Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » КТР барои кормандон бинои истиқоматии дорои 144 ҳуҷра бунёд мекунад

КТР барои кормандон бинои истиқоматии дорои 144 ҳуҷра бунёд мекунад

8-02-2023, 22:55
Хабарро хонданд: 723 нафар
Назарҳо: 0
КТР барои кормандон бинои истиқоматии дорои 144 ҳуҷра бунёд мекунадБарои кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои истиқоматии 12-ошёна бунёд карда мешавад. Ин матлабро Раиси Кумита Нуриддин Саид имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон баён дошт.

«Барои бунёди ин бино дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе 35 садяк замин ҷудо шуда, лоиҳаи он барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст»,-гуфт Раиси Кумита.

Гуфта шуд, ки бино аз 144 ҳуҷра иборат буда, давоми 1,5-2 соли оянда бунёд карда мешавад.

Зимни нишасти матбуотӣ тазаккур дода шуд, ки дар Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисони соҳаи телевизион ва радио дар хориҷи мамлакат, аз ҷумла рӯзноманигорон, коргардонҳо ва дизайнерон дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки тибқи нақша, соли 2023 4 корманд ба курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар самти таҳияи филмҳои аниматсионӣ ва 6 нафар барои таҳсили олии касбӣ дар соҳаи телевизион ва радио ба хориҷи мамлакат фиристода мешаванд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: