Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ПЕШВО ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

ПЕШВО ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

6-10-2022, 11:22
Хабарро хонданд: 336 нафар
Назарҳо: 0
ПЕШВО ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Агар ба таърихи миллатсозиву давлатдории тоҷикон, аз нигоҳи хиради азалӣ ва донишу фазилати инсонӣ назар афканем, аз замони Пешдодиён то салтанати Сомониёни фарҳангсолор, ки фарри донишро дар равоқи забарҷади олам гузоштаанд, шоҳиду ҳамнишини манзараҳои таърихие хоҳем гардид, ки дар дидани онҳо садҳо қарн камӣ хоҳад кард. Хушбахтии абадие, ки насиби беш аз сесад қавму миллати олам гардид, ин бунёди давлати инсонсолори Шуравӣ буд, ки аксари кулли ин қавмҳоро ба сари хони пур аз неъматҳои модиву маънавӣ овард. Онҳоро соҳибдавлат, соҳибмақом ва соҳиби ному нон кард. Зери ливою нишонҳои хоси хеш маъруфи оламашон гардонид. Понздаҳ кишвари аз лиҳози дину оин ва фазлу фаросати таърихӣ тафовутдоштаро зери парчами ягонаи иттиҳоду якпорчагӣ муттаҳид сохта, дар рӯҳияи башардӯстиву инсонсолорӣ беш аз ҳафтод сол чун модари мушфиқ ғамхориашон намуд. Ҳамон замон аз саҳфаҳои рангини таърих хонда будем, ки ҳамингуна кишвар бо номҳои Каёниён, Сосониён ваСомониён садҳо қавму миллатҳоро муттаҳид сохта, кишварашонро шуҳраи олам намуда буданд. Онҳо ҷадди бузурги мо тоҷикон буда, имрӯз моро бо ифтихор меросбари он таърих дар олам ном мебаранд. Баъд аз фурӯ рехтани девори бузурги Шуравӣ ин понздаҳ бародари ҳамкешу ҳамқисмат соҳибистиқлолиро интихоб намуда, меросбари гузаштагони беш аз ҳазорсолаи хеш гардиданд.
Тоҷикон ки дар миёни чаҳордаҳ бародари хеш бо фарҳанг ва адабиёту таърихи беш аз даҳҳазорсолаи фарҳангсолорашон соҳиби арҷу эътибори баланд буданд, муҳаббат ва самимияту меҳмоннавозиву башардӯсташон воситае гардид, ки рақибони девсират иддае аз онҳоро зери ниқоби дину мазҳаб ва кешу оини дурӯғин истифода намуда, истиқлолияти онҳоро ба вартаи нокомӣ кашиданд. Ин миллати тамаддунофари фарҳангсолори Ориёӣ, ки бо оини поки аҷдодони хеш ба ҷаҳон кеши одамият оварда буд, тавонистанд, ки баъди чанде бо ҳам оянду ба хотири фардои дурахшон миллатро сарҷамъу кишварро аз вартаи ҳалокати нестӣ наҷот бахшанд. Хушбахтона, дар ҳамон лаҳзаи тақдирсоз зарурати таърихии баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад. Вакилони мардумии вилоятҳои собиқ Кӯлоб ва Қурғонтеппа бо машварати вакилони мардумии навоҳии атрофи Душанбе ва шаҳри Душанбе ба хулосае омаданд, ки ин иҷлосия дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардад, ки тақдири ояндаи миллат ва давлат роҳи ҳалли худро биёбад.
Сарони донишу фазл ва роҳбарияти минтақаҳои даргир ва Ҳукумати кишвар дар Қасри Арбоб ҷамъ омаданд. Дар он лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз, ки иддае аз вакилони халқ бозичаи дасти гурӯҳҳои силаҳшӯр буданд, бо баргузории иҷлосия ҳаргиз бовар надоштаанд. Аммо ақлҳои солими аксари вакилон, ки шоҳиди набардҳои хунини қавмиву гурӯҳӣ буданд, онҳоро маҷбур сохт, ки бо гузашт намудан ба ҷурму норасоиҳои ҳамдигар бояд тақдири кишвар ва миллат роҳи ҳалли хешро биёбад. Баъди муҳокимаву машваратҳои тӯлонӣ мақоми Олии қонунгузории ҷумҳурӣ-Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вакили мардумӣ аз ноҳияи Данғара Эмомалӣ Раҳмонов рӯи кор омад.
Тамоми мардуми Тоҷикистони азиз тавассути радио ва телевизион огоҳ гардиданд, ки дар Қасри Арбоби Хуҷанд роҳбарияти Олии кишвар аз нав мувофиқи дархости намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи мардумии кишвар бо роҳбарии вакили мардуми аз минтақаи Кӯлоб Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омада, ҳама вакилон, аъзои Ҳукумат ва иштирокчиёни Иҷлосияи шонздаҳуми тақдирсози миллат ва давлат қавл доданд, ки дар баҳои ҷон ва хонумони хеш кишварро аз вартаи ҳалокати нестӣ наҷот бахшида, ба ҳар як хонадони кишвар муждаи сулҳу салоҳ ва якпорчагиро хоҳанд расонид. Тамоми зиёиён, олимон,шоирон, нависандагон ва қаламкорони кишвар ин Иҷлосияро муборакбод мегуфтанд.
Яке аз аввалин нафар аз аҳли калом ва сухани ноби мардумӣ шоири шаҳири миллат, Шоири халқии Тоҷикистон устоди зиндаёд Ашӯр Сафар буданд, ки роҳбари тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро 26 ноябри соли 1992 муборакбод гуфта, мақдамипокашро фоли нек арзёбӣ намуда буд:
Ҷомаи сулҳ ба тан омадаӣ,
Ба даҳон қанди сухан омадаӣ.
Ба замин не, ба ҳаво не, ба куҷо?
Сар-сари дидаи ман омадаӣ!

Ин қадар ҷома туро зеб диҳад,
Ба рухат акси рухи себ диҳад.
Ба нигоҳам қадамат гулбез аст,
Дар бағал боғу чаман омадаӣ.

Ҷомаи тозамуборак бошад,
Ҳусни шероза муборак бошад.
Раҳи пурнур дар он метобад,
Зи раҳи нурфикан омадаӣ.

Ба ҳамин ҷома дигар банд миён,
Ҷомаро дор нигоҳу мадарон.
Сари ҳар риштаву кукаш бахт аст,
Бахт дар бар ба Ватан омадаӣ.

Ҷомаи сулҳ панаҳҷо бар мо,
Қиммат аз сарвати дунё бар мо.
Шарафат бод, ки ҳиммат карда,
Зӯр бар ҳиллаву фан омадаӣ.

Тирамаҳ ранги баҳорон бигирифт,
Зиндагӣ аз сари нав ҷон бигирифт.
Оби ҷӯ соф шуд аз хуноба,
Марҳами реши бадан омадаӣ.
Ҳамин шаҳди сухан ва фотеҳаи падаронаи устоди зиндаёд Ашӯр Сафар бар қалби ҳазини ҳазорон дардмандон марҳам бахшид ва қалами аз дард гунггаштаи аҳли қаламро баъди чанде гӯё намуд. Ва то ин лаҳза дар ҳазорон шеъри баргузидаи шоирони кишвар ва берун аз он фаъолияти сулҳофарӣ ва раъиятпарварии Пешвои миллат сутуда шудааст.
Иддае аз сиёсатшиносон ва ҷомеашиносони кишвар бар он назаранд, ки истиқлоли комили мо, тоҷикон, бо мақдами мубораку файзбахши раиси тозаинтихоби Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омада, ин воқеияти таърихӣ дар баҳои ҷону хонумони ӯ насиби мо гардидааст. Нашояд, ки баъзе аз каҷназарон ва тангдилон онро муболиға пиндоранд. Мубориза ва ҷоннисориҳои ин абармарди таърихи навини миллат ҳанӯз аз минбари Иҷлосияи тақдирсози миллат манзури ҳушу гӯши саросарии мардуми кишвар гардида буд: «То он даме, ки як ҳамватани мо берун аз Ватан дарди ғарибӣ мекашад, ман ором буда наметавонам». Ҳанӯз ин овои пур аз дарди Ватан дар гӯши ҷони миллионҳо мову манҳо аз қаъри он рӯзгор садо медиҳад. Воқеияти таърихӣ он аст, ки баъд аз нахустин вохӯрии Раиси тозаинтихоби Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи феврали соли 1993 бо мардуми Душанбеи азиз мардум дар симои поки ӯ наҷотбахши миллат ва давлати хешро диданд. Аввалин сухане, ки ӯ бо мардум он замон ироа намуда буд, ин буд: «Ман ба шумо сулҳ меоварам!». Ва аз ин ба баъд, ҷоннисориву ҷонбозиҳои ватансозиаш оғоз гардид. Вохӯриҳои мунтазам ва ҷасурона бо раҳбарияти мухолифини силаҳшӯр,таъсиси комиссияҳои гуфтушунид ва ризоияти миллӣ,ба муҳокимаи раҳбарияти олии кишвар гузоштани таклифу пешниҳодҳои мухолифин ӯро лаҳзае ором нагузошт.
Дар манотиқи Рашт ва Бадахшон, ки силаҳшӯрҳои оштинопазир бо васвасаи хоҷагонашон ваъияти сиёсии кишварро ноором кардан мехостанд, мунтазам муноқишаҳои гурӯҳӣ ба миён меомад. Ин муноқишаҳои сиёсиро бархе аз кӯрдилони мухолифинидавлат ва Ҳукумати кишвар бар манфиати гурӯҳҳои иғвоангез маънидод намуда, аз тариқи расонаҳои хабарии мавҷӣ авзои печидаи кишварро ноором кардан мехостанд. Ҳамон замон, солҳои 1993 то 1996 гурӯҳҳои таблиғотии ноороми кишвар дар атрофи пойтахт - шаҳри Душанбе низоъҳои зиёди мусаллаҳонаро ба миён меоварданд, то бар ҷомеаи ҷаҳонӣ бигӯянд, ки вазъият дар Тоҷикистон ноором буда, барои баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ шароити буду бош нест.
Ин ҳама иғвоҳо пеши талошҳои сулҳофарии давлат ва Ҳукумати кишвар саробе буд, ки аз тору пуди макри душманони сохти конститутсионӣ бофташуда. Бо талошу ҷоннисориҳои ватанхоҳонаи Президент ва роҳбарияти Ҳукумати кишвар сулҳи деринтизор фаро расид. Ҳама гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан баргаштанд. Ҳамон ҳаракати сиёсии иғвоангези «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», ки бозичаи дасти чанд динфурӯшу динситез буд, дар қатори шаш ҳизби сиёсии кишвар ба фаъолият оғоз намуд. Тӯли даҳ соли фаъолияти сиёсӣ ин ҳизби бо ном мусалмонпаноҳ дар ҷомеаи Тоҷикистони озоди демократӣ мавқею мақом наёфта, эътибораш миёни аксари кулли мусалмонони кишвар коста гашт. Бо роҳи иғво ва дасиса Ҳукуматро бадном намуда, аз тариқи расонаҳои хабарии олам сару садо баланд намуда, кишвар ва Раҳбарияти Олии давлат ва Ҳукуматро маломат мекарданд. Бехабар аз он, ки шоири ҷовидонхиради тоҷик Миробид Сайидои Насафӣ ҳанӯз дар қарни XVII фармуда буд:

Ҳаркӣ, бо душмани халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Ҳамин тавр, аз равоқи муҳаббату самимияти мардуми мусалмони кишвар номашон зудуда гашт. Пешвои муаззами миллат ба ҷаҳониён собит сохт, ки Тоҷикистон ва мардуми шарифи он бо тамоми мардумони олам дӯст ва бародар буда, дар рӯҳияи созандагӣ ва мардумсолорӣ дар ҷомеаи башарӣ соҳиби ҷойгоҳи хеш мебошад.
«Бо итминони комил бояд бигӯям, ки мо волоиятии қонунро дар кишвар таъмин намуда, дар ҷомеаи демократии дунявӣ ҳуқуқи ҳама шаҳрвандон, новобаста аз миллат, нажод ва мавқеи сиёсӣ дар ҳимояи давлат қарор дорад».
Истиқлоли зеҳнӣ ифодагари истиқлоли иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва таърихӣ мебошад. Агар шахс истиқлоли зеҳнӣ надошта бошад, ҳеҷ гуна истиқлол ифодагари армонҳои ӯ буда наметавонад. Истиқлоли зеҳнӣ дар вуҷуди комилан сиҳат метавонад буда бошад. Вуҷуди дардманд ва ноқобил ҳамеша дастнигар буда, дар сояи қобил фаъолият менамояд. Ба ибораи дигар, ӯ на сурат дораду на соя. Истиқлоли зеҳнии Пешвои муаззами миллат онқадар корозмуда мебошад, ки аз нахустгомҳояш дар арсаи сиёсӣ таваҷҷуҳи ҳама сиёсатшиносонро ба худ ҷалб намуда буд. Хулосабарориҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиаш дар вохӯриҳо бо мардум дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ ва дар конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ собити ин гуфтаҳо буда метавонад.
Борҳо дар вохӯриҳои Пешво бо зиёиён шоҳиди таклифу пешниҳодҳое мегардем, ки барои онҳоро баён намудан,ба мардум моҳҳо ва ҳатто солҳои зиёде зарур аст, ки дар танури донишу заковат пухта гарданд. Миёни мардум ин амалҳоро истеъдоди ирсӣ ном мебаранд. Истиқлолияти зеҳнии Пешво, ки ифодагари манфиатҳои давлат ва мардуми саросарии Тоҷикистони азиз мебошад, эътиборашро миёни мардуми кишвар даҳчанду садчанд гардонид. Ҳамин муҳаббат ва самимият ба Ватан, бо мардуми он, ба табиат ва набототи он дар баёни матлаби Пешво онгуна садо медиҳад, ки мутахассисони касбӣ дар ҳайрат мемонанд. Агар матлаб аз маориф ва илм бошад, он аз забони Пешвои муаззами миллат он гуна бар гӯшҳо мерасад, ки худи сардамдорони ин ришта то бад - ин поя онро намедонанд. Ва гоҳо мутаҳаййир аз он мегардем, ки чаро Пешвои муаззами миллат дар мавриди каму костаҳои сифати таълим он гуна ба муҳаббат ва дилсузии ватанхоҳона ҳарф мезанад, ки тифли гурезпо, бинобар таъбири шайх Саъдӣ мехоҳад боз ба мактаб биёяд.
Ҳамакнун, сӣ сол боз бо Пешвои муаззами созанда кишварро ба яке аз давлатҳои пуршукӯҳтарини олам оварда расонидем. Сивуяксолагии Истиқлоли давлатиро низ бо шукӯҳу шаҳомати ориёӣ ҷашн гирифтем. Шояд фурсати он расида бошад, ки зеҳнҳоро истиқлол бубахшему бе тамаллуқу риё ин истиқлоли дар баҳои хуни садҳо ҷавонони ватанхоҳба дастомадаро чун гавҳараки чашм нигоҳаш бидорем. Хидмату ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллатро чун худи ӯ арҷгузорӣ намоем. Корномаи ҷовидонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро на бо тамаллуқу риё ва ба хотири ҷоҳу ҷалол ва молу манол, балки аз рӯи инсофу адолат ва садоқату ватандорӣ рӯи саҳфаи эътибори миллат биёрем. Аз шеъру достонҳо ва васфияву қасидаҳои пур аз тамаъ ва шуҳратталабию шуҳратхоҳӣ даст бояд шуст. Бо мағзи ғуломона наметавон озодиро сутуд, он гуна ки Мавлоно Иқболи Лоҳурӣ фармуда:
Аз ғуломӣ дил бимирад дар бадан,
Аз ғуломӣ рӯҳ гардад бори тан.
Борҳо дар вохӯриҳо бо мардум ва аҳли зиёи кишвар Пешвои муаззам бо камоли эҳтиром аз аҳли қалам ва калом хоҳиш намуда буд, ки тамаллуқ ва ситоишро як сӯ гузоранду корномаи фарзандони асили миллат, қаҳрамонҳои майдони меҳнат ва користони иншоотҳои бузурги кишварро рӯи саҳфа биёранд, то мардум бидонанд, ки меҳнати ҳалоли онҳо барои халқу Ватан аз ҷониби аҳли қалам чи гуна арзёбӣ мегардад. Хиради азалӣ, ватанхоҳиву ватансозии Пешво дар мағз андар мағзи қалбҳои пурҳарорати ватанхоҳони асили кишвар он қадар маскан гузидааст, ки ҳоҷат ба ситоишҳои дурӯғини пур аз тамаъ надорад. Ватанхоҳи асил он муҳаббатро дар сина мепарварад. Агар воқеан эҳтиром ба Пешво дошта бошӣ, барои беш аз даҳ миллион бошанда ва наздик ба се миллион тифле, ки Пешворо воқеан дӯст медоранд ва аз сидқу сафо «бобоҷон»-аш мегӯянд, хидматгузор бошед. Дар ин росто, хеле бомаврид медонам, ки порчае аз нигоштаҳои донишманди тавоно, Шоири халқии Тоҷикистон устод Назри Яздониро аз китоби «Ормонҳои Ориёнӣ» (аз бостон то ҷовидон) биёрам, ки саропо воқеияти таърихӣ мебошад.
Эҳтирому иззате, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дар саросари ҷаҳон дорад, маншаъ аз муҳаббат ва самимият, ободкорӣ, маслиҳату мадоро (яъне сулҳофарини) эҳтироми қонуну қонунпешагӣ, адолат (хусусан ба қишрҳои осебпазири ҷомеа),ғамхорӣба маърифат, маориф, тараққии рӯзафзуни хештаншиносии миллӣ дорад. Ин амал самари хубу муҳим дода, бо пешниҳоди ҷомеаи васеи шаҳрвандон унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат қонунан дастгирӣ карда шуд.
Ходимони суннатии дин, муллову муллонамоҳо аз тарафи дигар манфиатҷӯёни диниву сиёсии байналмилалӣ он қадар эътибори дини исломро костанд, ки мавриди малолтаборони ҳамешагии қудратҳову гурӯҳҳои гуногунии ҷаҳонӣ шудааст. Ҳам решаҳои терроризмро ба ислом пайвастанӣ мешаванд,ҳам экстремизмро ва боз кадом «измҳои» дигарро. Танҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, кибо ҷасорату ҷуръати ҳамешагиаш фарқ кардани исломи мубинро аз сиёсатбозиҳо ва манфиатҷӯиҳо аз номи поку муқтадири ислом талаб кард. Ҳам дар Душанбе ҳам дар Париж ҳангоми суханронӣ аз минбари ЮНЕСКО 10 октябри соли 2005, ҳам аз минбари СММ, ҳам аз Макка 7 декабри соли 2005 садо баланд кард ва даъват намуд, ки исломро аз ҳар гуна манфиатҷӯиҳои иқтисодиву сиёсӣ бояд фарқ кард.
Ҳамин гуна ҷасорату матонат дар сиришти Президенти маҳбуби мо ирсӣ буда, истиқлоли зеҳниаш намунаи барҷастаи истиқлолхоҳиаш мебошад. Пешниҳоди дигари роҳбару раҳнамои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди СММ ин даҳсолаи «Об барои ҳаёт» буда, он дар заминаи таълимоти беҳдошти табиат ва ҷамъият (экологияи ориёнии табиат ва маънавиёт–Спантаҳрата–Хирад ҳикмати муқаддас) реша дорад. Хирад ва ақли чорасозе, ки чунин тадбирҳоро пиёда мекунад, маншаи фитрию табии дорад. Ин маншаи табиӣ вақте, ки дар ҷавҳари қонунпешагон ва маърифатгароён сиришта мешавад, ба як маъзуне, як мумиё табдил меёбад, ки онро ба истилоҳи Насриддини Тусӣ танҳо «Ҳакими ҳақиқии ҷомеа эҷод карда метавонад. Маданияти ватандорӣ намунаи Олии маданияти одамгароёнаи тоҷикӣ аст». Ҳамин пешниҳоди Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки заминаи одамгароёна дошт, ӯро ҳамчун вориси ҳақиқии маданияти бостонии одамгароёна барои ҷаҳониён муаррифӣ кард. Ин дар риояи қадру мартабаи инсон, дар ҳамаи тадбирҳои сиёсӣ ва рӯзмараи ӯ эҳсос мешавад.
Аз ҷумла, дар асъори миллӣ.
Асъори миллии давлатии маро симои аҳли илм ва адаб зиннат бахшидааст. Миллати тоҷик қаҳрамонҳои ҷаҳоншумуле дорад, ки дар ҳарбу зарб тимсоли сипаҳсолориву шуҷоатмандӣ шудаанд: Ораши Камонвар, Эраҷи тилисмшикан, Рустами достон, Исфандиёри Руинтан, Спитамен, Ҷалолиддин Хоразмшоҳӣ, Темурмалик Сафедҷомагону Сиёҳҷомагон, Восеъ ва даҳҳои дигар. Аммо асъори миллии моро, кибо имзои Эмомалӣ Раҳмон тавсиб шудааст, на симои аҳли шамшер, балки чеҳраҳои аҳли қалам – Шайхураис Абуалӣ-ибни Сино, аллома Бобоҷон Ғафуров, устод Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шотемур ва Мирзо Турсунзода оро медиҳанд.
Аслан асолати маънавии тоҷиконро иззату эҳтироми инсон ташкил мекунад. Ҷомеаи умумибашарӣ меҳвари андешаҳо ва фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин ба монанди як муҳаррик андешаҳои ӯро ба умқи таърих ба таҳқиқи равандҳои таърихӣ барои натиҷа гирифтаи аз таърихи сиёсӣ ва фарҳангӣ раҳнамоӣ кардаааст, ки натиҷаи ин мақолаҳо ва монографияҳои фундамсигалию таърихӣ ба мисли «Тоҷикистон дар оинаи таърих» «Аз Ориён то Сомониён» мебошад.
Аммо бояд эътироф кунем, бояд дар назардошта бошем, ки ин ҳама сарват, шукӯҳу шаҳомат қабл аз истиқлол ҳам вуҷуд доштанд, аммо гунугу сокит буданд. Таълимоти назариёти ҷаҳонии мунавари Ориёнӣ танҳо дар дастраси доираи ихтисосмандон қарор дошту бас.
Ҷомеа бешубҳа медонист, ки Исмоили Сомонӣ исбот кардааст, ки девори давлату миллатагар хишт аст, заволпазир аст. Девори давлату миллат бояд шуҷоату муҳаббати шаҳрвандонаш бошад.
Аз рӯи имону инсоф бояд қоил шудва эътироф кард, ки бузургмарде бо исму насаби Эмомалӣ Раҳмон ин Ватан ин миллат ин халқ ва ин забонро бо фарҳанги тамаддунсозаш дӯст медорад, аз дилу ҷон ба ҳамааш муҳаббати азалӣ дорад.
Сарваре, ки нияташ одилона, суханаш орифона, амалаш ориёна аст. Фарзанди Тоҷикистони азиз Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сухани нобу обдор, сухани ширадору шифокори тоҷикиро аз минбарҳои баланди расмии муътабари умумибашарӣ барои ҷаҳониён тақдим медорад.
Ва мову манҳоро зарур аст, ки воқеияти корномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бетамаллуқу манфиатҷӯӣ чун устод Назри Яздонӣ рӯи кор биёрем то ояндагон бидонанд, ки абармарде дар таърихи давлатдории нави тоҷикон чун Пешво будааст.
Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: