СУФРАИ ПАҲЛАВОНӢ23-01-2023, 11:32
Хабарро хонданд: 219 нафар
Назарҳо: 0
Чанд саҳифаи нохонда аз рӯзгори Устоди варзиши собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар риштаи гӯштини самбо ва ҷудо, собиқ сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи гӯштини самбо Муҳаммадшариф Сулаймонов Ин марди некном аз замони мактабхонӣ дар кӯҳистони баландовозаи Ванҷ, ки мазраи эътибори паҳлавонии кишвар дар саросари Тоҷикистон эътироф гардидааст, ба арсаи паҳлавонӣ қадам гузоштааст. Падари бузургвораш низ аз дудаи паҳлавонии номдор буда, пешаи паҳлавонӣ барои ин хонадон мероси ирсӣ мебошад. Меҳри беандозаи варзиш, бахусус гӯштини миллии тоҷикӣ, ки ҳамсони муҳорибаҳои варзиши дигар халқҳои олам мебошад, ӯро то ба суфраи паҳлавонии пойтахти Тоҷикистон - шаҳри азизи Душанбе овард. Агарчӣ соли аввали вориди пойтахт ба умеди таҳсил шуданаш ба ӯ имкони идомаи таҳсилро аз рӯи пешаи аҷдодиаш надод, баъд аз як сол орзуяш амалӣ гашт. Яъне, ӯ донишҷӯи Донишкадаи варзиши кишвар гардида, сиришт ва сарнавишташро бо варзиш пайваст. Аз соли аввали таҳсил дар риштаи гӯштини миллии тоҷикӣ ӯ аз тамоми шарикдарсон бо бозувони қавии дар муҳорибаҳои майдондорӣ обутобёфтааш фарқ мекард. Ҳамин танумандӣ ва даступопечӣ устодаш Исмат Абдуллоевро водор сохт, ки барои обутоб ёфтани ин ҷавони саропо саршори орзуҳои паҳлавонӣ роҳро кушояд. Ҳамин тавр, аз нахустин тамринҳои шогирдӣ чолокиву далериаш таваҷҷуҳи устодашро ба ӯ бештар намуд. Нахустин набарди паҳлавонӣ рӯи суфраи паҳлавонии Донишкада дар маърази диданҳои устодон қарор гирифт. Касе аз апрзишгарон ҳангоми тамошои нахустин набарди Маҳмадшарифи ҷавон ба гӯши устодаш Исмат Абдуллоев гуфт, ки - “Ана ҳамин худи худаш, тамом вассалом” Гӯё, ки онҳо дер боз интизори ҳамин гуна шогирд буданд ва шояд ҳамин тавр ҳам будааст. Баъд аз дастболо гардидани Маҳмадшариф мухлисон ғалабаи аввалини ӯро бо кафкӯбиҳои давомдор истиқбол намуданд. Хурсандии устоди касбиаш Исмат Абдуллоев ҳадду канор надошт. Ҳамакнун, масъулияти устод дар тарбияи чунин шогирд бештар гардида, соатҳои зиёди тамринро ба ӯ мегузаронид. Он рӯзҳо, яъне солҳои 1971- 72 эътибори гӯштини миллии тоҷикӣ на танҳо дар Тоҷикистони, балки дар қаламрави Осиёи Марказӣ ва саросари собиқ Иттиҳоди Шуравӣ хеле баланд буд. Набардҳои тан ба тани паҳлавонон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи матбуоти даврӣ қарор дошт. Саҳифаҳои рӯзномаҳои “Комсомоли Тоҷикистон” ва “Комсомолец Таджикистана” бо муждагониҳо аз набардҳои Маҳмадшариф гул мекард. Мақолаи “Паланги ванҷӣ” нахустин муждаи майдондории ӯ буд. Дар мақола бо кумак ва дастгирии бевоситаи устодаш Исмат Абдуллоев сазовор гардиданаш бо унвони Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ ситоиш ёфта, нақшаҳои ояндаи ӯ дар набарди паҳлавонӣ мавриди таҳлил қарор гирифта буд. Он замон майдондорӣ ва эътибори паҳлавонон ифтихори тамоми мардуми кишвар буд. Суфраи паҳлавонии Тоҷикистон дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шуравӣ бо номи поку пурифтихори Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ оид ба гӯштини самбо (1954), Чемпиони мутлақи Иттиҳоди Шуравӣ (1955), Чемпиони беш аз бисткаратаи Тоҷикистон, Сармураббии хизматнишондодаи Иттиҳоди Шуравӣ ва РСС Тоҷикистон устод Азалшо Олимов шиносномаи паҳлавонони тоҷик буд. Ҳамаи устодони Маҳмадшарифи ҷавон аз мактаби маҳорати паҳлавонии Азалшо Олимов гузашта буданд. Устодони касбии ӯ Исмат Абдуллоев, Ғиёсиддин Қаюмов, Султон Наботов, Мирзоватан Ҳасаналиев ва Муриватшо Бачабеков шогирдони ҳамон мактаби пуровозаву пурифтихори Азалшо Олимов буданд. Ногуфта намонад, ки хишти аввали майдондориро дар гӯштин бо номи пурифтихори тоҷик дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шуравӣ устоди зиндаёд Азалшо Олимов гузоштааст. Зери сарпарастии ҳамин паҳлавони воқеӣ дар спартакиадаҳои 1, 2, ва 3-юми халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ, ки баробар ба чемпионатҳои ҷаҳонии имрӯза мебошад, даҳҳо паҳлавонони тоҷик ширкат варзида, бо унвонҳои пурифтихори Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ шарафёб гардида, номи тоҷику Тоҷикистон дар равоқи тиллоии эътибори майдондории қаламрави собиқ Шуравӣ ба абадият сабт гардида буд. Роҳи паҳлавонии Маҳмадшариф Сулаймонов аз қадамҷои гурдону таҳамтанони номдори кишвар оғоз гардида, майдондориаш ифтихори ҳазоронҳо мебошад. Ҳангоми чаҳор соли таҳсил дар ин даргоҳи номварони кишвар дар даҳҳо спартакиадаҳои ҷавонони варзишкори собиқ Иттиҳоди Шуравӣ иштирок намуда, парчами Тоҷикистонро садҳо маротиба баланд бардоштааст. Дар ҳамин даргоҳ бо унвони пурифтихори Устоди варзиши Иттиҳоди Шуравӣ аз рӯи гӯштини самбо ва ҷудо шарафёб гардидааст. Баъд аз хатми донишкада, соли 1974 ба сифати устоди кафедраи гӯштин ӯро дар ин боргоҳи номвару паҳлавонӣ ба кор қабул мекунанд. Аз ин ба баъд, ӯ ҳамчун мураббӣ ва устоди касбӣ ба тарбияи шогирдон машғул мешавад. Вале меҳру муҳаббати варзиш ва майдондорӣ ӯро лаҳзае аз рӯи суфраи паҳлавонӣ дур рафтан намемонад. Ҳангоми фаъолияташ дар донишкада, ки он замон гӯштингирӣ яке аз навъҳои варзиши пурифтихори миллӣ буд ва тамоми ҷашну маросимҳои миллӣ бо гӯштин ҷамъбаст мешуд, садҳо паҳлавонони пуровозаи кишвар ва берун аз он аз Узбекистони ҳамсоя ва Қирғизистон иштирок мекарданд. Паҳлавонони номдори кишвар - ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов, Мирзоватан Ҳасаналиев, Шеравлиё Мирзоавлиёев, Исмат Абдуллоев, Ғиёсиддин Қаюмов, Султон Наботов ва дигарон дар он сабқатҳо иштирок карда, эътибори варзишгарони Тоҷикистонро овозадор намуда буданд. Ҳамин тавр, набардҳои хеле шадид бо иштироки беш аз ҳазор нафар мухлисон баргузор мегардид. Дар ин набардҳо беҳтарин паҳлавонон ва устодони варзида иштирок намуда, дар набарди тан ба тан собит месохтанд, ки онҳо ҳанӯз пойбарҷоянд. Муҳаммадшарифи ҷавон он замон дар қатори даҳҳо паҳлавонони номии кишвар рӯи суфраи паҳлавонӣ баромада, борҳо ғолибиятро ба даст овардааст. Дар баробари тантанаҳои пуршукуҳи ҷашнӣ, спартакиадаҳои байни ҷавонон ва донишҷӯёни мактабҳои олии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ баргузор мешуд. Ана ҳамин спартакиадаҳо паҳлавонони зиёдеро рӯи суфраи паҳлавонӣ оварда буд. Маҳмадшариф Сулаймонов дар қатори даҳҳо варзишгарони номвари кишвар ба ин мусобиқот даъват гардида, ба унвонҳои баланди ифтихорӣ ва медалу мукофотҳои пурарзиш сазовор гардидааст. Ҳамин набардҳои паҳлавонӣ номашро вирди садҳо ҳазор мухлисон намуда, садҳо тарафдоронаш бо ифтихор номи ӯро ба фарзандонашон гузоштаанд, то онҳо мисли Маҳмадшариф ифтихори падару модар ва ватани азизашон бошанд. Майдондории ин паҳлавони пуровоза миёни мардум чун қиссаҳои таҳамтанони “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсии Тусӣ соҳиби ҷойгоҳи хосе мебошад. Оре, ӯ соҳиби мактаби хеш буда, ин мактаб аз хонаи ӯ оғоз меёбад. Тӯли солҳои 2000-2017, ки сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон дар риштаи самбо буд, даҳҳо шогирдонаш ба унвонҳои баланди паҳлавонии минтақавию байналмилалӣ сарфароз гардидаанд. Шогирдони ин паҳлавон Акмалиддин Каримов ва Хушқадам Хусравов қаҳрамонҳои мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар гӯштини самбо ва ҷудо дар байни ҷавонон ва калонсолон буда, борҳо дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ парчами кишвари моро баланд афрохтаанд. Шогирди дигари ӯ Сомон Маҳмадбеков бошад, дар мусобиқаи ҷаҳонии гӯштини ҷудо байни ҷавонон соҳиби медали тилло гардида, эътибори Тоҷикистонро дар равоқи шуҳрати олам ба абадият сабт кардааст. Шогирдони дигари Маҳмадшариф Сулаймонов - Ҷаҳонгир Сулаймононов, Собир Сулаймонов, Сулаймон Сулаймонов, Зафар Олимшоев, Нозим Охиров, Айниддин Қурбонов, Зафар Алиев, Умед Ҳасанбеков, Хушвахт Назаров, Рашид Раҳимов, Набимуҳаммад Хоркашов ва Хуш Қурбонмамадов ҷоизадорони чемпионатҳои ҷаҳонӣ буда, дар мусобиқаҳои байналмилалӣ беш аз сад маротиба парчами Тоҷикистонро баланд бардоштаанд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар баробари тарбияи шогирдон Маҳмадшариф Сулаймонов дар чаҳор Чемпионати ҷаҳон миёни устодони варзиш дар шаҳрҳои Афинаи Юнон, Нитсаи Фаронса, Тошканди Узбекистон ва Регари Тоҷикистон дастболо гардида, қаҳрамони чаҳоркаратаи ҷаҳон дар гӯштини самбо ва ҷудо низ мебошад. Фарзандони ӯ Ҷаҳонгир, Собир ва Сулаймон низ аз пайроҳаи пурпечутоби падар гузашта, устодони дараҷаи байналмилалӣ ва ҷоизадорони Чемпионати ҷаҳон буда, мураббиёни соҳибэҳтиром миёни варзишкорон мебошанд. Дар тӯли беш аз 50 соли фаъолияташ дар риштаи паҳлавонӣ беш аз 40 нафар шогирдонаш сазовори унвони пурифтихори Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ ва садҳои дигар соҳиби унвони Устоди варзиши Тоҷикистон гардидаанд. Номи Маҳмадшариф Сулаймонов миёни мардуми на танҳо Тоҷикистон, балки берун аз он низ вирди ҳазорон мухлисони майдони паҳлавонӣ гардидааст. Боре собиқ муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, генерал-лейтенант Саиданвар Камолов дар як суҳбати хоса дар мавриди паҳлавонони тоҷик чунин гуфта буд: “Агар дар мавриди паҳлавонони номдори кишвар сухан гӯем, сараввал, номи ҷаҳонпаҳлавон Сайидмуъмин Раҳимовро бояд гирифт. Аз он баъд устоди варзида, майдондори набардҳои гӯштини самбои муҳорибавӣ, чемпиони 12-каратаи Осиёи Марказӣ, устоди варзиш ва Чемпиони Иттиҳоди Шуравӣ, Устоди варзиши РСС Тоҷикистон Мирзоватан Ҳасаналиев ва паҳлавонони номдорӣ устодони варзиши Иттиҳоди Шуравӣ ва РСС Тоҷикистон Ғиёсиддин Қаюмов, Исмат Абдуллоев, Султон Наботов ва Муриватшо Бачабековро набояд аз хотир барорем. Миёни ин ҳама майдондорон паҳлавони шинохтаи кишвар ва Иттиҳоди Шуравӣ Маҳмадшариф Сулаймонов, ки бо паҳлавонӣ қаҳрамониҳои онҳоро рӯи суфраи паҳлавонӣ такрор кардааст, соҳиби арҷгузории зиёд мебошад. Эътибор ва шаъну шарафе, ки паҳлавон Маҳмадшариф Сулаймонов миёни мардум дорад, ифтихори тамоми мардуми тоҷик аст. Имрӯз шогирдони ин паҳлавони шинохта дар чемпионатҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ соҳиби мавқеъ ва мақоми олӣ мебошанд, ки барои мо тоҷикон ба ҷуз ифтихори ватандорӣ чизи дигаре буда наметавонад. Аз забони даҳҳо шогирдони ӯ шунидаем, ки дар машқу тамрин нисбат ба шогирдон бисёр сахтгир буда, дар ҳама ҳолат аз ҳолу аҳволи шогирд бохабар мебошад. Ғамхориҳои падарона ва сахтгириаш низоми ҷиддии ҳарбиро мемонад. Ҳамин сахтгирӣ ва низоми тамрин шогирдонашро ба қуллаҳои мақсуд расонидааст. Аз рӯи маълумоти назарсанҷиҳои як маҷаллаи варзишии Россия бо номи “Спортивная пространство”, дар соли 2022 миёни 100 нафар варзишгарони маъруфи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Маҳмадшариф Сулаймонов бо 96 хол дар ҷойи 4-ум қарор доштааст. Ин марди паҳлавон дар баробари майдондориаш ба бозиҳои волейбол, шоҳмот, тирандозӣ, човандозӣ ва оббозӣ шавқи беандоза дошта, дар ин навъи бозиҳо низ устоди варзида мебошад. Хислатҳои ҳамидаи инсонӣ, башардӯстӣ, ватанхоҳӣ, фарҳангсолорӣ ӯро вориди дунёи адабиёти шуҳратёри тоҷик намуда, шеъру абёти зиёдеро аз ашъори классикони тоҷик азёд медонад. Завқи баланди савту навои миллӣ ӯро бо асбобҳои мусиқии тор, рубоб, дутор ва ғижак ҳамнишин намуда, ин асбобҳоро бо маҳорати баланд менавозад ва дар ҳавои форами ин асбобҳо суруд низ мехонад. Агар аксари мардуми кишвар ӯро ҳамчун паҳлавон ва майдондор шинохта бошанд, иддаи дигар ӯро ҳамчун шахси фарҳангӣ ва эҷодӣ мешиносанду эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Ҳамин меҳрубонӣ, ҳалимӣ, хоксорӣ ва башардӯстиаш ӯро дар нахустин дидор ба кас ҷазб намуда, муҳаббат ва самимияташ бар қалбҳо гармӣ меорад. Ҳолдонҳо мегӯянд, ки ҳамин хислатҳои инсондӯстӣ аз падари бузургвораш ба мерос мондааст. Дар Рованди Ванҷ хонадони бобои Сулаймонро ҳама мардум бо муҳаббат ба ёд оварда, мардумнавозиву соҳибҳунариашро бо меҳрубонии зиёд меситоянд. Бо он ки Маҳмадшариф Сулаймонов рӯи майдони паҳлавонӣ панҷоҳ сол боз номварӣ дорад, бо шавқу шӯри кӯҳистонӣ шеър мехонад, дар дафтари хотироташ ҷо-ҷо шеърҳое ба чашм мерасанд, ки маҳсули эҷоди ӯ мебошанд. Ин барои нигорандаи ин сатрҳо хеле ҷолиб ва диданиву шуниданӣ буда, хотиротеро аз саҳифаҳои тиллоии адабиёти шуҳратёри классикии тоҷик ба ёд меорад, ки дар таърихи адабиёти қарни 13-и тоҷик хирадманде бо номи Паҳлавон Маҳмуди Хоразмӣ ҳам майдондор буду ҳам шоир. Чунин фозилони майдондор дар адабиёти тоҷик хеле зиёд будааст, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ дар қарни XVI низ аз зумраи онҳо будааст. Пас, Маҳмадшариф-паҳлавон чун аҷдодони хеш ба адабиёт майлу рағбат дошта, иншои шеър василаи оромишу равонаш мебошад. Дар гӯшае аз дафтари хотироти Маҳмадшариф мехонем: Афсус, ки давраи ҷавонӣ бигузашт, Ҳафтод баҳори комронӣ бигузашт. Шукрона, ки даврони ҷавоним басе, Бо дасти баланди паҳлавонӣ бигузашт. Агар аҳли китобу қалам сарбаландиро мояи ифтихори ватандориашон хонда бошанд, паҳлавонон дастболоиро хонанд. Дасти паҳлавон вақте ки ҳангоми ғалаба бардошта мешавад, ҳаводоронаш сарбаланд мешаванд. Воқеият он аст, ки рӯи суфраи паҳлавонӣ беш аз 500 маротиба дасти Маҳмадшариф бардошта шудааст. Ҳамин дастболоӣ ва ифтихори ватандориаш будааст, ки дар баробари ҳама ҷоиза, мукофотҳову унвонҳои варзишии замони Шуравӣ, дар замони соҳибистиқлолии кишвар хидматҳои содиқонаи ин марди майдон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2002 бо ордени «Шараф» дараҷаи 2 ва соли 2010 бо унвони пурифтихори “Корманди шоистаи Тоҷикистон” қадрдонӣ гардид. Баъд аз ин қадрдонии Роҳбари давлат Маҳмадшариф Сулаймонов бо неруву тавони нав дар ҷодаи тарбия ва ба камол расонидани паҳлавонони тоҷик меҳнат намуда, шогирдони зиёдеро рӯи суфраи паҳдавонӣ овардааст. Ӯ тарбия ва тамрини майдондориро аз хонадони худ оғоз бахшида, дар якҷоягӣ бо фарзандони худ номбардори ин Ватани маҳбуб мебошанд. Айни замон ин марди шариф дар Клуби варзишии “Кони Гурд”-и Иттиҳодияи истеҳсолии “Нассоҷии тоҷик”-и пойтахт ба сифати мураббии гӯштини ҷудо ба шогирдон машқу тамрин дода, бо ифтихор мегӯяд, ки ин шогирдон рӯзе аз ин даргоҳи паҳлавонӣ сазовори унвонҳои баланди ҷаҳонӣ хоҳанд гардид. Ҷумъахон ТЕМУРЗОДА |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.