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боварии комил дорем, ки такя бар банақшагиии стратегӣ муносиботи Тоҷикистону Чин ҳамеша ва бонизом дар самти дуруст идома пайдо намуда, ба қуллаҳо ва натиҷаҳои нав мерасанд, ҳамин тариқ, кишварҳои мо саҳифаи наве дар таърихи рушди худ хоҳанд навишт.

Оид ба ташаббуси Котиби генералӣ Си Ҷинпин дар соҳаи рушди глобалӣ ва байналмилалӣ ва консепсияи арзишҳои умумиинсонӣ, ки саҳми муҳим дар рушди ҳамкориҳо ва тақвияти сулҳ дар тамоми ҷаҳон доранд, сухан ронда, мехоҳам қайд намоям, ки ягон кишвари дунё ба танҳоӣ наметавонад алайҳи таҳдид ва хатарҳои нав истодагарӣ кунад, сиёсати зўроварӣ ва мавқеи якҷониба зуҳуроти буҳрониро муташанниҷ хоҳанд кард

Консепсияи тақдири умумии инсоният, ки дар худ дидгоҳи волои фарҳанги анъанавии чинӣ: «Ҷаҳон ба ҳама тааллуқ дорад» ва «Ваҳдати тамоми олам»-ро таҷассум мекунад, ба бунёди ҷаҳоне равона шудааст, ки дар он сулҳи устувор, амнияти дастаҷамъӣ, рушди умумӣ, ошкорбаёнӣ ва сохтори инклюзивӣ (фарогир), табиати тоза ва зебо равона шудааст. Он бо чунин арзишҳои умумиинсонӣ, ба монанди сулҳ, рушд, адолат, демократия ва озодӣ тавъам буда, самти дурусти рушди ҷаҳониро муайян мекунад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки фарзанди даврони Истиқлолият аст, аз рўзҳои аввали рўйи кор омадан ҳадафи асосии стратегии худро муайян намуд-ин сохтани давлати демократии дунявист, ки дар бунёди зиндагии шоиста ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзшудаи аҳолӣ асос ёфтааст.

Мо, бидуни ягон шак, боварӣ дорем, ки Чин бояд дар ислоҳоти сохтори идоракунии глобалӣ иштирок дошта бошад. Чин, ҳамчун дуввумин кишвари абарқудрати иқтисодии ҷаҳон, иштирокчӣ, бунёдкор ва саҳмгузори муҳим дар сохтори амалкунандаи ҷаҳонӣ аст.

Ҳадафи иштироки Чин дар идоракунии глобалӣ дар ҳалли масъалаҳои алоқаманд бо ғайрисамаранокии натиҷаҳои идоракунӣ, ғайрифаъол будани метод (усул)-ҳо ва нодурустии самти идоракунӣ мебошад.

Ҳамчун ҳамсояҳои наздик ва шарикони стратегӣ, мо дарк мекунем, ки Чин ба бунёди механизмҳои байналмилалии антаногист (зиддияти оштинопазири гурўҳҳо, табақаҳо, синфҳо, мухолифат, рақобат)-ӣ ва алтернатив (зарурати ихтиёр кардани яке аз ду ё якчанд имконияти мухталиф)-ӣ берун аз чорчўби сохтори идоракунии глобалӣ кўшиш намекунад ва қоидаҳои мавҷудаи ҷаҳониро эҳтиром гузошта, дар ислоҳоти сохтори идоракунии глобалӣ саҳм мегузорад.

Саҳми Ҳизби Коммунистии Чин барои ҳамдастӣ ба сулҳ ва рушд дар ҷаҳонро мусбат баҳогузорӣ мекунем.

Ҳизби Коммунистии Чин достони шукуҳманди рушди давлатӣ ва миллиро навиштааст. Таҳти роҳбарии Кумитаи марказии ҲКЧ, ки меҳвараш рафиқ Си Ҷинпин аст, имрўз Чин бунёди ҳамаҷонибаи ҷомеаи қисми ғолибаш табақаи миёнаро ба анҷом расонида, ба шоҳроҳи нави бунёди васеи мамлакати муосир ва қудратманди сотсиалистӣ қадам ниҳод.

Хабарнигор: Кадом ҳолат ҳангоми муошират бо роҳбарияти Ҳизби Коммунистии Чин ва иштирок дар чорабиниҳои Шуъбаи байналмилалии КМ ҲКЧ дар хотиратон нақш бастааст? Оид ба алоқаҳои байниҳизбӣ миёни ҲХДТ ва ҲКЧ чӣ андеша доред? Ҳизби шумо ягон эҳтиёҷ ё пешниҳод барои ду ҷониб дар самти густариши табодул ва омўзиши тарафайни таҷрибаи идоракунии ҳизбӣ ва давлатӣ дорад? Аз таҷрибаи идоракунии ҲКЧ чӣ баҳра бурда метавонед?

Абдуҷаббор Азизӣ: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чинро баланд баҳогузорӣ мекунад. Миёни кишварҳои мо як қатор санадҳои байнидавлатӣ имзо гардидаанд, ки самтҳои гуногуни ҳамкориро дар соҳаи тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, кишоварзӣ, инфрасохтор, илм, маориф ва техникаро фаро мегиранд.

Чин барои Тоҷикистон иттифоқчии боэътимод, шарики калидии иқтисодӣ ва ҳамсояи нек аст. Мо дастгирии ҳамаҷонибаи Чини ба мо дўстро дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, омодасозии мутахассисон ва амалигардонии лоиҳаҳои муҳим дар иқтисодиётро баланд арзёбӣ мекунем. Ҳамчун шарикони стратегӣ ва ҳамсояҳои наздик, мо зарурати муколамаи минбаъда дар самти амнияти минтақавиро эътироф мекунем.

Ҳангоми вохўриҳои расмӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин ду ҷониб чандин маротиба қайд карданд, ки мардумони Тоҷикистон ва Чинро риштаҳои қадимии дўстӣ ва ҳамкорӣ ба ҳам мепайванданд. Мо дорои манофеи умумӣ дар самти рушди иқтисодиёт, фарҳанг ва сиёсат ҳастем.

Ҳавасмандии худро дар ҳифз ва тақвият бахшидани сатҳи бадастомадаи алоқаҳо миёни аҳзоби моро тасдиқ намуда, омодагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар ҳамдастӣ бо ҳамтоён аз Ҳизби Коммунистии Чин дар ин самт дидани чораҳои заруриро изҳор медорам. Таърихи якасраи Ҳизби Коммунистии Чин ҳамзамон, таърихи рушди муносибот миёни кишварҳои мо аст, ки аз марҳилаи озмоишҳову обутобёбиҳо гузашта, неруи тоза пайдо кард ва ба даврони нав ворид расид.

Далели он, ки муносибот миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин имрўз дорои сатҳи баланди ҳамкориҳои мутақобила ва боварии тарафайни афзоянда дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба аст, моро пурра қаноатманд мекунад.

Яке аз рамзҳои равшани дўстии мо боз гардидани як қатор марказҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дастрас намудани номгўи васеи маводи тиббӣ барои табобат ва пешгирии COVID-19 ба Тоҷикистон аст. Мо ҳамеша дастгирии амалии шарики худро дар самти қавӣ гаштани муносиботи тарафайн ҳис мекунем.

Кишварҳои мо минбаъд низ ҳамкориҳои дуҷонибароро тақвият бахшида, намунаи ҳамҷавории нек ва дўстӣ боқӣ монда, ҳамчун кафили субот ва амнияти минтақавӣ бо кўшишҳои муштарак муносиботи байналмилалии навъи ҷадид ва Ҷомеаи тақдири ягонаи инсониятро бунёд хоҳанд гузошт.

Сиёсати ҳизби мо дар ин самт аз зарурияти ҳамдастӣ дар шаклгирии системаи самараноки ҳамгироии байнидавлатӣ дар таъмини суботи минтақавӣ ва рушди муштараки иҷтимоӣ-иқтисодӣ бармеояд.

Боварӣ дорам, ки муколамаи самарабахш миёни ҲХДТ ва ҲКЧ дар оянда низ рушд карда, ҷавобгўи манофеи кишварҳои мо хоҳад буд, чунки боварии мардум ҳамеша нишондоди самаранокии фаъолияти аҳзоби сиёсии ба ҳам дўст буд.

Мо пешниҳод дорем, ки дар фурсати кутоҳтарин механизмҳои табодули ҳайатҳо ва омўзиши тарафайни таҷруботи идоракунии ҳизбӣ ва давлатиро амалӣ гардонем ва идома бидиҳем.

Хабарнигор: Ҳизби Коммунистии Чин ҳамеша принсипи «халқ-молики мамлакат»-ро пайгирӣ намуда, миллатро ба амалигардонии демократияи фарогири мардумӣ раҳнамоӣ мекунад. Котиби генералӣ Си Ҷинпин чандин маротиба таъкид кардааст, ки «демократия ҳуқуқи тамоми миллатҳост, на моли кишварҳои ангуштшумор». Назари Шумо оид ба ин масъала чист?

Абдуҷаббор Азизӣ: Ҳар кишвар бояд роҳи рушди худро бо назардошти менталитет (хислати миллӣ), таърих ва анъанаҳои миллӣ интихоб кунад. Модели ғарбии демократия, омехта бо арзишҳои либералӣ, ки онро тарафдоронаш мехоҳанд дар тамоми дунё ҷорӣ кунанд, дар бисёр кишварҳо қобили қабул нест. Дидгоҳи тамаддунҳои Ғарб ва Шарқ ба арзишҳо аз ҳам тафовути калон дорад, назарҳо гуногун аст. Арзишҳое, ки дар Ғарб ҳамчун «озодӣ» қабул шудаанд, дар мамолики шарқӣ, бо назардошти тарзи ҳаёт, ҳамчун падидаи ғайриахлоқӣ метавонанд бозтоб гарданд.

Чин-кишвари бузург бо аҳолии 1,4 миллиард нафар, иқтисодиёти рушдёфта, қудрати ҳарбӣ бо фарҳанг ва таърихи беназири худ аст. Роҳе, ки Чин интихоб кардааст, аз сабақҳои пешинаи мардуми он, ки дар хотирааш нақши сахт бастааст, маншаъ мегирад.

Суханҳои Котиби генералии ҲКЧ Си Ҷинпин: «демократия-ин ҳуқуқи мардумони тамоми мамолики дунёст, на ин ки ҳаққи кишварҳои ангуштшумор», такя бар ба вазъи ҳозираи равандҳои сиёсии ҷаҳонӣ, метавон посухи саривақтӣ ва хирадмандона ба он роҳбарони кишварҳои ғарбӣ номид, ки мехоҳанд манофеи мардумони дигарро қурбонии манофеи кишварҳои худ кунанд. Онҳо барои бунёди чунин системаи тартиботи ҷаҳонӣ кўшиш доранд, ки натиҷаи ин лоиҳаҳои шуҳратталабонаи нобихрадона метавонад бетартибӣ дар ақсои олам бошад.

Хабарнигор: Сессияҳои Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ (МУВМ) ва Шурои мардумии машваратии сиёсии Чин (ШММС) ҳодисаҳои ҳамасолаи сиёсӣ дар Чин маҳсуб мегарданд ва «ду сессия» ҳамчунин таҷрибаи муҳими амалисозии принсипи «мардум-молики кишвар» ва назорати сиёсии мардум ба мамлакат мебошад. Моҳи марти соли 2022 дар Пекин «ду сессия» баргузор гардид, ки диққати шаҳрвандони дохили кишвар ва мамолики хориҷиро ҷалб намуд. Шумо ин «ду сессия»-ро ҳамчун модели демократия бо хусусияти чиниро чи гуна баҳогузорӣ мекунед? Назари Шумо оид ба «ду сессия»-и Чин дар соли ҷорӣ?

Абдуҷаббор Азизӣ: «Ду сессия»-ҷаласаҳои ҳамасолаи Маҷлиси умумичинии вакилони мардумӣ ва Шурои мардумии машваратии сиёсии Чин, аз назари мо, мақоми муҳими машваратие ҳастанд, ки ширкати воқеии халқро дар амалисозии ислоҳоти нави сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвар таъмин мекунад. Мо итминон дорем, ки «Ду сессия», ки ҳамасола гузаронида мешаванд, ба ҳодисаҳои муҳимтарини сиёсии Чин табдил ёфта, нақши чашмрасро дар қабули самтҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвар иҷро мекунанд.

Чуноне ман иттилоъ дорам, дар ин маҷлисҳо, ғайр аз вакилони мардумӣ, намояндагони Ҳизби Коммунистӣ, ҳамчунин намояндагони 8 аҳзоби дигари Чин, вакилони ғайриҳизбӣ, намояндагони артиш, доираҳои тиҷоратии Ҳонконг, Макао, Тайван ва аққалиятҳои миллии кишвар иштирок мекунанд.

Боварӣ дорам, ки чунин шаклгирии ниҳоди сиёсӣ ба рушди мутаносиби тамоми мардумони гуногуни Чин мусоидат хоҳад кард.

Хабарнигор: Бозиҳои Олимпии соли гузаштаи Пекин, масъулият ва сатҳи баргузории онро чи гуна арзёбӣ мекунед? Тамаддун ва фарҳанги чиниро чи гуна метавон баҳогузорӣ намуд? Фарқияти фарҳангӣ миёни Чин ва Ғарб аз назари Шумо? Кадом ҷузъиёти фарҳанги чиниро дигар кишварҳо метавонанд ба худ бигиранд?

Абдуҷаббор Азизӣ: Ба шарофати кўшишҳои муштараки роҳбарони мо Тоҷикистон ва Чин ба сатҳи нави шарики стратегӣ расиданд. Тибқи қарори Кумитаи байналмилалии Олимпӣ, Бозиҳои XXIV-и зимистонаи Олимпӣ дар Пекин аз 4 то 20 феврал, Бозиҳои Паролимпӣ-аз 4 то 13 марти соли 2022 баргузор гардиданд. Пойтахти Чин аввалин шаҳр дар дунё гардид, ки тавонист ҳам Бозиҳои Олимпии соли 2008, ҳам Бозиҳои зимистонаи Олимпии соли 2022-ро баргузор кунад. Баргузории ин чорабиниҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ бозгўкунандаи муваффақиятҳои мардуми чинӣ дар ҳар соҳаҳо аст. Ин чорабинии бузурги варзишӣ, новобаста аз ҳолати мураккаби эпидемиологии алоқаманд бо COVID-19, яке аз ҳодисаҳои диданӣ ва бобарори варзишии солҳои охир буд.

Дар мусоҳибаи худ ба «China Media Group» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Бозиҳои зимистонаи Олимпии дарпешистода нишондиҳандаи дастовардҳо ва қудрати Чин хоҳанд буд. Тибқи суханони Сарвари мо, созмондиҳандагони Бозиҳои Олимпӣ барои иштирокчиёни ин чорабинии бузурги варзишӣ аз нуқтаи назари омода кардани иншооти варзишӣ, шароити маишӣ ва таъмини амнияти онҳо тамоми чораҳои заруриро дар сатҳи баланд амалӣ карданд.

Дар ин рўзҳо диққати тамоми дунё ба Чин равона шуда буд. Афсўс, ки баъзе кишварҳо, аз қабили ИМА, Австралия, Британияи Кабир, Канада, Литва ва Косово ин чорабиниро бойкот (тардид) карданд ва ба он ҷомаи сиёсӣ пўшониданд. Аммо ин миқёс, шукуҳ, беназирӣ ва дидании ин ҳодисаи бузурги варзиширо кам накард.

Ҷумҳурии Мардумии Чин тамоми он корҳоро ба анҷом расонид, то ин ки Бозиҳои Олимпӣ дар сатҳи олӣ гузаранд ва дар ин самт комёбиҳои зиёд ба даст оварда шуд. Ин комёбиҳо ба рушди якдилӣ, сулҳ ва дўстӣ, табодули фарҳангӣ миёни кишварҳои дунё мусоидат намуданд. Бозиҳои Олимпӣ аз қадим майли қавии инсониятро ба сулҳ, якдилӣ ва рушд ифода мекард. Чин ин руҳияи Бозиҳоро эҳё кард.

Оид ба фарҳанги чинӣ мехоҳам қайд кунам, ки дар қатори Ҳиндустон, Миср, Байнаннаҳрайн ва Юнон Чин аз тамаддунҳои куҳантарини олам маҳсуб мегардад, ки таърихи зиёда аз 5-ҳазорсола дорад. Тамаддуни чинӣ бо роҳи худ, алоҳида аз дигар фарҳангҳо инкишоф меёфт. Натиҷаи ин раванд мероси ғании фарҳангӣ аст, ки арзиши баланд барои фарҳанги ҷаҳониро дорост. Нигоҳ накарда ба ҷангҳо, ошўбҳои тамомнашаванда ва харобиҳо, ин тамаддун тавонист ғоя ва арзишҳои асосии худро ҳифз кунад. Фарҳанги Чин такрорнашавандагӣ ва беназирии худро маҳфуз дошт. Бисёре аз дастовардҳои инсоният аз тамаддуни чинӣ реша мегиранд. Маҳз аз ин ҷо Роҳи Бузурги Абрешим ибтидо мегирифт, ки «пул»-и пайвасткунандаи Шарқ ва Ғарб маҳсуб мегардид. Роҳи Бузурги Абрешим дар ҳастии фарҳанги Чин нақши бузургро иҷро намуд, чунки тавассути он ба кишвар буддоия-яке аз оинҳои муҳимтарини тамаддуни Чин ворид гашт. Фарҳанги чинӣ дорои урфу одат, анъанот, мусиқӣ, рақс, санъат, рассомӣ, забон, таббохӣ, либос ва меъмории ғанӣ аст. Ин ҷо бояд махсусан алифбои чиниро қайд кард. Он яке аз қадимтарин дар ҷаҳон буда, имрўз дар Чин тавассути ҳамин алифбо (иероглифҳо)-е, ки панҷ ҳазор сол пеш истифода мешуд, менависанд.

Чин кишвари ҷолиб ва пур аз муаммову муъҷиза, яке аз тамаддунҳои қадимтарин бо ёдгориҳои зиёди таърихист, ки аз онҳо зиёда аз 240 таҳти ҳифозати давлат буда, 29 макони фарҳангиву табиӣ аз ҷониби ЮНЕСКО ба рўихати иншооти мероси ҷаҳонӣ ворид гаштаанд, 24 шаҳри кишвар бо таърихи ғании инқилобӣ ҳамчун мамнуъгоҳ эълон гардидаанд. Аз рўйи шумораи ёдгориҳои таърихӣ ва минтақаҳои табиӣ Чин, баъд аз Испания ва Италия, дар ҷаҳон мақоми саввумро касб кардааст.

Аҳолии Чин мардуми сулҳдўст ва меҳнаткаш аст. Ин мардум бузургсолонро эҳтиром мекунад, кўдаконро дўст медорад, бо дигарон таҳаммулпазир аст. Чиниҳо табиатан сарфакор ва хоксор ҳастанд. Онҳо ба мавзуният бовар доранд ва аз моҷаро дуранд. Ин миллати бузург аст, ки метавон хеле чиз аз он омўхт.

Хабарнигор: Ин сол давраи муҳим барои роҳи нави Чин дар бунёди кишвари муосири сотсиалистӣ ва ба даст овардани ҳадафи дуюми садсола аст. Рушди Чин минбаъд низ ба ҷаҳон таъсир хоҳад расонд. Шумо рушди ҳозира ва ояндаи Чинро чи гуна мебинед?

Абдуҷаббор Азизӣ: Рушди босуръати Ҷумҳурии Мардумии Чин натанҳо барои худи мардуми Чин, балки тамоми ҷомеаи байналмилалӣ манфиатбор аст. Дар ҷаҳони муосир бисёр кишварҳо ва мардумон бо буҳронҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ рў ба рў мешаванд. Вобаста ба ин, роҳбарони кишварҳо пайваста пайи ҷустуҷўи роҳ ва ғояҳои нав барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандонашон ҳастанд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин лоиҳаи бузурги «Роҳи абрешим: як камарбанд-як роҳ»-ро омода кард, ки онро бисёр мамолики олам, аз ҷумла Тоҷикистон дастгирӣ намуданд, чунки дар коркард ва амалисозии он манфиатҳои тамоми кишварҳои олам ба назар гирифта шуд.

Роҳбарони сиёсии кишварҳо ба хубӣ дарк мекунанд, ки паси сар кардан, ҳалли буҳронҳо дар ҷаҳони муосир танҳо бо воситаи ҳамкориҳои тарафайн, хусусан тавассути амалисозии чунин лоиҳаҳое, ба мисоли «Роҳи абрешим: як камарбанд-як роҳ» имконпазир аст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва характери қариб фарогири мушкилоти ҷаҳони муосир, оламе, ки ба сар мебарем, таъсирпазир ва «нозук» шудааст. Дар ин ҳолат, аз назари мо, роҳи дурусти бартараф намудани ин омилҳо тавъам сохтани саъю кўшишҳо ва рўйи кор овардани шароити мусоид дар самти ҳамкории самараноки минтақавӣ ва байналмилалӣ, барои таъмини шароити мусоиди зист ва рушди устувор мебошад. Ҳамгироии иҷтимоӣ-иқтисодӣ метавонад омили пуртаъсир барои рушди иҷтимоӣ гашта, барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва боло бардоштани сатҳи некуаҳволии одамон дар тамоми дунё кумак кунад.

Хабарнигор: Анҷумани 20-уми умумичинии Ҳизби Коммунистии Чин имсол рўйдоди муҳимтарини сиёсии кишвар гашта, ба ояндаи Чин таъсири калон хоҳад расонд. Шумо аз ин анҷуман чӣ интизориҳо доред?

Абдуҷаббор Азизӣ: Чуноне маълум аст, анҷумани 20-уми ҲКЧ, ки қарори баргузории он дар пленуми 6-уми анҷумани Умумичинии Ҳизби Коммунистии Чин, даъвати 19-ум қабул гардид, дар Пекин, дар нимсолаи дуввуми соли 2023 мегузарад. Пленум оид ба гузаронидани анҷумани 20-уми Умумичинии Ҳизби Коммунистии Чин қарор қабул кард. Ин анҷуман дар лаҳзаи калидӣ, вақте ки ҳизб ба пайраҳаи нави бунёди ҳамаҷонибаи давлати муосири сотиалистӣ ворид шуда, пайи дастрасӣ ба ҳадафи садсолаи Чин аст, даъват мегардад ва он ҳодисаи бузургтарини ҳаёти сиёсии ҳизб ва давлат буда, хеле муҳим хоҳад буд. Мо дарк мекунем, ки ҲКЧ мардуми гуногунмиллати Чинро муттаҳид мекунад, аз пайи худ мебарад ва дар роҳи худ тамоми монеаҳоро бартараф карда, ҷасурона ба пеш ҳаракат мекунад ва дар бунёди давлати намунавии муосир саҳми бузург мегузорад.

Мо интизорӣ дорем, ки ин анҷуман барои амалисозии «орзуи чинӣ» оид ба эҳёи бузурги миллати Чин такони ҷиддӣ дода, шаҳрвандон бо дастовардҳои боз ҳам волотар даъвати анҷумани 20-уми Ҳизби Коммунистии Чинро пешвоз мегиранд.

Хабарнигор: Шумо консепсияи чини «шукуфоии умумӣ»-ро чи тавр баҳогузорӣ мекунед? Такя бар ин консепсия, Ҳизби Коммунистии Чин бо дигар аҳзоби сиёсии ҷаҳон чи гуна ҳамкориҳоро метавонад ба роҳ монад?

Абдуҷаббор Азизӣ: Нақши ҲКЧ дар суботи сиёсии кишвар, рушди босуръати иқтисодиёт ва боло бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон, бешубҳа, бузург аст. Тамоми қарорҳое, ки ҳизб қабул мекунад ва масъалаҳои муҳиме, ки назди ҳукумат мемонад, барои беҳтар намудани сифати зиндагии мардуми одӣ равона шудаанд.

Имрўз Чин ягона кишвар дар дунёст, ки дар он ду система мусолиҳатомез арзи вуҷуд доранд: сотсиалистӣ ва капиталистӣ. Роҳбарияти Чин чандин маротиба эълон дошт, ки рушди осоишта мақсади асосии кишвар аст. Замони охир мо шоҳиди он ҳастем, ки Чин бо сиёсати сулҳҷўёнааш ин назарияро тасдиқ мекунад.

Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати байналмилалӣ доимо эълом медорад, ки танҳо дар шароити сулҳ ҷомеа метавонад рушд кунад ва одамон ҳаёти арзанда дошта бошанд. Такя бар ин, ҳукумати Чин дар сиёсати берунӣ бунёди вазъи осоишта ва босуботи байналмилалиро, ки ба рушди тамоми кишварҳои олам таъсири мусбат мерасонад, вазифаи муҳимтарини худ медонад.

Миёни ҲХДТ ва ҲКЧ муносиботи бисёрсолаи дўстона рўйи кор омадааст. Солҳои охир бисёр лоиҳаҳои муштарак коркард ва амалӣ шудаанд, ки метавонанд барои дигар аҳзоби пештози кишварҳои минтақа дар масоили ҳамкорӣ намуна бошанд.

Мо боварӣ дорем, ки метавонем бо саъю кўшиши якҷоя дар муддати кутоҳ суботи сиёсӣ ва иқтисодии минтақаро ба даст оварда, барои ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои густурдатари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин замина гузорем. Ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, пайвандҳои бисёрасраи фарҳангиву маънавӣ миёни кишварҳои мо шароити хубе барои рушди муносибот дар ин самт фароҳам меорад.

Тарҷумаи Азамат Дўстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: