Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАР МЕҲВАРИ ГУФТУГӮҲО

ДАР МЕҲВАРИ ГУФТУГӮҲО

24-04-2023, 14:56
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 1
Ташаббусҳои Тоҷикистон

ДАР МЕҲВАРИ ГУФТУГӮҲО
Агар об набошад…

Таъбирҳоеро мисли «об -зиндагӣ», «об - манбаи ҳаёт» «об - тозагӣ», «об - рӯшноӣ», «обу ободӣ» ҳамарӯза мешунавем. Тасаввур кунед, агар об набошад… Бале, бе он зистан на танҳо мушкил, балки номумкин аст. Набояд фаромӯш кард, аз чор унсури зарурии ҳаёт якеи он об аст, ки бинобар ин, дар сарчашмаҳои илмию динӣ муқаддас будану тоза нигоҳ доштан ва ба қадри ин унсури зиндагӣ расидан таъкид шудааст. Аз дигар тараф, вобаста ба синну сол аз 55 то 75 дарсади организми инсонро об ташкил медиҳад. Ба ҳисоби дигар, дар организми инсони миёнсол 40-50 литр об мавҷуд аст. Ин шаҳодати он аст, ки бе об ҳаёт нест.
Дигар аз муҳимияти он ба рушди иқтисоди кишварҳо мусоидат мекунад. Чунончӣ, пешрафти соҳаҳои гуногунро, мисли кишоварзӣ, боғдорӣ, чорводорӣ, гидроэнергетика, саноат, сайёҳӣ бе об тасаввур кардан номумкин аст.
Мувофиқи маълумоти созмонҳои байналмилалӣ, имрӯзҳо дар ҷаҳон зиёда аз 3 миллиард аҳолӣ ба мушкилоти норасоии оби тоза рӯ ба рӯ ҳастанд. Яке аз сабабҳои муноқишаю таҳдидҳоро дар ҷаҳон низ бар сари норасоӣ ва тақсимоти нодурусти захираҳои об маънидод мекунанд. Пас, агар чунин аст, чаро ба қадри он намерасем?

Вақте ки дарё ё баҳр хушк мешавад…

Дар тасаввури кас намеғунҷад, ки рӯзе мешавад як дарёи азимро бе об дид. Ин ҳолатро соли 2011 зимни як сафар ба шаҳри Исфаҳони Ҷумҳурии Исломии Эрон мушоҳида кардем. Зояндарӯде, ки ба ин шаҳри зебою таърихӣ ҳусни дигар мебахшид, хушкида буд. Сабаби он таззодҳое миёни кишварҳои болооб бар сари тақсимоти ин неъмати худодод мебошад. Фикр мекунам, ин масъала бо роҳҳои мусолиматомез ба суди ҳамаи ҷонибҳо имрӯз ҳалли худро пайдо кардааст.
Ё хушкшавии баҳри Аралро мутахассисон чун фалокати экологӣ ёд мекунанд, ки дар натиҷа ҳавои минтақа тағйир ёфта, паҳншавии чангу ғубори намаколудаи заҳрдор ба атроф ва таъсири он ба оби нӯшокӣ сабабгори пайдоиши касалиҳои гуногун гардидааст. Бекорӣ, паст шудани сатҳи зиндагӣ, авҷ гирифтани бемориҳои роҳҳои нафас, гурда, меъда, камхунӣ, бемориҳои сироятии бактерологӣ, кам шудани давомнокии умр - ин аст номгӯйи чанде аз оқибатҳои ин буҳрони экологӣ.
Аз дигар тараф, ин буҳрон ба шароити зиндагии миллионҳо нафар сокинони атрофи он таъсири манфӣ гузошта, дараҷаи фавт дар муқоиса бо дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ дар ин ҷо зиёд аст.
Сабаби асосии фоҷеаи баҳри Арал боло гузоштани манфиатҳои инсон нисбат ба табиат, сиёсати нодурусти истифодаи сарватҳои табиӣ, пеш аз ҳама об аст.
Қабл аз ин атрофи баҳр зебою дилкаш буд, дар ин ҷо маҳаллаҳои наву замонавӣ. муассисаҳои табобатию истироҳатӣ бунёд мешуданд. Мутаассифона, гирдбоди ин фоҷеа тамоми ин барномаҳоро бо худ бурд.
Даъво ё «сюрприз»

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабарҳое паҳн буданд, ки гӯё сатҳи оби баҳри Арал боло мешавад. Аммо тарҳе, ки толибон дар Афғонистон рӯйи даст гирифтаанд ва сохтмонаш дар се баст идома дорад, баръакс, ба «ҷароҳат»-ҳои Арал бори дигар «намак» мепошад.
Фаромӯш накардаам, суҳбатеро, ки соли 2006 ҳайати рӯзноманигорони тоҷик дар сафорати Тоҷикистон дар Кобул бо Фарҳод Маҳкамов - Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доштем. Мавсуф дар шарҳи вазъи сиёсии кишвари ҳамсоя аз ҷумла таъкид карда буд, ки рӯзе мерасад Афғонистон бо ҳамсоягонаш дар сари масъалаи тақсимоти оби Амударё даъво мекунад.
Пас аз 17 соли ин мусоҳиба толибон бо мақсади обёрии заминҳои бекорхобидаи вилоятҳои Балх, Ҷузҷон ва Форёб бо хазинаи 684 миллион доллар ба бунёди канали Қӯштеппа, ки 285 километр дарозӣ ва 100 метр паҳноӣ дорад, шуруъ карданд. Дар айни ҳол дар бунёди ин канал 300 ширкат ва 6,5 ҳазор коргар сафарбар шудаанд, ки дар се баст бо ҷӯшу хурӯш фаъолият доранд. Аллакай 40 километри ин каналро кандаанд. Онҳо ният доранд, ки баъд аз 5 сол, яъне дар соли 2028 ин каналро мавриди истифода қарор диҳанд. Баъд аз ин оби Амударё шояд ба Арал нарасад. Амалӣ шудани ин тарҳ барои кишварҳои ҳамсоя, ки аз сиёсати толибон бо ду дасти адаб истиқбол карданд, «туҳфа»-и ғайричашмдошт хоҳад буд.
Бале, Афғонистон ҳам ҳақ дорад аз ин неъмати табиӣ истифода барад, агар дар оянда тақсимоти об дар асоси мувофиқаи кишварҳои манфиатдор сурат гирад, нуран алонур хоҳад буд.

Ҳамин тавр, сол то сол бо сабаби афзоиши босуръати аҳолӣ дар сайёра мушкилоти таъмини об бештар мешавад. Албатта, масъалаҳои истифода ва ҳифзи манбаъҳои он зарурияти ҳамкории давлатҳо, созмонҳо ва тамоми ҷомеаи ҷаҳониро тақозо дорад.

Пешоҳанги роҳнамоиҳо дар масъалаи об
Тоҷикистон дар баробари рафъи дигар мушкилоти муҳими минтақа ва ҷаҳон – мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ дар масъалаи об ва тағйирёбии иқлим низ борҳо аз минбарҳои баланд садо кардааст ва ҷаҳониёнро аз оқибатҳои нохуши онҳо огоҳ кардаву мекунад.
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар бобати ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон аз соли 1999 инҷониб вирди забони ҷомеаи байналмилалӣ гардидааст.
Аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ ҷумҳурии мо дар саргаҳи обҳои тоза ҷойгир аст. Ба андешаи коршиносон, 60 дарсади захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
Бояд дар масъалаи дастрасӣ ба об кишварҳое садо баланд кунанд, ки ҳамарӯза бо норасоию мушкилоти оби ошомиданӣ мувоҷеҳ ҳастанд. Вале, Пешвои миллати мо бо дарки ин масъалаи ҳаётан муҳим аз минбарҳои баланд ба ҷаҳониён таъкид намуданд, ки бояд ба қадри об бирасем ва дар ҳифзи захираҳои он омода бошем.
Боиси хушнудист, ки панҷумини ибтикори Тоҷикистонро низ дар масъалаи об ва иқлим Созмони Милали Муттаҳид пазируфт, ки он дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд.
Маҳз дар асоси иқдомҳои Тоҷикистон СММ оид ба рафъи мушкилоти об ва ҳифзи пиряхҳо қатъномаҳои зиёд қабул намуд, ки нишони эътирофу эҳтироми баланд ва далели мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ба ин далелҳо метавон илова кард, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар мавриди беҳтар намудани сифати оби ошомиданӣ, масоили марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ба рӯзномаи ҷаҳонии рушд ворид шудаанд, ки дар таърихи рушди инсоният ва зуҳуроти инсонгароӣ саҳифаҳои тозаанд.

Алӣ ҶӮРА






Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назарҳо (1)
Antonietta 9 июня 2023 18:02
heric lomexin crema brucia couplets gyno
lomexin fitil yan etkileri
- lomexin crema
recensioni lomexin ovule 200mg sockal lomexin 600
precio
Цитировать          1
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: