Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

7-01-2023, 20:58
Хабарро хонданд: 569 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим–Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом додандДар оғоз сарони ду давлат ба муносибати 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамдигарро табрик гуфтанд.

Президентҳо бо изҳори қаноатмандӣ сатҳи баланди муносибатҳои дуҷонибаро, ки бар пояи анъанаҳои неки дӯстӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд.

Ҷонибҳо тамоюли рушди афзояндаи шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ, ҳамчунин ҳамкории зичи ҷонибҳоро дар арсаи амниятӣ ва дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Қазоқистон яке аз шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Ҳиссаи он дар тиҷорати хориҷии кишвари мо аз рӯи натиҷаҳои 11 моҳи соли сипаришуда 19,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар ин замина роҳбарони Тоҷикистон ва Қазоқистон роҳҳои тавсеаи минбаъдаи робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишварро, пеш аз ҳама тавассути ғанӣ гардонидани ҳамкории амалӣ бо мазмуну мӯҳтавои мушаххас, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат мубодилаи афкори судманд атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ анҷом ёфт.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: