Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ

ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ

5-05-2023, 12:24
Хабарро хонданд: 450 нафар
Назарҳо: 0
ВОЖАНОМАИ СИЁСӢ

МАНДАТ (лот. mandatum - салоҳият, супориш, дархост) – ҳуҷҷате, ки салоҳияти касеро тасдиқ менамояд. Масалан, мандати депутатӣ. мандати Лигаи миллатҳо, ки баъд аз Ҷанги якуми ҷаҳон ба давлатҳои ғолиб барои идораи мустамликаҳои собиқи Олмон ва мулкҳои Туркия дода буд. Онҳоро ҳудудҳои мандатӣ низ меномиданд. Дар шароити ҳозира Созмони Милали Муттаҳид барои ба амал баровардани ҳадафҳо ва вазифаҳои мушаххас ба давлатҳои алоҳида ва ё гурӯҳи давлатҳо чунин салоҳиятро раво медонад.
МАНИПУЛЯТСИЯ (франс. manipulation – фиреб, қаллобӣ) -
1.) Дасиса
2.) Тартиби таъсиррасонии психологӣ бо мақсади тамкини хаёлии тасаввурот. Дар сиёсат раванди таъсиррасонӣ ба афкори ҷамъиятӣ ва рафтори сиёсӣ барои ба самти дилхоҳи ҳокимону таркиботи ҷамъиятӣ равона намудан.
Фиреби сиёсӣ идораи ниҳонии шуур ва рафтори сиёсии одамон бо мақсади маҷбур намудани онҳо бар зидди манфиатҳои худ мебошад. Асоси фиреби сиёсиро дурӯғ ва қаллобӣ ташкил менамояд. Дар сиёсат рӯ ба фиребу дурӯғ овардан тасодуфӣ ва иштибоҳе нест. Онро ба хотири амали мусбате низ пиёда намудан мумкин аст. Дар илми сиёсӣ назария ва амалияи фиреби сиёсӣ ҳамаҷониба тадқиқ ва таҳлил мегардад. Фиреби сиёсӣ аз асотирҳои иҷтимоию сиёсӣ маншаъ мегирад, ки тавассути таъсиррасонӣ ба шуури сиёсӣ воқеӣ мегардад. Асотирҳо қоида ва арзишҳоеро таҷассум менамоянд, ки ҳамчун эътиқод қабул доранд.
Фиреби сиёсӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Барои ифодаи як ҳодиса мафҳумҳои гуногун истифода мешавад. Вобаста ба мавқеи ҷамъиятиашон як ҳодисаро ҳар хел шарт додан мумкин аст.
МАНИФЕСТ (лот. manifestus – даъват, ошкоро, нишон додан) –
1.)Муроҷиатномаи хаттии ҳокимияти олӣ ба аҳолӣ дар хусуси ягон воқеаи муҳим.
2.) Муроҷиатномаи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба аҳли ҷомеа, ки дар он ақида, барнома, таклиф ва қарордоди худро баён мекунанд. Дар пайвастагӣ бо мафҳуми мазкур маъруфияти зиёдро асари Карл Маркс ва Фридрих Энгелс «Манифести Партияи Коммунистӣ» пайдо намудааст, ки дар он ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии ҳаракати коммунистӣ матраҳ шудааст.
МАНСАБПАРАСТӢ – яке аз сифатҳои манфии ахлоқӣ, рафтор ва фаъолияти хилофи ҷамъиятӣ, ки ба шуҳрат ва тамаъкорӣ асос ёфтааст. Он яке аз шаклҳои худбинӣ буда, одатан дар зери ниқоби садоқат ба иҷрои вазифаҳои ҷамъиятӣ ифода мегардад. Мансабпарастон вазифаҳои ҷамъиятиро бо мақсадҳои шахсӣ истифода менамоянд. Асоси мансабпарастиро тафовут ва зиддиятҳои ҷамъиятӣ ташкил менамоянд. Мансабпараст музаффариятҳои дастаҷамъиро нодида мегирад ва аксар вақт онро ба фоидаи худ тавзеҳ менамояд. Манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои умумӣ боло мегузорад. Мансабпараст аз каме комёбиҳо мағрур мегардад ва ҷиҳатҳои манфии фаъолияти хешро дида наметавонад. Мансабпараст худписанд ва бемасъулият буда, ба тақдири одамон бетарафӣ зоҳир менамояд.
МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ – талаботҳои даркшудаи давлат, ки аз муносибатҳои иқтисодӣ ва геополитикӣ дар давраи муайяни инкишоф бармеоянд. Мафҳуми «манфиатҳои миллӣ» бо мафҳуми «манфиатҳои давлатӣ» баробарқиматанд. «Манфиатҳои миллӣ» на хусусияти этникӣ, балки хусусияти сиёсӣ доранд. Аз назари илмҳои сиёсӣ ҳангоми тавсифи мафҳуми «манфиатҳои миллӣ» фақат ба арзишҳои миллию этникӣ ва манфиатҳои аксарияти миллии ин ё он кишвар такя намудан ғалат аст. Таҳти мафҳуми «манфиатҳои миллӣ» манфиатҳои ҳам аксарият ва ҳам ақаллияти миллӣ, манфиатҳои умумимиллӣ ва давлатиро бояд фаҳмид. Мафҳуми «манфиатҳои миллӣ» манфиатҳои тамоми бошандагони кишварро ифода менамояд. Дар фаҳми сиёсӣ мафҳумҳои «миллӣ» ва «давлатӣ» ҳаммаъно мебошанд.
МАНФИАТҲОИ СИЁСӢ (лот. interest – аҳамият доштан) нахустин сабаб, яке аз умдатарин мақсадҳои асосии фаъолияти сиёсӣ, ки сабаби бевоситаи бедоршавии шахсон, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, синфҳо ва миллатҳои дар амалиёти сиёсӣ иштироккунанда мебошад. Манфиатҳои сиёсӣ неруҳои гуногуни сиёсиро водор менамояд, то дар сиёсат ширкат варзанд. Манфиатҳо асоси фаъолият ва идеологияи сиёсӣ мебошанд. Манфиатҳо хосияти духела доранд: объективӣ ва субъективӣ. Вазъияти воқеии ҷамъиятию сиёсӣ асосҳои объективии манфиатҳоро ташкил менамояд. Асосҳои субъективии манфиатҳо бошанд дар дарки талаботи ботинии инсон зоҳир мегарданд.
МАОИЗМ (ғояҳои Мао - Сзедун) – назария ва амалияест, ки дар солҳои 30-юми асри ХХ дар Ҳизби коммунисти Ҷумҳурии Халқии Хитой ташаккул ёфта, дар охири солҳои 50-ум ҳамчун идеология ва ҷараёни сиёсии зидди сотсиализм қувват гирифта, таълимоти марксизм-ленинизмро ревизия менамуд. Он таълимоти зиддисотсиалистии «коммунизми казармавӣ» ва гегемонизми бузургдавлатиро бо истифода аз мафҳумҳои марксистӣ рӯпуш менамуд.
МАРГИНАЛИЯТИ СИЁСӢ (лот. margo – канор) – мафҳуме, ки барои ифодаи сифати иҷтимоии шуур ва рафтори шахсият, табақа, гурӯҳҳо ва умумиятҳои дигар истифода мегардад. Шахсияти маргиналӣ инсони канорагӣ, дар байни ду умумият қарордошта буда, мавқеи худро дар олам ба хотири дар таркиби дар мақомоте ё ҳаракате пайдо намудан меҷӯяд. Маргиналҳоро ҳеҷ гуна манфиатҳо ва мақсадҳо муттаҳид намегардонанд. Хотираи таърихии онҳо маҳдуд буда, меросиятро дар дарки анъанаҳо намефаҳманд. Онҳо системаи хосаи арзишҳо ва баҳогузориро касб накардаанд ва ба арзишҳои бегона муҳтоҷанд. Воситаҳои ба маргинал табдил додани одамон ин бегонагӣ аз моликият, назорати қатъии давлатӣ, сиёсати умумии муҳоҷират ва дигар воситаҳо мебошанд.
МАРИОНЕТКА (франс. marionette - бозича) дар сиёсатшиносӣ мамлакатҳоеро ном мебаранд, ки мустақил набуда, дар ба амал баровардани сиёсати дохилӣ ва хориҷи побанди кишварҳои дигар, пеш аз ҳама, давлатҳои абарқудратанд. Чунин давлатҳо дар низоми навини олам мавқеи хосаро пайдо карда наметавонанд. Зеро онҳо аз ҳар ҷиҳат рақобатпазир нестанд. Махсусан, қафомондагии иқтисодӣ ва сатҳи пасти таъмини амнияти дохилию хориҷӣ онҳоро аз кишварҳои дигар вобаста гардонидааст.
МАРКЕТИНГИ СИЁСӢ (англ. marketing – бозор, фурӯш) – дар сиёсат маънои низоми таъсиррасонӣ ба шуур ва рафтори одамон, иттиҳодияҳои онҳоро дорад. Низоми мазкур назарияи сиёсӣ, методҳо, тарзи маърифати муҳити сиёсӣ ва роҳҳои ташаккули дархосту талаботҳои онҳоро дарбар мегирад. Маркетинги сиёсӣ ҳам аз ташвиқоти сиёсӣ ва ҳам аз рекламаи сиёсӣ бакуллӣ фарқ менамояд. Он нисбатан таъсиррасонии васеъ ба одамон буда, моҳияти онро ба таври босаводона, мавзун ва мақсаднок дарёфт намудан, сифатҳои воқеӣ ва арзандаи номзадҳо ба сарвариро ба гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ намоиш додан мебошад.
МАФИЯ (итал. mafia- ҷомеаи махфӣ) – дар сиёсат таъсиррасонии ғайриқонунӣ, ҷиноӣ ба шахсон, муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо мақсади ноил гаштан ба натиҷаҳои дилхоҳ мебошад. Ташкилоти ғайриқонунии ҷинояткорон, ки ба фаъолияти он хизматчиёни гуногуни давлатӣ ҳамроҳ мегарданд. Онҳо дар доираи манфиатҳои шахсӣ ва гурӯҳӣ амал намуда, манфиатҳои давлатиро сарфи назар менамоянд.


Гирдоварандагон: Махфират Хидирзода
Абдураҳмон Хонзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: