Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ иштирок намуданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ иштирок намуданд

24-03-2023, 07:30
Хабарро хонданд: 180 нафар
Назарҳо: 0
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ иштирок намуданд
24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028 иштирок карданд.

Нахуст тибқи муқаррароти маросими пӯшидашавӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири минтақаи Арубаи Нидерланд Эвелин Вевер-Крус ба ҳайси раисони Конфронс дар минбари асосӣ ҷойҳои худро гирифтанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раискунандаи Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об суханро ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Раиси Маҷмаи Умумии СММ ва Раиси ниҳоди СММ – Об Жилбер Ҳунбо дода, сипас бо нутқи ҷамъбастӣ баромад намуданд.

Зимни суханронӣ дар маросими пӯшидашавии Конфронси оби СММ — 2023, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 ҷараён дошт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар давоми се рӯзи охир Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили об, ки пас аз 46 сол бори аввал баргузор гардид, ҳазорон нафарро ҷамъ овард.

Таъкид гардид, ки дар кори конфронс иштирокчиён яке аз масъалаҳои ҳаётан муҳим — об, ки аз он ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла ғизо, тандурустӣ, иқлим, табиат, фарҳанг ва иқтисодиёти кишварҳоямон вобастагӣ дорад, баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обро сарчашмаи ҳама мавҷудоти зинда дар олам ва қудрати муттаҳидсозии одамони сайёра номида, таъкид доштанд, ки мо бояд ба кулли тағйир додани тарзи фаҳмиш, арзиш ва идоракунии обро ба хубӣ дарк намоем.

“Моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи наве дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат кунад” иброз доштанд зимни суханронӣ Президенти мамлакат.

Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерланд ҳамраисони ин Конфронс дар ҳама марҳилаҳо бо кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҳамкории хуб доштанд. Ин робитаҳо кишварҳои сайёраро дар масоили об шарикони воқеӣ гардонд.

Дар кори конфронс масоили вобаста ба кӯҳҳо, пиряхҳо ва дарёҳои сермаҷро дар кишвари зебоманзари Тоҷикистон, то резишгоҳи дарёҳо, соҳили баҳр ва ҷазираҳои Шоҳигарии Нидерланд баррасӣ карда шуд.

Дар робита ба Конфронси таърихии оби СММ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки қудрати бузурги об қитъаҳо, кишварҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳонро муттаҳид месозад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд, ки биёед дар атрофи об муттаҳид бошем, ҳамин фурсатро ҷиҳати суръат бахшидан ба татбиқи минбаъдаи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои вобаста ба об аз даст надиҳем.

Бо натиҷагирӣ аз кори Конфронс таъкид шуд, ки ин оғози шоҳроҳи нави амалҳои мушаххаси мо мебошад ва бо неруи нав акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки “Ин се рӯз дар ҳақиқат моро неруи наве бахшид: мо аҳли ҷаҳонро ба шаҳри Ню-Йорк овардем, акнун мо метавонем амалҳои таҳиягардидаи муштаракро дар соҳаи об ба ҷаҳон расонем”.

Таъкид шуд, ки ҳама уҳдадориҳои пешниҳодшудаи давлатҳои узви СММ дар Рӯзномаи амалиёти об ворид карда шудаанд ва Рӯзномаи Амал оид ба об бояд дар се ҳамоиши калидии дарпешистодаи Созмони Милали Муттаҳид, яъне Саммити ҳадафҳои рушди устувор-2023, Саммити Оянда-2024 ва Саммити ҷаҳонӣ оид ба масоили иҷтимоӣ-2025 ва тавассути Форумҳои солонаи сиёсии сатҳи баланд оид ба ҳадафҳои рушди устувор, конфронсҳои ҷонибҳои манфиатдор оид ба масоили иқлим, гуногунии биологӣ, инчунин дигар равандҳои Созмони Милали Муттаҳид ва албатта Раванди оби Душанбе ба таври мушаххас пайгирӣ карда шавад.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи иштирокчиёнро ба Конференсияи навбатӣ оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии об, ки соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, даъват намуданд.

Изҳори итминон карда шуд, ки имрӯз кишварҳо аз ӯҳдадориҳои гирифта ҷиҳати суръатбахшии амалҳо дар соҳаи об илҳоми тоза гирифтанд ва якҷоя метавонанд ба ин мақсадҳои наҷиб ноил гарданд.

10 нафар ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ, 5 нафар намояндагони ҷонибҳои манфиатдор ва 2 модератор ба саҳна даъват карда шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири минтақаи Арубаи Нидерланд қуттии рамзии Рӯзномаи Амал оид ба обро, бо тамоми уҳдадории кишварҳо ба Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ва Раиси Маҷмаи Умумии СММ тақдим карданд.

Дар ин лаҳза онҳоро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазири инфрасохтор ва оби Нидерланд ҳамроҳӣ карданд.

Баъди аксбардории маросими супоридани рамзи рӯзномаи об Раисикунандаи Конфронси об — Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорон изҳори сипос намуда, Конфронси оби СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати фарогири татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028-ро пӯшида эълон намуданд.

Дар поёни маросими пӯшидашавии Конфронс навори кӯтоҳи видеоии ҷамъбастӣ намоиш дода шуд.

Ҳамин тавр кори конфронси оби СММ, ки аз 22 то 24 марти соли 2023 таҳти раёсати Тоҷикистон ва Подшоҳии Нидерланд гузаронида шуд, ба анҷом расид.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки дар ҳошияи конфронси об Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Нидерланд, роҳбарони як қатор ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ вохурда, масъалаи ҳамкории дуҷониба ва рӯзномаи Конфронсро баррасӣ карданд.

Инчунин дар доираи кори Конфронс садҳо ҳамоишҳо дар мавзуъҳои обу иқлим баргузор гардид. Иштирокчиёни конфронс ва ҳамоишҳо ба саҳми Пешвои миллат ва Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва пиряхҳо баҳои баланд доданд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки аз 20 то 24 март ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Нимаи дуюми рӯзи 24 март Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Ню-Йорки Амрико ба Ватан баргаштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: