Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ИНТИХОБИ ДУРУСТ – ГАРАВИ СОЛИМӢ

ИНТИХОБИ ДУРУСТ – ГАРАВИ СОЛИМӢ

31-05-2023, 13:32
Хабарро хонданд: 1252 нафар
Назарҳо: 0
            ИНТИХОБИ ДУРУСТ – ГАРАВИ СОЛИМӢ
Бозӣ дар ҳаёти кӯдак нақши муҳим ва фаъол дорад.
Имрӯзҳо истеҳсоли намудҳои гуногуни бозичаҳо барои рушду инкишофи ҷаҳонбинии кӯдак мусоидат мекунад, вале бозичаҳое ҳастанд, ки ба ташаккули шахсияти кӯдак таъсири манфӣ мерасонад.
Агар бадхашмии кӯдак аз як ҷиҳат ба хусусиятҳои этникии модарзодӣ вобаста бошад, аз ҷониби дигар, муҳити иҳотакарда ё бозичаҳое шуда метавонанд, ки кӯдакро фаро гирифтаанд.
Дар ҳар як хонаводае, ки тифл аст, он хонаро бе мавҷудияти бозичаҳо тасаввур кардан имконнопазир аст.
Завқу хоҳишу тифлро нисбат ба бозича ягон падару модар рад карда наметавонад.
Бешубҳа, фарзанд барои волидон ҳамеша азиз аст ва дар ҳама маврид барои ҳаёти хушу хуррами фарзандон падару модарон ҳама ҳастии худро мебахшанд.
Бозича ин ашёест, ки кӯдакон барои бозӣ ва фаъолияти мустақилона истифода мебаранд. Бозичаҳо барои олами атрофро омӯхтани кӯдак кумак мерасонанд, ӯро ба фаъолияти мақсаднок ва бошуурона одат мекунонанд, хаёлотро инкишоф, шавқро ба меҳнат, рағбатро ба техника, дониш ва мушоҳидакориро ташаккул медиҳанд, завқи бадеиро баланд мебардоранд.
Бозичаҳо бояд ба талаботи муайяни тиббӣ, зебоипарастӣ, беҳдоштӣ ва техникӣ, инчунин, ба синну соли кӯдакон мувофиқат намоянд.
Кӯдак ҳангоми бозӣ шинохтани ашё, фарқ кардани шаклу бузургӣ ва рангро ёд мегирад, бо таносуби миқдору шумора ва мафҳумҳои макону фазо шинос мешавад.
Бозичаҳои образнок аҳамияти калони тарбиявӣ доранд, мисол, лӯхтакҳо (бо либос, ҷиҳози рӯзгор, хонача), муҷассамаи одамон, ҳайвонот ва ашёи табиат. Вақте ки кӯдак бо онҳо бозӣ мекунад, тасаввуроти ӯ оид ба одамони атроф зиёд мешавад, тафаккур, нутқ ва сомеа инкишоф меёбад.
Яке аз бозичаҳои паҳншудатарин лӯхтак аст. Барои бозии духтарчаҳои 1 ва 2-сола лӯхтакҳои чашмпӯш ва «сухангӯ» мувофиқ аст, зеро онҳо шавқу завқи кӯдаконро меафзоянд.
Ташвишовар он аст, ки дар вақти харидории бозичаҳо волидайн танҳо ба шаклу намудашон, ки ширкатҳои истеҳсолкунанда дар замони муосир хеле моҳирона онҳоро ҷолибу дилкаш месозанд, таваҷҷуҳ мекунанду халос.
Солҳои охир бо беҳтар шудани муносибатҳои иқтисодӣ байни давлатҳои минтақа ва афзудани теъдоди соҳибкорони ватанӣ аз мамлакатҳои ҳамсоя барои кӯдакон бозичаҳои гуногун, аз ҷумла махмалину мӯинагин, пластикӣ ва оҳанину чӯбин бо рангубори диққатҷалбкунанда ворид карда мешаванд. Вале, мутаассифона, на ҳамаи ин бозичаҳо ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ ҳастанд.
Мурод Ашӯров - корманди масъули Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар мамлакат дар чор моҳи соли равон 5 ҳазору 159 адад бозичаҳои пастсифат аз фурӯш ва муомилот гирифта шудаанд, ки ба талаботи регламенти техникӣ ҷавобгӯ набуданд.
Ба Тоҷикистон бозичаҳо барои кӯдакон, босифат аст ва ё пастсифат, бештар вақт аз давлатҳои Чин, Ӯзбекистон ва Россия ворид карда мешаванд. Барои ҳамин, волидайн бояд дар вақти харидории мол ҳатман аз фурӯшанда ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва беҳдоштӣ, яъне сертификати мутобиқат, тамғагузорӣ ва риояи таъиноти истифодабарии бозичаҳо ва макони истеҳсоли онҳоро талаб кунад. Зеро, бештари бозичаҳо ва умуман молу маҳсулот ба Тоҷикистон бо роҳи қочоқ ворид гардида, иҷозатномаи сифат надоранд. Ин намуди маҳсулот танҳо ҳангоми санҷишҳо муайян карда мешаванд.
Ҳамчунин қайд кардан бамаврид аст, ки барои муайян намудани бозичаҳои сифатнок аз пастсифат, бояд ба бандубаст шудани онҳо, номнависӣ ва ранги фарқкунандаи онҳо аҳамият дод. Моли босифат ба чашм намоён аст, ки асосан бӯйи он фарқкунанда аст.
Маълум карда шуд, ки асосан ин гуна бозичаҳо ба таври қочоқ аз хориҷи мамлакат, хусусан аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба кишвари мо ворид мешавад. Чунин амалҳои зишт ва ғайриқонунӣ аз ҷониби нафароне анҷом дода мешаванд, ки нисбат ба солимии фарзандони миллат бетаваҷҷуҳӣ зоҳир намуда, танҳо манфиати худро аз ҳама боло мегузоранд.
Аз рӯйи маслиҳати мутахассисони Маркази ташхиси маҳсулоти хӯроквории Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бозичаҳо бояд мувофиқ ба синну соли кӯдакон харидорӣ карда шаванд.
Бозича бояд садои баланду гӯшхарош надошта бошад, халанда ва бо пластикаи чарсуи зудшикан сохта нашавад, бадбӯй ва беранг набошад, зеро дар акси ҳол ҳатман ба солимии кӯдак зарар мерасонад.
Ҳангоми бозӣ кардан хеле зуд шикастани он аз эҳтимол дур нест ва он метавонад ба бадани нозуки кӯдак халида, барояш осеби ҷисмонӣ расонад. Аз ҷониби дигар, зуд-зуд шикастану нобуд шудани бозичаҳо ба вазъи молиявии хонаводагӣ низ бетаъсир нест.
Масъулони соҳа чунин иброз медоранд, ки мутаассифона, дар аксар маврид волидон на танҳо ба сифати бозичаҳо аҳамият намедиҳанд, балки онҳоро фурӯшгоҳҳои ғайриқонунӣ харидорӣ мекунанд.
Хуб мебуд, агар падарону модарон он бозичаҳоеро интихоб кунанд, ки аз матоъҳои нарм дӯхта шудаанд.
Агар ҳатто бозичаҳои пластикӣ харидорӣ шавад ҳам, аз мағозаҳои махсуси бачагона харидани онҳо аз манфиат холӣ нест, зеро фурӯшандагон барои нуфузи худро аз даст надодан мекӯшанд, ки маҳсулоти босифатро ба истеъмолкунанда пешниҳод намоянд.
Ба хотири фиреби назари харидорон имрӯз дар бозору марказҳои савдо фарқ гузоштан миёни молҳои хушсифату пастсифат кори саҳл нест.
Ороиши намуди зоҳирии маҳсулоти пастсифат аксаран аз моли асл бисёр назарфиребона анҷом дода шудааст.
Ҳамчунин, имрӯз дар гӯша ва растаҳои қисми зиёди марказҳои савдои мамлакат бозичаҳои пастсифатеро дучор омадан мумкин аст, ки истифодаи онҳо ба саломатии насли ояндаи мамлакат хатари ҷиддӣ дошта бошад ҳам, вале соҳибкорон аз пешниҳоди онҳо ба харидорон худдорӣ намекунанд.
Воридоти бозичаҳои пастсифат ба имону виҷдони соҳибкорону тоҷирон вобаста буда, онҳо ҳангоми харидории бозичаҳои кӯдакона аз хориҷи кишвар ба сифатнокии онҳо аҳамияти ҷиддӣ намедиҳанд.
Бинобар ин, имрӯз бозичаҳои кӯдаконаи пастсифат ва дорои бӯйи ғализ дар фурӯш хеле зиёд ҳастанд, ки ба саломатии хурдсолон хатари ҷиддӣ эҷод карда метавонад. Бинобар ин, беҳтар кардани корҳои назоратӣ дар ин самт зарурӣ дониста мешавад.
Худойбердӣ Қамчинов - табиби оилавии Муассисаи давлатии “Маркази саломатии №7”-и шаҳри Душанбе бар он ақида аст, ки бозичаҳое, ки ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ нестанд, метавонанд кӯдаконро ба бемории ҳассосӣ (аллергия) мубтало намояд.
Бозичаҳое, ки аз маводи пластикӣ, резинӣ, чӯбин, оҳанин ва махмалину дигар намудҳо сохта мешаванд ва аз меъёр зиёд доштани бӯй метавонанд ба асаб, системаи нафаскашӣ ва пӯсти бадани кӯдак таъсир расонад. Ҳамчунин, ба гуфтаи номбурда, волидайн бояд доимо қабл аз бозичаро ба дасти кӯдак додан, аввал онро тоза шуста, баъд барои истифода диҳад, зеро нозук будани пӯсти кӯдакон нисбат ба пӯсти калонсолон метавонад онҳоро ба бемории алергетикӣ ва дигар намуди маризиҳо гирифтор намояд.
Мутаассифона, шумораи кӯдакони мубталои бемории ҳассосият ҳамасола афзоиш ёфта, аз рӯйи маълумоти омори тиббӣ, қариб 20 фисади кӯдакон дар ҷаҳон аз ин беморӣ ранҷ мебаранд.
Гарчанде ин беморӣ омилҳои зиёд дорад, вале бозичаҳои ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯйнабуда низ метавонад яке аз сабабҳои хуруҷи ин беморӣ бошанд.
Истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе Гулдаста Муродова ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки фарзанди шашсолааш, ки ҳамеша бо лӯхтакҳои резинӣ ва махмалин бозӣ мекунад, аз бемории аллергия азият мекашад.
Гулдаста сабаби авҷ гирифтани бемории духтарашро намедонист ва баъд аз ташхиси табиб маълум гардид, ки аз бӯйи бозича ва резини он бемории кӯдак якбора авҷ мегирад.
Модари кӯдак иқрор мешавад, ки ҳангоми харидани бозича барои фарзандаш иҷозатномаи сифатро аз фурӯшанда талаб накардааст ва ҳатто истеҳсоли кадом кишвар будани молро намедонад.
Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, волидоне ҳастанд, ки ба фарзандони худ бозичаҳо харидорӣ намекунанд, вале бояд вобаста ба имкониятҳои худ барои кӯдак бозичаҳо муҳайё намуда, ба сифат ва номи кишвари истеҳсолкунанда аҳамият дод, зеро бозичаҳо барои рушди зеҳнӣ ва ташаккулёбии кӯдакон манфиатовар мебошанд.
Тиҷорати бозичаҳои пастсифати кӯдакона на танҳо волидон, балки тоҷиронро низ бояд ба андеша водор намояд, яъне бо ворид кардани бозичаҳои пастсифат онҳо метавонанд сиҳатии кӯдакон, аз ҷумла фарзандони худро низ дар хатар гузоранд. Бигзор моли хушсифати худро бо қимати гаронтар ҳам бошад, ба мардум пешниҳод намоянд ва нисбат ба саломатии истеъмолкунандагон бетараф набошанд, зеро кӯдакон нозуканду ба ҳар гуна осеб тоб оварда наметавонанд.

Саида ХОҶАЕВА
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: