Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Ҳизбиён дар рушди забони давлатӣ

Ҳизбиён дар рушди забони давлатӣ

4-01-2023, 12:23
Хабарро хонданд: 655 нафар
Назарҳо: 0
Ҳизбиён дар рушди забони давлатӣ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақвият бахшидани сиёсати давлатиро дар самти таҳкими худшиносии миллӣ ва рушди ҳуввияти шаҳрвандӣ муҳим шуморида, густариши онҳоро дар ҷомеа аз шартҳои зарурии рушди соҳибихтиёрии давлатӣ медонад ва ин нуктаро дар Барномаи худ оид ба самтҳои муҳимтарини рушди мамлакат барои давраи то соли 2025 низ дарҷ намудааст. Яке аз шартҳои аввалиндараҷаи ташаккули худшиносии миллӣ ин забони давлатӣ мебошад, ки донистани он, арҷгузорӣ, эҳтироми он қарзи шаҳрвандӣ ва ифтихори миллӣ аст.
Дар дунё зиёда аз 6000 забон мавҷуд буда, аз нигоҳи хешигарӣ ба 24 оилаи калон тақсим шудаанд ва ин оилаҳо дар навбати худ ба гурӯҳҳо ҷудо гаштаанд. Аз он ҷумла славянӣ, олмонӣ, англисӣ, романӣ, чехӣ, ҳиндӣ, арманӣ, келтӣ, эронӣ ва ғайраҳо. Гурӯҳҳо бошанд, забонҳои алоҳидаро дарбар мегиранд.
Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи дунё ба ҳисоб рафта, ба гурӯҳи эронии оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ шомил аст ва таърихи бузург дорад. Имрӯз ин забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд. Муҳаққиқони забоншинос ташаккул ва таҳаввули забонҳои эрониро ба аввалҳои ҳазорсолаи II пеш аз мелод мансуб дониста, марҳилаи инкишофи онро то ба имрӯз ба се давра тақсим намудаанд:

1. Давраи забонҳои эронии қадим ё бостон.

Ин давра аз ибтидои ҳазораи 2 пеш аз мелод оғоз гардида то асрҳои 4-3 пеш аз мелод идома ёфтааст. Дар ин давра забонҳои порсии қадим, авастоӣ, скифӣ ва модӣ инкишоф ёфтаанд. Забони порсии қадим аз куҳантарин забонҳои эронии соҳибхат ба шумор рафта, осори хаттии он, ки забони расмии салтанати Ҳахоманишиниён буд, «Катибаи Бесутун», «Катибаи нақши Рустам», «Катибаи Шуш» ва «Катибаи Куруш ва Персополис» (тахти Ҷамшед) мебошанд. Забони авастоӣ дар замони Ҳахоманишиниён забони динӣ маҳсуб меёфт ва осори хаттии ин забон китоби «Авесто» мебошад.

2. Давраи миёнаи забонҳои эронӣ.

Ин давра асрҳои 4-3 пеш аз мелод то 8-9 мелодиро дарбар мегирад. Ин давра ба замони парокандашавии давлатҳои Юнону Бохтар ва ба вуҷуд омадани давлатҳои нави қабилаҳои эронӣ рост меояд. Дар ин давра забонҳои гуногуни эронӣ: порсии миёна, портӣ (парфиянӣ), суғдӣ, хоразмӣ, сакоӣ, хутанӣ, бохтарӣ, аланнӣ ҳамчун забонҳои давлатӣ ва расмию коргузорӣ маъмул буданд.
Забони порсии миёна бо номи «паҳлавӣ» низ машҳур буда, осори хаттии он «Ёдгории зарирон», «Корномаи Ардашери Бобакон», «Дарахти Асурик ва буз», «Гузориши шатранҷ», «Маданияти ҳазор датистон» ва «Шаҳристонҳои Эрон» ба шумор меравад.

3. Давраи нави забонҳои эронӣ.

Ин давра асрҳои 8-9 то имрӯзро дарбар мегирад. Забонҳои зиндаи гурӯҳи эронӣ дар Тоҷикистон: тоҷикӣ, яғнобӣ, гурӯҳи забонҳои помирӣ (язғуломӣ, рушонӣ, бартангӣ, орошорвӣ, шуғнонӣ, ишкошимӣ ва вахонӣ), дар Эрон: форсӣ, курдӣ, бахтиёрӣ, дар Афғонистон: дарӣ, пашту, балуҷӣ, мунҷонӣ, сариқулӣ, дар Покистон: вахонӣ, идга, ормурӣ, дар Чин: сариқулӣ ва дар Мовараи Қафқоз: осетинӣ, тотӣ ва толошӣ моли ин замонанд.
Бунёди забони адабии муосири дарии тоҷикиро ҳамин давра- замони ҳукмронии сулолаи Сомониён шуморидан мумкин аст. Забони тоҷикӣ дар замони Сомониён забони давлатӣ буд. Осори хаттии ин забон асарҳои шоирон ва олимони машҳури он давр: Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино ва дигар шоирон маҳсуб меёбад.
Дар ибтидои солҳои 20-уми асри XX дар таърихи забони тоҷикӣ марҳилаи нав оғоз ёфт. Марзи Осиёи Миёна байни ҷумҳуриҳое, ки ба ивази аморату хонигариҳо пайдо шудаанд, тақсим шуд. Забон яке аз нишонаҳои асосии ин ҷумҳуриҳо ба шумор мерафт. Пас аз ҷонбозиҳои чанд тан аз сарсупурдагони миллат чун Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Саидризо Ализода ва дигарон мавҷудияти таърихии халқи тоҷик ва забони тоҷикӣ исбот гардид ва бо назардошти аломати забон дар яке аз ҳавзаҳои интишори забони порсии дарии тоҷикӣ дар соли 1924 Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ташкил шуд ва забони расмии ин ҷумҳурӣ бо номи тоҷикӣ номгӯӣ гардид.
Офарандаи забони миллӣ худи миллат буда, дар баробари ташаккул ёфтани он пайдо мешавад ва баъдтар ҳамчун ҳадди ниҳоии тафаккури миллӣ хизмат мекунад. Ба гуфтаи асосгузори илми забоншиносӣ В. Гумболдт: «Миллат агар ҷон бошад, забон руҳи он аст». Қисми зиёди ҷанбаҳои зиндагӣ, ки моро ҳамроҳӣ мекунанд-ҷои истиқомат, иқлим, дин, шакли давлатдорӣ ва қонунҳо, расму анъанаҳои миллӣ аз худи миллат метавонанд то дараҷаи муайяне дур бошанд, аммо танҳо забон аст, ки дар шакли зинда дар мафкураи миллат вуҷуд дорад.
Забон нишондиҳандаи ҳастии ҳар миллат аст. Миллате, ки забони модариашро фаромӯш мекунад, бо мурури замон дар майдони таърих аз ӯ нишоне боқӣ нахоҳад монд. Гуфтори нависандаи шинохта Адаш Истад: «Забони миллат-пояи миллат» ба гуфтаҳои боло тақвият мебахшад. Олитарин зуҳурот ва нишонаи мавҷудияти ҳар як миллат забон аст. Миллат бо ҳама шукуҳу шаҳомат, урфу одат, фарҳанг, ахлоқ ва биниш дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Ин аст, ки «Забони халқро надониста, ӯро шинохтан душвор аст»,-мегӯяд адиби шинохта Баҳром Фирӯз.
Ҳар як миллат забони миллии худро дорад. Бисёре аз забонҳои дунё аз номи ҳамон халқе гирифта шудаанд, ки офаранда ва соҳиби он мебошанд. Яъне забони тоҷикӣ баробар бо номи миллат ва давлат ба майдони таърих ворид гардидааст.
Дар замони муосир сиёсати забон қонунан дар шакли Қонун «Дар бораи забон» ба расмият дароварда шуд.
22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Қонун ба забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ ато кард.
Конуни дар боло зикршуда, ки пеш аз замони Истиқлол буд, ба замони ҳозира мутобиқат намекард. Аз ин лиҳоз, бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2009, №1395 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуда, 5 октябри соли 2009 таҳти №553 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Қонуни мазкур аз 7 боб ва 28 модда иборат мебошад. Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 22-июли соли 1989 аз эътибор соқит карда шуд.
Пас аз қабули қонуни мазкур ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишвар таҷлил карда мешавад. Пос доштани забони модарӣ барои ҳар як шахс вазифаи аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Зеро забон ҳастии миллат аст. Пас вазифаи ҳар яки мост, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбудиву нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан бо алфози модарии хеш саҳмгузор бошем. Ҳар як инсон пеш аз он ки барои омӯхтани забони дигар иқдом мекунад, аввалан бояд забони худро хуб донад. Дар ин асно бузурге фармудааст:
Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.
Бошад, ки мо соҳибони забон пайваста пайи омӯзиш бошем ва бобати пойдории ин рукни давлатӣ ҳиссагузор гардем. Омӯхтани забонҳои хориҷӣ барои ҳар як нафар манфиати хубе дорад. Замони муосир тақозои онро дорад, ки мо бояд чанд забони хориҷиро донем. Вале ин маънои онро надорад, ки баробари омӯхтани забони дигар забони хешро ба гӯшаи фаромӯшӣ гузорем ва дар муошират бо оила, ҷомеа ва кор бо он забон ҳарф бизанем. Дар зарурат лозим аст ҳарф задан бо забони дигар, аммо мо бояд ба насли оянда пос доштани ин забони нобро омӯзонем. Чунки ояндаи миллат ба насли оянда вобастагӣ дорад. Агар онҳо аз асли худ огоҳ бошанд, пас барои пойдории забони тақдирсоз ва ҳастии миллати хеш дар талош хоҳанд шуд.
Мусоидат ба ҳимоя ва рушди забони давлатӣ вазифаи ҷонии мо – ҳизбиён ҳам ҳисоб меёбад ва бояд ҳар яки мо дар доираи имкону тавоноии хеш баҳри он кӯшиш ба харҷ диҳем.

Саида САФАРОВА,
мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи
КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: