Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ

ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ

3-02-2023, 13:00
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳофарину ташаббускор мақоми хосси худро дорад. Ба таъкиди Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, маҳз ҳамин омил сабаб гашта, ки Президенти маҳбуби мо “ба эҳтироми шоистаи ҳамватанон ва аҳли башари бурунмарзӣ ноил шаванд”.
Антониу Гутерриш - Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ дар як номаи худ ба унвони Пешвои миллат навишта буд, ки “Ман ба фаъолияти муассири мамлакати Шумо дар таҳкими Созмони Милали Муттаҳид ва пешбурди талошҳои мо ба сўи ояндаи беҳтар барои ҳама эътимод дорам”.
Чунин боварӣ ва эҳтироми шоиста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон албатта, аз замири поку қалби бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Зеро Роҳбари давлат дарди имрўзаи башариятро хеле хуб дарк намудаву барои рафъи он чораҳои саривақтиро пешниҳод менамоянд. Яке аз мушкилоти асосии глобалӣ норасоии оби тоза мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, агар норасоии оби тоза то соли 2025 ҳалли худро наёбад, қариб 3 млрд. аҳолии Замин ба мушкилоти ҷиддӣ рў ба рў шуда, қурбони фоҷеаи ташнагиву бемориҳои гуногун мешаванд.
Ин дарди башариятро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз соли 1999 дарк намуда ва дар иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии СММ пешниҳод намуданд, ки соли 2003 «Соли оби тоза» эълон карда шавад. Бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шуд ва рўзҳои 29 август – 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23-юми декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе қатъномаи дахлдорро қабул карда, солҳои 2005-2015 –ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. Соли 2013 бошад, ҷомеаи байналмилалӣ, бино бар қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти рақами 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об»-ро қайд намуд.
Ҳамин тавр, 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ бо қабули қатъномаи дигар солҳои 2018-2028 –ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон намуд. Ин ташаббус аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ҳанўз 12-уми апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд. Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” аз 22-юми марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22-юми марти соли 2028 анҷом меёбад. Дар доираи даҳсолаи мазкур бисёр чорабиниҳои сатҳи баланд ва дигар тадбирҳои муҳим оид ба ҳалли мушкилоти мазкур амалӣ мешаванд, ки албатта, дар саргаҳи ҳамаи онҳо донишу таҷриба ва муҳаббати бузурги Пешвои муаззами миллат нисбат ба аҳли башар меистад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, таъкид намуданд, ки “Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст.
14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рўзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.”
Дар асоси қатъномаи мазкур, чуноне ки дар Паём ишора шуд, дар чаҳорчўби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзўъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад.
Хушбахтона, ин панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд, ки албатта, боиси шодиву ифтихори бузург аст.
Бо назардошти вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, аз ҷумла гармшавии иқлим, ки пайомадҳои гуногуни манфиро дорад, чунин ташаббус муҳиму саривақтӣ буда, амалӣ гардидани он барои ҳифзи сайёра аз хатарҳои воқеӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва обрўи Тоҷикистон дар дунё нақши муассир мегузорад.
Бо зикри ин нуктаҳо ҳар фарди худшиносу ватандўст ба чунин хулоса меояд, ки Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои умумибашарӣ пешсаф ва Пешвои муаззами мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои кулли мардуми хайрхоҳи ҷаҳон аст. Мо бо чунин Ватан ва бо чунин Пешвои ташаббускору башардўст ифтихор мекунем.

Фахриддин ЗОКИРОВ,
узви гурўҳи вакилии ҲХДТ дар
Маҷлиси вакилони халқи
ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: