ҲАМОСАИ ВАТАНДОРӢ19-06-2023, 12:30
Хабарро хонданд: 159 нафар
Назарҳо: 0
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем Аз он беҳ, ки мулк ба душман диҳем. Ин ҳарфу ҳиҷои саропо аз сӯзи ватандорӣ ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини Истиқлоли давлатӣ, охири соли 1991 қалби пурҳарорати ватанхоҳони кишварро ором нагузошта буд. Давлатиқарибсесадмиллионаи абарқудрати Шуравӣ бо дасисаи иддае аз қудратталабон рӯ ба таназзул ниҳода, сарнавишти бошандагони он ба дасти хоҷагони зери ниқоби дину суннатҳои фарҳангии ховар уфтода, роҳи халосӣ аз он ҳамагонро роҳгуми кӯчаҳои сарбаста намуда буд. Фарзандони баору номуси миллат дар роҳи иттиҳоду якпорчагии қаламрави Тоҷикистон сина сипар намуда, ба дифои марзу бум бархостанд. Нахуст мардуми Хатлон бо азму иродаи қавӣ ба дифои марзу буми аҷдодӣ бархостанд. Ин талошу ҷоннисориҳои онҳо аз ҷониби ватанхоҳони тамоми Хатлони гурдзо дастгирӣ ёфта, ба таъсиси Ҷабҳаи мардумии дифои Ватан бунёд гузоштанд. Ҳамин Ҷабҳаи миллӣ сипари боэътимоди кишвар гардида, ба таъсиси Артиши миллӣзамина гузошт. Зери кафолати Ҷабҳаи миллӣ Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои ОлииҶумҳурииТоҷикистон дар Қасри Арбоб, воқеъдар шаҳри бостонии Хуҷанддаъват гардида, тақдириҳастии Тоҷикистон роҳи ҳалли хешро ёфт. Ҳама иштирокчиёни Иҷлосия, чӣ вакилони мардумӣ ва чӣ меҳмонони он интизори муждаи сулҳу якпорчагии кишвар буданд. Ниҳоят, дар рӯзидуюми Иҷлосия тақдири миллат ва давлати тоҷикон баъд аз машварати зиёд ҳалли мусбат пайдо намуд. Вакили мардумӣ, шахсияти миёни вакилон шинохта бо пешниҳоди вакилони минтақаиКӯлоббо ҷасорату матонати ватанхоҳона гом бар минбари масъулияти ватандорӣ ниҳод. Ӯ вакили мардумӣ аз ҳавзаи Данғараи вилояти Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон буд, ки масъулияти бузурги ватандориро бар дӯши хеш гирифта, ба мардум аз минбари баланд изҳор намуд, ки тамомияти арзии кишварро бар дӯш гирифта, амнияту осудагии тамоми сокинони кишваррокафолат хоҳад дод. Шуълаи умед дар қалби мардуми ташнаи сулҳгулкард. ШоирихалқииТоҷикистонзиндаёд Ашӯр Сафар миёни аҳлисуханикишвар яке аз аввалинҳоебуд, кибочунинмазмуншеърашро манзуримардумиинтихобкардаи Раиси тозаинтихоби ШуроиОлиикишвармуҳтарам ЭмомалӣРаҳмоннамудабуд: Ҷомаи Сулҳбатаномадаӣ, Ба даҳонқандисуханомадаӣ. Ба замин не, ба ҳавоне, бакуҷо? Сар сари дидаи ман омадаӣ. Ин қадарҷоматурозебдиҳад, Ба рухат акси рухи себ диҳад. Ба нигоҳамқадаматгулбезаст, Дар бағалбоғучаманомадаӣ. Ҷомаи тоза муборак бошад, Ҳусни шероза муборак бошад. Раҳипурнурдаронметобад, Зи раҳинурфиканомадаӣ. Ба ҳаминҷомадигарбандмиён, Ҷомаро дор нигоҳумадарон, Сари ҳарриштаву кукаш бахт аст, Бахт дар бар ба ватан омадаӣ. Ҷомаи Сулҳпанаҳҷобармо, Қимат аз сарвати дунё бар мо. Шарафат бод, ки ҳимматкарда, Зӯрбоҳиллавуфаномадаӣ. Тирамоҳрангибаҳоронбигирифт, Зиндагӣазсаринавҷонбигрифт, Оби ҷӯсофшудаз хуноба, Марҳамирешибаданомадаӣ. 26 ноябри соли 1992 Ӯ дар назди вакилон ва меҳмонониИҷлосияқавлдод, киаввалин қадаме, ки дар роҳи ватансозӣ ҳоҳад ниҳод, ин баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ аст ва то он замоне, кияк тоҷик берун аз Ватан ҳамчун гурезаи сиёсӣ ба сар мебарад, ором нахоҳад буд. Аксари кулли вакилон он замон ба фардои орому осуда ҳеч бовар надоштанд. Чунки гурӯҳҳои қудратталаб аз мақсадҳои нопокашон даст накашида, ба умеди хоҷагони хеш буданд. Шоядонҳо бовардоштанд, ки хоҷагони онҳо метавонанд вазъи сиёсии кишварро куллан тағйир диҳанд. Бехабар аз он ки: Муддаӣ хост, ки аз бех канад решаи мо, Ғофил аз он ки Худо ҳаст дар андешаи мо. Тири онҳо хок хӯрд. Роҳбари ҷавон, ки қалби покаш саршори муҳаббати ватандорӣ буду дуои модар ҷавшани боэътимоди нангу номи раъиятхоҳӣ, ӯро аз ҳама балоҳои заминӣдар паноҳи раҳмати Офаридгор нигаҳбониаш намуд. Бо дуо ва фотиҳаи модараш ба кори хеш оғоз бахшид. Аввалин қадаме, ки дар остонаи муҳаббати ватандорӣ ниҳод, раъиятпарвариву раъиятдӯстиаш буд. Бо мардум пайваст. Аввалин минтақаи доғи он замон- Бадахшон, ки яке аз нукоти доғи даргириҳоимусаллаҳонабуд, ӯро ба худ хонд. Ҳатто ҳамсафаронаш розӣ набуданд, ки ӯ ба Бадахшон сафар анҷомдиҳад. Чунки ҳама неруҳои мусаллаҳиоштинопазир онҷо ҷамъ гардида, интизори амри хоҷагони хеш буданд. Иддае аз роҳбаладон хостанд, ки ин сафарро ба таъхир гузоранд. Ӯ бо исрор талаб намуд, ки ин сафарро омода созанд. ва ба хотири сулҳу салоҳ ва якпорчагӣ озими Бадахшон гардид. Неруҳои силаҳдор омода буданд, ки низоъро барангезанду лакнаҳо ба сулҳ ворид намоянд. Сарвари ҷавон ҷон дар кафи даст тақдир ва сиришту сарнавишташро бо мардуми Бадахшон пайваст. Ҳамин сафар муҳаббат ва садоқати ӯро ба мардум ва мардумро ба ӯ бештар намуд. Ӯ аз нахуствохӯрии сулҳофариаш дарк намуд, ки мардум ташнаи субот ва баҳамоии миллат мебошад, вале бархе аз гумроҳон, ки худро “роҳбари сиёсӣ” ном мебурданд, бозичаи дасти хоҷагони хориҷӣгардида, ба хотири пулу мол ва мансаб омода буданд, ки на танҳо зодбум ва миллат, балки хонаводаи хешро фурӯшанд. Нахустгомҳои сулҳофарӣ уфуқҳои нави худшиносии миллиро дар қалби поки ӯ афзун намуд. Гоҳо сари он андеша буд, ки наход дар Душанбе, ки пойтахти давлати тоҷикон мебошад,одамон дар андак муддат тағйир ёбанд? Наход олимону донишмандон ва фарҳангиёни кишвар думболи як ҷоҳили хурофотзада бираванд? Аз ин ба баъд огоҳӣ ва худшиносии миллӣ метавонад, ки моро аз вартаи ҳалокати сиёсиву иҷтимоӣ наҷот бахшад. Баъд аз ин ҳама гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон,бевосита бо ибтикори ин абармард таърихи навини миллат оғоз гардид. Ҳама масъалаҳои аввалиндараҷа барои дастёбии сулҳ ва ризоияти миллӣ зери назари бевоситаи ӯ қарор гирифта, баъд ба пешниҳоди Комиссияи дуҷониба фиристода мешуд. Банда, ки он замон нафари низомӣ будаму бо бахши низомии Комиссияиоштии миллӣ сару кор доштам, аз забони даҳҳо фармондеҳони низомии собиқ мухолифинитоҷик шунида будам, ки матонату қаҳрамонӣ ва ватанхоҳии Пешвои миллатро ҳамеша эътироф менамуданд. Мегуфтанд, ки “ҳар нафаре аз мо, пеш аз он, ки вориди неруҳои мусаллаҳ ва қудратии кишвар гардем, бо Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар вохӯрӣ намуда,ба муҳаббат ва садоқативатансозииӯбовар намуда, дар сурати ӯ як роҳбари воқеан ҳам созанда, мардумсолор, ватансоз ва раиятпарварро дидем. Тӯли солҳои дарозе, ки мо ҳамҷоя кор кардем, шоҳиди корномаҳои зиёди ватанхоҳонаи ӯ гардидаем. Ҳамакнун мо хеле хуб медонем, ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Пешвои миллат пуштибони воқеии ин марзу бум буда, моро зарур аст, ки атрофи ӯ муттаҳид гардида, кишварро аз ҳама гуна хатарҳои глабалӣ наҷот бидиҳем. Ростӣ, ҳанӯз даҳҳо собиқ мухолифини кишварро медонам, ки ҷоннисори марзу буми он ва амнияту осудагии давлат ва Ҳукумати кишвар буда, бо садоқат ва ифтихори зиёди ватандорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат пуштибонӣ менамоянд. Вале он чанд нотавонбине, ки он замон ба сулҳу иттиҳодимиллат бовар надоштанд ва бо ҳар роҳу восита ба амнияту осудагии мардум халал ворид менамуданд, ҳанӯз бо нотавонбинии хеш зери ниқоби садоқати дурӯғин омодаи садҳо хиёнат мебошанд, бехабар аз он ки мардум фармуда: Ҳар кӣ бо душмании халқравонастчубаҳр Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад. Он гурӯҳҳоисиёҳкорҳанӯзҳамомодаионҳастанд, кибаваҳдатимиллии мо, ки бо ҷоннисориҳои бевоситаи Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, халал ворид намоянд. Ҳол он ки ин сулҳ ва ризоияти миллии мо, тоҷикон намунаи барҷастаи баҳамоии миллат ва давлат буда, эътибори кишварсозии моро шуҳратиоламиён намудааст. Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар даҳҳо институтҳои сиёсии ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, ин таҷриба дар роҳи дастёбии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар бисёре аз кишварҳои олам пиёда гардидааст. Моро зарур аст,ки ба қадри ин сулҳусубот ва якпорчагиву ризоияти миллӣ бирасем. Тантанаҳои ин санаи тақдирсозро ба таври бояду шояд роҳандозӣ намуда, дар вохӯриву ҳамоишҳо аз таърихи ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат ба мардум корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ намоем. Хидматҳои бузурги Президенти мамлакатро, киазҷонибиҷомеаиҷаҳонӣэътироф гардида, бузургмардони сиёсати ҷаҳонӣваадибонишуҳратёриоламӯросутудаанд, мавриди омӯзишватаҳқиқотиҷиддӣқароргирем. РӯзиВаҳдати миллӣ,киифодагариистиқлолвахудшиносиимиллиимо,тоҷиконмебошад,боядҳамешаба таври бошукуҳҷашнгирифташавад,тооламиён бидонанд, ки яке аз суннатҳоибузургиориёиҳобахшандагивумеҳрубонӣвамуҳаббатусадоқатбаҳамдигардоштанбудааст. Аз ҳисоби донишмандон, шоирон, олимон, фарҳангиён ва ҳунармандони пурэътибори миллат гурӯҳҳоеро мебояд омода намуд, ки дар роҳи фаҳмондадиҳӣ ва арҷгузорӣ бо ин санаи тақдирсози миллат саҳмгузори сиёсати фарҳангиву сиёсӣ ва иҷтимоии Пешвои миллат бошанд. Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.