Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҶАВОНОНИ МУОСИР БОЯД ЧИ ГУНА БОШАНД?

ҶАВОНОНИ МУОСИР БОЯД ЧИ ГУНА БОШАНД?

29-05-2023, 12:36
Хабарро хонданд: 895 нафар
Назарҳо: 0
Маъмулан натанҳо Тоҷикистон, балки дар аксарияти кишварҳои олам чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз ба масъалаи ҷавонон дар сиёсати давлатдорӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад. Аз ин рӯ, ҷавони аз лиҳози ҷисмониву ақлонӣ ва зеҳнӣқавиву соҳибирода аз захираҳои муҳими ҳар як давлат ва ҷомеа ба шумор мераванд. Сарфи назар аз далелҳои афзоиши таваҷҷуҳ ба ҷавонон дар солҳои охир, аз ҷумла тавассути ташаббусҳои муваффақонаи сиёсати давлатӣҷавонон ҳанӯз ҳам бо монеаҳои зиёд дар роҳи пешрафт дар замони имрӯз рӯбарӯҳастанд.
Ҷавонони имрӯзи кишвар бояд чӣ гуна бошанд, яъне кадом омилҳо метавонад дар муқобили ҷаҳони пуртазоди муосир онҳоро дастболо ва муваффақ созад?Дар ин маврид чанде аз ҷавонони пешгом дар соҳаҳои гуногуни илму маориф андешаҳои худро баён намуданд.
ҶАВОНОНИ МУОСИР БОЯД ЧИ ГУНА БОШАНД?
Ризо Баҳромзод -ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ба номи Султон Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:
- Ҷавони имрӯзи тоҷик бояд дорои тафаккури баланд ва қобилияти таҳлил карда тавонистану ҷустуҷӯ намудани иттилоот бошад. Ҳар як ҷавон бояд дониши хуб ва саводи кофӣ дошта бошад, ки дар замони пурҳаводис ва мураккабу печидаи мо худро гум накунад ва неруяшро дар роҳи созандагӣ истифода барад. Ҷавононро зарур аст, ки барои расидан ба ҳадафҳои худ аз имкониятҳои техникаву технологияи муосир, воситаҳои гуногуни иртибот ва манбаъҳои бузурги иттилоотӣ босамар истифода баранд.

Давлатхотун Муҳиддин -корманди Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ:ҶАВОНОНИ МУОСИР БОЯД ЧИ ГУНА БОШАНД?
- Тоҷикистон, ки худ кишвари ҷавону ҷавонпарвар маҳсуб меёбад, тарбияи насли ҷавонро дар меҳвари сиёсати худ қарор додааст. Далели ин гуфтаҳо дар як қатор қонуну стратегияҳои давлат ҷиҳати беҳбуд бахшидан ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри рушди маърифат ва қобилияти ҷавонон собит мегардад. Барои насли ҷавони имрӯз беҳтарин васила барои рушду такомул донишу маърифат ва хирад аст. Роҳбари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба насли ҷавон пайваста омӯзиши илм ва забонро таъкид намуда, ҳушдор медиҳад, ки дар ин ҷаҳони пуртазоду майдони набардҳои сиёсӣ дониш василаи муҳимтарин барои ҳимояи инсоният аст.

Одил Нозир–рӯзноманигор:ҶАВОНОНИ МУОСИР БОЯД ЧИ ГУНА БОШАНД?
- Ҷавонони имрӯза масъулияти бештар доранд, зеро дар ҷаҳони муосир мавқеъ пайдо кардан хеле душвор аст. Онҳо бояд ду-се забони хориҷиро донанд, малакаи кор бо технологияи навро дошта бошанд ва ҳамарӯза онро такмил диҳанд, аз ҷараёнҳои ҷадиди зеҳниву ҳунарии ҷаҳон огоҳӣ пайдо карда,қобилияти ташхиси онро низ дошта бошанд. Илова ба ҳамаи ин, соҳиби касбу коре бошанд, ки зиндагии рӯзмараашонро таъмин намоянд. Қабл аз ҳама,ҷавони муосири тоҷик бояд ватандӯст бошад, зеро кишвари ҷавони мо марҳилаи бисёр душвореро пушти сар мекунад. Ҷавонони мо бояд ҳушёр бошанд ва сатҳӣне, балки бо хуну ҷон Ватанро дӯст доранд. Фақат дӯстдории Ватан метавонад моро муттаҳид кунад ва аз ҳар офате наҷот бидиҳад.

Илҳом Ҷумъахонов -номзади илмҳои фалсафа:ҶАВОНОНИ МУОСИР БОЯД ЧИ ГУНА БОШАНД?
- Дидгоҳи ман ба ҷавонони ҷомеаи Тоҷикистон ин аст, ки бояд аз меъёрҳои илми замони муосир, ки асосан ҳаёти иҷтимоии инсон ба он пайвастагӣ дорад, пайгирӣ намоянд. Ҷавонони Тоҷикистон бояд ба неруи созандаи худ итминон карда, тавонмандии андеша дошта бошанд, аз таассубу хурофот канорагирӣ намоянд. Замони муосир моломоли андешаҳои гуногуни ифротгароӣ ва дурӯғпароканӣ аст. Бинобар ин,ҷавонони моро зарур аст, ки ҳарчи бештар ба илму фарҳанг ва омӯзиши ҳунар рӯ биоранд, то аз таҳдидҳои хатарзои ҷаҳони муосир эмин бимонанд.

Хуршед Ховарӣ - муовини сармуҳаррири ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”:
- Бадбахтона, дар миёни ҷомеаи мо, махсусан байни ҷавонон, як тамоюле дар ҳоли рушд кардан қарор дорад, ки аксари ҷавонон муваффақиятро ба худи худ ё ба шахсият нисбат намедиҳанд. Масалан, агар ба ягон ҷавон гӯӣ, ки чаро фалон шахс муваффақ асту ту қадам барнамедорӣ,ӯ хоҳад гуфт, ки кадом як омиле боиси муваффақияти фалонист. Ин чиз яқин аст, ки дар рушди шахсиятҳо омилҳои таъсиргузор зиёданд, аммо бидуни талош дар ҳеҷҷода муваффақият ба касе даст нахоҳад дод. Ман бар ин нукта бо тамоми вуҷуд итминон дорам, ки агар як ҷавон барои рушди шахсияти худ дар дилхоҳ соҳа талош кунад, ба муваффақият даст хоҳад ёфт. Муҳимтарин омил талош ва омӯзиш аст. Ин нукта ногузир аст, ки ҳарҷомеа ба нафарони донишманд эҳтиёҷ дорад. Ҳамин чиз кофист, ки як ҷавон барои ояндаи худ андеша кунад.

Лайло Носирова - пажӯҳишгари соҳаи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумӣ:ҶАВОНОНИ МУОСИР БОЯД ЧИ ГУНА БОШАНД?
- Ҷавонони имрӯза бояд, пеш аз ҳама, бомаърифат ва фарҳангдӯст бошанд. Дар баробари донистани тамаддуну фарҳанги гузаштаи худ аз илмҳои муосирбархӯрдор бошанд. Инчунин, дониши андӯхтаашонро таҳлил намоянд, такмил диҳанд, на ин ки карахту қолабӣ пайравӣ кунанд. Бо чунин роҳи интихобнамуда онҳо метавонандшахси муваффақ шуда, қуллаҳои баландро фатҳ намоянд. Воқеан ҳам, ҷавонон ояндаи миллатанд, аммо ҳамон тоифаи ҷавононе, ки ақлу заковати солим доранд. Ба қадри вақти худ бирасанд, аз шабакаҳои иҷтимоӣ самаранок истифода намоянд ва барои истифодаи бемавқеи он умри хешро зоеъ нагузаронанд.

Ардамеҳр Ашӯров - номзади илмҳои таърих, ходими пешбари илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:ҶАВОНОНИ МУОСИР БОЯД ЧИ ГУНА БОШАНД?
- Мусаллам аст, ки масъалаи ҷавонон ва таваҷҷуҳ ба ин насли ояндасоз ҳанӯз аз ибтидои давлатдории навини мо дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон ва хосатан дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Яъне, яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро сиёсати давлатии ҷавонон ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, Сарвари давлат пайваста барои дастгирӣ ва интихобу муаррифии ҷавонон, бахусус ҷавонони болаёқат кӯшиш намуда, таъкид кардаанд, ки "Асоси пешрафту густариши соҳаҳои гуногуни кишвар маҳз ба неруи ҷавонон вобастагӣ дорад". Бо ин назардошт, имрӯз ҷавонони кишварро зарур аст, ки барои ҳифзи Ватан ва Истиқлолу ваҳдати миллӣ муттаҳид бошанд. Меҳвари андешаи ҷавонони моро, пеш аз ҳама, бояд ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ фаро гирад. Тафаккури ҷавонон бояд тафаккури илмӣ, дунявӣ, техникӣ, мантиқӣ ва созанда бошад. Ҷавҳари андешаи ҳар як ҷавонро мебояд таҳкими истиқлолу суботи сиёсии кишвар, таъмини амният, ҳифзи марзу буми Тоҷикистон, татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ ва тақвияту ташаккули худшиносии миллӣ, ҳувияти миллӣ ва андешаи миллӣ ташкил диҳад.


Таҳияи Гулҳаёи Мадимар
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: