Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фурӯзонгари ҳусни сухан

Фурӯзонгари ҳусни сухан

9-06-2023, 08:16
Хабарро хонданд: 148 нафар
Назарҳо: 0
Фурӯзонгари ҳусни сухан
На ҳар як устоди сухан, таълимгари фанни забони тоҷикӣ маҳорату қудрати нишон додани ҷилоҳои ҳусни сухан дорад. Хушбахтона, чунин устодони бомаҳорату соҳибистеъдоде ҳастанд, ки дар ҳар як дарсу мақолаю асари илмии онҳо унсурҳои басо ҷолибу ҳусни суханро ба осонӣ фаҳмидану дарк кардан мумкин аст. Аз ҷумлаи чунин устодон доктори илмҳои филология, профессор, собиқ мудири кафедраи забони муосири тоҷикии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳомид Маҷидов буданд.
Профессор Ҳомид Маҷидов бо тамоми сифатҳои некаш дар дилу дидаҳо ҷо гирифтааст. Аз ҷумла, дарсҳои ҷолибу басо хотирмонаш, ки дар пеши назари ҳар як шунавандаи дарс чун марворидҳои назаррабо вожаю таъбирҳои ҷолибро пешкаш намуда, аз сиру асрори онҳо (сохту маъно, ҷилоҳои маъноӣ, обуранги бадеӣ, сайри таърихию баромад) ва хусусиятҳои услубии онҳо маълумоти муфассалу ҷолиб дода, шунавандаи дарсро ба боғи тиллоии маънавиёти забон ворид месохтанд.
Маводҳои чунин дарсҳои ҷолибу мафтункунанда натиҷаи асосии таълифу бунёди китоби дарсии “Забони адабии муосири тоҷик” (2007) гардид, ки он натиҷаи дастранҷи беш аз сисолаи муаллиф мебошад. Бештари масъалаҳои мавриди баҳси ин китоб бо диду назари нав баррасӣшудаанд.
Дар китоби мазкур бори аввал қабатҳои луғат, системаи луғавии забонамон-қонуниятҳои мавҷудият ва истеъмоли калимаи тоҷикӣ, маъношиносӣ, масъалаҳои пайдоиш, сабкиёт ва луғатнигории тоҷикӣмавриди баррасӣқарор гирифтаанд. Навгонии ин китоб дар он аст, ки робитаи байни мавзуъҳо, аз як мавзуъ сар задани мавзуи дигар ва дар маҷмуъ, маънидоди паҳлуҳои мухталифи бо ҳам алоқаманди калима будани ҳамаи онҳо риоя шудааст.Дар бобати номгузории баъзе истилоҳоти луғавӣ, чунқиёфаи овозии калима, калимаҳои ҳамовоз, калимаҳои наздиковоз, калимаҳои услуби баланд, калимаҳои услуби паст низ ихтирооти муаллифи китобро дидан мумкин аст, ки онҳо хеле рехтаю хушоянд мебошанд. Ҳамчунин, дар ин китоби дарсӣбори аввал нишонаю хусусиятҳои хоси калимаҳои аслии тоҷикӣ, калимаҳои иқтибосии тоисломӣ, калимаҳои иқтибосии арабӣ, нишонаҳои забонии калимаҳои арабӣ, муарработ, калимаҳои иқтибосии туркиву муғулӣ, калимаҳои русию аврупоӣ, калимаҳои луғавӣхеле муфассалу равшану возеҳбаррасӣшудаанд.
Китоби мазкур, бо вуҷуди ҳамчун китоби дарсӣпешниҳод,шуданаш бо тамоми ҷиҳатҳои назариявию гузоришҳои илмиаш чун китоби арзишманди илмӣэътибори баланд пайдо кардааст.
Сабаби писандидаю арзишманд будани ҳар як гузориш, мақола ва асари илмии профессор Ҳомид Маҷидов дар онаст, ки донишу фаҳмиши устод дар бобати илми забоншиносӣфарогири назарияи илмии тамоми қабатҳои (қисматҳои луғат, савтиёт, сарфунаҳв) илми забоншиносӣмебошад. Ҳар як мавзуи гузоришу мавриди таҳқиққарордодаи устод дар алоқамандӣбо ҳамаи қисматҳои забон таҳлилу баррасӣгардидааст.
Дар натиҷаи заҳматҳои зиёди ҷӯяндагӣпрофессор Ҳомид Маҷидов марворидҳои фразеологиро ҷамъ оварда, аз рӯйи сохту қолаб, шаклу намуд, маъноҳои аслию маҷозӣ, тобишҳои эҳсосию муассириашон ва вазифаҳои грамматикию услубиашон ба хелҳои ба ҳам алоқаманд ҷудо намуда, ба як расани ногусастанӣкашида, тартиби ба ҳам алоқаманди воҳидҳои фразеологиро муқаррар намудаанд, ки имрӯз, хушбахтона, ҳамчун асари бунёдӣ, кашфиёти навин, сеҳркушои гули сухану сухани гавҳарогин боунвони “Системаи фразеологии забони адабии муосири тоҷик” дастраси хонандагону муҳаққиқони бешуморе гаштааст ва китоби рӯйимизию роҳнамои муҳаққиқони соҳаи фразеология мебошад.
Яке аз забоншиносони маъруфи рус академик В.В. Виноградов воҳидҳои фразеологиро намаки сухан гуфта бошад, профессор Муллоҷон Фозилов воҳидҳои фразеологиро “гули сухан” шуморидааст.
Бо дарназардошти эътибори баланду таваҷҷуҳи зиёд пайдо кардани олимони маъруф нисбат ба воҳидҳои фразеологӣ устод Ҳомид Маҷидов аз давраҳои донишҷӯиашон оғоз карда, ба таҳқиқи ин омили ҳусни сухан пардохтанд.
Аввалин бор дар забоншиносии тоҷик муайян кардани нишонаҳои лингвистии воҳидҳои фразеологӣ,аломати фразеологӣва маънои фразеологӣ, дар қолабҳои овозии таркибу ибораву ҷумла вуҷуд доштани воҳидҳои фразеологӣва муносибатҳои маъноии онҳо ҷилоҳои нав ба нави муҳтавои осори илмии профессор Ҳомид Маҷидов мебошанд.
Асари ниҳоят арзишманду пурмуҳтавои дигари устод Ҳомид Маҷидов “Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ”аз панҷфасл иборат буда, дар он масъалаҳои умумии забони тоҷикӣ, сохтори забони тоҷикӣ, таркиби луғавӣ, таъбиротва номгузорӣ таҳқиқу таҳлил ва хеле равшану возеҳбаррасӣшудаанд.
Таҳти унвони “Забони модарии мо” дар сарсухани китоб оид ба моҳияти забон, мақоми забони модарӣ, моҳияти забони миллӣмаълумоти муфассали илмӣ-назариявӣдода шудааст. Аз ҷумла,устоди сухан дар бобати мақоми забони модарӣбо муҳаббати беандоза чунин изҳори ақида намудааст: “Маҳз забони модарии мардум нигаҳбони тамаддун, таърих, урфу одатва умуман, олами маънавии ӯст. Забони модарӣгули ҳамешабаҳореро мемонад, ки дар таровати абадиаш тамоми паҳлуҳои ҳаёти маънавии мардум, ҳатто вазъи моқабли таърихи он инъикос ёфтааст. Он робитаи ниҳоят зинда, барҷаста ва ногусастаниест, ки ниёгон, муосирон ва ояндагонро ба як чизи бутуну зинда ва бузурги таърихӣмубаддал месозад”.
Профессор Ҳомид Маҷидов бо чунин андешаҳо эҳтиромдории забони модариро талқин намуда, аз расидани таъсири манфии забони бегона нигоҳдоштани забони модариро таъкид менамояд.
Китоби басо пурмуҳтавою илмӣ-назариявии профессор Ҳомид Маҷидов “Сеҳри сухани форсии тоҷикӣ”, воқеан ҳам, китоби сеҳркушои асрору масъалаҳои мубраму баҳсноки забоншиносии тоҷик буда, дар муайяну муқаррар кардани моҳияту мақоми забони модарӣ, забони миллӣ, роҳҳои инкишофу рушди забони тоҷикӣ, меъёрҳои забони адабӣ, қонуниятҳои инкишофу ташаккулёбии забон ва воҳидҳои он, қонунмандиҳои мавҷудияти система, сатҳҳо, меъёрҳои дохилӣ; сохтори грамматикӣ, фонетикӣва графикаи он, меъёрҳои истеъмолии луғавӣфасоҳати каломи мардуми мо системанокии забон ва воҳидҳои он нақши ҷолибу назаррас дорад.
Забоншиноси борикбину мумтоз, профессор Ҳомид Маҷидов масъалаҳои зикршударо бо далелҳои боварибахш ва хеле дақиқбаррасӣ намудааст. Аз ҷумла, устод дар бобати забони адабии муосири тоҷикӣва сатҳҳои он чунинибрози назар менамояд: “Забони адабии муосири тоҷикӣшакли сайқалёфтаву суфтагардидаи забони умумихалқӣ, ифодагари олами тафаккуру маънавиёти мардуми тоҷик аст. Он барои ҷомеаи Тоҷикистон хидмат мекунад. Дар он анъанаҳои беҳтарини форсии дарӣ, форсии классикӣва бунёди лексикиву грамматикии забони умумихалқии имрӯзаи мардуми тоҷик инъикос ёфтааст. Он аз ҷумлаи ҳамон падидаҳои нодири тамаддуни пурғановати мардуми мо ба шумор меравад, ки имрӯз рамзи давлатдорӣва истиқлоли миллии Тоҷикистонро дар худ таҷассум кардааст” (116).
Ба ин дараҷатарзи тафсири пурраю мукаммали забони адабии муосири тоҷикӣто ҳол маънидод нагардида буд. Ҳамчунин сатҳи забон низ чунин маънидод шудааст: “Мафҳуми сатҳи забон бозинаҳои сохтори умумии системаи забон вобастагӣдорад. Ҳар сатҳмаҷмуи воҳидҳои хос ва қоидаҳои ҳамнишинии он -гузаришиин воҳидҳоро ба сатҳи дигар таъмин менамояд. Ҳамаҷониба ба ҳисоб гирифтани сатҳҳои ҷудогона, унсурҳои таркибӣва қонуниятҳои ҳамнишинии онҳо барои дарки системаи басо мураккаби забон ва меъёрҳои истемолии он кумак мерасонад (125).
Дар бобати масъалаҳои грамматикаи забони адабии тоҷикӣниз мулоҳизаҳои ҷолиби муаллифи китоб ба назар мерасад, ки он аз баёни фасеҳи маънои истилоҳи грамматика ва вазифаю қонуниятҳои муҷарради тағйирёбиҳои шаклии воҳидҳои забон-морфема, калима, таъбирот, таркиб, ибора ва ҷумлаҳои он иборат мебошад.
Муҳаққиқи борикбину нозукбаён Ҳомид Маҷидов фарқи байни вазифаҳои умумии забон ва грамматикаи онро дарк намуда, чунин изҳори андеша намудааст: “Агар забон ба тариқи умум ифодагари тафаккуру шуури соҳибзабононбошад, грамматикаи он дар шакли ниҳоят умумиятдодашуда ва муҷаррад инъикосгари сохтори дохилии ҳамин забон аст”.
Ин аст, ки дар байни қонуниятҳои грамматикаи забон ва қонуниятҳои тафаккури инсонӣумумият ва бархӯрдҳои зиёде мушоҳида мешаванд.
Хосатан, морфология ё системаи шаклҳои морфема, калима ва таъбирот (воҳидҳои фразеологӣ) воситаҳои ифодаи маъноҳои муҷарради грамматикӣва ҳиссаҳои нутқи забон бо мафҳумҳои мантиқии тафаккури инсонӣробитаи ногусастанӣдорад.
Дар ҳар як калима ва ё таъбир баробари маъноҳои луғавӣ ва фразеологӣ, ки дар луғатҳою фарҳангҳои тафсирӣбатафсил маънидод мешаванд, боз шаҷараи сершоху барги маъноҳои умумиятдодашудаву муҷарради грамматикӣ, шаклҳои ифодаи ин маъноҳо ва мансубияти ҳиссаи нутқии онҳо ифода гаштаанд.
Дар морфология маҳз ҳамин паҳлуву ҷиҳатҳои муҷарради калимаву таъбирот омӯхта мешаванд.
Маънидодкунии устод дар бобати маъною вазифаҳои грамматикии забон далели фарохбинию фарохназарии устод Ҳомид Маҷидов ба масъалаҳои басо нозуки забон мебошад.
Устоди фарохназару фарохбин Ҳомид Маҷидов дар ин фасли китоб моҳият ва вазифаҳои қисматҳои грамматикаро (морфология ва синтаксисро) баррасӣнамуда, ба чунин хулоса меояд: “Ба ин тариқ, грамматикаи забон, чизу ашёҳои воқеӣ, эҳсосоту майлҳо, хусусияту аломатҳо ва муносибати байни онҳоро, ки аз инъикоси бисёрасраи онҳо дар тафаккури соҳибони забон ба вуҷуд омадааст, ба таври ниҳоят муҷаррад ифода мекунад. Он маҷмуи қоидаву қонуниятҳои ниҳоят рехтаву устуворшудаи мавҷудият ва амалкардаи системаи забон аст” (144).
Чунин тарзи баёни фасеҳи устод дар бобати грамматика чун маълумотҳои тозаи илмӣ-назариявӣба назар мерасад. Ҳамчунин, дар ин фасл аз таърихи пайдоиши таълимоти грамматикӣва инкишофи он дар давраҳои минбаъда маълумоти муфассал дода мешавад.
Баъдан, дар бобати “Грамматикаи академии забони адабии тоҷик” маълумот дода, дар охир ба чунин хулоса меояд: “Мутаассифона, ин асари бунёдӣ, ки дар он заҳмати бисёрсолаи муҳаққиқони забоншиноси тоҷик ҷамъбаст шудааст, бо сабабҳои зиёди объективию субъективӣвазифаи дастури нормативии забони адабӣбудани худро адо карда натавонист. Баръакс, ҳатто муҷиби пайдоиши ақидаҳои нигилистии аз таълими грамматикаи забон дасткашидан гардид” (155).
Мавриди таъкид аст, ки профессор Ҳомид Маҷидов аз ҷумлаи он забоншиносоне буд, ки доираи васеи фаҳмиши сухансанҷӣдошта, ҳар як унсури нозуки забонро бо тамоми паҳлуҳояш омӯхта, таҳлилу таҳқиқва баррасӣменамуд.
Бинобар ин, профессор Ҳомид Маҷидов дар баробари ҳалли мушкилоти фразеология дар бахшҳои дигари забоншиносии тоҷик низ пажӯҳишҳои судмандеро ба анҷом расонидааст. Аз ҷумла, ҳалли бисёр масъалаҳои мубрами сарфу наҳв, савтиёт, услуби баён ва тарҳандозиву меъёрсозии системаи забони адабии муосир басо ҷолиби диқатанд.
Асару мақолаҳои батабърасидаи профессор Ҳомид Маҷидов зиёда аз 400 номгӯй иборат буда, роҳнамои устоду шогирдон, аспирантҳо ва муҳаққиқони илми забоншиносии тоҷик дар соҳаи афзудани ҳусни сухани ноб мебошанд.
Донишманди соҳибуслубу соҳибмактаб, соҳибистеъдоду соҳибэъҷоз, Корманди шоистаи Тоҷикистон, доктори илми филология, профессор Ҳомид Маҷидов дар баробари фаъолияти пурсамари намунавии таълимию илмӣвазифаҳои гуногуни ҷамъиятиву маъмуриву роҳбариро бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣиҷро намуда, сазовори мукофотҳои арзандаю шоиста гардида, тавассути ростгӯӣ, росткориҳо, устувории ирода ва дастгирии беғаразонаюхолисонаи корафтодагон маҳбуби ҳамагон гардида буд.
Устод,ҳамчунин, аз методистони шинохтаи забони тоҷикӣ дар доираи мактабҳои олӣ ба шумор мерафт. Дар баробари таълифи китобҳои дарсӣ, воситаю маводҳои таълимӣ барои шуъбаҳои филологии мактабҳои олӣ ба мураттаб кардани барномаҳои таълимӣ низ пардохта буд.
Вай дар тартибу танзими зиёда аз бист номгӯй барномаҳои таълимии забони адабии муосири тоҷик ширкат дошт.
Бо сарварии ғамхоронаюхолисонаиустодмактабимахсусиилмииомӯзиши масъалаҳои мубрами забони тоҷикӣ ташкил ёфта, то имрӯз фаъолият менамояд.
Мактаби забоншиносии устод хеле қавӣ буда, вай дар ин роҳ шогирдони зиёдеро ба камол расонидаанд. Махсусан, устод дар тайёр кардани мутахассисони самти луғатшиносивуфразеологиясаҳми арзанда дошта, бештар аз15 шогирдонаш дар ин ҷода рисолаҳои номзадию доктории хешро ҳимоя кардаанд ва ҳоло чанде аз шогирдони дигар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадию докторӣ мебошанд.
Солҳои зиёд ба ҳайси узви Шурои махсуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба дифои рисолаҳои докторӣ аз забон, узви Комиссияи кории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқиҚонунизабон, узвигурӯҳи кории Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ” фаъолият намудааст.
Ғайр аз ин, устод ба ҳайси котиби бюрои ташкилоти ибтидоии ҳизбии факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳамчун ҷонишини декани факултет, ноибраиси Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти рус оид ба таълим, мудири кафедраи забони муосири тоҷикӣ фаъолият намуда, дар амалӣ гардонидани қарорусупоришҳои раёсати донишгоҳ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати баландбардоштани сифати таълим ва дар руҳияи худшиносӣ, худогоҳии миллӣ ва ватанпарастӣ тарбия намудани ҷавонон саҳми назаррас ва хотирмон гузоштааст.
Солеҳҷон Собирҷонов, номзади илми
филология, ходими пешбари илмии Институти
забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: