
29-уми май дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара бо мақсади супоридани шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ба аъзои нави ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Пирмуҳаммад Каримзода дар оғоз иброз дошт, ки аксарияти аъзои ҳизбро занону ҷавонони бонангу номус ташкил медиҳанд, ки онҳо ҳадафҳо ва ғояҳои созандаи ҳизбро дар байни ҷомеа тарғиб намуда, дар баланд бардоштани маърифати сиёсии шаҳрвандон ҳиссаи намоён мегузоранд.
Ҷавононе, ки ба сафи ҳизб пайвастанд, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллиро ҳамчун таҷассумгари сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат баён намуда, ба аъзогӣ қабул шуданд ва соҳиби шаҳодатномаи ҳизбӣ шуданро ифтихор медонанд.
Дар ҳамоиши мазкур, инчунин, зикр шуд, ки Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ зарурати ногузири ташаккул ва амалӣ намудани сиëсати давлатии ҷавононро эътироф намудааст.
Баъд аз шаш моҳи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13-уми марти соли 1992 қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон - Қонун “Дар бораи сиëсати давлатии ҷавонон” далели ин гуфтаҳо мебошад.
Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон миëни дигар кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз аввалинҳо шуда, қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст, ки ин бори дигар собит менамояд, ки мамлакати мо дар таҳкими сиëсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунëд ташаккули сиëсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш ба 37 нафар корманди ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ, ки бори аввал ба аъзогии ҲХДТ қабул гардиданд, дар фазои тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ ва ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар Литсейи касбии техникии ноҳияи Данғара Ҳоҷиқадриддин Саъдуллоев сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия супурда шуданд.