Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Рушди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон

Рушди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон

19-02-2023, 18:24
Хабарро хонданд: 328 нафар
Назарҳо: 0
Рушди имкониятҳои сайёҳии ТоҷикистонҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ санаи 30 ноябри соли 2022 баён доштаанд, аз 13 феврали соли равон барои Раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо курси бозомӯзиро ташкил намудааст.

Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон якҷо бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи курси мазкур бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақвияти рушди сайёҳии дохилӣ ва дар ин замина муаррифии ҳарчи бештари иқтидорҳои сайёҳӣ дар дохил ва хориҷи кишвар дар мавзеи сайёҳии Сафед-Дараи ноҳияи Варзоб ҳамоишро дар мавзӯи “Рушди имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” баргузор намуд.

Дар ҳамоиш Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин, Раиси ноҳияи Варзоб Сафарзода Шарифхон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, кормандони Кумитаи рушди сайёҳӣ ва ширкатҳои сайёҳии ватанӣ иштирок доштанд.

Дар кори ҳамоиш масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, рушди инфрасохтори соҳа, ҷалби сармоя, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ, ҳифз ва муаррифии объектҳои табиию таърихӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имконоти ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор зикр намуд, ки ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфияти сайёҳии кишвар ва дар самти афзун гардонидани шумули маконҳои сайёҳӣ, инчунин ба вуҷуд овардани имконоти зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Барои рушди сайёҳӣ зарур аст, ки ҳама ҷонибҳои манфиатдор дар он саҳм бигиранд. Дар Тоҷикистон имконияти сайёҳӣ ниҳоят фароханд ва бояд тарғибу ташвиқи онҳо ба таври дуруст ва ҷалбкунанда ба роҳ монда шавад.Танҳо дар ҳамин ҳолат сайёҳиро дар Тоҷикистон ба сатҳи баланд баровардан мумкин аст. Аз ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиш даъват ба амал оварда шуд, ки дар дохили Тоҷикистон сайру сайёҳат кунанд ва бо ин васила симои сайёҳии ҷумҳуриро баланд бардоранд.

Дар идома, Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин изҳор намуд, ки сайёҳии дохилӣ дар тамоми дунё ҳамчун самти муҳимми рушди соҳа арзёбӣ гардида, имрӯзҳо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар заминаи сиёсати бунёдкорона ва созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкории зич бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат, баланд бардоштани саҳми соҳа дар рушди иқтисоди миллӣ тамоми нерӯ ва захираҳоро истифода намуда истодааст.

Раиси ноҳия Сафарзода Шарифхон меҳмононро ба ноҳияи зебоманзари Варзоб хайрамақдам гуфта, ёдовар шуд, ки сайёҳии дохилӣ барои огоҳии комил пайдо кардани сокинон аз имконоти гардишгарии кишвар, шиносоӣ бо ҳаёт ва фаъолияти мардуми минтақаи дигар, фарҳангу тамаддуни қадимӣ ва дар ин замина ба рушду тавсеаи сайёҳии воридотӣ таъсири назаррас хоҳад расонд. Муҳим аз ҳама, боздид ва шиносоӣ аз мавзеъҳои нодир ва беназири сайёҳии мамлакат ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану ватандориро боло бурда, ваҳдати миллиро боз ҳам устувор мегардонад.

Пас аз интиҳои ҳамоиш иштирокчиёни чорабинӣ ба саёҳат баромада, аз имкониятҳои хизматрасонии маҷмааи сайёҳии Сафед-Дара дидан намуданд.

Дар маҷмааи Сафед-Дара инфрасохтори муосир, хизматрасонӣ ва шароити муносибу ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Феълан ин мавзеи нодири табиӣ мавриди таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони дохилу хориҷӣ мамлакат гардидааст.

Толорҳои гуногунҳаҷми конфронсӣ имкон медиҳанд, ки вохӯриву тренингҳо бо сатҳу сифати хуб баргузор шаванд. Дар чойхонаи он хӯрокҳои миллӣ пешниҳод карда мешаванд. Дар ин ҷо барои фароғат роҳи танобӣ, маконҳои лижаронӣ, сноуборд, конкитозӣ барои кӯдакону калонсолон ва дигар шароит фароҳам оварда шудаанд.

Меҳмонхонаи сеситорагии маҷмаа аз 54 утоқ иборат буда, дар як вақт метавонад 240 нафарро қабул намояд.

Дар раванди рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 3000 ёдгории таърихию фарҳангии ба қайд гирифташуда ва ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшавандаи табиат мусоидат менамоянд.

Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар доираи салоҳияти худ тибқи ҳадафҳои Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ дар самти мутобиқ гардонидани маҳсулоти сайёҳии мамлакат ба стандартҳои байналмилалӣ мунтазам чораандешӣ намуда истодааст.

Курси бозомузӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси барномаи таҳияшуда, ки иборат аз машғулиятҳои омўзишӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ аст, то 24 феврали соли равон идома хоҳад ёфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: