Ё нақши Абуалӣ ибни Сино дар рушди фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ
Худо дар олам инсонро ҳамчун муъҷизаи табиӣ офарид, ки вақте ба олам аз назари таҳлил менигарӣ, хирадмандии Офаридгорро дарк менамоӣ: барои муъҷизаи охиринаш аввал ҳама чизро муҳайё сохт ва баъд он муъҷизаро чун дигар вуҷуди зинда ва ба ҳама ширхорҳо баробар офарид ва дар ниҳодаш асрореро ниҳон гузошт, ҳарчанд ки вай тавассути чунин узвҳо чашм, гўш, бинӣ, ламс, лаззатфаҳмӣ, ки ин узвҳоро ҳама ширхорон низ доранд, ў оламро меомўзад. Ин муъҷиза “одам” ном дорад, ки чун дигар ширхорҳо дар як ҳолат монда наметавонист. Тавассути узвҳои зикршуда худ ва оламро шинохту мувофиқи эҳтиёҷот ва бо амри зарурият ин оламро донист. Вале, баъзе аз онҳое, ки аз ин узвҳои Худодод, ки болотар аз ҳама мағзи сар меистад, истифода бурда, онҳоро ба кор дароварданд, худро аз дигарон ҷудо намуданд ва тавассути ҷаҳду талош ва шабҳои бедорхобӣ ҳам худ, ҳам доираи фаъолият ва ҳам ҷаҳони зиндагиашро васеъ намуда, ба инсоният роҳу равиши ҳаёт ва асрори табиату ҷамъиятро кушоданд. Чароғи ҳикмати чунин мардони хирадманд, новобаста ба миллат, ҷинс, синну сол, эътиқод, барои ҳама бани башар роҳу равиши худшиносию оламшиносиро нишон доҳанд.
Яке аз чунин хирадмандон, ба бахти миллати тоҷик фарзанди азизи вай Абуалӣ ибни Синост, ки ин мутафаккирро бисёр халқҳо аз они худ мешуморанд. Агар онро ба назар гирем, ки шахсони бузург фарзандони башариятанд ва ҳаёташонро барои хизмат ба инсон бахшидаанд, дар ин ҷода онҳо ҳаққанд. Ин нуқта, ки доир ба ҳаёт ва фаъолияти илмии ин марди хирад олимони миллатҳои гуногун ибрози назар кардаанд, доир ба фаъолияти илмиву фалсафии вай садҳо рисолаҳои илмӣ дар соҳаҳои гуногун дифоъ шудаанд, аз бузургии ин марди хирад, ки ифтихори миллати тоҷик аст, дарак медиҳад.
Дар таҳқиқи мероси илмиву фалсафии Абуалӣ ибни Сино хизмати олимони тоҷик, бахусус Академияи миллии илмҳо бебаҳост. Донишмандони ин боргоҳи илм дар рисолаву мақолаҳои илмиашон муҳимтарин нуктаҳои мероси илмии онро дастраси аҳли илм намудаанд, вале Абуалӣ ибни Сино, ки шоир, олими табиатшинос, илмҳои дақиқ ва файласуфи нодир аст, мероси илмии он бештар аз ҷониби мутахассисони соҳаи таърих ва адабиёт ва камтар табиатшиносону илмҳои дақиқ таҳлил шудаанд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки на ҳама мафҳумҳои илмии дар эҷодиёти Сино баёншуда маънидоди дуруст ва комили худро ёфтаанд ва аз ҳамин сабаб, фазои беканори тадқиқотро доро мебошанд.
Дар соҳаи тадқиқи мафҳумҳо, баёнияҳо ва маъноҳои дигари эҷодиёти Сино саҳми яке аз олимони соҳаи илмҳои дақиқ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Сафар Зайнудинов назаррас аст. Мавсуф солҳои охир то андозае ба таҳқиқи Сино машғул шуда, дарк намуд, ки дар ҳама таҳқиқот мушаххас саҳми ин аломаи қобусмаърифат дуруст кушода нашудаанд. Вай дар асоси муқоисаи асарҳои Сино бо он таҳқиқоти илмӣ, ки дар бораи ҳаёту фаъолият ва эҷодиёти Сино навишта шудаанд, як зумра кашфиёти ин марди хирадро, ки бо номи олимони аврупоӣ дар истеҳсолот ҷорӣ шудаанд ва баъзеашро ҳоло истифода бурдан мумкин аст, нишон додааст.
Муҳаққиқ Сафар Зайнудинов дар соҳаи илми ҷаҳонии “Синошиносӣ”-и муосир падидаи нав буда, ба он далелҳое, ки доир ба натиҷаи саҳми Сино дар соҳаи забони тоҷикӣ, физика, математика, ситорашиносӣ, кимиё, биология, тиб, география, илҳои техникӣ ва кашфиёти он дар ин соҳаҳо нишон дода шудаанд, аҳли назари ин мутафаккири бузурги асримиёнагии тоҷикро дар симои нав ошно месозад. Имрўз, ки ҷаҳонишавӣ ҳамқадами давлатҳои пешрафтаи илмӣ-техникӣ буданро тақозо менамояд ва дар ин росто Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040-ро Бистсолаи рушди фанҳои дақиқ ва техникӣ эълон намуданд, он далелҳоро, ки муҳаққиқ С.Зайнудинов аз хазинаи маънавии Сино рўйи кор ва муҳокимаву натиҷагирӣ баровардааст, дастрасӣ ва дар амал татбиқсозии онҳо дар инкишофи ҷомеаи тоҷик нақши бузург бозида, имконияти рушди зеҳнии миллиро афзуда, сифати касбии ҷомеаро беҳтар ва самараи меҳнаташонро бештар менамояд. Дар ин ҷода бояд гуфт, ки ибни Сино танҳо дар соҳаи усулҳои омўзиши физика зиёда аз 300 далели физикӣ ва беш аз 4000 қонуну қонуниятҳоро тавсиф намудааст. Имрўз ҳамаи онҳо таҳлил ва натиҷагириро талаб менамоянд. Муҳаққиқи синошинос С. Зайнудинов саҳми ин мутафаккирро дар инкишофи ин фанҳо мушаххас нишон дода, таъкид менамояд, ки ин кашфиёт натанҳо аз назари синошиносони тоҷик, балки аз назари синошиносони ҷаҳон ва олимони ин соҳаҳо ҳам таҷдиди назар нашудаанд, ҳоло он ки Абуалӣ ибни Сино падидаҳои зиёдеро аз физикаи квантӣ пешниҳод кардааст, ки агар баъзеи онҳо барои дарёфти ҷоизаҳои байналмилалӣ дар соҳаи физика аз тарафи олимони Ғарб мавриди таҳқиқ қарор гирифта бошанд, қисми зиёди онҳо ҳанўз ба олами илми имрўза маълум нашудаанд ва интизори таҳқиқанд.
Муҳаққиқ С.Зайнудинов ҳамчун мутахассиси соҳаи физика ва умуман табиатшинос ҳангоми омўзиши эҷодиёти Сино дарёфтааст, ки Абуалӣ ибни Сино қонуну қонуниятҳои зиёдеро дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ баён кардааст. Аз ҷумла ў исбот кардааст, ки ибни Сино пайдоиши олам ва равандҳои онро дар асоси қонунҳо ва принсипҳои комилан нав шарҳ додааст, ки ҳоло ба принсипҳои физикаи квантӣ мутобиқанд, яъне, муҳаққиқ боисрор таъкид намудааст: 1) Сино дар ҷаҳон аввалин кашшофи физикаи квантист; 2) Ибни Сино бори аввал дар ҷаҳон исбот намудааст, ки савияҳои энергетикӣ мавҷуданд, ки ҳамзамон дар атрофи маркази умумӣ, дар атрофи маркази худ давр мезананд, дар атрофи меҳвари гардиши худ такон мехўранд ва дар он зарраҳои гуногун ҷойгир шуда метавонанд. Ин сатҳҳои энергетикӣ ба чор адади асосии квантии атоми муосир мувофиқат менамоянд. Ин нахустин модели атом буд, ки бори аввал дар ҷаҳон аз тарафи мутафаккири тоҷик Абуалӣ ибни Сино пешниҳод шудааст. Ин муҳаққиқи синошинос мегўяд: “Мо ин курраро ХОБО-А (курраи хоси элементҳои ибтидоӣ ё фазои хоси як атоми замонавӣ) номидем, ки аз ҳарфҳои аввали номҳои тоҷикии рукнҳои “хок”, “об”, “бод”, “оташ” ва “аввалӣ” таркиб дода шудааст”. Ибни Сино исбот намудааст, ки ҳар як савия (савияи энергетикӣ) панҷ савияи энергетикии хоси худро дорост. Ҳамин тавр, ибни Сино исбот кардааст, ки дар наздикшавии аввал андаруни соҳаи ХОБО-А ё дар атоми муосир зиёда аз 125 савияи энергетикӣ мавҷуданд; 3) Ибни Сино исбот намудааст, ки ҳангоми таъсири мутақобилаи ду курраи хоси гуногуни ХОБО шонздаҳ варианти ҳолати воқеии модда ба вуҷуд меояд; маҳз ҳамин миқдор вариант дар натиҷаи омезиши атомҳо ба даст оварда мешаванд, агар ҳангоми омезиши атомҳо мавҷудияти чор адади квантии асосии атомҳои муосирро ба назар гирем; 4) Ба андешаи синошинос С.Зайнудинов, ибни Сино дар ҷаҳон ягона мутафаккирест, ки имконияти ба траекторияи каҷхатта соҳиб гаштани нурро исбот кард; 5) Сино бори аввал дар ҷаҳон исбот намудааст, ки савияҳои энергетикии мумкин (разрешённые зоны) ва мамнуъ (запрещённые зоны) вуҷуд дорад. Ҳамин тариқ, муҳаққиқ барои хонандагон зиёда аз 300 кашфиёти ибни Синоро пешниҳод кардааст, ки ҳар кадоми онҳо ном дошта, ба аҳли илми муосир шиносанд ва ё мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд.
Масалан, чунин зуҳуроти физикӣ, аз қабили нурҳои рентгенӣ, радиоактивияти спонтанӣ, падидаи радиатсионӣ, нурҳои катодӣ, кашфиёт дар бораи қонунҳои танзимкунандаи радиатсияи гармӣ ё “Қонуни кўчиши Вин”, хусусияти нурафкании элементҳо, кванти энергия, эффекти фотоэлектрикӣ, сохти атом ва нурафкании онҳо, эффекти Комтон, дуализми заррагӣ-мавҷӣ ё “корпускулярӣ-мавҷӣ”, пароканиши нур ва эффекти Раман, кашфи нейтрон, нурҳои кайҳонӣ, позитрон, принсипи Паулӣ, қоидаи пуршавии қабатҳои энергетикии атом, мавҷудияти манбаъҳои баландэнергия ва истеҳсоли онҳо (бомбаҳои атомӣ, бомбаҳои ядроӣ, термоядроӣ, реаксияҳои химиявӣ) ва ғайра кашфиёте ҳастанд, ки Абуалӣ ибни Сино онҳоро пешгўӣ карда буд ва ҳоло ҳам тадқиқотро талаб мекунанд.
Сафар Зайнудинов саҳми Синоро дар астрономия мавриди пажуҳиш қарор дода, қайд намудааст, ки Абуалӣ ибни Сино кашфиёти зиёдеро дар ин соҳа дар асоси таъсири байниҳамдигарии зарраҳои ХОБО баён кардааст. Масалан, Сино пеш аз Нютон “қувваи ҷозибаи ҷаҳонӣ вуҷуд дорад” гуфтааст ва онро бо мавҷудияти рукнҳои аввалӣ ва таъсири мутақобилаи онҳо асоснок кардааст. Сино бавуҷудоии ду навъи таъсир дар байни ХОБО-ро нишон дода, онҳоро муфассал бо таъсири мутақобила дар чизҳои содда ва мураккаб шарҳ додааст. Аз ҷумла, Сино пайдоиш ва мавҷудияти чор қувваи ибтидоӣ: гармӣ, сардӣ, тарӣ (намӣ), хунукиро исбот намудааст, ки онҳо ба чор навъи таъсири мутақобила дар дохили атоми муосир мувофиқанд: таъсири мутақобилаи пурзўр, суст, электромагнитӣ ва гравитатсонӣ. Чи тавре ки таъсири мутақобилаи муосир ҳомилони худро доранд, дар чор навъи таъсири мутақобилаи пешниҳоднамудаи Сино низ чунин барандагон вуҷуд доранд, ки дорои суръат, масса, дарозии мавҷ ва характеристикаҳои дигари ба ХОБО-и ҳамсоя мувофиқ мебошанд. Сино исбот намудааст, ки равандҳои дар бадани инсон рухдиҳанда аз равандҳое, ки дар дигар ҷисмҳои олами моддӣ рух медиҳанд, фарқ надоранд то он даме, ки ҷисм (тани инсон) ҳосил нагардад. Тани инсон сурати комилтарин дар ҷаҳон аст. Муҳаққиқ дар соҳаҳои биология, илмҳои техникӣ, математика кашфиёти гуногуни Синоро ошкор намудааст.
Он кашфиёти илмие, ки Сино асосгузорашон ҳасту онҳоро муҳаққиқон надидаанду аз ҷониби С.Зайнудинов аввалин бор ошкор карда шудаанд, садҳо буда, ҳамаи онҳоро дар як мақола нишон додан ғайри имкон аст. Аммо онҳоро на танҳо номбар намудан, балки моҳияти ҳар кадоми онҳоро дар физика, кимиё, биология, тиб, ҷуғрофия, ситорашиносӣ, математика ошкор сохтану дар амалияи истеҳсолӣ истифода бурдан, дастгоҳи махсуси таҳқиқотиро талаб менамояд.
Сафар Зайнудинов бар он ақида аст, ки агар маркази таҳқиқоти ҷаҳонбинии Сино аз нуқтаи назари табиатшиносии муосир барои аз нав таҷдиди назар намудани далелҳои дар боло зикршуда ташкил карда мешуд ва дар заминаи он ба осори маънавии Умари Хаёму Носири Хисрав, Ҳофизу Саъдии Шерозӣ дар он марказ мутахассисони соҳаҳои фанҳои дақиқу табиатшиносиро ҷалб карда метавонист, андешаҳои бузургони фарҳангии тоҷику форсро, ки аз назари пажуҳишгарон дур мондаанд, ошкор ва амалӣ кардан мумкин аст.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки муҳаққиқ Сафар Зайнудинов бо натиҷаҳои тадқиқотии худ равияи нави илмии омўзиши ҷаҳонбинии фарзанди бузурги тоҷик ибни Синоро дарёфт кардааст, мукаммал сохтааст ва пешниҳод намудааст.
Аз ҳама муҳим муҳаққиқ боварии комил дорад, ки номгўи кашфиёт ва дар амалия истифода намудани онҳо барои амалисозии босамари ҳадафи чоруми стратегии саноатикунонии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудаанд мусоидат хоҳад кард.
Беҳуда нагуфтаанд:
Чароғи ҳикмати марди хирадманд,
Ҳамеша мисли нури офтоб аст.
Чароғи ҳикмати марди накўкор,
Ҳамеша баҳри мардум нурбор аст.
Д. Хуморов, номзади илми фалсафа,
Н. Салимов, номзади илми физика ва математика