МАН БА ИН ХОКИ ВАТАН ДИЛБАНДАМ15-06-2023, 11:32
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
(Ба ифтихори 100-солагии Аминҷон Шукӯҳӣ) 100-солагии шоири ширинкалом, нависанда, тарҷумон, драманавис, рӯзноманигор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аминҷон Шукӯҳӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми январи соли 2023, №АП-318 “Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва ҷашну солгардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023” ҷашн гирифта мешавад. Ин иқдоми хирадмандонаи Пешвои фарҳангпарвар аз ҷониби ҷомеаи илмии кишвар, доираҳои адабиву фарҳангӣ, ҳаводорони эҷодиёти Шукӯҳӣ ва пайвандони ӯ бо хушнудӣ истиқбол гардид. Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои хеш зикр кардаанд: «Мо бо номи нек ва осори эҷодкардаи бузургони гузаштаамон ҳамеша ифтихор мекунем. Эҷодкорон яъне аҳли адабу фарҳанг ва олимону донишмандони имрӯзаи мо низ бояд бо истифода аз шароити фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат асарҳое офаранд, ки боиси ифтихори наслҳои оянда гарданд ва номи неки онҳо низ дар саҳифаҳои таърихи миллат барои садсолаҳо боқӣ монад». Дар асоси ҳамин роҳнамудҳо Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасмим гирифт, ки зодрӯзи шоиру нависандаи номвари кишварро шоиставу сазовор таҷлил намояд. Дар ганҷинаи мероси адабии Институти мазкур хазинаи тақрибан 50 нафар шоиру нависанда ва олимони тоҷик маҳфуз аст, ки ҳар яки он дорои арзиши илмӣ, адабӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад ва дар радифи онҳо бойгонии Аминҷон Шукӯҳӣ низ нигоҳдорӣ мешавад. Бино ба қавли адабиётшинос Хуршеда Отахонова, «материалҳои архиви Шукуҳиро худи муаллиф дар таърихи 19-уми июли соли 1976, се сол пеш аз вафоташ барои муҳофизати доимии давлатӣ ба шуъбаи мероси адабии Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ супорида» ва сипас, он такмил дода шудааст. Бойгонии шоир таҳти рақами №24 аз рӯйи хронология (солҳои 1957-1978) мураттаб гардида, аз 18 қисму 70 воҳиди маҳфуз дар шакли дастнавис ва чопи мошинкаи чопӣ иборат буда, дар 10 қуттӣ ҷой дода шудааст. Маводи бойгониро шеърҳо, достони «Кӯчабоғи ошиқон», повестҳои «Шаҳло ва Шифо», «Имзои шахсӣ», «Парии ҷазира», ҳикояҳо, мақола ва очеркҳо, либретто ва пйесаҳо ташкил медиҳанд. Инчунин, дар бойгонӣ матни суханрониву мақолаҳо ва номаҳои А.Шукӯҳӣ ҷой доранд, ки бо кӯшиши ходимони илмии Институт адабиётшинос Абдухолиқ Набавӣ, Лутфулло Шарифзода, Мубашшири Акбарзод ва Холиса Раҳимова бо номи “Нақд ва номаҳо” ба зевари табъ ороста гардиданд. Дар маҷмуа 14 мақолаву маърузаи Шукӯҳӣ бори аввал, ба ҷуз як мақолаи “Ҳаёти мо ва насри мо” ва 19 номаи ирсолшуда аз адибону олимон ва ҳаводорони шоир, як нома ба забони русӣ аз худи шоир гирдоварӣ ва ба тариқи хронологӣ дар 200 сафҳа тадвин шудааст. Бояд гуфт, ки дар баробари шоиру нависанда, тарҷумон ва драманавис будан Шукӯҳӣ мунаққиду сухансанҷи борикбину нуктасанҷе ҳам буда, ки паҳлуҳои қавӣ ва заифи маҳсули адабиёти замони хешро таҳлил ва баррасӣ кардааст. Ҳунари наққодии Шукуҳиро дар китоби тозанашри “Нақд ва номаҳо” бо як чашмандозе метавон пай бурд. Нақд шуғли тахассусии ӯ набуд, аммо дар ин бахши адабиётшиносӣ устоди сухан усулан муваффақ шудааст, зеро тасаллут бар назарияи адабиёт ва осори гузаштаву замони зиндагиаш дошт. Аз ҷумла, дар аксари мақолоту маърузаҳо аз шоирони гузаштаи мо - Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Зебуниссо, Сайидову Мушфиқӣ шавоҳид меорад ва мақолае бо номи “Ҷомии бузург” низ дорад, ки дар ин маҷмуа ҷой дода шудааст. Шукӯҳӣ нозукиҳои жанрҳои бадеиро хуб медонист ва ҳангоми нақд кардан, қавли адабиётшиносони ватаниву хориҷӣ ба монанди Садриддин Айнӣ, Виссарион Белинский, Карл Маркс ва Владимир Маяковскийро меорад. Аминҷон Шукӯҳӣ дар бораи адабиёт ва мушкилоти он, роҳҳои ҳалли камбудиву нуқсонҳо ва рафъи онҳо баҳри шукуфоии беҳтару бештари адабиёти тоҷик андешаҳои ҷолибе иброз медорад, ки имрӯз ҳам метавон онҳоро сармашқи кори худ қарор дод. Ба андешаи Шукӯҳӣ адабиёт оинаи замон буда, мафҳуми васеъро дарбар мегирад. Аз ин рӯ, бояд “дар бораи проблемаҳо, камбудӣ ва нуқсонҳо сухан ронем, вазифаи адабиётро дар давраи ҳозира равшану аниқу муайян намоем”. Дар адабиёти бадеӣ, ба андешаи Шукӯҳӣ, ду унсури муҳим аст: “Ин мазмуни баланд ва назокати сухан” (42). Аз нависанда тақозо мешавад, то аз дигаргуниҳои азиме, ки дар Ватани вай, дар кишвари вай рӯйдиҳанда дар канор наистад, зеро нависанда “пеш аз ҳама тарбиятгари омма, инъикоскунандаи руҳи одамон ва тапиши дили замон аст” (54). Шукӯҳӣ дар масъалаи таҳлил ва арзишгузории асари адабӣ ва равиши бонизоми нақди адабӣ мегӯяд, ки “мунаққидон ва адабиётшиносон бояд аз ҳама зиёдтар ба танқиди адабӣ, ба имрӯзаву ояндаи адабиёт, роҳу равиши он диққат диҳанд. Муваффақият ва нуқсонҳои ҳар як асарро зуд бинанд, ба истеъдодҳо хайрхоҳ ва роҳбар ва ба “халтурачиён” беамон бошанд” ва дар бораи нукоти заъфи он қайд мекунад: “Мутаассифона, танқиди адабии мо дар солҳои охир аз масъалаҳои муҳими рӯзҳои мо дар канор мондааст. Асарҳои нав, аз он ҷумла эҷодиёти ҷавонон дар вақташ таҳлил карда намешавад. Фикрбаёнкуниҳо, баҳсу мунозираҳои адабӣ аз саҳифаҳои матбуот барҳам хӯрданд. Адабиёт ва танқиди адабӣ бе китобиёт, бе баҳс пеш рафта наметавонад” (64). Шукӯҳӣ бо ҷаҳони фикрии нависанда ва шоир ошно буда, дар бораи таъсири нақд ба муаллифони асарҳоро чунин баён медорад: “Баҳои ҳақиқӣ ба асари бадеӣ муаллифи асарро руҳбаланд мекунад, ба кори эҷодии ӯ ёрии калон мерасонад. Мунаққиде, ки мақсаду нияти нависандаро нағз мефаҳмад ва ба лаёқати нависанда баҳои объективӣ ва холисона медиҳад, кори бошарафонае мекунад” ва ҳамчун намуна исми мунаққидон Шарифҷон Ҳусейнзода, Муҳаммадҷон Шукуров, Абдуқодир Маниёзов, Атахон Сайфуллоев ва Юрий Бобоевро меорад (89). Шоир наққоши забардастест, ки ҳақоиқи зиндагиро бо беҳтарин тарз баён медорад ва афкори худро ба хонандагону ҳаводоронаш таҳмил мекунад ва шеъру шоириро Шукӯҳӣ чунин тавзеҳ медиҳад: “Шоире, ки ҳамнафасу ҳамқадами халқ аст ва ҳама вақт серталаб аст, асари мақбули хонанда меофарад”(129). Маликушшуаро Баҳор муътақид буд, ки “шеъри хуб, яъне эҳсосоти мавзунест, ки аз димоғи пурҳаяҷон ва аз рӯйи ахлоқи олитаре бархоста бошад. Ҳарчӣ ҳаяҷону ахлоқи гӯянда дар мавқеи гуфтани як шеър ё сохтани як ғазал қавитар ва наҷибтар бошад, он шеър беҳтару хубтар хоҳад буд”. Андешаи Шукӯҳӣ бо ин назари Баҳор пайванд мехӯрад: “Шеъри хуб бо тақозои илҳом, бо хуни дил ба дунё меояд. Илҳом бошад, ба шоире ҳамдаму ҳамнафас мешавад, ки аз меҳнат натарсад, барои ёфтани дурдонаҳои қиматбаҳо чун ғаввоси далер ба дарёи беканори тафаккур ғӯтта мезанад” (129). Аминҷон Шукӯҳӣ шеърҳои лирикии зиёде сурудаанд, ки баёнгари эҳсосоти шоир ва авотифи шахсии ӯянд ва аз нозукиҳои ин жанри шеърӣ огоҳии хуб доранд ва дар эҷоди он чунин тавсияҳо медиҳанд: “Барои шеъри баланди лирикӣ навиштан ҳамеша ба фолклор, ба эҷодиёти даҳонакии халқ муроҷиат намудан лозим аст. Дар рубоиҳо, бадеҳаҳо ва сурудаҳои халқӣ мо на танҳо руҳи одамон, орзу ва умедҳои онҳоро мебинем, балки аз онҳо ибораҳои ниҳоят пухтаю рехта, ҳикматҳоро ҳам дар назар доштан лозим, ки аз паси соданависӣ аз доираи забони адабии умумимиллӣ берун набароем” (34). Устоди сухан дар повести “Парии ҷазира” теъдоди зиёди зарбулмасалу мақолҳо ва ибораҳои рехтаро меоранд, ки нишону баёнгари ошноии хуби ӯ аз адабиёти шифоҳии мардумист, ба монанди чашм дӯхтан; дил кафондан; орзу - домани пур аз гандум; буз агар хирман мекӯфт, ҳоҷати барзагов набуд; димоғи сӯхта; падар розӣ - Худо розӣ; ангушти ҳайрат ба лаб бурдан; ҷӯянда - ёбанда. Шукӯҳӣ шеърҳои Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Убайд Раҷаб, Қутбӣ Киром ва Мастон Шералиро нақд карда, андешаҳояшро дар бораи фаъолияти эҷодии Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҷалил ва Фотеҳ Ниёзӣ мегӯяд, ки “халқи тоҷик асарҳои навро умедвор аст”. Ин шоири некандешу озода ҳангоми эрод гирифтани бархе аз шоирон ва овардани исми онҳо номи худашро ҳам дар қатори онҳо меорад: “Ҳамин гуна мисолҳоро аз шеърҳои Муҳиддин Фарҳат, Абумалик Баҳорӣ, Бобо Ҳоҷӣ ва худи банда низ ёфтан мумкин аст” (47). Дар масъалаи насри адабӣ, ки бо зебоиҳои адабӣ ва хаёлу эҳсос ороста мешавад, Шукӯҳӣ андешаҳои муҳиму ҷолиберо дар мақолаи “Ҳаёти мо ва насри мо” баён мекунад: “Диққати ҷиддӣ ба наср талаботи ҳаёт буда, ҳеҷ гоҳ маънои тазйиқи жанрҳои дигар, нисбат ба шеъру достон, драматургия, сурудҳо бепарвоёна муносибат карданро надорад. Лекин наср аз рӯйи имкониятҳои беҳудуди худ, бо майдони фарохи амалиёти худ дар адабиёт бояд мавқеи ниҳоят муҳим ишғол кунад” (50). Мавсуф дар ин мақола асарҳои насрии Ҷалол Икромӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Фотеҳ Ниёзӣ, Юсуф Акобиров, Аъзам Сидқӣ, Раҳим Ҷалил ва Сотим Улуғзодаро нақд мекунад. Шукӯҳӣ дар баробари наққоди хуб будан, тарҷумони хуб ҳам буданд, зеро асосҳои назарияи тарҷума, забону адабиёти русиро бисёр хуб медонистанд ва дар бораи шоирони рус Максим Горкий, Владимир Маяковский ва Демян Бедний ибрози назар кардаанд. Шукӯҳӣ дар номае ба Голосовская дар бораи тарҷумаи нодурусти повести “Парии ҷазира” ибрози назар намуда, эродҳои ҷиддӣ нисбат ба тарҷумаи мазкур ва тарҷумони он мегирад: “Перевод этот был сделан неквалифицированно, с грубыми искажениями содержания, не говоря уже о множестве стилистических несуразностей” (173). Домани фикру вусъати андешаи Аминҷон Шукӯҳӣ фаротар аз як шоиру нависанда буд, зеро ӯ тамоми паҳлуҳои иҷтимоии даврони худ, масоили обу замину диёри худро дар суханрониву навиштаҳояш баён мекард. Дар ҷойе сухан аз адабиёт ва мушкилоти он меронад: “Мо бояд ба халқи худ хизмат кунем, асарҳое, ки мо менависем, бояд дили халқро ба ҷӯш орад, ба меҳнати диловарона ёрӣ расонад”(49). Дар ҷойи дигар дар мақолаҳои “Барои ҳурмати обу замин” ва “Ҷараёни ҳаёт” аз НОБ-и Норак, аз Бадахшону Вахш, аз Зарафшон бо дилсӯзии беандоза ёд мекунад: “Ҳанӯз, вақте ки дар моҳи феврал дар соҳили дарёи Сир дарахтон дар хоби роҳатанд ва шамоли хунуки изқирин мевазад, дар Норак, дар гирду атрофи он ҷое, ки сохтмони НОБ-и бузург давом карда истодааст, бодом мешукуфад. Вақте ки дар соҳилҳои Булункӯҳи Помир ҳаво то 10-15 дараҷа хунук аст, дар Вахш гелос мепазад” (141). Меҳру муҳаббат ва садоқати шоир ба Ватан дар сурудаи зери ӯ бармалост: Ман ба ин хоки Ватан дилбандам, Ба рӯзи поки Ватан дилбандам. Бар ҳамин рӯз, ки ин дам дорам, Сари таъзим фурӯ меорам. Дар замири дили пуранворам, Донаи меҳру вафо мекорам. Назар афканда ба ҳар фарзандам, Ба руҳи поки Ватан дилбандам. Ҳар ниҳол арчи замин бошад сахт, Баъди даҳ сол шавад нағз дарахт. То дамад шаъшааи субҳи бахт, Хоҳу нохоҳ ба вай лозим вақт. Дида гулзори шакарпайвандам, Ман ба ин хоки Ватан дилбандам. Аввалин дафъа дилам чун битапид, Хуни нофам ба ҳамин хок чакид, Чашмаи ишқам аз ин хок дамид, Сарам аз фахр ба хуршед расид. Хоҳ ман гиряму хоҳе хандам, Ба ҳамин хоки Ватан дилбандам. Аминҷон Шукӯҳӣ шоиру нависандаву мутарҷиму мунаққиди хубу некандеш, покдилу инсондӯсту ватанпарварест, ки бо корномааш даричаҳои рӯшан аз саодати башариро ба рӯйи мардум кушодааст. Корномаи некашон то абад гиромӣ бод! Фарангис Шарифзода, доктори илми филология , Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.