Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Шаби 31 декабр дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе барномаи рангини солинавӣ баргузор мегардад

Шаби 31 декабр дар майдони «Истиқлол»-и Душанбе барномаи рангини солинавӣ баргузор мегардад

28-12-2022, 14:31
Хабарро хонданд: 563 нафар
Назарҳо: 0
31 декабр, соати 20:30 дар майдони «Истиқлол»-и пойтахт шоу-барномаи солинавӣ бо иштироки беҳтарин сарояндагон ва ҳунармандони ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Ҳамзамон баъди анҷоми барномаи фарҳангӣ дар майдони «Истиқлол» ба муддати 4-5 дақиқа мушакҳои ранга паронда мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Нуралӣ ШОҲИЁН хабар дод.

Ҳамзамон дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, аз ҷумла дар назди бинои Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансур, боғчаи ноҳияи Сино-назди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ»-и ноҳияи Исмоили Сино ва дар ноҳияи Фирдавсӣ — назди бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида мешаванд.

Инчунин бахшида ба Соли нави 2023 дар бинои Сирки давлатии Тоҷикистон барномаи рангини афсонавии «Шаҳри муъҷизаҳо» барои хонандагони мактаб- интернатҳои пойтахт таҳия гардида, ба онҳо аз номи Раиси шаҳри Душанбе туҳфаҳои солинавӣ тақдим мегарданд.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар паҳлӯи муҷассамаи Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлол»-и майдони «Истиқлол»-и пойтахт арчаи солинавӣ гузошта шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: