Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » НАҚШИ ИТТИЛООТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

НАҚШИ ИТТИЛООТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

22-06-2023, 11:09
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ ИТТИЛООТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢСАРНАВИШТИ МУШТАРАКИ ХИТОЙ ВА ОСИЁИ МАРКАЗӢ: МАСЪУЛИЯТИ ҲИЗБҲОИ СИЁСӢ
12-уми июн дар шаҳри Пекин ҷаласаи якуми Муколамаи ҳизбҳои сиёсии Чин ва Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Сарнавишти муштараки Чин ва Осиёи Марказӣ: масъулияти ҳизбҳои сиёсӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Ҷаласаи мазкур бо мақсади татбиқи тавофуқи бадастомада байни сарони давлатҳо моҳи майи соли 2023 дар Чин аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Чин баргузор карда шуд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар масъалаи муносибатҳо ҳамеша калидӣ буда, метавонад натиҷаҳои самарабахш ба бор оварад.
Тавре таъкид гардид, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатиро ҷашн гирифтанд. Дар ин муддат муносибатҳои байни давлатҳо марҳила ба марҳила таҳким ёфта, ба зинаи нави ташаккул баромад. Мантиқист, ки имрӯз онҳо дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил, эҳтирому эътимод ба ҳамдигар бомуваффақият рушд меёбанд.
Гуфта шуд, ки натиҷаи гуфтушуниди охири сарони давлатҳо - Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин аснои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бовариро ба ояндаи дурахшон устувортар гардонд ва ҳамкории дарозмуддати байни давлатҳо дар тамоми ҷабҳа вусъати тоза хоҳад гирифт.
Намояндагони ҳизбҳои сиёсии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҳамоиш ба хулосае омаданд, ки ба хотири мусоидат ба рушди осоиштаи минтақа табодули таҷрибаи байниҳамдигариро вусъат бахшанд.

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ШУКУФОИИ ВАТАН
НАҚШИ ИТТИЛООТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон дар маҷлисгоҳи шуъбаи маорифи ноҳия бахшида ба 26-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони "Ваҳдати миллӣ-шукуфоии Ватан" конфренсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Дар кори он раиси Кумиҷроияи ҳизбии ноҳия Холиса Саидхонова, муовини раиси ноҳия Лайло Чоршанбезода, мудири шуъбаи маориф Арамбегим Ҷафариева, фаъолон, собиқадорон, бонувону ҷавонон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Холиса Саидхонова ҳамоишро ҳусни оғоз бахшида, дар бораи мафҳум ва моҳияти ваҳдати миллӣ ва баҳамоиву осоиштагӣ андешаронӣ намуд.
Сипас, омӯзгори фанни таърих Розия Наврӯзмамадова дар мавзуи "Ваҳдати миллӣ-шукуфоии Ватан", мудири шуъбаи маорифи ноҳия Арамбегим Ҷафариева дар мавзуи "Ваҳдати миллӣ ва ислоҳоти соҳаи маориф", раиси Ҷамоати деҳоти Рӯшон Гулсара Мирзошоева дар мавзуи "Нури ваҳдат тоҷиконро тоҷбарсар кардааст", директори мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон Бахтовар Давлатқадамов дар мавзуи "Ваҳдат-омили муҳими рушди ҷомеа" суханронӣ карданд.
Дар поёни ҳамоиши ҳизбиён муовини раиси ноҳияи Рӯшон Лайло Чоршанбезода зимни андешаронӣ ваҳдати миллиро ҳамчун кафили сулҳу суботи сартосарии Ватани азизамон маънидод карда, таъкид дошт, ки асоси рушду пешрафти сарзамин ва зиндагии осудаҳолонаи мардуми он маҳз ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи сартосарӣ аст.

БЕДОРИИ ҶАВОНОН-КАФИЛИ АМНИЯТУ ОСОИШТАГӢ

Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28-уми феврали соли ҷорӣ баён доштанд, санаи 15-уми июни соли равон ҳайати таблиғотӣ аз ҳисоби фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, адибону олимони шинохтаи кишвар бо афсарону хизматчиёни қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карданд.
Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки вохӯрии имрӯзаи фаъолони ҳизбӣ ва сиёсатмадорону адибон бо хизматчиёни қисми ҳарбӣ, ки дар арафаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ сурат мегирад, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба роҳ монда шудааст. Дар мулоқот роҳбари Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода, нависандаи маъруф Абдурофеъ Рабиев, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода ва дигар фаъолони ҳизбӣ оид ба мавзуъҳои пешгирии шомилшавии хизматчиёни ҳарбӣ ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, бедор намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, таблиғи одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва риояи қонунҳои амалкунанда ибрози андеша намуданд.
Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бесарҳадии фазои иттилоотӣ, ки идеологияи хатарзои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ суботи оромии ҷомеаи кишварҳои пешрафтаи оламро ҳам халалдор карда истодааст, ба роҳ мондани тадбирҳои муҳим дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, бедор намудани ҳисси масъулиятшиносии шаҳрвандон ҷиҳати муқовимат алайҳи ҳуҷумҳои идеологии гурӯҳҳои хатарзо ва душманони миллату давлати мо дар мадди аввал меистад.
Дар аснои суҳбат бо сарбозону афсарони қисми низомӣ нависандаи шинохта Абдурофеъ Рабиев, ки бо асарҳои бадеии худ дар мавзуъҳои ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳангу тамаддуни миллӣ ва бузургиву тавононии халқи тоҷик дар ҳифзу мудофиаи сарзамини аҷдодӣ миёни хонандагон маъруфият пайдо намудааст, бо ёдоварӣ аз таърихи пурифтихори миллати тоҷик ва муборизаҳои ҷонфидоёнаи фарзандони фарзонаи миллат аз хизматчиёни ҳарбӣ даъват ба амал овард, ки дар баробари адои хизмати ҳарбӣ, ҳамзамон, бо донишу маърифати воло мусаллаҳ шуда, муаррифгари шоистаи миллату давлати тоҷикон дар арсаи олам бошанд. Ба таъкиди нависанда, қаламрави имрӯзаи вилояти Хатлон аз сарзаминҳои муқаддаси мо ба ҳисоб меравад, ки наслҳои барӯмандаш бо асарҳои безаволу кашфиётҳои ояндасоз дар рушди ҷомеаи башарӣ саҳми ниҳоят бузург гузоштаанд. Аз ин лиҳоз, баҳрабардории маънавӣ аз илму адабиёти ғании халқи тоҷик, осорхонаву мавзеъҳои таърихӣ ва дидору ошноӣ аз қадамҷойи бузургони ин сарзамини бостонӣ мояи фараҳу руҳбаландӣ гардида, дар тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон нақши муассир хоҳад гузошт.
Роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода зимни суханронӣ аз ки саъю талошҳои фарзандони содиқи Ватан ва мардуми шарифи кишварамон, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушду ободии Тоҷикистон кору зиндагӣ дошта, хизмат ба халқу Ватанро муҳимтарин рисолати ҳаётии хеш медонанд, далелҳо оварда, изҳор дошт, ки дар ҷаҳони пуртазоди асри ҷадид танҳо миллату ҷамъиятҳои ҳушманде истиқлолу соҳибихтиёрии худро ҳифз карда метавонанд, ки атрофи сиёсати давлатдории худ муттаҳиду сарҷамъ буда, дар муборизаҳои идеологиву ҳифзу марзу буми хеш аз як гиребон сар бароранд.
Мавсуф аз вазъи ҷаҳони имрӯза, муборизаҳои геополитикии абарқудратҳо ва дигар хатарҳои мавҷуда мисол оварда, аз хизматчиёни ҳарбӣ даъват ба амал овард, ки бо масъулияти бештар дар иҷрои вазифаи муқаддаси хеш ҳамеша омодаи ҳимояи Ватани худ бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ, ҳамчунин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҷамшед Саидзода оид ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва заҳмату талошҳои Пешвои миллат дар масири рушду ободии кишвар ва муаррифии кишвар дар арсаи ҷаҳон андешаҳои худро баён намуд.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона рушди ниҳодҳои демократӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати озодии виҷдон, таъмини амнияти миллии кишвар ва дар маҷмуъ, рушду тараққиёти кишварро ҳадафҳои олӣ қарор дода, дар масири бунёдгузории давлати пешрафта, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва татбиқи маромҳои бузурги ояндасозӣ гомҳои устувор гузошта истодааст.
Ҷамшед Саидзода таъкид дошт, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз санаҳои муҳиму тақдирсоз барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад, ки баъд аз ҳазор соли бедавлатӣ ва паси сар намудани ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта даврони давлатдории мустақим ва фазои сулҳу оромӣ дар кишварамон барои мо, мардуми шарафманди кишвар муяссар гардидааст. Миллати мо имтиҳони тӯлониву пурмашаққати таърихро паси сар намуд, вале, хушбахтона, бо саъю талош ва муборизаҳои фидокоронаи мардуми кишвар бо ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои миллат оташи ҷанг хомӯш карда шуда, баъд аз сари миз нишонидани ду ҷониби сангарҳои мухолиф сулҳу оштӣ ва ваҳдату ягонагӣ дар кишвари мо ҳукмфармо гардид.
Дар ҷодаи пуршарафу ифтихорманд фарзандони бонангу номуси миллат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ ба талошу мубориза бархостанд ва собит сохтанд, ки миллати маърифатпарвари тоҷик тавону иродаи авфу ба ҳам омаданро дорад.
Дар ин масири ифтихор, бахусус роҳбарияти кишварамон фарҳанги сулҳро ҳамчун унсури бунёдии сиёсати худ қарор дода, дар муддати кутоҳ муносибатро бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон барқарор карда, бо рӯйи даст гирифтани ташаббусҳои созандагӣ Тоҷикистонро дар арсаи олам муаррифӣ намуд. Инак, 26 соли зиндагӣ дар фазои сулҳу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ имконият фароҳам овард, ки мардуми Тоҷикистон дар роҳи бунёдгузории давлати навин гомҳои устувор гузошта, дар ҳама арсаҳо ба натиҷаҳои назаррас соҳиб гардад.

ҲИЗБИ ПЕШСАФ ВА ТАШАББУСКОРУ СОЗАНДА

Таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода дар толори Кумитаи иҷроияи вилоятӣ маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд доир гардид.
Дар кори он, аъзоёни Раёсат, кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он иштирок намуданд.
Дар ибтидо Зуфар Исмоилзода суханронӣ намуда, аҳли нишастро бо рӯзномаи маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд шинос намуд.
Сипас, аз рӯйи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои олӣ, дар асоси бандҳои 1.1, 1.4 ва 4.23-и Оинномаи ҲХДТ бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии ҲХДТ, роҳандозии тарғибу ташвиқи ҳадафу нақшаҳои оинномавию барномавии ҳизб, муаррифии шоистаи дастовардҳои он дар замони соҳибистиқлолӣ қарори дахлдор қабул карда шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят зикр намуд, ки санаи 10-уми декабри соли 2024 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30-солагии таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Ин муҳлат дар ҳаёти як ҳизби сиёсӣ вақти чандон тӯлонӣ нест.
ҲХДТ ҳизби марҳилаи нави бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳизби даврони истиқлолият ва зодаи тафаккури сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
ҲХДТ ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти мамлакат ҳиссаи сазовор гузошта истодааст.
Дар ии муддат ҲХДТ тавонист худро бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона ба мардум ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
Бояд ошкоро гуфт, ки роҳи паймудаи он ҳамвор набуда, балки шебу фарози зиёде дошт. Ҳизб аз як гурӯҳи хурди ҳаммаслакон имрӯз ба як ҳизби муосири беш аз 500 ҳазорнафара, ба неруи пешсафу пешбар ва ташаббускору созанда табдил ёфт.
ҲХДТ барои сафарбар намудани мардум ба корҳои неку созанда чун неруи сиёсии пешбаранда қишри фаъоли Тоҷикистонро бо ғояҳои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъиву ваҳдати миллӣ ва волоияти қонун муттаҳид намуд. Зеро ин ғояро ҳанӯз 29 сол қабл Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташкили ҳизби нав - Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба миён гузошта буданд.
Самараи он таъмини сулҳи сартосарӣ, ташаккули сохти нави давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва торафт беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад.
ҲХДТ дар муддати фаъолияти хеш зери шиори “Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум” дар роҳи ташаккули миллат, эҳёи таъриху фарҳанг ва бунёди давлати мустақили миллӣ корҳои азимеро анҷом дода, барои расидан ба мақсадҳои наҷиби ватандорӣ барномаҳои муҳиму ҳадафманди худро амалӣ карда истодааст.
Таҷлили ҷашни 30-солагии ҲХДТ барои ҳар аъзо ва ҷонибдори он дар баробари санаи муборак ва хотирмон будан, ҳамзамон, мояи ифтихор ва боиси тақвияти масъулияти шаҳрвандӣ миёни аҳолӣ хоҳад буд.
Дар идомаи маҷлис аз рӯйи масъалаи дуюми рӯзнома он гузориши роҳбари Дастгоҳ, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Фаррух Зоҳидов оид ба баргузории маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд шунида шуд.
Ҳамзамон, вобаста ба таъмини нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” гузориши мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Мухтор Толибзода шунида шуд. Дар хотимаи маҷлис ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии ҲХДТ бо мақсади босифат ва дар муҳлати муқаррагардида иҷро намудани нақшаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ ва беҳтар намудани фаъолият дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он раиси Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Зуфар Исмоилзода супоришҳои мушаххас дод.

НАҚШИ ИТТИЛООТ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИЛЛӢ

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши иттилоот дар таъмини амнияти миллӣ» конфронси илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Тавре таъкид карда шуд, дар шароити феълӣ рушду пешрафт ва ҳатто мавҷудияту бақои давлатҳо ба устувории амнияти иттилоотӣ вобастагии амиқ дорад. Андешаи эътирофшудаи «Асри XXI - асри иттилоот» дорои воқеияти худ буда, идораи иттилоот дар ҷаҳони муосир ва шаклгирии равандҳо дар он аҳамияти ҷиддӣ пайдо намудааст. Таҳлилҳо собит намудаанд, ки ноустувор ва ё заиф будани амнияти иттилоотӣ боис мегардад, ки давлатҳои соҳибистиқлол ва рушдкарда ба майдони моҷаро ва бархӯрди манфиатҳои қудратҳои муайян табдил ёбанд.
Иштирокчиёни конфронс изҳор доштанд, ки тавре дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 омадааст, воситаҳои ахбори омма яке аз рукнҳои устувори ҷомеаи демократӣ буда, дар меҳвари фаъолияти онҳо инъикоси воқеии ҳаёти соҳаҳои гуногун, бунёди Тоҷикистони навин, баланд бардоштани имиҷи миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, роҳандозии ислоҳот дар ҷомеа, ҳифз ва рушди фазои иттилоотӣ, амнияти иттилоотӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва анҷом додани баъзе вазифаҳои муҳим дар бахши таъмини дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти солим ва саҳеҳ бояд қарор гиранд.
Тазаккур дода шуд, ки амнияти иттилоотӣ ҳолат ва шароите мебошад, ки ҳар гуна хавфу хатар ба дилхоҳ маълумоти муҳим ва сарнавиштсози ин ё он давлат пешгирӣ ва бартараф карда шуда, дастрасӣ ва таъсиргузории гурӯҳҳои таҳрибкор ва ҷиноятпеша ба маълумот, ҳуҷҷатҳо ва ё афкори омма маҳдуд шудааст. Ҳадаф ва мақсади асосии таъмин намудани амнияти иттилоотӣ дар давлат аз он иборат аст, ки бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ ва системаи таъмини амнияти иттилоотӣ дилхоҳ хатару таҳдиди воқеӣ, эҳтимолӣ ва имконпазир ба фазои иттилоотии давлат бартараф ва ба ин васила, якпорчагӣ, суботу оромӣ ҳифз ва рушди устувор дар ҷомеа таъмин карда мешавад.
Гуфта шуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳалаи солҳои 2020-2025 рақобатпазир намудани абзорҳои ватании воситаҳои ахбори омма дар шароити ҷомеаи иттилоотиро ниҳоят муҳим шуморида, дар навбати худ масъалаи имиҷсозии давлатро дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон аз масъалаҳои калидии ҳадафҳои барномавии хеш медонад.
Дар идома иштирокчиёни конфронс оид ба масъалаҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши шабакаҳои иҷтимоӣ дар таъмини амнияти иттилоотӣ маърузаҳо намуданд.
Дар интиҳои конфронс як зумра иштирокдорон ва фаъолони ҳизбӣ бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.

ДАР ҲИСОР СИТОДИ ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ҲХДТ ТАЪСИС ЁФТ

Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои омодагӣ ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии ҲХДТ, таъсиси Ситоди Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Ҳисор дар давраи маъракаи “Обуна - 2024” ба нашрияи марказии ҳизб - “Минбари халқ”, тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи дуюми соли 2023, роҳандозии маҷлисҳои умумии ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳр ва дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Изатуллои Ҳабибзод зикр намуд, ки санаи 25-уми майи соли 2023 қарори маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни 30-солагии ҲХДТ аз ҷониби Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имзо гардид, ки дар заминаи он нақшаи чорабиниҳо иборат аз 45 банд таҳия ва тасдиқ карда шуд. Инчунин, 1-уми июни соли равон Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” таъсис дода шуд. Зикр гардид, ки дар мувофиқа бо сохтори болоии ҲХДТ ва Раиси шаҳри Ҳисор, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар рӯйхати эҳтимолии аъзои Ситоди шаҳрӣ ба ифтихори 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омода карда шудааст, ки барои тасдиқ манзури аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб мегардад.
Бо муҳокимаи аъзои Раёсат Ситоди шаҳрӣ таъсис, ҳайати Ситод ва нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ иборат аз 30 банд тасдиқ карда шуданд.
Оид ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис “Дар бораи таъсиси Ситоди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор дар давраи маъракаи “Обуна -2024” ба нашрияи марказии ҲХДТ - “Минбари халқ” зикр гардид, ки тибқи дастури роҳбарияти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ маъракаи “Обуна-2024” оғоз гардид.
Гуфта шуд, ки ду маъракаи муҳими дохилиҳизбӣ аст, ки кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар он фаъолона иштирок менамоянд ва яке аз онҳо маъракаи обуна ба нашрияи марказии ҲХДТ - “Минбари халқ” мебошад.
Мусаллам аст, ки нашрияи ҳизбӣ инъикосгари фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, таблиғи ғояҳои созанда, вусъати раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иттилоотонии мардум ва ҷонибдорони ҳизб доир ба вазъи зудтағйирёбандаи сиёсии ҷаҳони муосир буда, солҳои охир серхонандатарин нашрия ба шумор меравад.
Ба таъкиди Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Қобили зикр аст, ки дар шароити ҳозираи пешрафти ҷомеа, таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоӣ нақши васоити ахбори омма ва шабакаҳои интернетӣ торафт меафзояд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар баробари вусъат бахшидан ба фаъолияти нашрияҳои ҳизбӣ, пеш аз ҳама, нашрияи марказии ҳизб - “Минбари халқ” робитаро бо дигар расонаҳои хабарӣ тақвият дода, ба он муваффақ гардем, ки ба мардум танҳо сухани ҳақ ва инъикоси воқеии ҳодисаҳо манзур карда шавад”.
Таъкид гардид, ки мутаассифона, дар маъракаи сиёсии “Обуна-2023” дар соли 2022 баъзе аз раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нақшаи бауҳдадоштаашонро иҷро карда натавонистанд.
Аз рӯйи масъалаи мазкур раиси ташкилоти ибтидоии “Табибон” Баҳодур Раҷабов ва раиси ташкилоти ибтидоии “Касбомӯзон” Миҷгона Раҳимӣ ба музокира баромаданд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки дар доираи таҷлили ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар даҳрӯзаи аввал аз иҷрои нақшаи обуна ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор гузориш хоҳанд дод.
Доир ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис “Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи дуюми 2023” қайд шуд, ки бо мақсади муайян намудани самтҳои фаъолият, беҳтар намудани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва ҷалби ҳарчӣ бештари сокинон ба ҳаёти сиёсии мамлакат ва дар асоси нақша ба роҳ мондани фаъолият, лоиҳаи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи дуюми соли 2023 дар шаклу сифати нав мутобиқ ба меъёр ва шарту шароитҳои муосири маҳал омода карда шудааст.
Бо назардошти таклифҳои ироагардида Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор барои нимсолаи дуюми соли 2023 тасдиқ карда шуд.
Оид ба масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис дар бораи роҳандозии маҷлисҳои умумии ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии шаҳри Ҳисор гуфта шуд, ки тибқи талаботи банди 4.4-и Оинномаи ҲХДТ дар як сол як маротиба дар маҷлиси умумӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ шунида мешавад. Як сол қабл, дар моҳи июн маҷлисҳои умумии ҳисоботӣ доир гардида буданд ва ҳоло тибқи талаботи Оинномаи ҳизб зарур аст, ки маъракаи мазкур дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ карда шавад.
Бо ҷонибдории аъзои Раёсат ҷадвали баргузории маҷлисҳои ҳисоботии ташкилотҳои ибтидоӣ тасдиқ карда шуд.
Дар маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб муовини якуми Раиси шаҳри Ҳисор Сироҷиддин Каримзода суханронӣ намуда, аз ҷумла таъкид карданд, ки таъсиси Ситоди “Ҷашни 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ”, оғоз гардидани маъракаи сиёсии “Обуна 2024” ва тибқи талаботи Оиннома шуруъ гардидани маҷлисҳои ҳисоботӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва қабули қарорҳои дахлдор аз ҳар як раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои ҳизб дарки эҳсоси масъулиятро талаб менамояд.
Дар фарҷоми маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Изатуллои Ҳабибзод зикр намуд, ки кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ҳамеша баҳри ободонии диёр, амалишавии ҳадафҳои созанда, мусоидат дар иқдомҳои корҳои ободонии шаҳрдорӣ кӯшиш намуда, дар ин самт корҳои таблиғотиро байни мардум бештар менамоянд.
Ҳамчун рамзи оғози чорабиниҳои ҷашни 30-солагии ҲХДТ чун армуғон ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор туҳфа супорида шуд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: